this is a title for here

Суханронӣ
14 October 2020

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ рӯзи сешанбе (1398-10-03) зимни шарҳи ҳадисе дар бораи сираи Паёмбари Аъзам (с) ба баёни аҳамияти мардумӣ будан ва унс гирифтан бо табақоти мухталифи мардум пардохтанд.

16 July 2020

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ рӯзи душанбе (2019-12-30) ба баён ва шарҳи ҳадисе дар бораи охирин гуфтугӯҳои Паёмбари Аъзам (с) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) пардохтанд.

 

 

13 October 2020

1. Шаҳодат, марги тоҷирона ва марги одамҳои зирак аст. (2005-05-02)

2. Шаҳодат, яъне ворид шудан дар ҳарими хилвати илоҳӣ ва меҳмон шудан бар сари суфраи зиёфати илоҳӣ; ин хеле бо азамат аст. (1992-01-30)

3. Шаҳодат бадин маъно аст, ки як инсон бартарин ва маҳбубтарин сармояи дунявии хешро нисори ормоне созад, ки мӯътақид аст зинда мондан ва борвар шудани он, ба суди башарият аст. (2002-12-06)

4. Исор, яъне надидан ва ба ҳисоб наовардани худ. Ин, аввалин мавзеъгирии шаҳид аст. (1997-05-07)

5. Шуҳадо ин ҳадияи илоҳиро осон ва ройгон ба даст наоварданд; ба қимати муҷоҳидат ба даст оварданд; дар роҳи Худо ҷиҳод карданд, аз худашон гузаштанд ва Худо ин ҳадияро ба онҳо дод. (2005-05-02)

6. Ҳадияи шаҳодатро Худо ба чи касе медиҳад? Худо ин ҳадияро арзон намедиҳад; ба касоне медиҳад, ки дар роҳи ӯ муҷоҳидат кунанд. (2005-05-02)

7. Шаҳид ҷонро фурӯхт ва дар муқобили он, биҳишт ва ризои илоҳиро гирифт, ки болотарин дастовардҳост. (1989-08-16)

8. Он чизе, ки мо бояд ба он ифтихор бикунем ин аст, ки расми шаҳодат ва суннати илоҳии қатли фи сабилиллоҳ, бо низоми исломӣ зинда шуд. (1989-08-16)

9. Хосияти кушташудан дар роҳи Худо ин аст, ки инсоне ҷони худро сарф мекунад барои як ҳадаф ва мақсади илоҳӣ ва Худои Мутаол ҳам дар посух ба ин исор ва гузашти бузург, ҳузури ӯро дар миллати ӯ тадовум мебахшад ва ёд, фикр ва ормони ӯ зинда мемонад. (1989-08-16)

10. Агар ин шаҳодатҳо набуд, агар ин фидокориҳо набуд, ин низом боқӣ намемонд; ин ниҳоли низом, мавриди таҳоҷуми тӯфонҳои сахт буд. (2016-12-05)

11. Масъалаи Шаҳид ва Исоргарӣ, мотори ҳаракати ҷомеъа аст. (2004-07-06)

12. Бузургдошти шуҳадо барои ояндаи ин кишвар, ҳаётӣ ва зарурӣ аст. (2015-02-16)

13. Гоҳе ранҷу заҳмати зинда нигоҳ доштани хуни шаҳид, аз худи шаҳодат камтар нест. (1997-05-07)

14. Ман ақидаи росих дорам бар ин ки яке аз ниёзҳои асосии кишвар, зинда нигоҳ доштани номи шаҳидон аст. (2015-02-16)

15. Ёд, ифтихорот, иззати шаҳидонро ҳама бояд насбул-айни худашон қарор бидиҳанд; нагузоред фаромӯш бишавад. (2007-04-22)

16. Рӯзбарӯз бояд ёди шаҳидон ва такрори номи шаҳидон ва нуктаёбӣ ва нуктасанҷии зиндагии шаҳидон дар ҷомеъаи мо ривоҷ пайдо кунад. (2015-02-16)

17. Онҷое, ки ёди шаҳодат, ёду зикри шаҳидон, тамҷид аз азамати шаҳидон вуҷуд дорад, ҳар инсоне, ҳар диле эҳсоси азамат ва истиғнои аз ғайри Худо мекунад. (2012-02-29)

18. Фарҳанги шаҳодат яъне фарҳанги талош кардан бо сармоягузорӣ аз худ барои аҳдофи баландмуддати муштарак байни ҳамаи мардум; ки албатта дар мавриди мо он аҳдоф, махсуси миллати Эрон ҳам нест, барои дунёи ислом балки барои ҷаҳони башарият аст. (2015-02-16)

19. Ҷаласоти бузургдошти шаҳидон, идомаи ҳаракати ҷиҳодӣ ва идомаи шаҳодат аст. (2015-02-16)

20. Дар баёни зиндагиномаи шаҳидон саъй мекунем хусусиёти зиндагии инҳо ва сабки зиндагии инҳо ва чигунагии машйи зиндагии инҳоро табйин кунем, ин муҳим аст. (2016-09-26)

12 October 2020

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ фармондеҳи муаззами кулли қуво субҳи имрӯз (душанбе) дар иртиботи тасвирӣ бо маросими муштараки донишомӯхтагии донишгоҳҳои афсарии нерӯҳои мусаллаҳ дар донишгоҳи афсарии Имом Алӣ (а), лозимаи ҳифзи иқтидор ва ҳувияти миллӣ ва таъмини манофеъи миллиро муҳосибаи саҳеҳ ва ақлонӣ аз таҳдидҳо ва зарфиятҳо дар масоили марбут ба “қудрати дифоъӣ”, “истеҳком ва суботи иқтисодӣ” ва “тавоноӣ ва қивоми фарҳангӣ” донистанд ва таъкид карданд: “Мушкилоти иқтисодӣ ва маъишатии мардум, ба шарти талоши шабонарӯзии масъулон ва мудирияти қавӣ, ҷомеъ ва хастанашудан ва тамаркуз бар тавлиди дохилӣ ва чашми умед надоштан ба хориҷ қобили ҳал ҳастанд ва сарусадоҳои арозили мусаллат бар Амрико ҳам набояд зеҳни касеро машғул кунад.”

Имом Хоманаӣ иҷрои маросими муштараки донишомӯхтагии донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳро фурсате барои истифода аз таҷориби якдигар ва ҳамафзоии бештар хонданд ва афзуданд: “Ҷавононе, ки дар донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳ таҳсил мекунанд дар воқеъ таъминкунандагон ва ҳофизони амният ба унвони як арзиши бисёр воло ва як унсури ҳаётӣ барои кишвар ҳастанд.”

Фармондеҳи кулли қуво бо ишора ба ироаи хадамоти мухталифи нерӯҳои мусаллаҳ ба миллат аз ҷумла имдодрасонӣ ва кӯмак дар ҳаводиси табиӣ ҳамчун сели Гулистон ва зилзилаи Сарпулизаҳоб ва арсаҳои беҳдоштӣ ва дармон ба вижа дар шароити кунунии бемории короно ва ҳамчунин нақшофаринӣ дар размоиши ҳамдилӣ ва кӯмакҳои мӯъминона хотирнишон карданд: “Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақиқатан нерӯҳои обрӯманд ва шарофатманд ҳастанд.”

Имом Хоманаӣ “қудрати дифоъӣ”, “истеҳком ва суботи иқтисодӣ” ва “тавоноӣ ва қивоми фарҳангӣ”-ро аркони иқтидори миллӣ баршумурданд ва гуфтанд: “Мабнои иқтидор дар Ҷумҳурии Исломӣ як мабнои ақлонӣ ва бар асоси муҳосиботи саҳеҳ ва мантиқӣ дар хусуси андозаи қудрати дифоъӣ, чигунагии тақсими кор байни нерӯҳои мусаллаҳ ва таъйини анвоъи абзорҳои дифоъӣ аст.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Барои таъмини манофеъи миллӣ ва ҳифзи мавҷудият ва ҳувияти миллӣ бояд муҳосиботи дақиқу мантиқӣ аз ҳадду андозаи воқеии таҳдидҳо ва ҳамчунин зарфиятҳо ва истеъдодҳои воқеии кишвар вуҷуд дошта бошад.”

Эшон таъкид карданд: “Қудрати дифоии баромада аз чунин муҳосиботи ақлонӣ мӯҷиб мешавад, ки масъулон ва мардум бо тумаънина ва оромиш машғули корҳои асосӣ шаванд.”

Имом Хоманаӣ ақлониятро ба маънои муҳосибае саҳеҳ донистанд ва гуфтанд: “Баъзеҳо исми ақлонияту ақлро меоваранд аммо манзурашон тарс, инфиъол ва фирор аз муқобили душман аст дар ҳоле, ки фирор кардан ва тарсидан, ақлоният нест.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Тарсуҳо ҳақ надоранд исми ақлониятро биоваранд, зеро ақлоният ба маънои муҳосибаи дуруст аст . Албатта душман талош дорад то маънои ғалати ақлониятро талқин кунад ва бархе ҳам нодониста, дар дохил ҳамон ҳарфи душманро такрор мекунанд.”

Эшон иллати ҳаёҳӯи арозили ёвагӯ дар Амрико дар бораи ии тавоноиҳои дифоӣ ва мушакӣ ва минтақавии Эронро муҳосиботи дақиқ ва ақлонии Ҷумҳурии Исломӣ барои расидан ба ин тавоноиҳо донистанд ва гуфтанд: “Ин ёвагӯиҳо ношӣ аз тарси онҳо ва ҳамчунин ақибмондагии онҳо дар ин арса аст аммо бояд бидуни тавваҷӯҳ ба ин фазосозиҳо, дастгоҳи муҳосиботии ақлониро ҳифз кард ва ба лутфи Худованд, Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳамаи ин арсаҳо боз ҳам пеш хоҳад рафт.”

Имом Хоманаӣ ақлониятро лозимаи ҳамаи умур донистанд ва хотирнишон карданд: “Бояд зулмситезӣ, адолатхоҳӣ ва муборизоти иҷтимоӣ низ бар асоси ақлоният бошад ва гирифтори ҳошия нашавем ва аслу фаръро иштибоҳ нагирем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусуси масоили фарҳангӣ ба унвони яке дигар аз аркони иқтидори миллӣ афзуданд: “Замоне, ки мавзӯи мубориза бо таҳоҷуми фарҳангӣ матраҳ шуд, душман саросема таблиғоти худро ба самти муқобила бо ин мавзӯъ равона дод зеро аз бедории мардум ва муқобила бо таҳоҷуми фарҳангӣ ҳарос дорад.”

