this is a title for here

 

 Ҳукми рӯза дар моҳи Рамазон дар ҳангоми шуюъи бемории Куруно мутобиқи фатвои Имом Хоманаӣ
   Operator    20 April 2020 119 Read    Add new comment

Дафтари истифтооти Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳукми рӯзаи моҳи Рамазон ҳангоми шуюъи бемории Куруноро мутобиқи бо фатовои эшон мунташир кард.

Матни пурсишу посух ба шарҳи зайл аст:

Суол: Дар шароити кунунӣ, ки бемории Куруно шуюъ пайдо кардааст, рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон чи ҳукме дорад?

Посух: Рӯза ба унвони як таклифи илоҳӣ дар ҳақиқат неъмати хосси Худованд бар бандагон аст ва аз пояҳои такомул ва эътилои руҳии инсон ба шумор меравад ва бар умматҳои пешин низ воҷиб будааст.

Аз осори рӯза падид омадани ҳолати маънавӣ ва сафои ботин, тақвои фардӣ ва иҷтимоӣ, тақвияти ирода ва руҳияи муқовимат дар баробари сахтиҳост ва нақши он дар саломати ҷисми инсон низ рӯшан аст ва Худованд аҷри азме барои рӯзадорон қарор додааст.

Рӯза аз заруриятҳои дин ва аркони шариати ислом аст ва тарки рӯзаи моҳи мубораки Рамазон ҷоиз нест магар онки фард, гумони ақлонӣ пайдо кунад, ки рӯзадорӣ мӯҷиби:
- Эҷоди беморӣ

- Ва ё шиддат гирифтани беморӣ

- Ва ё афзоиши тӯли беморӣ ва таъхир дар саломатӣ мешавад.

Дар ин маворид рӯза соқит вале қазои он лозим аст.

Бадеҳӣ аст дар сурате, ки ин итминон аз гуфтаи пизишки мутахассис ва мутадайин низ ба даст оят, кифоят мекунад.

Бинобар ин, агар фарде нисбат ба умури ёдшуда хавф ва нигаронӣ дошта ва ин тарс маншаъи ақлонӣ дошта бошад, рӯза соқит вале қазои он лозим аст.


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017