this is a title for here

 

 Аҳкоми ҳиҷоб (1)
   Operator    28 April 2017 5198 Read    Add new comment

Савол: Маҳдудаи пӯшиши хонумҳо ва оқоён чиқадар бояд бошад?

Ҷавоб: Хонумҳо дар нигоҳи номаҳрам тамоми баданро бояд бипӯшонанд ғайр аз ду ҷо, ки воҷиб нест пӯшонда шавад албатта дар сурате, ки ороиш ё зевар надошта бошад. Он ду ҷо, ки воҷиб нест яке гирди сурат аст ба миқдоре, ки дар вузӯ лозим аст шуста шавад, яке ҳам дастҳо аз нӯки ангуштон то банди даст. Ин миқдор ҳам албатта агар ороиш ва зинат дошта бошад ҳатман бояд пӯшонида шавад.

Дар даст доштани ангуштар ҳам агар сода бошад, чашмгир набошад, пӯшонданаш воҷиб нест аммо агар сода нест ва чашмгир аст бояд пӯшонда шавад.

Асли ҳиҷоб барои оқоён пӯшонданиаврат аст аммо агар дар ҷойе қарор мегирад, ки дар маърази нигоҳи номаҳрам ё дар маърази нигоҳи шаҳватолуди дигарон ё ба гунае аст, ки тараф ангуштнамо мешавад, бояд ба миқдори лозим ва мутаориф баданро бипӯшонад.

Савол: Оё пӯшондани по аз нигоҳи номаҳрам барои хонумҳо воҷиб аст ё не?

Ҷавоб: Хонумҳо дар муқобили номаҳрам бояд поҳоро бипӯшонанд; Танҳо ду ҷо барои пӯшиши хонумҳо дар ҳузури номаҳрам истисно шудааст: «гирди сурат ва дастҳо аз сари ангушт тобанди даст» албатта ба шарти инки ороиш ва зевар, ки ҷалби таваҷҷуҳ кунад ва чашмгир бошад надошта бошанд.

Савол: Ҳукми пӯшиши по барои хонумҳо дар ҳангоми намоз дар сурате, ки номаҳрам дар онҷо набошад чист?

Ҷавоб: Дар намоз се ҷо истисно шуда, ки пӯшондани он воҷиб нест; «гирди сурат» ба миқдоре, ки дар вузӯ шуста мешавад, «дастҳо то банди даст» ва «поҳо то банди по, ба шарти инки номаҳраме набошад».

Савол: Мард то чӣ андоза ихтиёр дорад ҳамсари худро мулзам ба пӯшиш ва ороиши хоссе намояд?

Ҷавоб: Масъалаи пӯшиш ва ороиш рабте ба дастур ё наҳйи шавҳар надорад балки ҳукм ва дастуриХудо аст ва хонумҳо бояд дар ҷоҳое, ки ҳиҷоб воҷиб аст яъне дар нигоҳи номаҳрам риоят кунанд ҳатто агар шавҳар мухолифат кунад.

Савол: Зан то чӣ ҳадд бояд ба ҳарф шавҳараш дар инбора гӯш диҳад ва риояти ҳиҷоб ё риоят накардани онро лозим бидонад?

Ҷавоб: Дар ҷоҳойе, ки ҳиҷоб воҷиб нест, итоат аз амри шавҳар ба ҳиҷоб боз ҳам воҷиб нест; Магар инки мавриде бошад, ки агар хонум итоат накунад, ихтилоф ё даъво ба вуҷуд меояд ва Худой нокарда табдил ба ҷудоӣ хоҳад шуд ё тарс аз ин бошад, дар ҷойе ки ҳиҷоб воҷиб нест чун амри муҳимме дар миён аст итоат лозим мебошад.

Савол: Оё истифода аз ангуштари содаи издивоҷ барои хонум зинат ҳисоб мешавад?

Ҷавоб: Ангуштари хонумҳо агар чашмгир набуда ва сода бошад -ҳоло фарқе намекунад, ки марбут ба издивоҷаш буда ё худаш харида ва ё ҳадя гирифтааст- пӯшонданш воҷиб нест. Аммо агар ангуштар чашмгир ва хосс аст бояд аз нигоҳ номаҳрам пӯшонда шавад.

Савол: Бархе аз хонумҳо дар интернет бо қасди хайр ва ҳадафитаблиғи ҳиҷобиИсломӣ машғул ба фаъолият ҳастанд ва аксҳои худро бо ҳиҷоби комил нашр менамоянд. Локин дар бархе маворид ҳамин тасовир мӯҷибиистифодаҳои бад қарор мегирад; Таклиф чист?

Ҷавоб: Агар ин тасовир маврид истифодаи бад қарор гирад ё шаҳватомез бошад ё фасоде барои хонум дошта бошад, ҷоиз нест.

Савол: Оё истифодаи навъ хоссе аз ҳиҷоб бо рангҳои гуногунбарои ҷазб дигарон ба ҳиҷоб ҷоиз аст?

Ҷавоб: Истифода аз рангҳои гуногун агар ба гунае бошад, ки мӯҷиби ҷалби таваҷҷуҳи номаҳрам шуда ба тавреки хонум ангуштнамо шавад ҷоиз нест. Дуруст аст, ки бархе қасди хайр доранд ва мехоҳанд ҳиҷоби тамиз ва замонавӣ дошта бошанд ва мураттаб бошанд ва бо ин кор дигаронро ҷазб кунанд то ҳиҷоб тарвиҷ пайдо кунад, аммо бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошта бошанд тавре нашавад, ки дар нигоҳи дигарон ҳатто байни хонумҳо ангуштнамо шаванд; Ё мӯҷиби ҷалби таваҷҷӯҳи номаҳрам шаванд, ки дар ин ду сурат ҷоиз нест. Аммо агар ингуна нест ва ҳиҷобашон одӣ аст ва дигарон ҳам ҷазби ин ҳиҷоб мешаванд, қатъан ишколе надорад. 

KHAMENEITJ.INFO


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017