Эшон бо ишора ба “истеҳком ва саботи иқтисодӣ” ба унвони сеюмин рукни иқтидори миллӣ гуфтанд: “Иқтисоди кишвар зери фишор аст ва мардум аз назари маишатӣ дучори мушкилот ҳастанд аммо ҳамаи ин мушкилот қобили ҳал аст.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Ман ақида надорам, ки масъулон дар заминаи масоили иқтисодӣ талоше намекунанд. Талошҳои зиёд ва хубе дар бархе бахшҳо анҷом шуда; агарчи дар баъзе бахшҳои иқтисодӣ тавони мудириятӣ заъиф аст. Зимни ин ки мусавваботи хубе ҳам вуҷӯд дорад, ки бояд пайгирӣ шаванд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ лозимаи ҳифзи иқтидори миллиро нигоҳи ҷомеъ ва саҳеҳ ба масоили дифоъӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ва ҳузури мудирони қавӣ, фаъол ва хастанашав донистанд ва таъкид карданд: “Дар ҳар арсае, ки мудириятҳои хастаги‌нопазир, фаъол ва пурнишотро доштем, корҳо пешрафт карда аст.”

Имом Хоманаӣ гуфтанд: “Чандбораҳо гуфта шуда, ки илоҷи мушкилоти иқтисодӣ дар гарави тамаркуз бар масъалаи тавлид, ҷилавгирӣ аз суқути пай дар пайи арзиши пули миллӣ ва бастани рихнаҳое ҳамчун қочоқ , воридоти беравия ва фасодҳои молӣ аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳузури мудирони хуб ва лузуми талоши шабонарӯзӣ ва хастагинопазир афзуданд: “Албатта дар мушкилоти иқтисодӣ, мо нақши хабосатомези амрикоиҳо ва таҳримҳои онҳоро, ки ҳақиқатан ҷиноят аст, нодида намегирем ва ба истодагӣ ва муқовимат идома хоҳем дод то ба лутфи Худованд фишори ҳаддиаксарии Амрикоро ба рӯсиёҳии ҳаддиаксарӣ ва мояи пушаймонии онҳо табдил кунем.”

Эшон бо ишора ба ибрози хушҳолии раисиҷумҳури Амрико аз ихтилол дар иқтисоди кишвар ва ҷиноят алайҳи миллати Эрон гуфтанд: “Ифтихор ба чунин ҷинояте фақат аз одамҳои разле мисли шумо барме‌ояд.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Албатта вазъи имрӯзи Амрико бо ҳазорон миллиард доллар касрии будҷет ва даҳҳо миллион гурусна ва инсони зери хатти фақри бисёр бад аст ва миллати Эрон ба тавфиқи илоҳӣ бо қудрати имон ва азми миллӣ ва ба кӯрии чашми масъулини разл, хоин ва ҷинояткори Амрико бар мушкилот фоиқ хоҳад омад ва аз таҳрим низ ба унвони василае барои муқовимсозии воқеии иқтисоди кишвар истифода хоҳад кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкиди муҷаддад бар ин мавзӯъ, ки илоҷи мушкилоти кишвар дар дохил аст гуфтанд: “Агарчи бисёре аз мушкилоти мо марбӯт ба хориҷ аз кишвар аст аммо илоҷи онҳо дар дохил ва бо такя бар муҳосибаи дуруст ва нигоҳи саҳеҳ ба масоили кишвар ва минтақа ва бо бакоргирии тадбир, талош, хирад ва азми росих аст; бинобар ин набояд илоҷро дар хориҷ аз кишвар ҷустуҷӯ кард, чироки мо ҳеч хайр ва баҳрае аз хориҷ намебенем ва сарусадои арозили мусаллат бар миллати Амрико низ набояд зеҳни касеро машғул кунад.”

Бахши дигаре аз суханони Фармондеҳи кулли қуво дар маросими муштараки донишомӯхтагии нерӯҳои мусаллаҳ ба баёни чанд тавсия ба донишҷӯён ва масъӯлони ин донишгоҳҳо ихтисос дошт.

Имом Хоманаӣ бо ишора ба таҳаввул дар таҳдидҳо, муқобила бо онҳоро низ ниёзманди барномаҳои ҷадид донистанд ва таъкид карданд: “Дар пажӯҳишҳои донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳ бояд пешбении таҳдидҳои ҷадид ва шинохти роҳҳои муқобила бо онҳо мавриди тавваҷӯҳи ҷаддӣ қарор бигирад.”

Эшон таҷрибиёти нерӯҳои мусаллаҳ дар даврони Дифоъи Муқаддасро сармояи арзишманде хонданд ва бо таъкид бар лузуми табдили он таҷрибиёти барҷаста ба назариёти дифоъӣ ва баст ва такмили онҳо, бар тавваҷӯҳи вижа ба тарбияти ахлоқӣ дар донишгоҳҳои низомӣ тавсия карданд ва гуфтанд : “Албатта ин тавсия барои ҳамаи ии ҷавонони кишвар бавижа нерӯҳои инқилобӣ аст, ки бояд ихлосу муҷоҳидатро сарлавҳаи амали худ қарор диҳанд ва дар масъулиятҳо чашм ба мақоми болотар ё моли дунё надошта бошанд.”

Имом Хоманаӣ дар бахши поёнии суханонашон бори дигар бо ташаккур аз масъулони бахши беҳдошт ва дармон ва пизишкон ва парасторони фидокор, ибтилоот ва талафоти мавҷи сеюми короноро бисёр дардовар хонданд ва афзуданд: “Ҳамчунон, ки аз муддатҳо қабл ба раисиҷумҳур ва масъулони мӯҳтарам гуфтаам, зобитагузориҳо барои муқобила бо беморӣ бояд аз ҷойгоҳи ҳокимиятӣ ва илзомовар бошад.”

Эшон гуфтанд: “Ҳамчунон ки дар мавзӯи сафари Арбаъин, мардуми диндор ба марзҳо нарафтанд ва дар азодориҳои муҳаррам низ завобити ситоди миллиро дақиқан риоят карданд, умуми мардум бояд дар масоиле ҳамчун нарафтан ба сафарҳо ва риояти шеваномаҳо муроқибати ҷаддӣ кунанд то аз ин беморӣ халос шавем.”

24 September 2020

Паёми Имом Хоманаӣ ба муносибати рӯзи таҷлил аз шаҳидон ва исоргарони Дифоъи Муқаддас, ки асри имрӯз (панҷшанбе) тавассути оқои Уҳадӣ раиси Бунёди Шаҳид ва умури исоргарон дар Гулзори Шаҳидони Биҳишти Заҳрои Теҳрон қироат шуд, ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Гузашти замон натавониста ва ҳаргиз нахоҳад тавонист ёди арҷманди шаҳидони азизро аз хотири миллати Эрон бизудояд. Ин лавҳи дурахшон ҳамвора музайян ба унвони шаҳодат ва ёди шаҳидон хоҳад монд. Ин захираи таърихӣ ҳамвора ба наслҳои мо умед ва ҳиммат ва ҷуръат хоҳад бахшид то гомҳо ба самти ҳадафҳои волоро маҳкам ва устувор бардоранд ва аз душмании шаётин ва ханносони олам наҳаросанд. Ҷабҳаи адлу ҳақ бо ин тавон ва ороиши илоҳӣ ба пирӯзиҳои бузург даст хоҳад ёфт иншоаллоҳ.

Сайидалии Хоманаӣ

2020-09-24

21 September 2020

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (душанбе) дар иртиботи тасвирӣ бо маросими такрим ва таҷлил аз пешкисватони дифоъи муқаддас ва муқовимат, бо ишора ба пирӯзии дурахшон ва возеҳи миллати Эрон дар Дифоъи муқаддас гуфтанд: “Ин воқеъият, натиҷаи раҳбарӣ ва фармондеҳии шигифтангезаи Имом Хумайнӣ, ҳузури ҳамаҷонибаи қишрҳои мухталифи мардум ва иқдомот ва ибтикороти уқалоии мудофеъони ислом ва инқилоб дар ин ҳамосаи таърихӣ буд, ки бояд муроқиби талоши душманон дар таҳрифи воқеъиятҳои ин қитъа аз ҳувияти барҷастаи эрониён бошем.”

Имом Хоманаӣ ҳамчунин бо ибрози таъассуфи шадид аз ҷон бохтани рӯзона ҳудуди 150 нафар бар асари короно, мардумро ба риояти комил ва мустамарри дастурул-амалҳои беҳдоштӣ фарохонданд.

Фармондеҳи кулли қуво, такрим ва таҷлил аз пешкисватон ва размандагони Дифоъи Муқаддасро вазифаи ҳатмии миллӣ ва тавсияи муаккади ислом хонданд ва афзуданд: “Барои дарки азамати кори ин азизон ва ҳамразмони шаҳидашон бояд азамати майдони дифоъи муқаддас ва чароӣ ва чигунагии ин қитхаи муҳим аз таърихи Эронро ба хубӣ дарку фаҳм кард.”

Эшон Саддоми ҷоҳталабро танҳо абзоре дар дасти қудратҳои бузург бавижа Амрико баршумурданд ва афзуданд: “Тарафҳои аслии набард бо миллати Эрон яъне Амрикои зарбахӯрда аз Инқилоби Исломӣ, қудратҳои нигарон аз зуҳури як ҳувияти ҷадиди исломӣ-эронӣ дар минтақа, НАТО ва кишварҳои аврупои ғарбӣ ва шарқӣ, Саддомро ба ҳамла таҳрик карданд то низом ва Инқилоби Исломиро дарҳам бикӯбанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба интишори асноди тавофуқҳои Амрико ва Саддом қабл аз оғози ҷанг, афзуданд: “Дар тӯли солҳои ҷанг низ кӯмакҳои низомӣ, иттилоотӣ ва молии Ғарб ва Шарқ ба режими баъсӣ аз тариқи Аморот, Кувайт, Арабистон ва дигар масирҳо идома дошт.”

Раҳбари Инқилоб, илова бар таҳрики душманон, авзоъи дохилии Эронро низ дар ташҷеъи Саддом ба ҳамла, муассир донистанд ва афзуданд: “Вазъи номуносиби артиш аз лиҳози имконот ва фармондеҳӣ дар соли оғози ҷанг, навпадид будани Сипоҳ ва камбуди шадиди имконоти дифоъӣ, воқеъиятҳое буд, ки душман аз онҳо иттилоъ дошт ва ҳамин масоил низ онро ба оғози ҷанг, бештар таҳрик кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз ташреҳи чигунагии оғози ҷанги таҳмилии 8 сола ба баррасии мустанади авомил ва нукоти муҳимии дифоъи ҷонона ва пирӯзмандонаи миллати Эрон дар муқобили душманон пардохтанд.

Эшон дар ин замина, раҳбарӣ ва фармондеҳии Имом Хумайнӣ (р)-ро аз оғоз то поёни Дифоъи Муқаддас бисёр ҳассос ва шигифтангез баршумурданд ва афзуданд: “Имом аз ҳамон оғоз, абъод ва ҳаҷми воқеъии корзорро шинохт ва бо дирояте эъҷобангез эълом кард, ки ин ҷанг, набарди ду кишвари ҳамсоя нест балкӣ душманони Инқилоби Исломӣ ва миллати Эрон дар пушти Саддом дар муқобили низоми исломӣ сафороӣ кардаанд.”

