this is a title for here

 

 Истифодаи маънавӣ
   Operator    6 May 2017 5212 Read    Add new comment

Масъалаи асосӣ дар боби моҳи Рамазон, ин аст ки инсон

– ки дар миёни сабабҳои ғафлат аз Худо ва аз роҳи ӯ муҳосира шудааст ва ҳадафҳои гуногун, ӯро ба тарафи пойин мекашонад – фурсате пайдо кунад ки дар он тавонад руҳро – ки руҳ ва дили одам ба дараҷаи боло алоқа дорад – ба самти боло барад ва дарҷаашро баланд кунад, ва ба Худо наздик шавад, ва ахлоқаш ахлоқи Илоҳӣ шавад. Моҳи Рамазон як фурсат аст.
Албатта дар ғайри моҳи Рамазон, фурсатҳои дигар ҳам ҳаст. Масалан ҳамин намози панҷгона, фурсате аст ки мо метавонем дараҷаи худро боло барем; худамонро хуб кунем, ва зангорҳову ғафлатҳо ва бемориҳои маънавиро аз худ дур кунем. Намоз фурсати хубе аст. Агар имтиҳон накардаед имтиҳон кунед. Агар дар вақти намоз ба намоз таваҷҷӯҳ кунед, ҳолати баъди намози шумо бо ҳолати пеш аз намоз фарқ мекунад. Шарташ ин аст ки дар вақти намоз ба намоз таваҷҷӯҳ кунед. Беҳтарини он ин аст ки зикрҳое ки мегӯед маънояшро бифаҳмед; ин кори осон аст; ҳамаи маъноҳои зикри намозро одам дар як соат ёд мегирад; ин кори осон аст. Агар маъноҳоро фаҳмеду дар он фикр кунед, боз беҳтар аст; агар инро ҳам натавонистед, ҳадди ақалл вақте ки дар саҷда ҳастед, бидонед ки бо Худо ҳарф зада истодаед; вақте ки дар рукӯъ ҳастед, бидонед ки Парвардигори оламро таъзим карда истодаед; вақте ки дар ҳоли қироат ва зикр ҳастед, бидонед бо кӣ сӯҳбат мекунед. Агар ин таваҷҷӯҳ ҳосил шавад, ва дар намоз ёди Худо анҷом шавад, ин намоз барои шумо меъроҷи мӯъмин мешавад, ва шуморо ба боло мебарад. Уруҷ маънояш ин аст ки шумо дар дили худ, нуронияти бештарро баъди намоз эҳсос мекунед. 
Давраи сохтани худ
Ҳамаи ибодот, фурсат барои мо ҳаст; локин моҳи Рамазон, як фурсати хоссе дар сол ҳаст. Дар ин як моҳ дуоҳое аст ки таваҷҷӯҳ ба он дуоҳо ва хондани онҳо, нуронияти инсонро дубаробар мекунад. Бо ин дуоҳо чигуна бо Худо ҳарф заданро ба мо ёд додаанд.
Илова бар ин ҳамин худи рӯзаи моҳи Рамазон, ки заминаи нуроният барои рӯзадор мебошад, ва ӯро барои гирифтани фуюзоти Илоҳӣ омода мекунад. Ин ҳамаи моҳи Рамазон, намозу рӯза ва дуоҳо ва тиловати Куръон – моҳи Рамазон баҳори Қуръон аст – як давраи аз нав сохтани худ аст, ва наҷоти худ аз бадиҳо мебошад; ин давра ғанимат аст. Давраи моҳи Рамазон барои инсони мӯъмин интавр аст. Ин моҳ онқадар ба ӯ ва ба дилаш нуроният медиҳад, ки одам вақте ӯро бинад ва сӯҳбаташро шунавад ҳис мекунад ки нуронитар шудааст. 
Дури аз гуноҳ
Масъалаи аслии наздикӣ ба Худо, тарки гуноҳон аст. Анҷоми мустаҳабҳо ва нофилаҳо, ва дуо ҳамааш фаръ аст, асл нест. Асл он аст ки инсон худро аз гуноҳ нигаҳ дорад. Ин бо тақво ҳосил мешавад. Инсон бояд аввал тақво дошта бошад. Ҳамин тақво инсонро аз гуноҳ нигаҳ медорад. Гуноҳ намегузорад ки инсон ба мағфирати Илоҳӣ расад. Гуноҳ намегузорад ки инсон ҳоли дуо ва таваҷҷӯҳ дошта бошад, ва ба фикри сохтани худ бошад. Бояд талош кунем ки аз гуноҳ фосила гирем. Ин шарти аввал аст.
Албатта гуноҳон мухталиф ҳастанд; гуноҳони фардӣ ва иҷтимоъӣ, гуноҳони дасту пову забон. 
Он касе ки дуо мехонад, мустаҳабботро анҷом медиҳад, вазифаи шаръии худро анҷом медиҳад, агар бо ин корҳо аз гуноҳ дурӣ намекунад, мисли касе аст ки дар вақти касалӣ ҳам дору мехурад ва ҳам чизи зарарнокро мехурад. Агар касе интавр кунад дору асар намекунад. 
Бояд заминаи истифода аз раҳмат ва мағфирати Худо, ва файзҳои маънавии Илоҳиро бо тарки гуноҳ омода кунем. Барои ҳамин дар дуои Кумайл мебенед ки имом Алӣ алайҳиссалом мефармоянд: “Худоё гуноҳоне ки дуои маро ҳабс мекунад бибахш”. Гуноҳ манъи қабулии дуо аст. Ҳамчунин дар дуои Абу Ҳамза омада аст: “Худоё! Миёни ман ва гуноҳам фосила андоз; он гуноҳоне ки монеъи анҷоми вазифа мешавад, ва сабаб мешавад ки натавонам худамро ба ту наздик кунам”. Барои ҳамин масъалаи аслӣ тарки гуноҳ мебошад. 
Меъёри санҷиш гуноҳ аст на одам
Гуноҳ аз ҳар кас ки содир шавад, набояд гуфта шавад ки чун ин одам анҷом дод ишкол надорад. На! Гуноҳро бояд шиносем, ва гуноҳкорро бо гуноҳ шиносем. Ҳаркас ки гуноҳ кард, ҳар кас ки бошад, ӯ гунаҳкор аст. Ин фикр хато аст, ки мо ба касе ки гуноҳ мекунад, гуем ки ишкол надорад. Албатта бояд ба касе фикри бад накунем, ва агар гуноҳро намешиносем корашро иншоаллоҳ дуруст бигуем, албатта то онҷое ки имкони гумони нек вуҷуд дорад. Аммо агар касе гуноҳи ошкор анҷом медиҳад ӯ гунаҳкор аст, ҳар кас ки бошад. 
Барои ҳамин масъалаи аслӣ тарки гуноҳ аст. агар гуноҳ аз одам дур шавад, онвақт роҳи парвози маънавӣ мумкин мешавад, ва инсон он роҳи маънавӣ ва Илоҳиро меравад. Аммо бо вазни зиёди гуноҳ рафтан ба роҳи маънавӣ имкон надорад.

Баёнот дар моҳи мубораки Рамазон

7.4.1990


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017