this is a title for here

 

 Аҳкоми намоз 1
   Operator    5 August 2020 12 Read    Add new comment

Ақсоми намозҳо

* Намозҳои воҷиб ва мустаҳаб

Намозҳои воҷиб:

  • Намозҳои явмия
  • Намози тавофи хонаи Худо , ки пас аз тавофи хонаи Каъба гузорда мешавад.
  • Намози Оёт, ки дар ҳангоми падид омадани хуршед ва моҳгирифтагӣ ва зилзила ва амсоли онҳо хонда мешавад.
  • Намози маййит, ки бар мурда хонда мешавад.
  • Намози қазои падар ва модар, ки бар писари калонтар воҷиб аст.
  • Намозе, ки ба воситаи назр ва аҳд ва қасам ё ба воситаи иҷора воҷиб шудааст.
  • Намозҳои мустаҳаб, мисли нофилаҳои шабонарӯзӣ.

Таваҷҷӯҳ:

Намозҳои мустаҳаббӣ бисёр аст ва онҳоро «нофила» гӯянд ва аз миёни намозҳои нофила, нофилаҳои шабонарӯзӣ бештар сифориш шудааст.

 

* Навофил явмия

1. Бо ҳар як аз намозҳои панҷгонаи шабонарӯзӣ як намози мустаҳаббӣ ҳаст, ки онро нофилаи он намоз гӯянд. Хондани ин нофилаҳо бисёр муҳим аст ва савоб ва аҷри зиёд барои он зикр шудааст. Илова бар инҳо мустаҳаб аст дар сулси охири шаб, нофилаи шаб бихонад. Ин намоз ҳам дорои хавосси маънавии бисёр аст ва шоистааст бар он мувозибат шавад.

2. Нофилаҳои шабонарӯзӣ

1. Нофилаи зуҳр: Ҳашт ракъат қабл аз намози зуҳр.

2. Нофилаи аср: Ҳашт ракъат қабл аз намози аср.

3. Нофилаи мағриб: Чаҳор ракъат баъд аз намози мағриб.

4. Нофилаи ишо: Ду ракъат баъд аз намози ишо (хуфтан), ки нишаста хонда мешавад.

5. Нофилаи субҳ: Ду ракъат қабл аз намози субҳ.

6. Нофилаи шаб: Ёздаҳ ракъат аз нисфишаб то азони субҳ ва беҳтар дар сулси охири шаб хонда шавад.

Таваҷҷӯҳ :

Чун ду ракъат нофилаи ишо, як ракъат ҳисоб мешавад, маҷмӯъи нофилаҳои шабонарӯзӣ 34 ракъат (ду баробари теъдоди ракъатҳои намозҳои воҷиб) хоҳад буд.

3. Хондани нофилаи зуҳр ва аср пас аз адои намози зуҳр ва аср ва дар вақти нофила бинобар эҳтиёти воҷиб бояд ба қасди қурбатан илаллоҳ, бидуни қасди адо ва қазо ба ҷо оварда шавад.

4. Намози шаб ёздаҳ ракъат аст. Ҳашт ракъат он ки ба сурати ду ракъатӣ ду ракъатӣ хонда мешавад намози шаб ном дорад, ва ду ракъатӣ он намози ишо аст, ки монанди намози субҳ хонда мешавад, ва як ракъат ҳам намози витр ном дорад, ки дар қунути он истиғфор ва дуо барои мӯъминин ва талаби ҳоҷот аз Худованди Маннон ба тартибе, ки дар китобҳои дуоҳо зикр шуда, мустаҳаб аст.

5. Дар намози шаб, сура ва истиғфор ва дуо ба унвони ҷузъиёт шарт нест, балки кофист, ки дар ҳар ракъат баъд аз ният ва такбиратулэҳром, сураи Ҳамд қироат шавад ва агар хост баъд аз қироати Ҳамд, як сура аз сураҳои қуръониро ҳам қироат кунад ва рукӯъ ва суҷуд ва зикри онҳо ва ташаҳҳуд ва салом ба ҷо оварад.

6. Дар намози шаб, дар торикӣ хондан ва махфӣ кардан аз дигарон шарт нест, аммо риё ҳам дар он ҷоиз нест.

 

Таваҷҷуҳ:

Нофилаҳоро бояд ду ракъат ду ракъат хонд, магар намози витрро, ки як ракъат аст, бинобар ин хондани намози шаб ба сурати ду намози чаҳор ракъатӣ ва як ракъатӣ ва як намози витр саҳеҳ нест.

Нофилаҳоро метавонад нишаста бихонад, вале истода беҳтар аст.

Дар сафар, нофилаҳои зуҳр ва аср ва ишо соқит аст ва набояд хонда шавад.

Ҳар як аз нофилаҳои шабонарӯзӣ, дорои вақти муайяне аст, ки дар рисолаҳо муфассал зикр шудааст.

 

 

* Миқдори пӯшиш дар намоз

1. Мард бояд дар ҳоли намоз авратайни худро бипӯшонад, ҳар чанд касе ӯро намебинад ва беҳтар аст аз ноф то зонуро бипӯшонад.

2. Зан бояд дар мавқеъи намоз тамоми бадан ва мӯйи худро бо пӯшише, ки комилан баданро мепӯшонад бипӯшад, вале пӯшондани сурат ба миқдоре, ки шустани он дар вузӯ воҷиб аст ва дастҳо то муч ва поҳо то мафсали соқ лозим нест.

Таваҷҷуҳ:

Аз онҷо, ки чона, ҷузъе аз сурат аст, лизо лозим нест дар намоз онро бипӯшонад, вале пӯшондани қисмати поини чона воҷиб аст.

Пӯшондани поҳо то мафсали соқ дар сурате, ки номаҳрам ҳозир бошад воҷиб аст.

Ҳаргоҳ дар байни намоз мутаваҷҷеҳ шавад, ки миқдоре аз мӯйҳояш пайдост ва фавран онро бипӯшонад намозаш саҳеҳ аст магар замоне, ки зоҳир шудани мӯ амдӣ бошад.

Агар намозгузор баъд аз намоз бифаҳмад, ки дар намоз пӯшиши воҷибро надошта, намозаш дуруст аст.

 

* Шароити либоси намозгузор

А) Пок бошад.

Б) Ғасбӣ набошад (мубоҳ бошад).

В) Аз аҷзои мурдор набошад.

Г) Аз ҳайвони ҳаромгӯшт набошад.

Д) Тиллобофт набошад.

Э) Аз абрешими холис набошад.

Таваҷҷуҳ:

Шарти панҷум ва шишум ихтисос ба либоси мардон дорад.


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017