Имом Хоманаӣ, овардани миллат ба саҳнаи дифоъи муқаддасро ташхиси ҳаётии Имоми Роҳили азимушшаън донистанд ва афзуданд: “Имом бо дарки амиқи худ, монанди асли инқилоб, миллатро ба васати майдони корзори ҳамаҷониба овард, чаро, ки фаҳмид сирфи ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ наметавонад масъаларо ҳал кунад.”

Эшон, шахсияти беназир, нуфузи маънавӣ, садоқат ва маъсумият дар баёни ҳақоиқ ва воқеъиятҳо ва нигоҳи тезбенро аз дигар вижагиҳои фармондеҳии Имом дар 8 сол Дифоъи Муқаддас баршумурданд ва афзуданд: “Имом бо қотеъияте фавқул-ода ва беназир, фармон медод ва корҳоро ба пеш мебурд, ки таъкид бар шикасти ҳасри Ободон ва озодсозии Хуррамшаҳр ва Сусангирд аз намунаҳои ин қотеъияти аҷиб аст.”

Эшон мавзеъгириҳои ҳушмандона ба иқтизои шароити мухталифи ҷангро аз дигар вижагиҳои Имом хонданд ва бо зикри намунаҳое афзуданд: “Додани руҳия ба миллат ва таҳқири душман дар ҳангоми лозим, ҷилавгирӣ аз офати мухарриби ғурур дар пирӯзиҳо ва дилгармӣ додан ва тафаққуди размандагон дар мавоқеъи мавриди ниёз, аз ҷумла равишҳое буд, ки ин падари меҳрубон ва мудири маънавӣ, огоҳ ва мусаллат бар майдон, ба кор мегирифт ва Дифоъи Муқаддасро ҳидоят мекард.”

Раҳбари Инқилоб бо ибрози таъассуф аз ғафлате, ки дар навиштаҳо ва мабоҳиси марбут ба Дифоъи Муқаддас дар бораи нақши Имом Хумайнӣ вуҷуд дорад, афзуданд: “Бояд дар ин замина кори ҷиддӣ ва густарда анҷом шавад.”

Эшон сипас бо таъкид бар муроқибат аз талоши душман барои таҳрифи воқеъиятҳои Дифоъи Муқаддас, ба баёни нукоте дар бораи абъоди шигарф ва азими ин падида пардохтанд.

“Пирӯзии дурахшон ва равшани миллати Эрон дар ҷанги таҳмилӣ” нахустин нуктае буд, ки ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба он ишора карданд ва гуфтанд: “Ҳадафи душман аз ба роҳ андозтани ҷанг, соқит кардани низоми исломӣ, султаи муҷаддад бар Эрон ва таҷзияи кишвар буд аммо як ваҷаб аз хоки Эронро натавонистанд ишғол кунанд ва як қадам ҳам натавонистанд Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати Эронро ба ақиб биронанд.”

Эшон бо ишора ба шикастҳои мудовими Эрон дар ҷангҳои яке ду қарни ахир дар давраи Қоҷор ва дар давраи Паҳлавӣ ва таҳқири сарони Эрон дар он даврон, афзуданд: “Миллати Эрон дар Дифоъи Муқаддас тавонист дар муқобили қудратҳои шарқу ғарб ва кишварҳои вобаста ба онҳо биистад ва бо сарбаландӣ пирӯз шавад ва бар ҳамин асос, ин дифоъи пирӯзмандона, бахше аз ҳувияти миллии Эрон аст.”

Имом Хоманаӣ дар нуқтаи баъдӣ, Дифоъи Муқаддасро аз ибтидо то интиҳо яке аз “ақлонитарин ва мудаббиронатарин ҳаракоти миллати Эрон” баршумурданд ва гуфтанд: “Бархеҳо талош доранд то бо истинод ба хатое, ки дар як ҷамъе сурат гирифта, дифоъи муқаддасро ба бетадбирӣ муттаҳам кунанд, дар ҳоле, ки ин дифоъ аз ҳамон шурӯъи кор яъне ҳамкории артиш ва Сипоҳ ва интихоби токтикҳои мубтакирона ва шуҷоъона ва анҷоми иқдомоти бузург ва шигифтовар дар амалиётҳо то поёни ҷанг ва қабули қатънома, ҳама мубтанӣ бар ақлоният ва тадбир буд.”

“Шакл гирифтани як мудели ҷадид аз ҳузури мардумӣ ва бурузи истеъдодҳо дар дифоъи муқаддас” севвумин нуктае буд, ки ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба он ишора карданд ва афзуданд: “Ин мудели беназир ва бесобиқа дар ҷаҳон ба гунае буд, ки ҳар фарде аъам аз размандаи 14 сола то пирмарди 70 сола ё духтари донишомӯзи дабистонӣ ва бонувони мӯҳтарам дар пушти ҷабҳа ё пизишк ва ҷарроҳ ва кишоварз ва корманд ва донишҷӯ ва шоъир ва анвоъи қишрҳо ва сунуфи мухталиф, ҳаряк ҷойгоҳи худро дар ин шабакаи азими мардумӣ пайдо мекарданд ва машғули дифоъ ва хидмат мешуданд.”

Эшон хотирнишон карданд: “Дар ин мудели густардаи ҳузури мардумӣ, истеъдодҳои муҳимме зуҳур меёфт ва ба унвони мисол як ҷавони рӯстоӣ аз Кирмон табдил ба Ҳоҷ Қосими Сулаймнӣ шуд, ё як афсари ҷавон табдил ба фармондае муҷарраб ва тавоно ҳамчун Шаҳид Сайёди Шерозӣ ва Шаҳид Бобоӣ шуд ва ё аз як рӯзноманигори довталаб дар кӯрони ҳодисаҳои ҷабҳа, нобиғаи иттилоотӣ мисли Шаҳид Боқирӣ сохта шуд.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: “Имрӯз ҳам агар ҳиммат шавад ва нигоҳи саҳеҳ ба масоил ва мардум вуҷуд дошта бошад, метаовн аз ин мудели беназир истифода кард. Албатта баҳси ҷанг бо баҳси иқтисод мутафовт аст вале соҳибони фикр метавонанд дар баррасиҳо ва пажӯҳишҳои худ, ин муделро ба унвони абзори иқтидори миллӣ дар назар бигиранд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ нақшофаринии мардум ва гурӯҳҳои мухталиф дар пушти ҷабҳаро бахши дигаре аз ин мудели азими мардумӣ донистанд ва гуфтанд: “Кӯмакҳои молии мардумӣ, озуқарасонӣ ба ҷабҳаҳо, расидагӣ ба маҷрӯҳон, бадрақа ва ташйеъи бошукӯҳи шаҳидон дар шаҳрҳо, ҳимоятҳои фарҳангӣ таблиғотӣ ва муқобила бо амалиёти равонии душман, пазироӣ ва искони ҷангзадагон дар шаҳрҳо, ва муқовимати мардум дар шаҳрҳое, ки омоҷи ҳамалоти мушакии режими Баъс буданд, намунаҳое аз ин нақшофариниҳо ҳастанд.”

Эшон бурузи олитарин фазоили ахлоқӣ ва маънавӣ ва таолии руҳӣ дар миёни размандагонро яке аз фаслҳои дурахшони китоби қатури дифоъи муқаддас баршумурданд ва афзуданд: “Шарҳи ҳолҳое, ки аз бархе размандагон навишта шуда, васиятномаи шаҳидон, фазоили ахлоқӣ ҳамчун сидқу вафо, ихлос, тавозӯъ, хидмат ба дигарон, исор, фидокорӣ, саҳархезиҳо ва ибодатҳои орифона, беэътиноӣ ба зеварҳои дунявӣ ва рафторҳо ва ҳолоти модарон дар эъзоми ҷавонони худ ба ҷабҳа ва истиқбол аз фарзандони шаҳидашон, ҳама ба баракати ислом ва имони амиқи динӣ буд, ки дар даврони Дифоъи Муқаддас таҷаллӣ ва буруз ёфт.”

“Сармоясозии дифоъи муқаддас барои кишвар” нуктаи баъдӣ буд, ки Имом Хоманаӣ ба он ишора карданд ва угфтанд: “Яке аз ин сармоясозиҳои арзишманди амният аст, ки ба баракати Дифоъи Муқаддас ба даст омада зеро дифоъи миллати Эрон нишон дод, ки ҳазинаи таъарруз ва таҷовуз ба кишвар бисёр боло аст ва ҳар мутаҷовизе бо посухи кӯбанда мувоҷеҳ мешавад, бинобар ин мутаҷовиз қабл аз ҳар иқдоме таъаммул хоҳад кард ва онро юа сарфа нахоҳад донист.”

Эшон “руҳияи худбоварӣ” ва “ҳаракат ба самти навовариҳои фаннӣ ва илмӣ”-ро яке дигар аз сармояҳои даврони дифоъи муқаддас донистанд ва афзуданд: “Дар ҳамон даврон ва ҳангоме, ки шаҳрҳои Эрон ҳадафи мушакҳои душман буд ва ҳеч кишваре ба мо мушак ва таҷҳизот намедод, шаҳид Теҳронимуқаддам ва дӯстони вай, санойеъи мушакиро поягузорӣ карданд ва тавоноии кунунии мушакӣ, натиҷаи ҳамон руҳияи худбоварӣ ва ҳаракати илмии он замон аст.”

Имом Хоманаӣ, ҷуръати анҷоми корҳои ба зоҳир нашуданӣ ва иртиқои сармояи инсонии кишварро аз ҷумла сармояҳои даврони дифоъи муқаддас баршумурданд ва гуфтанд: “Як намуна аз сармояҳои инсонии даврони Дифоъи Муқаддас, Шаҳид Сулаймонӣ буд, ки дар арсаи минтақа ва диплумосӣ, иқдомоти шигифтоваре анҷом медод ва ҳанӯз миллати Эрон аз густараи фаъолиятҳои ин шаҳиди азиз иттилоъи кофӣ надорад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ “ошноии бештари миллати Эрон бо зоту воқеъияти тамаддуни Ғарб”-ро аз дигар нукоти 8 сол дифоъи муқаддас донистанд ва афзуданд: “Дар таърихи муосири Эрон, инод ва хибосатҳои давлатҳои ғарбӣ дар ҳаққи миллати Эрон чандбор ошкор шуда аммо ин давлатҳо бо ҳимояти комил аз ҳукумати фосид, зидди башарӣ ва диктотурии Саддом, иддаоҳои ҳуқуқи башарӣ ва инсонии худро амалан лагадмол карданд ва моҳияти худро буруз доданд, ки ин шинохти амиқ хеле муҳим аст ва бояд дар ҳамаи тасмимоти мо нақш дошта бошад.”

Эшон “бурузи тавоноиҳо ва зарфиятҳои миллати Эрон барои ҷаҳониён”-ро аз дигар нукоти таъаммулбарангези Дифоъи Муқаддас баршумурданд ва афзуданд: “Дифоъи Муқаддас дар авҷи ҳамалоти расонаии душманони Эрон, худ ба як “расонаи расо ва садои баланд” табдил шуд ва бо нишон додани шуҷоъат, ваҳдат, ҳиммат ва муқовимати миллии эрониён, барои ин миллат дар ҷаҳон арзиш ва виҷҳа дуруст кард.”

