this is a title for here

Зиндагинома

Саййид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ фарзанди марҳум ҳуҷҷатул-Ислом вал- муслимин ҳоҷи саййид Ҷавод Ҳусайнӣ Хоманаӣ дар моҳи Фарвардини соли 1318 шамсӣ баробар бо 1358 қамари дар шаҳри муқаддаси Машҳад чашм ба дунё кушод.

Саййид Алӣ аз давоздаҳ солагӣ бо рафтан ба мадрасаи илмияи Сулаймонхон ва баъд дар мадрасаи Наввоби Машҳад таҳсил кард.

Пас аз омӯхтани муқаддамоти улуми ҳавзавӣ, фарогирии дуруси сатҳҳо монанди: Маолим, Қавонин, шарҳи Лумъа, Расоил ва Макосиб ва Кифоя, аз устодоне монанди оятуллоҳ Мирзо Аҳмад Мударриси Яздӣ, ҳоҷи шайх Ҳошим Қазвинӣ, ва Саййид Ҷалил Ҳусайнӣ Систонӣ истифодаи илмӣ кард. Саййид Алии навҷавон  бештар аз падараш, ки иҷозаи иҷтиҳод дошт, истифодаи илмӣ мекард.

Саййид Алӣ аз шонздаҳ солагӣ дарси сатҳи болои оятуллоҳ Мелониро шурӯъ кард. Дар ҳаждаҳ солагӣ ба қасди зиёрат, ва дарки маҳзари бузургон, ба шаҳри Наҷафи Ашраф рафт, ва онҷо бештар дарси Оятуллоҳ Ҳакимро писандид, ва тасмим гирифт онҷо бимонад ва дарс хонад, барои ҳамин ба падараш нома навишт, аммо падараш иҷоза надод, ва дар натиҷа ба шаҳри Машҳад баргашт.

Баъд аз баргашт ба Машҳад, бо талабаҳо, ки барои зиёрат аз Қум ба Машҳад мерафтанд иртибот барқарор кард, ва тасмими ҷиддӣ гирифт то ба Қум ҳиҷрат кунад ва дар онҷо, таҳсилро идома диҳад. Аммо дар он сол падараш мувофиқат накард, то ин ки як сол гузашт, ва падараш барои ҳиҷрат ба Қум розӣ шуд. Бо шурӯъи соли нави таҳсилӣ ба Қум рафт, ва дар мадрасаи Ҳуҷҷатия мустақар шуд. Дар он замон раиси ҳавза ва марҷаъият бар ӯҳдаи Оятуллоҳ Буруҷирдӣ буд.

Саййид Алӣ ба хотири мутолиаи зиёд ва дарси зиёд, байни талабаҳо машҳур шуда буд. Аз аввали вурудаш ба Қум, дар дарси сатҳи болои фиқҳи Оятуллоҳ Буруҷирдӣ ширкат кард. Аз ҳамон аввал ҳам дар дарси ҳоҷи оқойи Руҳуллоҳ (ҳазрати имом Хумайнӣ) низ ширкат мекард.

Дар фарвардини соли 1340 шамсӣ Оятуллоҳ Буруҷирдӣ аз дунё рафт, ва марҷаъияти Имом Хумайнӣ (р) матраҳ шуд. Бо интиқодҳо ва эътирозоти Имом Хумайнӣ (р) бар зидди шоҳ, пояҳои қиёми Исломӣ дар Қум рехта шуд. Шогирдони Имом Хумайнӣ (р) низ ба таблиғ ва равшангарӣ мепардохтанд, ва қиём ва марҷаъияти Имом Хумайниро мӯҳкам мекарданд.

Саййид Алӣ ҳамроҳ бо таҳсили илм, ба мубориза ҳам мепардохт, ки дар соли 1342 ҳамчун намояндаи Имом Хумайнӣ ба Машҳад назди Оятуллоҳ Мелонӣ фиристода шуд.

 Дар соли 1343 падари Саййид Алӣ биноии худро аз даст медиҳад, ки ин барои Саййид Алӣ бадтарин хабар буд. Ӯ ки мехост дар Қум бимонад, ва устодонаш ҳам бар монданаш дар Қум исрор мекарданд, тасмим гирифт ба Машҳад ба назди падараш равад. Саййид Алӣ баъд аз нобино шудани падараш, барои падараш китоб мутолиа мекард ва ҳамонро бо падараш баҳс мекард.

Саййид Алӣ ҳамроҳ бо мубориза, китобҳои Расоил ва Макосибро тадрис мекард, ва ҳамчунин дарси тафсири Қуръон дошт. Ин дар ҳоле буд, ки ин саййид 26 сола буд.

Ҷаласоти тафсирии Саййид Алӣ мавриди истиқболи талабаҳо қарор гирифт ва ҳама ба тафсир тарғиб мешуданд ва алоқаашон зиёд мешуд. Ин дарсҳо ки ҳамроҳ бо баҳсҳои муборизагӣ матраҳ мешуд, чандбор аз тарафи ҳукумат манъ шуд.

Дарсҳои саййид Алӣ идома дошт то замоне, ки ба Эроншаҳр табъид шуд ва дарсҳояш таътил шуд.

Саййид Алии Хоманаӣ ба сабаби муборизаҳо, чандбор дастгир шуд ва ба шаҳри дигар табъид шуд.

Дар солҳои баъдӣ, ки инқилоби Исломӣ пирӯз шуд, Саййид Алӣ Хоманаӣ масъулиятҳои зиёде доштанд, ки ба таври хулоса ба шарҳи зайл мебошад:

 Узви шӯрои инқилоби Исломӣ.
 Поягузори ҳизби ҷумҳурии Исломӣ.
 Муовинати вазорати дифоъ.
 Сарпарастии сипоҳи посдорони инқилоби Исломӣ.
 Имом ҷумъаи шаҳри Теҳрон.
 Намояндаи имом Хумайнӣ (р) дар шӯрои олии дифоъ.
 Намояндаи мардуми Теҳрон дар маҷлиси шӯрои Исломӣ.
 Ҳузур дар сангарҳои ҷанги Ироқ бо Эрон.
 Ду давра раиси ҷумҳурӣ (призидент).
 Раиси шӯрои инқилоби фарҳангӣ.
 Раиси маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом.
 Раиси шӯрои бознигарии қонуни асосӣ.
 Валиййи фақеҳ, ва раҳбари инқилоби Исломӣ.

Зиндагинома

All rights reserved This website is owned 2017