this is a title for here

 

 Истифодаи аз умр
   Operator    28 April 2017 5197 Read    Add new comment

Айёми моҳи мубораки Раҷаб аст. Аввалин чизе, ки дар ин айём ва баъд дар

айёми моҳи муборакиШаъбон, билохира дар пиллаи севвум ва болотар дар моҳи муборакиРамазон бояд мавриди таваҷҷуҳиҳамаи мо қарор бигирад - ҳар ҷо ҳастем – пок кардани худ ва бартараф намудани ғафлатҳо ва зулматҳо аз дили худ бояд бошад; Асл ин аст. Ҳамаи ин моҷароҳо ва кашмакашҳое, ки дар зиндагии башар, дар биъсати анбиё, дар муборизоти иҷтимоъӣ ва сиёсӣ ва низомие, ки пайғамбарониИлоҳӣ бо душманониХудо доштанд - ранҷҳо, сахтиҳо, шодиҳо, пирӯзиҳо, шикастҳо, ҳама ва ҳама - муқаддимаи ин аст, ки инсон битавонад дар ҳангоми убур аз ин марзе, ки ночор бояд аз он убур кард - яъне марзи зиндагии моддӣ ва ҳаётиохиратӣ ва доимӣ - шод бошад, хурсанд бошад, ҳасратзада набошад; Ҳамаи ҳарфҳо барои ин– пок кардани худ- аст. Агар гуфтаанд ахлоқи хуб дошта бошед, агар гуфтаанд амал ба ин муқаррарот дошта бошед, агар гуфтаанд мубориза кунед, агар гуфтаанд ибодат кунед, ҳама барои ин аст, ки ин моддаи хомеро, ки ба мо сипурда шудааст, ба кайфияти матлуб ва маҳсулибеҳтарин бирасонем ва аз ин дарвоза хориҷ кунем; Барои ин аст, ки ин сафҳаи сафеде, ки ба мо сипурданд то онро бо аъмоли худ наққошӣ кунем, бо наққошии зебо, бо наққошии матлуб аз об дар биёварем ва дар даст бигирем ва биравем. Ҳама чиз онҷост, сарнавишт онҷост; Инҳо муқаддима аст. Дар ин урдугоҳе, ки мо имрӯз дар он машғули тамрин ҳастем, барои инки то як ҷойе ин тамрин ба кори мо биёяд, бояд талошамон бар ин бошад, ки дар ин урдугоҳ аз бештари фурсатҳо истифода кунем; Нагузорем ин фурсат аз даст биравад, сармояҳоямонбисӯзад ва чизе дар муқобил он насиби монашавад.

Инки Қуръон фармудааст: «ки одамӣ дар зиён аст», зиён яъне ҳамин; Яъне сармояамон бисӯзад, аз даст рафтани сармоя. Ҳамаи мо ҳар лаҳза дар ҳоли аз даст додан сармоя ҳастем. Сармоя чист? Сармоя умри мост. Лаҳза ба лаҳза ман ва шумо дорем ин сармояро аз даст медиҳем. Имрӯз мо нисбат ба дирӯз боз ҳам бахши дигаре аз сармояро аз даст додаем. Дар ин умри чанд даҳ сола масалан, лаҳза ба лаҳза дар ҳоли сӯхтани ин шамъ аст; Дар ҳоли нобуд шудани ин сармоя аст. Хуб, дар муқобил ӯ чӣ ба даст меоварем? Ин муҳимм аст. «ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва якдигарро ба ҳақ супориш карданд ва якдигарро ба сабр супориш карданд ». Агар имон буд, амали солеҳ буд -, ки бахше аз амали солеҳ ҳам, ки муҳиммтар аст, ин аст, ки супориш ба ҳаққ буд, супориш ба сабр буд - он вақт ин сармоя рафтааст, аммо чизи беҳтар ҷойи онро хоҳад гирифт. Мисл инки шумо пултонро мегиред, миравед бозор; Аз бозор, ки берун меойед, ин пул аз даст рафтааст ва дигар дар ҷайби шумо нест; Муҳимм ин аст, ки дар муқобилаш чи бо худатон овардед; Аз ин бозор дасти холи барнагашта бошед.

Баёнот дар дидори намояндагони маҷлиси шӯрои Исломӣ 03/04/ 1388

KHAMENEITJ.INFO


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017