Имом Хоманаӣ, Дифоъи Муқаддасро тоблуе азим ва дурахшон дар пеши рӯи миллати Эрон хонданд ва афзуданд: “Ҷанг падидае саҳмгин ва хашин аст аммо бо вуҷуди ҳамаи мушкилот ва зойеъоти он, Дифоъи муқаддас барои миллати Эрон баракот, башоратҳо, пешрафтҳо ва тароватҳое ба армуғон овард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ адабиёти ҷиҳод дар Қуръонро башоратомез ва дар нафйи тарс ва андӯҳ донистанд ва гуфтанд: “Назири ҳамин адабиёт дар бораи муқовимат вуҷуд дорад ва Қуръон таъкид мекунад агар истиқомат кунед, тарсу андӯҳ, ки ду офати бузург барои як миллат аст, аз шумо бардошта хоҳад шуд.”

Эшон корҳои анҷомшуда дар хусуси дифоъи муқаддасро боарзиш аммо кам донистанд ва хотирнишон карданд: “Ҳарчи аз замони Дифоъи Муқаддас дуртар мешавем бояд ба маърифати он наздиктар шавем, чароки дастҳои таҳрифгар дар камин ҳастанд.”

Имом Хоманаӣ, адабиёти дифоъи муқаддасро ба сарчашмае ҷӯшон ташбеҳ карданд ва бо таъкид бар тавлиди матнҳои фохири адабӣ ба унвони манобеъи ғанӣ барои халқи осори ҳунарӣ ва ҳамчунин лузуми шахсиятпардозӣ аз шаҳидон ва размандагони ҷанг, гуфтанд: “Мавзӯъи ёдвораҳои дифоъи муқаддас низ масъалаи муҳимми дигаре аст, ки аз эҷоди фосилаи насле дар мақулаи ҷиҳод ва муқовимат ҷилавгирӣ мекунад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, мудофеъони ҳарамро намунае дурахшон аз тадовуми баракоти дифоъи муқаддас ва истимрори руҳияи ҷиҳод дар насли ҷадид баршумурданд ва афзуданд: “Ҳузури ҳамзамони размандагоне аз миллиятҳои мухталифи эронӣ, сурӣ, ироқӣ, лубнонӣ ва афғонистонӣ дар сафри воҳид аз ҳақиқатҳо ва падидаҳои ҳайратангези замони мо аст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар бахши поёнии суханонашон бо тақдир аз талошҳои фидокорона ва доимии кодри дармон ва масъулон дар муқобила бо короно аз фавти рӯзона 150 то 170 нафар аз ҳамватанон дар асари короно ибрози таъассуф карданд ва афзуданд: “Илоҷи ин воқеъаи таъассуфбор ба дасти худи мардум ва дар гарави риояти усули беҳдоштӣ мисли фосилагузорӣ, истифода аз моск ва шустани дастҳо аст.”

Имом Хоманаӣ дар хусуси масъалаи Арбаъин низ гуфтанд: “Миллати Эрон ошиқи Имом Ҳусайн ва зиёрати Арбаъин ҳастанд аммо қазияи роҳпаймоии Арбаъин сирфан мутаваққиф бар салоҳдиди ситоди миллии муқобила бо короно аст, ки то кунун бо анҷоми он мухолифат кардаанд, бинобар ин ҳама бояд тебеъ ва таслим бошанд.”

Эшон бо интиқод аз ҳузури бархе афрод дар марзҳо барои изҳори иродат ба Имом Ҳусайн (а), гуфтанд: “Изҳори иродат бояд аз манозил анҷом шавад ҳамчунон, ки дар рӯзи Арбаъин чанд зиёрат ворид аст ва мардум метавонанд бо хондани онҳо, ба пешгоҳи ҳазрати Сайидуш-шуҳадо (а) шиква кунанд, ки мо орзӯи ҳузур доштем аммо бо ин вазъ мақдур нашуд; то иншоаллоҳ он ҳазрат иноят ва кӯмаке бифармоянд.”

9 September 2020

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёнияе, иҳонати ахири як нашрияи фаронсавӣ ба соҳати нуронии Паёмбари Аъзам (с)-ро маҳкум карданд.

Бисмиҳи Таоло

Гуноҳи бузург ва нобахшудании як нашрияи фаронсавӣ дар иҳонат ба чеҳраи нуронӣ ва қудсии ҳазрати Расули Аъзам (с) бори дигар инод ва кинаи шароратбори дастгоҳҳои сиёсӣ ва фарҳангии дунёи Ғарб бо Ислом ва ҷомеъаи мусалмононро ошкор сохт. Баҳонаи озодии баён барои маҳкум накардани ин ҷурми бузург, ки аз сӯи бархе сиёсатмадорони фаронсавӣ гуфта шуда комилан мардуд ва ғалат ва авомфиребона аст. Сиёсатшои амиқан зидди исломии саҳюнистҳо ва давлатҳои истикборӣ омили ингуна ҳаракатҳои душманона аст, ки ҳарчанд якбор буруз меёбад. Ин ҳаракат дар ин бурҳаи замонӣ метавнад, низ ба ангезаи мунсариф кардани зеҳни миллатҳо ва давлатҳои Ғарби Осиё аз нақшаҳои шуме бошад, ки Амрико ва Режими Саҳюнистӣ барои ин минтақа дар сар доранд. Миллатҳои мусалмон ба вижа кишварҳои Ғарби Осиё, зимни ҳифзи ҳушёрӣ дар масоили ин минтақаи ҳассос, бояд ҳаргиз душманиҳои сиёсатмадорон ва сардамдорони ғарбӣ нисбат ба ислом ва муслиминро фаромӯш накунанд.

Валлоҳу ғолибун ало амриҳ

Сайидалии Хоманаӣ

2020-09-08

27 June 2020

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, субҳ имрӯз (шанбе) дар иртиботи тасвирӣ бо раис ва масъулони олии судӣ ва ҳамчунин раисони кулли додгустариҳои саросари кишвар бо ибрози хурсандӣ аз иқдомоти анҷомшуда дар як соли ахир, бар лузуми истимрори ҳаракати таҳаввулӣ дар қувваи қазоия ба сурати мутавозин ва бо меҳварияти мардумӣ будани қувва таъкид карданд ва гуфтанд: “Мубориза бо фасод, ки дар ин давра ба авҷи худ расидааст бояд бидуни иғмоз ва бар асоси ҳақ ва адл ва қонун ва ҳамчунин бидуни тааддӣ ва зулм ба афроди бегуноҳ бо қудрат идома ёбад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо таъкид бар ин ки моҷарои короно тамом нашуда ва ҳамчунон идома дорад, ҳамаи мардум ва масъулонро ба ҷиддӣ гирифтани риояти дастурул-амалҳои беҳдоштӣ ва ҷилавгири аз ҳамагирии муҷаддади вируси короно фарохонданд.

Имом Хоманаӣ бо гиромидошти ёди шаҳиди мазлум Оятуллоҳ Биҳиштӣ, шаҳид Қуддусӣ, шаҳид Лоҷавардӣ ва дигар шаҳидони дастгоҳи қазо, “Тадвини нусхаи иртиқоёфта ва пешрафтатари санади таҳаввули қазоӣ”-ро бо истифода аз андешамандони ҳавза ва донишгоҳ ва таҷрибиёти дарунқувваӣ, коре боарзиш хонданд ва афзуданд: “Дар замонҳои лозим аз иҷрои ин санад ва барномаҳои мутараттиб бар он ба мардум гузориш диҳед, ки ин кор дар умедвории мардум ба дастгоҳи қазо қатъан таъсиргузор аст.”

Эшон таҳаввулро зарурате мустамар, мудириятшуда ва тавъам бо дарёфтҳои ҷадид ва ибтикороти тоза хонданд ва афзуданд: “Ин кор бояд бар усул ва мабонии исломӣ ва динӣ мубтанӣ бошад вагарна таҳаввул бидуни мабно, ба тазабзуб ва ҳарҷумарҷ мунҷар мешавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ эҷоди таҳаввулро дар амал бисёр душвор хонданд ва гуфтанд: “Албатта бархе муқовиматҳо на аз рӯи суъи ният балки аз сари нотавонӣ ва ё надоштани ҳол ва ҳавсалаи тағйироти бунёдин аст. Албатта мухолифатҳои касоне, ки аз вазъи мавҷуд мунтафаъ ҳастанд ва коршиканиҳо ва фазосозиҳои шабакаи дарҳамтанидаи муфсидон ва муҷриён низ эҷоди таҳаввулро сахттар мекунад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ талошҳои бевақфаи душманон барои “хунсо кардани ҳар ҳаракати ислоҳӣ ва таҳаввулӣ дар низом”-ро аз тариқи ҷавсозии расонаӣ ва эҷоди васваса ва бадбинӣ дар афкори умумӣ, аз дигар душвориҳои эҷоди таҳаввул хонданд ва таъкид карданд: “Танҳо роҳи муассир барои муқобила бо ҳамаи авомил ва аносири зидди таҳаввул, “мунфаил нашудан, истиқомат, таваккул бар Худо ва идомаи шуҷоъонаи масири таҳаввул” аст.

Имом Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонишон бо ишора ба вазоифи муҳим ва бисёр густурдаи қувваи қазоия дар қонуни асосӣ, пайгирӣ ва иҷрои мутавозин ҳамаи ин вазоифро зарурӣ баршумурданд.

Эшон дар ҳамин замина, мавзӯъи “Эҳёи ҳуқуқи омма”-ро муҳим хонданд ва бо ибрози хурсандӣ аз фаъолиятҳои ахири қувва дар ин замина, гуфтанд: “Агар додситониҳо эҳсос карданд ҳуқуқи омма дар ҳоли зойеъ шудан аст бояд вориди кор шаванд ва аз ҳаққи мардум дифоъ кунанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба яке дигар аз вазоифи асосии дастгоҳи қазо дар қонуни асосӣ яъне “пешгирӣ аз вуқӯъи ҷурм” афзуданд: “Агар бистарҳои шаклгирӣ ва вуқӯъи ҷурм ба дурустӣ шинохта шавад, пешгирии илми аз вуқӯъи ҷурм ва дарнатиҷа коҳиши фаровони ҳазинаҳои муқобила бо ҷурм муҳаққақ хоҳад шуд, ки ин кор ниёзманди ҳамроҳии ҳамаи қуво бахусус қувваи муҷрия аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон гуфтанд: “Дар масоили гуногун аз ҷумла пешгирӣ аз вуқӯъи ҷурм ва таорифи ҳуқуқи омма, дониши сирфан қазоӣ мушкилгушо нест ва бояд аз нухбагони ҳавза ва донишгоҳ дар улуми мухталиф кӯмак гирифт.”

