this is a title for here

 

 Аҳкоми рӯза. Қисмати чаҳорум
   Super User    3 July 2017 5183 Read    Add new comment
Аҳкоми рӯза. Қисмати чаҳорум. 
Шиканандаҳои рӯза 
1. Хӯрдан ва ошомидан 
А. Агар рӯзадор аз рӯйи қасд чизеро бихӯрад ва биёшомад рӯзаи ӯ мешиканад, хоҳ он хӯрокӣ бошад ё чизи дигар (мисли коғаз ва чизҳои ғайри ғизоӣ). Ҳамчунин фарқ надорад кам бошад (мисли қатраи об ё нонреза) ё зиёд. 
Б. Агар рӯзадор чизеро ки дар байни дандон аст аз рӯйи қасд хурад рӯзааш мешиканад, аммо агар намедонист ки дар байни дандонаш ғизо аст ё намедонист ки он ба ҳалқаш (дохили гулӯ) мерасад, ё надониста хӯрда монад рӯзааш намешиканад. 
В. Агар рӯзадор надониста ё аз рӯйи фаромӯшӣ чизеро хурад рӯзааш ботил намешавад. Фарқ намекунад ки рӯза рӯзаи воҷиб бошад ё мустаҳаб. 
Г. Хӯрдани оби даҳон рӯзаро намешиканад. 
Д. Эҳтиётан рӯзадор аз уколҳои қавикунанда ва уколҳои ки фоидаи ғизоӣ дорад ва уколҳое ки ба раг укол мешавад ва  капельница парҳез кунад. Аммо укол кардан аз азулот  (мисли  ягодица) ва укол барои беҳис кардан ва дору молидан бар рӯйи захм ишкол надорад. 
Е. Эҳтиётан рӯзадор аз маводди мухаддир ки аз роҳи бинӣ (мисли наша) ва дар зери забон (мисли нос) истифода мешавад дурӣ кунад. 
Ё. Агар вақти хӯрдани  саҳарӣ фаҳмад ки вакти азон шудааст, бояд ончи дар даҳон дорад берун орад. Агар аз рӯйи қасд хурад рӯзааш мешиканад. 
Ж. Хӯрдани балғам агар дохили даҳон нашуда бошад рӯзаро намешиканад. Аммо агар дохили даҳон шавад, эҳтиётан онро нахурад. 
З. Ҳарвақт ки хӯрдани дору барои фишори хун (давлени) зарур бошад, хӯрдани он ишкол надорад. Аммо рӯзааш мешиканад ва бояд баъдан қазои онро ба ҷо оварад. 
И. Хуне ки аз милки дандон берун меояд агар хӯрда нашавад рӯзаро намешиканад ва агар хуни милки дандон бо оби даҳон аралаш шуда аз байн равад, хӯрдани он рӯзаро намешиканад. Агар касе шак кунад ки дар даҳонаш хун аст ва онро хурад рӯзааш намешиканад. 
Таваҷҷӯҳ:
Аз даҳон берун омадани хун рӯзаро ботил намекунад, агар хун берун ояд, воҷиб аст хунро аз расидан ба гулӯ нигаҳ дорад. 
2. Ҷимоъ кардан, омезиши ҷинсӣ (наздикӣ кардан бо ҳамсар) 
А. Наздикӣ кардан бо ҳамсар рӯзаро мешиканад агарчи манӣ берун наояд. 
Б. Агар рӯза буданро фаромӯш кунад ва бо ҳамсараш наздикӣ кунад, рӯзааш намешиканад ва ҳарвақт ки ёдаш омад бояд наздики карданро тарк кунад, агар тарк накунад рӯзааш мешиканад. 
Идома дорад........

Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017