this is a title for here

Зиндагинома

Дар рӯзи бистӯми Ҷамоди-ул-сонии соли 1320 ҳиҷрӣ қамарӣ мутобиқ бо 24 сентябри соли 1902-и мелодӣ дар шаҳри Хумайн ки дар вилояти марказии Теҳрон аст, дар хонаводаи аҳли илму ҷиҳод, ва дар хонадони поки Заҳрои атҳар (с) Руҳуллоҳ Мусавии Хумайнӣ по бар хокдони ин табиат ниҳод.

Ӯ меросхури падароне буд ки ҳамаи наслашон дар роҳи хидмат кардан ба мардум ва омӯхтани маорифи Илоҳӣ буд.

Падари Руҳуллоҳ Хумайнӣ (р) Оятуллоҳ Саййид Мустафо Мӯсавӣ буданд, баъд аз таҳсил дар Наҷаф ба Эрон омаданд ва дар байни мардум масоили диниро мегуфтанду онҳоро ҳидоят мекарданд.

Ҳанӯз Саййид Руҳуллоҳ шиш моҳагиаш тамом нашуда буд ки падарашро золимони ҳукумат бо тир куштанд, чун падараш бо золимон мубориза мекард ва таслим намешуд. Барои ҳамин Саййид Руҳуллоҳ аз кӯдакӣ ятим шуд ва бо сахтиҳо рӯбарӯ шуд. Вай даврони кӯдакии худро дар пеши модараш Ҳоҷар ва аммаш Соҳиб хонум ки аз аҳли тақво буданд гузаронид.

Дар соли 1340-и ҳиҷрӣ Саййид Руҳуллоҳ барои таҳсили илм ба шаҳри муқаддаси Қум рафт ва онҷо дарс омӯхт, ва яке аз устодони бузурги ҳавзаи илмия шуд.

Саййид Руҳуллоҳ Хумайнӣ ҳамроҳ бо талош ба таҳсили илм ва дарс додан ва тарбияти шогирдон, аз мубориза бо золимон ва ситамкорон ғофил нашуд.

Ӯ ҳамеша бо зулму золимон мубориза мекард ва мардумро ҳамеша ҳушёр мекард.

Дар моҳи Муҳаррами соли 1342-и ҳиҷрӣ Руҳуллоҳ Хумайнӣ суханронӣ кард ва мардумро бар зидди шоҳи золим фаро хонд. Ҳамин суханронӣ сабаб шуд ки мардум бар зидди шоҳ ҳаракат карданд.

Пас аз ҳамин суханронӣ буд Саййид Руҳуллоҳро аз тарафи давлат дастгир ва зиндонӣ карданд. Баъд аз даҳҳо рӯз Саййид Руҳуллоҳ озод шуд. Мардум бо шунидани хабари озодӣ  хурсанд мешаванд ва ҷашн мегиранд.

Баъд дар рӯзи 13-и обони 1343-и шамсӣ Саййид Руҳуллоҳ бар зидди кофирон ва Амрико суханронӣ кард. Дар ҳамон шаби суханронӣ кардааш боз дастгир шуд ва бо сомолёти хусусӣ ба Туркия фиристода шуд.

Саййид Руҳуллоҳ Хумайнӣ дар Туркия ёздаҳ моҳ зиндагӣ кард. Ӯ ин вақтро ғанимат шумориду китоби Таҳрирул Василаро навишт.

Баъд аз ёздаҳ моҳ Саййид Руҳуллоҳро ба Ироқ табъид карданд, ки дар Ироқ сенздаҳ сол зиндагӣ кард. Ӯ дар тӯли сенздаҳ моҳ ба таълиму тарбияти шогирдон машғул шуд. Бо инки дар Ироқ буд ва машғули дарс додан буд аз муборизаи худ даст накашид, ва ҳамеша бо суханрониҳо ва бо баёнияҳо мардумро ба пирӯз шудан умедвор мекард ва дилҳоро зинда мекард.

Натиҷаи ин раҳнамоиҳо ва суханрониҳо ин шуд ки мардум бо ҷиддияти комил бо шоҳ мубориза карданд.

Бо давом доштани ин муборизаҳо давлатдорони Ироқу Эрон тасмим гирифтанд Саййид Руҳуллоҳро аз Ироқ ҳам табъид кунанд. Ин тасмими онҳо сабаби хашми мардум шуд.

Саййид Руҳуллоҳ Ироқро ба мақсади Кувайт тарк кард, аммо Кувайт иҷоза надод, ва аз онҷо ба Париж рафт. Дар Париж дар хонаи яке аз эрониҳо сукунат кард. Давлатдорони Фаронса ба Саййид Руҳуллоҳ гуфтанд барои модан дар Париж бояд муборизаро тарк кунӣ, аммо Саййид Руҳуллоҳ гуфт: ин хилофи демократия ҳаст, агар маҷбур ба рафтан аз ин аэропорт ба он аэропорт ҳам шавам аз мубориза даст намекашам.  

Саййид Руҳуллоҳ шӯрои инқилобро ташкил кард, ва шоҳ низ бо супоридани давлат ва Бахтиёр аз Эрон гурехт. Бо шунидани ин хабар мардум дар он рӯз хушҳолӣ карданд ва он рӯзро ҷашн гирифтанд.

Баъд аз чаҳордаҳ сол Саййид Руҳуллоҳ ба Эрон баргашт, ва рӯзи 12-и Баҳмани соли 1357-и шамсӣ по ба хоки Эрон гузошт. Дар вақти омадани Саййид Руҳуллоҳ 4 то 6 миллилон одам ӯро пешвоз гирифтанд.

Бо ворид шудан ба Эрон раҳбарии мардумро бар ӯҳда гирифт ва барои мардум ҳамчун имому пешвои хоксор хидмат кард, ки дар натиҷа ҳама ӯро Имом гуфтанд, чун ҳақиқатан як пешво ва намуна буд. Ӯ дар вақти раҳбирияташ фиреби дунёро нахӯрд ва дар як хонаи майдаи сода зиндагӣ кард. Ҳатто дар вақти ҷанг ҳам хонаи содаи худро тарк накард, ва аз ҳеч чиз ба ҷуз Худо наметарсид.

Дар охир пас аз ёздаҳ сол хидмати мардум дар соли 1368 дар синни 87 солагӣ аз ин дунё чашм пӯшид ва барои ҳамеша дили ошиқон ва адолатхоҳонро ғамгин кард.

Бо ин ҳама раҳбарият ва наҷоти мардуми ситамдида ва шикасти қофирону золимон ва бо онҳама тақвову зуҳд дар васиятномаи худ навишт:

Аз миллат мехоҳам аз кӯтоҳиӣ кардани ман гузашт кунанд, ва бо тасмиму ирода ба пешрафт идома диҳанд, ва бидонанд ки бо рафтани як хидмат гузор бар садди оҳанини миллат халал ворид намешавад, ва хидматгузорони бузургтар дар ҳоли хидмат мебошанд. Худованд нигаҳдори ин миллат ва мазлумони ҷаҳон ҳаст.

Худован ин марди базургро ки ҳамеша худро хидматкор медонист раҳмат кунад, ва бо Паёмбари гиромии Ислом (с) ва аҳли байташ маҳшур кунад.

Зиндагинома

All rights reserved This website is owned 2017