Эшон бо ибрози хурсандӣ аз мушаххас шудан бархе масодиқи ҳуқуқи омма аз ҷумла муҳити зист ва низ вогузориҳои ғайридақиқи бунгоҳҳои тавлидӣ гуфтанд: “Агар марокизи тавлидӣ ба ашхоси носолеҳ ё нотавон вогузар шавад, тавлиди кишвар зарба мехурад; бинобар ин, ин масодиқ ҷузви ҳуқуқи омма аст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ, таъмими таҳаввулхоҳӣ аз масъулони дастгоҳи қазо ба бадна ва ҳамаи коркунони дастгоҳро зарурӣ хонданд ва афзуданд: “мардумӣ будан” аз дигар зарурёти эҷоди таҳаввул аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, нигоҳ аз боло ба мардумро ғайри қобили қабул донистанд ва гуфтанд: “Ҳамаи мо масъулони низом, ҷузви мардумем ва хеле аз мардум аз мо болотар ҳастанд; бинобар ин ҳама бояд худро дар амал хидматгузори мардум бидонем.”

“Дастрасии осони мардум ба дастгоҳи қазо”, “талош барои иртиқои огоҳӣ ва иттилооти қазоии мардум”, “ҳузури мустамар ва мувоҷеҳаи мустақим бо мардум” ва “баҳрагирӣ аз кӯмак ва иттилооти мардуми дар масоиле назири мубориза бо фасод” аз дигар таъкидоти Раҳбари Инқилоб ба масъулони қазоӣ буд.

Эшон баёни гузориши забонӣ ва оморӣ ба мардумро лозим аммо нокофӣ донистанд ва бо ишора ба зарурати баҳрагирӣ аз ҳунар ва зарфиятҳои расонаӣ дар ироаи гузориши фаъолиятҳо гуфтанд: “Мутаассифона бо ғафлати бархе масъулони марбут дар арсаи назорат бар филмҳо, шоҳиди намоиши филмҳое ҳастем, ки асос ва мабонии қазоии ҷумҳурии исломиро зери савол мебаранд.”

Раҳбари инқилоб афзуданд: “Ғарбиҳо бар хилофи воқеият, дар филмҳои синмоӣ, додгоҳҳои худро арсаи адолат маҳз нишон майдаанд вале мо ҳатто дар ироаи воқеиёт кишвар аз зарфиятҳои ҳунарӣ ва расонаӣ баҳра намегирем ва гоҳе баръакс нишон медиҳем.

Эшон бо ишора ба суханони раисҷмҳури Амрико дар бораи даҳ сол ҳабс барои касоне, ки намодҳои бардадорӣ ва нижодпарастиро ба поин бикашанд ва ё ҷудо кардани фарзандони муҳоҷирон аз волидайнашон гуфтанд: “Албатта аз ин беқонуниҳо дар ғолиби филмҳои ғарбӣ хабаре нест.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идома, нукотеро дархусуси мубориза бо фасод баён карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки мубориза бо фасод аз давраи қабл дар қувваи қазоия оғоз шуда буд ва акнун ба авҷи худ расидааст, гуфтанд: “Мардум аз муборизаи бидуни мулоҳиза ва бидуни иғмоз бо муфсид умедвор мешаванд зеро фасоди молӣ ва иқтисодӣ ҳамчун вирус короно, бисёр хатарнок ва башиддат вогирдор ва мусрӣ аст.”

Эшон афзуданд: “Танҳо тафовути вируси короно бо вируси фасод ин аст, ки вируси короно бо шустушӯи даст бартараф мешавад аммо танҳо роҳи муқобила бо вируси фасод, қатъи дасти муфсид аст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ, вазифаи қувваи қазоияро бархӯрди мутавозин бо ҳамаи ашкол ва абъоди фасод баршумурданд ва дар айни ҳол таъкид карданд: “Бояд мубориза бо фасод, дар дараҷаи аввал дар дохили қувва ва ба сурати ҷиддӣ ва коршиносӣ анҷом шавад, зеро табаот ва зарбаи фасод дар дохили қувваи қазоия бисёр сангин хоҳад буд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар лузуми нигоҳи коршиносӣ барои шинохти бистарҳои фасодзо ва муқобила бо он, афзуданд: “Милок дар мубориза бо фасод бояд фақат ҳаққ, адл ва қонун бошад ва ҳеҷ мулоҳизаи дигаре дар кор набошад.”

Эшон гуфтанд: “Албатта ҳамонтавр, ки дар бархӯрд бо фасод набояд иғмоз вуҷуд дошта бошад аммо афроди бегуноҳ ҳам набояд маврид тааддӣ қарор гиранд ва расидагиҳо бояд комилан бар асоси қонун ва адолат ва бидуни ҷавгирӣ анҷом шавад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба густариши фазои маҷозӣ ва қазовати афроди мухталиф дар бораи рӯйдодҳо ва масоил, хотирнишон карданд: “Умуми мардум ва фаъолони фазои маҷозӣ муроқиб бошанд то нисбат ба афроди бегуноҳ тааддӣ ва зулме воқеъ нашавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо гилоя аз иҳонт ва зулм ба бархе бузургони покдасти қаблии қувваи қазоия дар ҷараёни қазоватҳо ва изҳорнзрҳое, ки дархусуси додгоҳи ахир шуда афзуданд: “Хитоби ман дар ин мавзӯъ мардум ва ҷавонони мӯъмин аст, ки муроқиб бошанд тааддӣ накунанд ва ба афроди муонид, ки ба дунболи гирифтани интиқом аз мавозеъи инқилобӣ ва маҳками қотеъ фалон шахсият ҳастанд, коре надорам.”

Эшон таъкид карданд: “Ҳаракати мубориза бо фасод, ки акнун дар қувваи қазоия бахубӣ мушоҳида мешавад ва худро нишон додааст, аз давраи оқои Омулии Лориҷонӣ оғоз шуд ва эшон, ҳам дар дохил ва ҳам дар берун аз қувва шурӯъкунандаи он буданд ва инҳо набояд аз назар дур бошад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ яке аз иқдомоти хуби қувваи қазоия дар мубориза бо фасодро “ҳимоят аз тавлид ва ҷилавгирӣ аз таътилии воҳидҳои тавлидӣ” донистанд ва гуфтанд: “Дар шароити кунунӣ, ки мардум аз лиҳози маишат дучори сахтӣ ҳастанд, ҳар дастгоҳе, ки битавонад ба иқтисоди кишвар кӯмак кунад, бояд ин корро анҷом диҳад ва ин иқдоми қувваи қазоия дар воқеъ кӯмак ба иқтисоди кишвар аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба иблоғияи ахири раиси қувваи қазоия мабнӣ бар ин ки бархе бонкҳо ҳаққи мусодира ва таътилии воҳидҳои тавлидиро надоранд, хотирнишон карданд: “Ин кор, бисёр дуруст ва қобили таъмим дар мавриди касоне аст, ки бо хариди воҳидҳои тавлидӣ ва ихроҷи коргарон ва фурӯши таҷҳизот, корбарии ин воҳидҳоро тағйир медиҳанд, зеро ингуна иқдомот, зарба ба иқтисоди кишвар аст.

Эшон яке аз нукоти муҳим дар заминаи мубориза бо фасодро “назоратҳо ва гузоришҳои мардумӣ” хонданд ва афзуданд: “Бояд барои ин мавзӯъ зерсохтҳои ҳуқуқӣ дар қувваи қазоия фароҳам шавад то амнияти моддӣ ва маънавӣ гузоришгар ҳифз шавад ва омири ба маъруф ва ноҳӣ аз мункир дилгарм бошад, ки дастгоҳи қазоӣ пуштибони ӯ аст, ва дар муқобили заминаи тӯҳматзанӣ низ фароҳам нашавад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар бахши поёнии суханонашон ба як мавзӯъи ғайриқазоӣ аммо муҳим яъне масъалаи короно низ ишора карданд ва бо интиқод аз бархе афрод, ки масъалаи короноро тамомшуда медонанд, гуфтанд: “Дар асари фидокории дастгоҳҳо ва кодрҳои дармонӣ ва беҳдоштӣ ва ҳамчунин муҷоҳидати довталабонаи гурӯҳҳои мардумӣ ва ҳамкории умуми мардум, Эрон ба унвони як кишвари муваффақ дар дунё муаррифӣ шуд аммо ин марбут ба ибтидои кор буд ва акнун мутаассифона он ҳаракат ва муҷоҳидат аз ҷониби баъзе мардум ва масъулон суст шудааст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ташаккур аз хадамоти тоқатфарсои кодрҳои дармонӣ, ҳамагирии бемориро мӯҷиби хаста шудани ин заҳматкашон донистанд ва афзуданд: “Ин ки гуфта мешавад бояд коре кард, ки мушкилоти иқтисодӣ аз ноҳияи короно ба вуҷуд наёяд, ҳарфи дурусте аст аммо дар сурати бетаваҷҷӯҳӣ ва ҳамагирии густардаи беморӣ, мушкилоти иқтисодӣ ҳам бештар хоҳад шуд.”

Эшон бо таъкид бар лузуми муроқибат аз кишвар дар ҳамаи ҷиҳот аз ҷумла дар муқобили душманиҳои Амрикои хабис ва Англиси хабис ва ҳамчунин дар мувоҷеҳа бо иқдомоти давлатҳои Аврупоӣ, хотирнишон карданд: “Агар мо ба вазоифи худ амал кунем, ба тавфиқи илоҳӣ онҳо дар ҳар коре сарашон ба санг хӯрда ва наметавонанд мақосидашонро амалӣ кунанд ва натиҷаи фишор ба қавли худашон ҳаддиаксарӣ барои ба зону даровардани мардум, нишастани мушти миллати Эрон бар синаи онҳо ва ба ақиб ронданашон хоҳад буд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён аз заҳамоти ҳамаи масъулон, қузот ва коркунони қувваи қазоия дар саросари кишвар ва ҳамчунин аз хонаводаҳои онон ташаккур карданд.

3 June 2020

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои суханронии худ баён доштанд: “Имрӯз маросими бузургдошти имоми бузургавор ба шакли мутафовит иҷро мешавад ва албатта чигунагии баргузории маросим муҳим нест ва асл гуфтугӯ дар бораи Имом аст, ки имрӯзу фардои кишвари мо ба он эҳтиёҷ дорад. Имом солҳо пас аз даргузашт дар байни мо зинда аст ва бояд зинда бимонад, то мо аз маънавияти ӯ баҳраманд шавем.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон изҳор доштанд: “Эшон вижагиҳои фаровоне дорад ва “рӯҳияи таҳаввулхоҳӣ” яке аз барҷастатарин вежагиҳои эшон аст. Фақат як муаллим, устод набуд ва нақши як раҳбари ба маънои воқеиро дошот. Вай бузургтарин таҳаввулотро дар замони худ ва дар арсаҳои мухталиф эҷод карданд.”

