this is a title for here

 

 Аҳкоми рӯза. Қисмати севвум
   Super User    1 July 2017 5124 Read    Add new comment
Аҳкоми рӯза. Қисмати севвум
Нияти рӯза
А. Маънои ният ва лозим будани ният
Рӯза монданди ибодатҳои дигар бояд бо ният ҳамроҳ бошад. Барои ҳамин дурӣ кардани одам аз шиканандаҳои рӯза, бояд ба хотири дастури Худованд бошад. Ҳамин ки чунин ният (ба хотири дастури Худо рӯза гирифтан) кофӣ аст, лозим нест бо забон гӯяд. 
Б. Замони ният
Дар рӯзаи мустаҳаббӣ:
Аз аввали шаб то вақте ки ба андозаи ният кардан ба мағриб (ғуруби офтоб) вақт монда бошад. 
Дар рӯзаи воҷиб (фарз):
1.Рӯза воҷиби муайян бошад (яъне вақти муайян дорад) мисли рӯзаи моҳи Рамазон:
Дар интавр рӯза бояд то тулӯъи субҳи содиқ ният кунад. Агар  аз рӯйи қасд пеш аз субҳи содиқ ният накунад, наметавонад пеш аз пешин ният кунад. Аммо агар ниятро  фаромӯш кард, бояд эҳтиётан то пеш аз пешин ният кунад ва рӯза гирад, ва баъдан боз ҳамин рӯзаро қазояшро гирад. Агар ният кардан то вақти пешин  фаромӯш шавад, баъди пешин ният карда намешавад. 
2. Рӯза воҷиби муайян набошад (яъне вақти муайян надорад), мисли рӯзаи қазогӣ. 
Дар интавр рӯза то пеш аз пешин ният карда рӯза гирифта мешавад. Аммо баъд аз вақти пешин ният карда намешавад.
1. Аз онҷо ки шурӯъи рӯза аз аввали субҳи содиқ аст, нияти он ҳам бояд аз аввали субҳи содиқ бошад ва аз он дертар нашавад. Беҳтар он аст ки пеш аз вақти субҳи содиқ, нияти рӯза кунад. 
2. Агар аввали шаб ният кард ки фардо рӯза мегирад, баъд аз он хобид ва то азон бедор нашуд, ё машғули коре буду расидан субҳи содиқро нафаҳмид, баъдан фаҳмад рӯзаи ӯ дуруст аст. 
3. Касе ки дар моҳи Рамазон, вақти субҳи содиқ, аз қасд нияти рӯзаро намекунад, агар дар миёни рӯз нияти рӯза кунад, рӯзаи ӯ дуруст нест, дар айни ҳол бояд то ғуруби офтоб бояд аз шиканандаҳои рӯза парҳез кунад ва баъд аз моҳи Рамазон ҳам қазои онро гирад. 
4. Касе ки дар моҳи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ё бехабарӣ, нияти рӯзаро накарда дар нисфи рӯз фаҳмад, агар коре ки шиканандаи рӯза астро анҷом дода бошад рӯзааш ботил аст, ва бояд то ғуруби офтоб аз шиканандаҳои рӯза парҳез кунад. Аммо вақте ки дар нисфи рӯз фаҳмид ва то он вақт шиканандаҳои рӯзаро анҷом надода буд, агар ин ҳолат баъд аз пешин бошад рӯзааш ботил аст, аммо агар пеш аз пешин бошад бинобар эҳтиёт нияти рӯза карда рӯзаро гирад ва баъдан боз қазояшро гирад. 
5. Агар барои рӯзаи воҷиби ғайри моҳи Рамазон монанди рӯзаи каффора ё қазогӣ, то наздикии вақти пешин ният накунад, агар шиканандаҳои рӯзаро анҷом надода бошад, метавонад нияти рӯза кунад ва рӯзааш дуруст аст. 
6. Рӯзаи мустаҳаббиро дар ҳар вақти рӯз ки ба фикри рӯза афтад, ният карда метавонад, ба шарте ки то он вақти ният шиканандаҳои рӯзаро анҷом надода бошад. 
7. Касе ки рӯзаи қазогии моҳи Рамазон бар гарданаш ҳаст, наметавонад рӯзаи мустаҳаббӣ гирад. Ҳатто агар замони нияти рӯзаи воҷиб тамом шуда бошад ҳам (яъне баъди пешин)  нияти рӯзаи мустаҳаббӣ кунад, рӯзааш дуруст нест. Агар аз рӯи фаромӯшӣ нияти рӯзаи мустаҳаббӣ кунад, агар дар нисфи рӯз ёдаш биёяд рӯзаи мустаҳаббии ӯ ботил мешавад. Агар ин ёдаш омадан пеш аз пешин бошад, метавонад ниятро табдил ба нияти қазогии моҳи Рамазон кунад, рӯзааш ҳам дуруст мешавад.               
Таваҷҷӯҳ:
Касе ки рӯзаи қазогӣ бар гардан дорад, агар рӯзаи мустаҳаббӣ гирад, ин рӯза ба ҷойи рӯзаи қазогиаш ҳисоб намешавад. 
Касе ки намедонад рӯзаи қазогӣ дорад ё на,  агар ба нияти ончи вазифа бар гарданаш ҳаст (чи мустаҳаббӣ бошад ё қазогӣ) рӯза гирад, агар дар ҳақиқат бар гарданаш рӯзаи қазогӣ буда бошад, ин рӯзаи гирифтааш ба ҷойи он қазогӣ ҳисоб мешавад. 
8. Агар бемор дар нисфи рӯзи моҳи муборак Рамазон хуб шавад, лозим нест ки ният карда он рӯзро рӯза гирад. Аммо агар пеш аз пешин хуб шавад ва кори шиканандаи рӯзаро анҷом надода бошад, бояд ният карда рӯза гирад ва баъди моҳи Рамазон қазогии онро гирад. 
Идома дорад.......

Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017