this is a title for here

 

 Аҳкоми рӯза. Қисмати аввал
   Super User    27 May 2017 5318 Read    Add new comment

Аҳкоми рӯза. Қисмати аввал

 

1. Маънои рӯза

Рӯза дар шариати муқаддаси Ислом он аст, ки инсон дар ҳамаи рӯз (аз тулӯъи субҳи содиқ то ғуруби офтоб) бо нияти итоат аз фармони Худо, аз хӯрдан ва нӯшидан ва чизҳои дигар (шиканандаҳои рӯза) дурӣ кунад.

Таваҷҷӯҳ:

 

Вақти шаръии рӯза аз субҳи содиқ аст на козиб. Фаҳми ин бар ӯҳдаи худи шахси мукаллаф аст.

(Субҳи козиб як хатти рӯшани рост дар машриқ осмон аст.  Агар он хатти рӯшан васеъу пароканда шавад он субҳи содиқ мешавад.)

Дар тулӯъи субҳи содиқ фарқ намекунад, ки  моҳ бошад ё набошад.

Барои эҳтиёт, мусалмонони мӯҳтарам дар рӯза гирифтан, аз аввали азон гуфтан ҳиччи нахуранд.

Ҳаргоҳ рӯзадор мутмаин шавад, ки баъди дохил шудани вақти ифтор азон мегӯянд, метавонад аз аввали азон гуфтан ифтор кунад ва лозим нест то тамом шудани азон мунтазир бимонад.

 

2. Анвоъи рӯза

Рӯза аз як ҷиҳат бар чанд қисм аст:

А. Рӯзаи фарз, мисли рӯзаи моҳи мубораки Рамазон

Б. Рӯзаи мустаҳаббӣ, мисли рӯзаҳои моҳи Раҷаб ва Шаъбон.

В. Рӯзаи ҳаром, мисли рӯзаҳои иди Фитр ва Қурбон.

Таваҷҷӯҳ:

Касе ки медонад рӯза барои ӯ зарар дорад, ё метарсад ки рӯза зарар расонад, бояд рӯзаро нагирад, чун рӯзааш саҳеҳ намебошад, балки ҳаром аст. Фарқе надорад ин яқин ба зарар доштани рӯза, бо таҷрибаи худаш ба даст омада бошад, ё ба гуфтаи духтури мавриди итминон бошад, ё ба ҳар далели ақлӣ бошад.

 

Асари зарар доштани рӯза, ва ё асари зиёд шудани касалӣ ба сабаи рӯзаро худи одам бояд фаҳмад ва ташхис диҳад. Барои ҳамин  агар масалан духтур гӯяд ки рӯза зарар дорад, аммо худи одам фаҳмад ва ташхис диҳад ки зарар надорад, инҷо ба гапи духтур амал накунад ва бояд рӯза гирад. Ҳаминтавр агар духтур гӯяд ки рӯза зарар надорад, ва одам худаш фаҳмад ва ташхис диҳад ки зарар дорад, ё метарсад ки зарар дошта бошад, набояд рӯза бигирад (рӯза намегирад).

Агар рӯзадор фикр мекард ки рӯза зарар надораду рӯзаро бигирад, баъд фаҳмад ки рӯза барояш зарар доштааст, бояд қазои он рӯзаро бигирад.

Духтурҳо ки беморонро аз рӯза гирифтан ба хотири зарар доштанаш манъ мекунанд, сухани онҳо вақте дуруст аст ки итминоновар ё сабаби тарси аз зарар бошад, ки дар ғайри ин ду маврид сухани онҳо далел намешавад.


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017