Вай таъкид карданд: “Рӯҳияи таҳаввулхоҳӣ аз дерзамон дар вай вуҷуд доштааст ва чизе набуд ва дар даврони ҷавонӣ ҳам таҳаввулхоҳ будаанд ва нишонаи он ёддоште аст, ки дар даврони ҷавонӣ дар даҳаи 30 навиштаанд. Имом дар он навишта мардумро ба қиём барои Худо даъват мекунанд ва таҳаввулофарин буданд ва ба шакли майдонӣ вориди таҳаввулофаринӣ шуданд, на фақат майдонӣ ва гуфторӣ.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома дар бораи Имом Хумайнӣ таъкид карданд: “Имом даҳҳо сол дарси ахлоқ доштаанд ва касоне ки дар он дарс ҳузур доштанд, нақл мекунанд, Имом дар он ҷаласа дилҳоро мунқалиб мекарданд ва мо дар дарсҳои фиқҳ ва усул шоҳиди ашкҳо ва таъсири ҳафҳои он ҳазрат будем ва ин ҳамон равиши паёмбарон аст ва паёмбарон ҳам роҳи худро бо таҳаввул оғоз кардаанд.”

Эшон афзуд: Ин ҳаракатофаринӣ ва таҳрики сиришти инсонӣ аз роҳи дарси ахлоқ, тазаккур ва омода кардани дилҳо буд ва Имом аз инҷо оғоз карданд ва дар тамоми давраҳои зиндагӣ, чӣ дар давраҳои мубориза ва чӣ баъди пирӯзӣ идомадор буд.

Мубризаҳо дар давраҳои қабли пирӯзии инқилоб вуҷуд дошт ва қишр ё ҳирфаи хоссеро дар бар мегирифт, аммо баҳси Имом баҳси миллати Эрон буд,

Сайидалии Хоманаӣ илова кард: “Ва таҳаввули эшон таҳавуули сустӣ дар мардум буд. Миллати Эрон дар гузашта бисёр таслим буд. Имом ончинон миллатро такон дод, ки миллат ба бор омад ва намунаҳои фаровоне дар ин бора вуҷуд дорад. ин таҳаввули аҷибе буд, ки эшон эҷод кард.”

Эшон зимни ишора ба таҳаввулҳои дигари Имом фармуд: “Таҳаввули дигар, таҳаввули нигоҳи мардум буд; миллати Эрон ба зеҳнашон ҳам намеомад, ки битавонанд ғалаба кунанд бар иродаҳои душман ва Имом ин фикри мардумро тавоно сохт ва эҳсоси тавоноӣ дар мардумро паравариш дод ва дар натиҷа мардум худашон таъйинкунандаи нақши худашон буданд. На шарқӣ ва на ғарбӣ ҳам аз ингуна шиорҳои мардум ва ҳаракати мардум буд.”

Эшон хотирнишон карданд: “Таҳаввули дигар, таҳаввули мардум ба дин буд. Марудм динро як масъалаи шахсӣ медонистанд ва рисолати динро маҳдуд медонистанд ва Имом барои дин, вазифаи низомсозӣ баён кард.”

Раҳбари инқилоби исломӣ афзуд: “Таҳаввули дигар, нигоҳ ба оянда буд. Он даврае, ки мардум шиорҳои гуногун медонанд дар нигоҳи мардум ояндае вуҷуд надошт ва Имом нигоҳи таммаддунӣ ва як иттиҳод барои мардумро омӯзиш дод.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ баён доштанд: “Таҳаввули дигар дар мабонии корбурдӣ аст, ки бисёр тахассусӣ аст ва Имом фиқҳро вориди масоили динӣ аз ҷумла фиқҳ карданд ва масъалаи “вилояти фақиҳ”-ро вориди масоили асосӣ карданд. Дар ин бора баҳсҳои комил ва муҳим барои мардум кардаанд. Ё масъалаи маслиҳати низом аст, ки Имом инро дар фиқҳ ворид карданд ва дар арсаи идораи кишвар ҳам матраҳшуданӣ донистанд. Албатта коре, ки Имом анҷом додаанд, комилан равишманд ва қомунманд буд ва бидате ҳам набудааст ва истифодаи саҳеҳ будааст.”

Эшон афзуд: “Пофишории бар бандагӣ аз дигар таҳаввулоти Имом буд, ки дар он замон рӯҳониёни барҷаста бисёр бар нигоҳи бандагӣ таъкид намекарданд ва Имом ҳам тааббуд ва бандагӣ дар аҳком ва ҳам дар зиндагии мардумро таъкид доштанд.”

Раҳбари инқилоби исломӣ изҳор доштанд: “Таҳаввул дар нигоҳ ба насли ҷавон. Вай ба фикру амали ҷавон эътимод кард ва ба маънои воқеӣ таҳаввули асосӣ буд ва таваҷҷӯҳи хос ба қишри ҷавон буд, ки ҷавонҳоро дар корҳои қазоӣ ва ғайра эътимоди аҷибе ба ҷавонҳо ба фикру амали ҷавонҳо мекарданд ва албатта зарфиятҳои ғайриҷавонро нақд намекарданд. Эътимод ба ҷавонҳо ба ҳайси як сарват барои низом буд.”

Эшон муҳимтарин таҳаввули Имомро, нигоҳ ба душман ва суст донистани душман дониста ва баён карданд: “Худи абарқудратҳо тасреҳ мекарданд, ки Хумайнӣ моро таҳқир кард ва Имом дар дили мардум ин масъаларо қарор дод, ки душман осебпазер аст ва намунаҳои таърихӣ ҳам мавҷуд аст, монанди фурӯпошӣ. Ва нуктаи муҳим ин аст, ки Имом тамоми ин таҳаввулҳоро аз Худо медонистанд ва ин бархоста аз эътиқодот ва боварҳои Имом буд.”

Оятуллоҳ Хомаеӣ таъкид доштанд: “Имом, имоми таҳаввул буд. ин ба манъони он аст, ки аз Имом бояд дарс гирифта шавад ва мо имрӯз дар бахшҳои мухталиф эҳтиёҷ ба таҳаввул дорем ва таҳаввулҳои Имом барои мо дар дарс аст ва албатта мо дар арсаҳои гуногун ба маънои ҳақиқӣ қудратмандтар ва сарзиндатар шудаем ва таҳаввули илмӣ намунаи муҳимми он аст, ки ҳоло имрӯз дар дунё матраҳ ҳастем. Ё таҳаввул дар арсаи сиёсат, ки ҶИЭ чеҳраи бошукӯҳ дар ҷаҳон аст. Ё дар бахши низомӣ ва дифоӣ, ки бисёр пешрафт доштаем ва ба ҳадди боздорандагӣ нарасидаем. Инҳо ҳама вуҷуд дорад, аммо кифот намекунад. Дар мавориде ҳам ақабгард доштаем, ки бар хилофи табиати инқилоб аст, ки бояд зерсохто бештар аҳамият дошта шавад ва ҳаракати бузурге рӯй диҳад ва ҷаҳиш дошта бошем.”

Вай афзуд: “Нуқтаи муқобили инқилб, иртиҷо аст, ки бесёре аз инқилобҳо пас аз чанд сол пасрафт (иртиҷо) доштаанд, ки инҳо ҳама дар гирави дуруст ё ғалат рафтор кардани марудм аст, ки Худованд ҳам дар ин бораи фармудааст:

إِنَّ اللّهَ لاَ یُغَیِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى یُغَیِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

Худованд фармудааст, ки ҳама дар гирави ҳаракати мардум аст.

ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ لَمْ يَكُ مُغَيِّرًا نِعْمَةً أَنْعَمَهَا عَلَىٰ قَوْمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ ۙوَأَنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Агар Худо неъмате дод ва мардум аз он неъмат истифода накарданд, пасрафт пеш меояд ва мо ҳам бояд аз инқитоб муроқибат кунем то ин неъмат аз мо гирифта нашавад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ зимни инки баён карданд, ки таҳаввул нуктаҳое дорад баён доштанд: “Як нукта ин аст, ки таҳаввулхоҳӣ ҳатман ба маънои эътироз нест, балки ба маънои гароиши идомадор барои беҳтар шудан аст, мумкин аст дар мавридҳое ба маънои эътироз бошад, аммо ҳамеша интавр нест ва таҳаввул ба манъони хостан барои пешрафт кардан аст. Масалан дар илм агар таҳаввуле кардаем, набояд қонеъ бошем, балки бояд таҳаввулро ҳамеша бихоҳем.”

Эшон дар идомаи баёни нуктаҳои изҳор доштанд: “Нактаи дигар дар таҳаввул андешаи дуруст ва пуштвонаи фикрӣ дар таҳаввул аст ва дороии маънавии мо аст ва бояд аз дороиҳои маънавӣ дар тамоми арсаҳо истифода кунем. Имом ҳам ҳар коре, ки анҷом доданд бо андешаи дуруст ва бо баҳрагирӣ аз манобеи исломӣ анҷом доданд. Агар инсон бо андешаи нодуруст дар фикри таҳаввул бошад ва пояҳои имонӣ ва фикрии маҳкам набошад, ки дар тӯли инқилоб ҳам ингуна ашхос вуҷуд дошт, табдил ба касоне шуданд, ки инқилоб дақиқан алайҳи онҳо буд ва инқилоб дар ҷиҳати пас задани онҳо буд. Миллати Эрон агар доштаҳои маънавии худро нодида бигирад, ин як марги тамаддунӣ аст. Зиёд дида мешавад, ки фалон ё фалон донишманди ғарбӣ чунин гуфтааст ва ин паст задани фикр аст ва инсон бояд қудрати назар дошта бошад ва фикр дар инсон бояд парвариш дошта бошад.”

Дар идома Эшон илова карданд: “Нуктаи дигар ин аст, ки таҳаввул дафъӣ нест. Агар ҳаракат ба маънои ҳақиқӣ иттифоқ биафтад ва ба таҳаввул ҳам дертар бирасем ишколе надорад ва бояд сарб пеша кард. Мо бояд дар ин ҳаракати тадриҷӣ як дасти ҳидоятгари мавриди итимонон бояд вуҷуд дошта бошад, ки бояд ҳаракатҳои таҳаввулиро ҳидоят кунад. Нуктаи дигар ин аст, ки таҳаввул бо корҳои сатҳӣ муқоиса навашад ва таҳавуул як кори асосӣ аст, суръат дар таҳаввул муҳим аст, аммо на бо шитоб.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаеӣ баён дошатанд, ки айни замон дар кадом масъалаҳо таҳаввул лозим аст ва дар ин бора чанд мисолро баён доштанд:

Эшон баён доштанд: “Дар заминаи иқтисод таҳаввул ин аст, ки мо бояд банди нофи иқтисодро аз нефт қатъ кунем ва бояд амалиётӣ вориди майдон шавем.”

Дари идома изҳор доштанд: “Дар бахши омӯзиш, бояд ба омӯзишҳои корбурдӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад. Баъзе аз дарсҳо вуҷуд дорад, то охири умр ҳеҷ фоидае вуҷуд надорад ва вақти донишомӯзро ҳам мегирад. Таҳаввул дар омӯзиш ин аст, ки қоидамеҳвар бошад.”

