this is a title for here

 

 Аҳкоми рӯза. Қисмати дуввум.
   Operator    28 May 2017 27 Read    Add new comment

3. Рӯзаҳои воҷиб:

А. Рӯзаи моҳи мубораки Рамазон

Б. Рӯзаи қазо

В. Рӯзаи каффора

Г. Рӯзаи қазои падару модар

Д. Рӯзаи мустаҳаббӣ ки ба сабаби назру аҳду қасам воҷиб шудааст.

Е. Рӯзаи рӯзи севвуми эътикоф

Ё. Рӯзае ки ба ҷойи қурбонӣ дар ҳаҷҷи таматтӯъ аст.

4. Шароити воҷиб шудани рӯза

А. Болиғ будан

Б. Оқил будан

В. Беҳуш набудан

Г. Мусофир набудан

Д. Зан хуни ҳайзу нифос надошта бошад

Е. Зарар надоштани рӯза

Ё. Рӯза доштан хело душвору сахт набошад.

Таваҷҷӯҳ:

Рӯза барои касоне воҷиб аст ки шароити баёншударо дошта бошанд. Барои ҳамин рӯза барои кӯдаки ноболиғ, девона, беҳуш ва касе ки тавони рӯза гирифтанро надорад, воҷиб нест. Ҳамчунин рӯза барои  касе ки ба сафар рафта, зане ки хуни ҳайзу нифос мебенаад, касе ки рӯза барои ӯ зарар дорад, касе ки рӯза барои ӯ хеле сахту душвор аст, воҷиб нест!

(Дар дарсҳои баъдӣ ҳамааш ба таври муфассал баён мешавад).

Инсон наметавонад ба хотири беқувват шудан рӯзаашро шиканад, аммо беқувватиш хело зиёд бошад ки тоқат карданаш хело сахту душвор бошад, метавонад рӯзаашро шиканад. Ҳаминтавр агар рӯза зарар дошта бошад, ё аз зарар расидан тарсад, метавонад рӯзаашро шиканад. Тибқи ин гуфта духтароне ки нав ба синни балоғат мерасанд ва бояд рӯза гиранд, наметавонанд ба хотири беқувватию сахти рӯзаро шикананд, аммо беқуввати хеле зиёд бошад ки тоқат кардани он сахту душвор аст, ё зарар дошта бошад ё битарсад ки зарар мерасонад, метавонад рӯзаро шиканад.

5. Шароити дуруст будани рӯза

А. Мусулмон будан

Б. Имон доштан

В. Нияти рӯза кардан

Г. Тарки шиканандаҳои рӯза

Д. Оқил

Е. Ҳушёр

Ё. Мусофир набудан

Ж. Зане ки хун набенад

З. Зарарнок набудани рӯза

И. Рӯзаи қазоӣ надоштан (ин шарт барои касоне аст ки мехоҳанд рӯзаи мустаҳаббӣ бигиранд. Яъне то вақте ки рӯзаи қазоияшро нагирад, наметавонад рӯзаи мустаҳаббӣ гирад.

Таваҷҷӯҳ

Касоне ки шароити баёншударо дошта бошанд, рузаашон саҳеҳу дуруст аст. Барои ҳамин рӯзаи кофир, девона, беҳуш, мусофир, зане ки хун мебенад, дуруст нест ботил аст. Ҳамчунин рӯзае ки зарар дошта бошад, рӯзае ки нияти рӯза накарда бошад, рӯзае ки дар он шиканандаи рӯзаро анҷом диҳад, дуруст нест ботил аст.

Идома дорад.....


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017