this is a title for here

 

 Аҳкоми ҳиҷоб (2)
   Operator    6 May 2017 5155 Read    Add new comment

Савол: Чӣ навъ пӯшиш аз ҳайси ранг, кайфият ва тарзи пӯшидан барои хонумҳо дар баробари номаҳрам ишкол дорад?

Ҷавоб: Ба тавреки агар либос ба гунае бошад, ки занро дар нигоҳи дигарон ангуштнамо намуда ва ё таваҷҷӯҳи номаҳрамро ҷазб кунад -ҳатто дар чихел пӯшидан бошад- пӯшидани он ҷоиз нест. Дар пӯшиши берун шароите барои либос гуфтаанд: инки баданро ба миқдори комил бипӯшонад, хеле тунук набуда ва баданнамо набошад, аз назари ҳаҷм тавре бошад, ки барҷастгиҳо ва баромадгиҳои баданро бипӯшонад, хеле танг ва часпида набошад ва ҳамчунин ин либос тарвиҷкунандаи фарҳангибад ва ё фарҳанги душманон набошад. Яъне худатон истиқлол дошта бошед.

Савол: Оё истифода аз чодури барроқ ва рангоранг дар баробари номаҳрам ишкол дорад?

 Ҷавоб: Не, ишколе надорад магар инки ба гунае бошад, ки ҷалби таваҷҷӯҳи номаҳрам кунад ё дар ҳадде аст, ки фард ангуштнамо мешавад.

Савол: Дар истифода аз либосҳои танг ва часпон чӣ меъёрҳое бояд риоят шавад?

Ҷавоб: ба таври кулли либос набояд ба қадре часпон бошад, ки ҳаҷм ва баромадагии бадан мушаххас шуда ва ё мӯҷиби ҷалби таваҷҷӯҳи номаҳрам ё ангуштнамо шудан шавад.

Савол: Оё пӯшидани ҷуроб (носки)тунук барои хонумҳо ба таврека по дар баробари номаҳрам маълум бошад ҷоиз аст?

Ҷавоб: Аз ҷумла шароити пӯшиш ва либос ин аст, ки баданнмо ва тунук набошад, ки пӯсти бадан маълум бошад. Бинобарин по бояд аз нигоҳи номаҳрам пӯшонда шавад, агар зане ҷуробитунук бипӯшад, ки пояш дида шавад, ҳиҷобаш комил нест ва ҷуроб бояд дар ҳадде бошад, ки по маълум набошад.

 Савол:Занҳое, ки мӯйидароз доранд ва мӯйихудро дар зери рӯсарӣ (косынка) дар пушти саршон мебанданд ба тавре ки як баромадагӣ зери рӯсарӣэҷод мешавад, ин масъала шаръан чи ҳукме дорад?

Ҷавоб: агар ин ба гунае бошад, ки ҷалби таваҷҷуҳи номаҳрам кунад ё зан ангуштнамо шавад ва шаклу шамоилихоссе пайдо кунад ҳаром аст аммо агар дар он ҳадд набошад ишкол надорад.

Савол: Пӯшидан кафшҳои пошнабаланд барои бонувон чи ҳукме дорад?

 Ҷавоб: агар мӯҷиби ҷалби таваҷҷуҳи номаҳрам шавад ё хонум ангуштнамо мешавад ҷоиз нест аммо агар дар он ҳадд набошад ишколе надорад.

Савол: Пӯшиданифутболкаҳои кӯтоҳ барои писарон ва мардон ба наҳве, ки бахше аз бадан дар маърази дид қарор мегирад чӣ ҳукме дорад?

Ҷавоб: ба таври кулли агар инсон либос бипӯшуд, ки масалан кӯтоҳ аст ё қисмате аз бадан пайдо аст ё шаклу шамоили хоссе дорад ва ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад ва мумкин аст ангуштнамо шавад ва мардум бигӯянд ин читавр либос пӯшидан аст, агар дар ин ҳадд бошад ҳаром аст.

 Савол: Ҳукми пӯшидани лоси́ны ва шалвори Lee ё джинс ва рӯсарӣ ва кафши рангоранг ва монтуи кӯтоҳ (мисли плаш бо порчоҳои ресмонӣ, ҳарирӣ) чист?

Ҷавоб: барои пӯшиш шароите зикр шуда азҷумла инки баромадагиҳои бадан маълум набошад. Дар мавриди лоси́ны, ингуна аст, ки тамом бадан маълум ва мушаххас аст; Бинобарин ҳиҷоби комили нест! Аммо нисбат ба ранги шалвори Lee ва джинс, агар зери монту бошад ва намоён набошад, ишкол надорад; Аммо агар намоён ҳам бошад агар ба қадре часбида набошад, ки ҳама ҷойи бадан маълум бошад -яъне як миқдоре васеътар бошад, ки баромадагиҳои бадан мушаххас набошад- ва инки рангаш тавре набошад, ки он шахс ангуштнамо шавад ва ҳама нигоҳ кунанд ва ба истилоҳ либоси шӯҳрат набошад, ишколе надорад.

Савол: Оё пӯшидан чодур (ҳиҷобе ки аз сар то по аст) дар кишварҳои ғарбӣ ва ё истифода аз ниқоб дар шаҳрҳое, ки маъмулӣ нест, ҳукми либос шӯҳратро пайдо мекунад ва ишкол дорад?

Ҷавоб: Асли мурооти ҳиҷоб лозим аст яъне агар шахсе ба ҷойе рафт, ки афроди беҳиҷоб ҳастанд, ӯ бояд ҳиҷобро риоят кунад; Агарчи чодур ҳиҷоби бартар ва беҳтар аст аммо агар дар ҷойе пӯшидани чодур ё ниқоб барояш зарар дорад ва мумкин аст дигарон ӯро ранҷонанд ё инки ангуштнамо шавад яъне либос шӯҳрат маҳсуб шавад, дар онҷо ба хотир вуҷуди зарар, истифода аз чодур ё ниқоб ҷоиз нест.

 

 


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017