Сайдалии Хоманаӣ изҳор дошт: “Дар бахши иҷтимоӣ ва таъмини идолат; ҳалли қатъии мушкилоти эътиёд ё масоили хонавда, ки имрӯз хабарҳо ва гузоришҳо мегӯянд, ки кишвар ба самти пирӣ меравад ва осори он дар вақте зоҳир мешавад, ки қобили илоҷ нахоҳад буд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ илова карданд: “Шарти таҳаввул ин аст, ки аз мардум ва ҳарфи ину он ва душман набода тарсид. Мухолиф ҳамеша мухолифат мекунад. Агар ҳаракати муҳиҳмму саҳеҳ анҷом мешавад набояд мулоҳиза касе ва душманро кард, балки маҳкам бояд дар ҳаракат истодагӣ кард. Ба назари ман роҳаш ин аст, ки неруҳои ҷавон дар раъси кор бошанд ва ҳузури неруҳои ҷавон – на баъмони нақди ҳузури ғайриҷавонон- метавонад заменаи пешрафтро фароҳам кунад.”

Эшон зимни маҳкум кардани нажодпарастӣ дар Амрико баён карданд, ки ин табиати Амрико аст, бо Афғонистон ва дигар кишварҳо ҳам ҳаминкорҳоро карданд ва шиори мардум, ки мегӯянд, “бигузоред нафас бикашем” ин ҳарфи дили тамоми мардуме аст, ки Амрико ба онҳо зулм мекунад. Ин ахлоқи Амрико аст. Ба лутфи Худованд, заъфи мудирият дар кишвар сабаб шуд, ки нокормадии мақомоти давлатӣ ошкортар шавад. Мардумро мекушанд ва дар аз ҳукууи башар мезананд. Магар он марди сиёҳпӯст башар набуд? Ҳуқуқе надошт? Миллати Амрико эҳсоси хиҷолат ва шарм мекунад. Ҷо дорад миллати Амрико хиҷолат бикашад.

Эшон дар поён барои миллати Эрон умеди сарафзорӣ карданд ва барои рӯҳи шаҳидони ин роҳ дуо карданд.

22 May 2020

Суханронии телевизионии Валии амри мусалмонони ҷаҳон Имом Хоманаӣ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ба ҳамаи бародарон ва хоҳарони мусалмон дар саросари ҷаҳон дуруд мефиристм ва қабули тоъоти онон дар моҳи мубораки Рамазонро аз Худованд дархост мекунм ва пешопеш фаро расидани иди саиди Фитрро ба онон табрик мегӯям ва Парвардгори Каримро бар неъмати ҳузур дар ин моҳи зиёфати илоҳӣ, сипос мигӯям.

Имрӯз рӯзи Қудс аст; рӯзе, ки бо ибтикори ҳушмандонаи Имом Хумайнӣ (р) ҳамчун ҳалқаи васле барои ҳамсадоии мусулмонон дар бораи Қудси Шариф ва Фаластини мазлум таъйин шуд; ва дар ин чанд даҳсола, дар ин бора нақшофаринӣ кард ва аз ин пас низ хоҳад кард; Иншоаллоҳ. Миллатҳо аз рӯзи Қудс истиқбол карданд ва онро ҳамчун нахустин кори воҷиб, яъне барафрошта нигоҳ доштани парчами озодии Фаластин гироми доштанд. Сиёсати умдаи истикбор ва саҳюнизм, камранг кардани масъалаи Фаластин дар зеҳнияти ҷавомеъи мусалмон ва ба самти фаромӯшӣ рондани он аст. Ва фавритарин вазифа, мубориза бо ин хиёнате аст, ки ба дасти муздурони сиёсӣ ва фарҳангии душман дар худи кишварҳои исломӣ сурат мегирад. Ва ҳақиқат он аст, ки масъалае ба азамати масъалаи Фаластин чизе нест, ки ғайрат ва эътимод ба нафс ва ҳушмандии рӯзафзуни миллатҳои мусалмон, иҷозаи фаромӯш шудани онро бидиҳад; ҳарчанд Амрико ва дигар султагарон ва думравони минтақаии онон ҳамаи пул ва тавони худро барои он ба кор гиранд.

Аввалин сухан, ёдоварии бузургии фоҷеаи ғасби кишвари Фаластин ва ташкили ғуддаи саратонии саҳюнистӣ дар он аст. Дар миёни ҷиноёти башарии давронҳои наздик ба замони ҳозир, ҳеҷ ҷинояте дар ин ҳаҷм ва бо ин шиддат вуҷуд надорад. Ғасби як кишвар ва берун кардани мардум барои ҳамеша аз хона ва кошона ва сарзамини падарони худ, он ҳам бо фаҷеътарин анвоъи қатл ва ҷиноят ва ҳалоки ҳарс ва насл ва даҳҳо сол тадовуми ин ситами таърихӣ, ҳақиқатан як рекорди ҷадид аз шайтонсифатии башар аст.

Омил ва муҷрими аслии ин фоҷеа, давлатҳои ғарбӣ ва сиёсатҳои шайтонии онҳо буд. Он рӯзе, ки давлатҳои фотеҳи ҷанги аввали ҷаҳонӣ, минтақаи Ғарби Осиё, яъне қаламрави осиёии ҳукумати Усмониро ба унвони муҳимтарин ғанимати ҷангӣ, миёни худ дар конфронси Париж тақсим мекарданд, ниёз ба як пойгоҳи амн дар қалби ин минтақаро барои тазмини султаи доимии худ беш аз пеш эҳсос карданд. Англис аз солҳо пеш аз он, бо тарҳи Болфур заминаро омода карда ва бо ҳамфикрии зарсолорони яҳудӣ бидъате ба номи саҳюнизмро муҳайёи нақшофаринӣ карда буд; ва акнун заминаҳои амалии он фароҳам мешуд. Аз ҳамон солҳо муқаддамотро батадриҷ дар канори ҳам чиданд ва саранҷом пас аз дуввумин ҷанги ҷаҳонӣ бо истифода аз ғафлат ва гирифтории давлатҳои минтақа, зарбаи худро ворид оварданд ва режими ҷаълӣ ва давлати бидуни миллати саҳюнистро эълом карданд. Омоҷи ин зарба дар дарҷаи аввал миллати Фаластин ва дар дарҷаи баъд ҳамаи миллатҳои ин минтақа буданд.

Нигоҳ ба ҳаводиси баъдии минтақа нишон медиҳад, ки ҳадафи аслӣ ва наздики ғарбиҳо ва сармоядорони яҳудӣ аз эҷоди давлати саҳюнист, бинои як пойгоҳи ҳузур ва нуфузи доимӣ барои худ дар Ғарби Осиё ва имкони дастрасии наздик барои дахолат ва таҳмил ва тасаллут бар кишварҳо ва давлатҳои ин минтақа буд. Аз ин рӯ режими ҷаълӣ ва ғосибро ба анвоъи имконоти қудратофрин -чӣ низомӣ ва чӣ ғайри низомӣ- ҳатто таслиҳоти атомӣ муҷаҳҳаз карданд ва рушди ин ғуддаи саратониро дар паҳнаи Нил то Фурот дар барномаҳои худ гунҷонданд.

Мутаъассфона ағлаби давлатҳои араб пас аз муқовиматҳои нахустин, ки бархе аз онҳо таҳсинбарангез буд, батадреҷ таслим шуданд ва бахусус пас аз вуруди ИМА ба унвони мутаваллии масъала, ҳам вазифаи инсонӣ ва исломӣ ва сиёсӣ, ва ҳам ғайрат ва нахуввати арабии худро ба фаромӯшӣ сипурда ва бо умедҳои воҳӣ ба ҳадафҳои душман кӯмак карданд. «Камп Девид» мисоли равшане аз ин ҳақиқати талх аст.

Гурӯҳҳои мубориз низ пас аз бархе муҷоҳидатҳои фидокорона дар солҳои нахуст, батадриҷ ба роҳи бефарҷоми музокира бо ишғолгар ва ҳомиёнаш кашонда шуданд ва хатти сайреро, ки метавонист ба таҳаққуқи ормони Фаластин мунтаҳӣ шавад, раҳо карданд. Музокира бо Амрико ва дигар давлатҳои ғарбӣ ва низ бо маҷомеъи бехосияти байналмилалӣ, таҷрибаи талх ва номуваффақи Фаластин аст. Нишон додани шохаи зайтун дар маҷмаъи умумии СММ, натиҷае ҷуз қарордоди хасоратбори «Услу» надошт ва саранҷом ҳам ба сарнавишти ибратангези Ёсир Арафот мунтаҳӣ шуд.

Тулӯъи Инқилоби Исломӣ дар Эрон, фасли ҷадиде дар мубориза барои Фаластин гушуд. Аз аввалин қадамҳо яъне берун рондани аносири саҳюнист, ки эрони даврони тоғутро яке аз пойгоҳҳои амни худ мешумурданд ва сипурдани маҳалли сафорати ғайри расмии режими саҳюнистӣ ба намояндагии Фаластин ва қатъи ҷараёни нафт, то корҳои бузург ва фаъолиятҳои густардаи сиёсӣ, ҳама мӯҷиби падид омадани «Ҷабҳаи Муқовимат» дар кулли минтақа шуд ва умед ба ҳалли масъала дар дилҳо шикуфт. Бо зуҳури Ҷабҳаи Муқовамат, кор бар режими саҳюнистӣ сахт ва сахттар шуд -ва албатта дар оянда басе сахттар ҳам хоҳад шуд иншоаллоҳ- вале талоши ҳомиёни он режим ва дар раъси онон Амрико дар дифоъ аз он ҳам башиддат афзоиш ёфт. Пайдоиши нерӯи мӯъмин ва ҷавон ва фидокори Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва ташкили гурӯҳҳои пурангезаи Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар даруни марзҳои Фаластин натанҳо сардамдорони саҳюнист балки Амрико ва дигар ситезагарони ғарбиро ҳам музтариб ва саросема кард ва ёргирӣ аз даруни минтақа ва аз даруни ҷомеаи арабиро дар садри барномаҳои онон пас аз пуштибониҳои сахтафзорӣ ва нармафзорӣ аз режими ғосиб қарор дод. Натиҷаи кори пурҳаҷми онон, имрӯз дар рафтор ва гуфтори баъзе сардамдорони давлатҳои арабӣ ва бархе фаъолони хоини сиёсӣ ва фарҳангии араб, ошкор ва пеши чашми ҳама аст.

Имрӯз аз ҳар ду сӯ, фаъолиятҳои мутанаввеъе дар саҳнаи мубориза зуҳур мекунд, бо ин тафовут, ки Ҷабҳаи Муқовимат рӯ ба иқтидор ва умеди физоянда ва ҷазби рӯзафзуни аносири қудрат пеш меравад ва баръакс, ҷабҳаи зулм ва куфр ва истикбор рӯзбарӯз туҳитар ва маъюстар ва камтавонтар мешавад. Нишонаи равшани ин муддао он аст, ки артиши саҳюнист, ки як рӯз артиши шикастнопазир ва барқосо шумурда мешуд ва артишҳои бузурги ду кишвари муҳоҷимро дар зарфи чанд рӯз мутаваққиф мекард, имрӯз дар баробари нерӯҳои муборизи мардумӣ дар Лубнон ва Ғазза маҷбур ба ақибнишинӣ ва эътироф ба шикаст мешавад. Бо ин ҳол арсаи мубориза башиддат хатир ва тағйирпазир ва ниёзманди муроқибати доимӣ аст ва мавзӯъи ин мубориза, басе муҳим ва сарнавиштсоз ва ҳаётӣ аст. Ҳаргуна ғафлат ва саҳландешӣ ва хато дар муҳосиботи асосӣ, зиёнҳои сангине ворид хоҳад кард.

