this is a title for here

 

 Аҳкоми ҳиҷоб (3)
   Operator    6 May 2017 5143 Read    Add new comment

Савол:Либоси духтар дар муқобили хостгор чигуна бояд бошад?

Ҷавоб: Духтаре, ки ҳанӯз ақдаш бо писаре, ки ба хостгории ӯ омада хонда нашуда -валав ангуштар ҳам оварда бошанд- бино бар ҳукми аввалӣ номаҳрам ҳастанд ва ҳудуд ва марзи шаръӣ дар робита бо ҳиҷоб, нигоҳ ва ҳатто сӯҳбат бояд риоят шавад.

Савол: Оё духтарбчаҳоро қабл аз расидан ба синни булуғ бояд маҷбур ба риояти ҳиҷоб кард?

Ҷавоб: Кӯдак қабл аз синни булуғ таклиф надорад, вале аз назари тарбиятӣ агар дар маърази нигоҳи номаҳрам аст, бояд то ҳудуде ҳиҷобро риоят кунад. Ин кор вазифаи падар ва модар ё сарпарасти кӯдак аст. Аммо замоне ин кор воҷиб аст, ки агар алон ҳиҷобро риоят накунад дар оянда беҳиҷоб мешавад ва ҳиҷобро муроот намекунд; Дар ин сурат ҳиҷоб лозим аст ва дар ғайри ин сурат лозим нест.

Савол: Баъзан дида мешавад баъзе аз фурӯшгоҳҳо ё ширкатҳо барои ҷазби муштарӣ аз духтарон ва занони корманд мехоҳанд навъи хоссе аз ороиш ва пӯшишро дошта бошанд, ки ҳудуди шаръӣ дар он риоят намешавад. Даромаде, ки шарти ба даст омаднаш қабули анҷоми чунин чизе бошад барои ду тараф корфрмо ва корманд чӣ ҳукме дорад?

Ҷавоб: на корманд иҷоза дорад инҷо дастури корфрморо итоат кунад ва ҳиҷобро риоят накунад ё дар муқобил номаҳрам бо ороиш зоҳир шавад, на корфармо шаръан иҷоза дорад ва чунин ҳаққи дорад, ки чунин дастури диҳад; Агар ҳам дастур дод онҳо наметавонанд итоат кунанд ва лизо агар итоат карда ва ҳиҷобро риоят накарданд ё дар муқобили номаҳрам бо ороиш ҳозир шуданд, кори ҳароме муртакиб шудаанд. Аммо даромадашон, агар коре, ки анҷом медиҳанд ва шуғлашон хилоф набошад ва колое, ки мефурӯшанд фурӯш он коло ишколи надошта бошад, даромад ва музде, ки мегиранд ҳалол аст. Аммо иқдоми ӯ ба ороиш кардан ё иҷбор кардани кормандон ба ороиш кардан, кори хилофи шариъат аст ва шоиста нест, ки инсон даромаде касб кунад, ки дар тариқи он, кори ҳаромро муртакиб мешавад.

 Савол: Духтаре дар берун аз манзил ҳиҷоби комил дорад аммо дар дохил манзил ва дар муқобил номаҳрамҳои хешу табор либосҳое мепушад, ки ҳиҷобаш комил нест ё ҳаҷми баданаш мушаххас аст. Ҳукми ин кор чист ва оё тафовуте байни номаҳрамҳои хешу табор ва ғарибаҳо вуҷуд дорад?

Ҷавоб: тафовуте байни номаҳрамҳо вуҷуд надорад ва номаҳрам номаҳрам аст; Мумкин аст дар муошират масоиле вуҷуд дошта бошад; Масалан инки як хонум вақте шавҳар хоҳараш ба манзилшон меояд, бо ҳифзи ҳиҷоби комил, бо ӯ сари як дастархон менишинд ва ғизо мехурад, аммо бо номаҳрами ғариба сар як дастархон наменишинад. Аммо инки оё маҳрам ва номаҳрам дараҷабандӣ дорад ва яке бештар номаҳрам аст он яке камтар, не ин дуруст нест.

Савол: Либоси хонумҳо дар муқобилимаҳрамҳое ки ғайр аз ҳамсар ҳастанд чигуна бояд бошад?

Ҷавоб: қисматҳои хосси бадан бояд пӯшида бошад ва нигоҳ ба ғайри он қисматҳо ишкол надорад. Вале замоне, ки либосаш таҳрикомез бошад ё аз назар тарбиятӣ мушкилевуҷуд дошта бошад бояд он мавозеъро ҳам бипушонад. 


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017