this is a title for here

 

 Пурсишу посухи фиқҳии Имом Хоманаӣ дар бораи Куруно
   Operator    10 April 2020 363 Read    Add new comment

Дар ин бахш саволоте, ки дар бораи аҳкоми шаръӣ дар бораи Куруно барои бештари мардум пеш омадаастро Имом Хоманаӣ посух гуфтаанд.

Саволи 1: Бо таваҷҷӯҳ ба таътил шудани маросими Эътикоф (ба ҷиҳати вируси Куруно), оё баргузории он дар хона саҳеҳ аст?

Ҷавоб: Эътикоф дар хона, саҳеҳ нест.

Саволи 2: Агар шахсе бар асари бемории вогирдори Куруно, ки тибқи назари мутахассисон, сарояти сареъе дорад, фавт кунад дар хусуси ғусл, кафан ва намози чунин майите вазифа чист?

Ҷавоб: Танҳо ибтило ба ин беморӣ, боиси суқути аҳкоми воҷиб марбут ба майит намешавад; бинобар ин бо мурооти комили нукоти беҳдоштӣ ва истифода аз таҷҳизоти эминӣ –ҳарчанд бо сарфи ҳазина- бояд ҳадди ақалли воҷиб дар мавриди ғусл, ҳунут, кафан, намози майит ва дафн анҷом гирад.

Дар сурати адами имкони ғусли тартибӣ, бояд ба сурат иртимосӣ, ғусл дода шавад ва дар сурати адами имкони ғусл, бо дасти майит майитро ба тартиб, бадал аз ғус бо об ва сидр, ғусл бо об ва кофур ва ғусл бо оби холис, таяммум дода ва ҳунут кунанд ва –ҳарчанд аз рӯи либос- кафан карда ва дафн намоянд.

Намоз бо дасткаш

Саволи 3: Оё намоз хондан бо пӯшидани дасткаш –ҳарчанд захим бошад- ишкол дорад?

Ҷавоб: Ишкол надорад.

Дармони беморони мубтало ба Куруно

Саволи 4: Оё дармони беморони мубтало ба вируси Куруно бар кодри дармонӣ ва пизишкон воҷиб аст?

Ҷавоб: Ҳифзи ҷони мусалмон, воҷиби кифоӣ аст ва хидматрасонӣ ба беморон аз беҳтарин аъмоли солеҳ аст.

Саволи 5: Агар касе аз кодри дармонии бемористонҳо, дар роҳи хидматрасонӣ ба беморони мубтало ба Куруно аз дунё биравад, оё Шаҳид маҳсуб мешавад?

Ҷавоб: Иншоаллоҳ подоши азими шаҳидонро хоҳад дошт, вале ҳукми шаҳиди дар ҷангро надорад.

Саволи 6: Бо таваҷҷӯҳ ба шуюъи вируси Куруно ва истифода аз маҳлулҳои зиддиуфунии дорои спирт, ин маҳлулҳо аз назари покӣ ва наҷосат чи ҳукме дорад?

Ҷавоб: Спиртҳое, ки намедонед аз ақсоми машруботи масткунанда аст, пок ҳисоб мешавад ва истифода аз мойеъоте, ки бо он махлут шудааст ва намоз хондан бо либос ва бадани оғишта ба он ишкол надорад, аммо агар бидонед аз машруботи масткунанда ҳисоб мешавад, бинобар эҳтиёти воҷиб наҷас аст.


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017