this is a title for here

 

 Аҳкоми намоз 2
   Operator    10 October 2020 50 Read    Add new comment

А)Пок бошад.

1. Либоси намозгузор бояд пок бошад.

Касе, ки намедонад намоз бо бадан ва либоси наҷис, ботил аст агар бо бадан ё либоси наҷис намоз бихонад намозаш ботил мебошад.

3. Агар надонад, ки бадан ё либосаш наҷис аст ва баъд аз намоз бифаҳмад наҷис будааст, намози ӯ саҳеҳ аст, вале агар қаблан наҷосати онро медониста ва фаромӯш карда ва бо он намоз хонда, намозаш ботил аст.

4. Агар дар байни намоз мутаваҷҷеҳ шавад, ки либос ё баднаш наҷис аст, агар бидонад наҷосат аз қабл аз намоз буда ё миқдоре аз намозро бо наҷосат анҷом додааст ва вақт ҳам вусъат дошта бошад намоз ботил аст, вале агар вақт танг бошад чинончи барои вай, изолати наҷосат аз бадан ё даровардани либоси наҷис бидуни иртикоби амале, ки мунофот бо намоз дорад мумкин бошад бояд наҷосати баданро бартараф ё либоси наҷисро аз худ дур кунад ва намози худро такмил намояд, ва чинончи бартараф кардани наҷосат бо ҳифзи ҳолати намоз барои ӯ имкон надорад ва дар сурате, ки натавонад, ба ҳолати урён намоз бихонад бо ҳамон вазъият намозро тамом кунад.

5. Агар либоси наҷисро об бикашад ва яқин кунад, ки пок шудааст ва бо он намоз бихонд, ва баъд аз намоз бифаҳмад пок нашуда, намозаш саҳеҳ аст, вале барои намозҳои баъдӣ бояд либосро татҳир кунад.

6. Либосе, ки наҷис будани он машкук аст маҳкум ба таҳорат буда ва намоз хондан бо он саҳеҳ аст, бинобар ин намоз дар либосҳои муаттар ба атрҳое, ки ҳовии алкул аст ва намедонем он атрҳо наҷис аст ишкол надорад. Ҳамчунин шахсе, ки ба иллати изтирор, маҷбур ба татҳири махраҷи бавл бо санг ё чӯб ва ё ҳар чизи дигаре мешавад ва ҳангоме, ки ба манзил муроҷиат мекунад онро бо об татҳир менамояд, агар надонад либосаш бо рутубати бавл наҷис шудааст лозим нест мавқеъи намоз онро иваз карда ё татҳир намояд.


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017