Бар ин асос ба ҳамаи касоне, ки дил дар гарави масъалаи Фаластин доранд чанд тавсия мекунам:

1) Мубориза барои озодии Фаластин, ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва фариза ва матлуби исломӣ аст. Пирӯзи дар чунин муборизае тазмин шудааст, зеро фарди мубориз ҳатто дар сурати кушта шудан ҳам ба иҳдал-ҳуснаяйн даст ёфтааст. Баҷуз ин, масъалаи Фаластин як масъалаи инсонӣ аст, берун кардани миллионҳо инсон аз хона ва мазраъа ва маҳалли зиндагӣ ва касби худ, он ҳам бо қатл ва ҷиноят, ҳар виҷдони инсониро озурда ва мутаассир мекунад ва дар сурати доштани ҳиммат ва шуҷоат ба муқобила водор месозад. Пас маҳдуд кардани он ба як масъалаи сирфан фаластинӣ ва ҳаддиаксар арабӣ, хатое фоҳиш аст. Онҳо, ки созиши чанд унсури фаластинӣ ё ҳокимони чанд кишвари арабиро муҷаввизи убур аз ин масъалаи исломӣ ва инсонӣ мешуморанд, башиддат дучори хато дар фаҳми масъала ва аҳёнан дучори хиёнат дар таҳрифи онанд.

2) Ҳадафи ин мубориза, озодии ҳамаи сарзамини Фаластин аз баҳр то наҳр ва бозгашти ҳамаи Фаластинён ба кишвари хеш аст. Фурӯ костани он ба ташкили давлате дар гӯшае аз ин сарзамин, он ҳам ба шеваи таҳқиромезе, ки дар адабиёти саҳюнистҳои беадаб аз он ёд мешавад, на нишонаи ҳақҷӯӣ аст ва на нишонаи воқеъбинӣ аст.

Воқеъ он аст, ки имрӯз миллионҳо фаластинӣ ба мартабае аз андеша ва таҷриба ва эътимод ба нафс расидаанд, ки битавонанд ин ҷиҳоди бузургро виҷҳаи ҳиммат созанд ва албатта ба нусрати илоҳӣ ва пирӯзии ниҳоӣ мутмаин бошанд, ки фармуд: وَ لَیَنصُرَنَّ‌ اللهُ مَن یَن‍ـصُرُه، اِنَّ اللهَ لَقَوِیٌّ عَزیزٌ; Бешак бисёре аз мусулмонон дар саросари ҷаҳон онҳоро ёрӣ ва бо онон ҳамдардӣ хоҳанд кард. Ин шоа Аллоҳ.


3) Ҳарчанд баҳра гирифтан аз ҳар имкони ҳалол ва машрӯъ дар ин мубориза муҷоз аст ва аз ҷумла ҳимоятҳои ҷаҳонӣ, вале муаккадан бояд аз эътимод ба давлатҳои ғарбӣ ва низ маҷомеъи ҷаҳонии зоҳиран ё ботинан вобаста ба онҳо парҳез кард.

Онҳо бо ҳар мавҷудияти асаргузори исломӣ душмананд; онҳо ба ҳуқуқ инсонҳо ва миллатҳо беэътиноянд; онҳо худ омили бештарин хасоратҳо ва ҷиноятҳо ба уммати исломиянд; ҳамакнун кадом ниҳоди ҷаҳонӣ ё кадом қудрати ҷинояткор посухгӯи террорҳо, қатли омҳо, ҷангафрӯзиҳо, бомбаборонҳо ва қаҳтиҳои маснуии дар чандин кишвари исломӣ ва арабӣ аст?

Имрӯз дунё як ба як теъдоди қурбониёни круноро дар саросари ҷаҳон мешуморад, аммо ҳеҷ кас напурсида ва намепурсад қотил ва масъули садҳо ҳазор шаҳид ва асиру мфқуд дар кишварҳое, ки Амрико ва Аврупо дар он оташи ҷангро равшан кардаанд кист? Масъули ин ҳама хуни ба ноҳақ бар хок рехта дар Афғонистон, Яман, Либия, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо кист? Масъули ин ҳама ҷинояту ғасб ва тахрибу зулм дар Фаластин кист? Чаро ҳеҷ кас ин миллионҳо кӯдак ва зану марди мазлум дар ҷаҳони Исломро шумориш накард? Чаро касе қатли ом шудани мусулмононро тасаллият намегуяд? Чаро миллионҳо фаластинӣ бояд ҳафтод сол аз хона ва кошонҳаи худ дӯр буда ва дар табъид ба сар баранд? Ва чаро Қудси шариф, қиблаи аввали мусулмонон бояд мавриди иҳонат қарор гирад?

Созмони ба истилоҳ Милал ба вазифаи худ амал намекунад ва ниҳодҳои ба истилоҳ ҳуқуқи башарӣ мурдаанд. Шиори «дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак ва зан» шомили кӯдакон ва занони мазлуми Яман ва Фаластин намешавад. Ин чунин аст вазъи қудратҳои золими ғарбӣ ва маҷомеъи вобастаи ҷаҳонӣ; вазъи бархе давлатҳои дунболарави онон дар минтақа ҳам дар беобрӯӣ ва расвоӣ бадтар аз он аст, ки ба баён ояд. Пас ҷомеаи мусулмони ғаюр ва диндор бояд ба худ ва неруи дарунияш такя кунад; даст қудратманди худро аз остин берун оварад ва бо таваккул ва эътимод ба Худованд аз мавонеъ убур ва гузар кунад.

4) Нуктаи муҳимме, ки набояд аз назари нухбагони сиёсӣ ва низомии ҷаҳони Ислом дур бимонад, сиёсати Амрико ва саҳюнистҳо дар интиқоли даргириҳо ба пушти ҷабҳаи муқовимат аст.

Роҳандозии ҷангҳои дохилӣ дар Сурия ва муҳосираи низомӣ ва куштори шабонарӯзӣ дар Яман, ва террору тахриб ва тавлиди ДИИШ дар Ироқ ва қазоёи мушобеҳ дар бархе дигар аз кишварҳои минтақа, ҳамагӣ тарфандҳое барои саргарм кардани ҷабҳаи муқовимат ва фурсат додан ба режими саҳюнист аст.

Бархе сиёсатмадорони кишварҳои мусулмон надониста ва бархе дониста дар хидмати ин тарфандҳои душман қарор гирифтаанд. Роҳи ҷилавгирӣ аз иҷрои ин сиёсати хабосатомез, умдатан хост ва мутолибаи ҷиддии ҷавонони ғайратманд дар саросари ҷаҳони Ислом аст.

Ҷавонон дар ҳамаи кишварҳои исломӣ ба вижа кишварҳои арабӣ, набояд тавсияи имом Хумайнии азимро аз назар дур бидоранд, ки фармуд: Ҳар чӣ фарёд доред бар сари Амрико ва низ албатта душмани саҳюнист бикашед.

5) Сиёсати оддисозии ҳузури режими саҳюнистӣ дар минтақа яке аз умдатарин сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Бархе давлатҳои арабии минтақа, ки нақши подуи Амрикоро ифо мекунанд, дар ин бора ба таҳияи муқаддамоти лозими он, аз қабили иртибототи иқтисодӣ ва амсоли он пардохтаанд; ин талошҳо яксара ақим ва бенатиҷа аст.

Режими саҳюнистӣ зоидаи мӯҳлик ва зиёнбахш барои ин минтақа аст ва ба яқин решакан ва изола хоҳад шуд ва беобрӯӣ ва сияҳрӯӣ барои касоне хоҳад монд, ки имконоти худро дар хидмати ин сиёсати истикборӣ ниҳодаанд.

Бархе барои тавҷеҳи ин рафтори зишт, истидлол мекунанд, ки режими саҳюнистӣ воқеияте дар минтақа аст, бе онки ба ёд оваранд, ки бо воқеиятҳои мӯҳлик ва зиёнбахш бояд мубориза кард ва онро изола кард.

Имрӯз круно як воқеият аст ва ҳамаи инсонҳои бошуур, мубориза бо онро воҷиб медонанд. Вируси дерпои саҳюнизм бегумон аз ин пас дере намепояд ва ба ҳиммату имон ва ғайрати ҷавонон аз ин минтақа решакан хоҳад шуд.

6) Аслитарин тавсияи инҷониб тавсия ба тадовуми мубориза ва сомон бахшидан ба созмонҳои ҷиҳодӣ ва ҳамкории онон бо якдигар ва густариши арсаи ҷиҳод дар ҳамаи сарзаминҳои фаластинӣ аст.

Ҳама бояд миллати Фаластинро дар ин ҷиҳоди муқаддас ёрӣ кунанд. Ҳама бояд дасти муборизи фаластиниро пур ва пушти ӯро маҳкам кунанд.

Мо бо ифтихор, ҳар чӣ дар тавон дошта бошем дар ин роҳ анҷом хоҳем дод. Як рӯз ташхиси мо ин шуд, ки муборизи фаластинӣ, дину ғайрат ва шуҷоат дорад ва танҳо мушкили ӯ дасти туҳӣ аз силоҳи ӯ аст.

Ба ҳидоят ва мадади Илоҳӣ барномарезӣ кардем ва натиҷа ин аст, ки мувозинаи қудрат дар Фаластин дигаргун шуд ва имрӯз Ғазза метавонад дар баробари таҳоҷуми низомии душмани саҳюнист биистад ва бар он пирӯз шавад.

Ин тағйири муодила дар бахши мавсум ба сарзаминҳои ишғолӣ хоҳад тавонист қазияи Фаластинро ба гомҳои ниҳоӣ наздик кунад. Ташкилоти худгардон дар ин амр таклифи бузург бар ӯҳда дорад.

Бо душмани ваҳшӣ ҷуз бо иқтидор ва аз мавзеъи қудрат наметавон сухан гуфт ва заминаи ин иқтидор биҳамдиллоҳ дар миллати шуҷоъ ва муқовими Фаластин омода аст. Ҷавонони фаластинӣ имрӯз ташнаи дифоъ аз каромати хешанд.

Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, ҳуҷҷатро бар ҳама тамом кардаанд. Дунё фаромӯш накарда ва нахоҳад кард он рӯзеро, ки артиши саҳюнист марзҳои Лубнонро шикаст ва то Бейрут пеш омад ва он рӯзеро, ки қотили ҷинояткоре ба номи Ариел Шарон дар Сабро ва Шатило ҳаммоми хун ба роҳ андохт ва низ фаромӯш накарда ва нахоҳад кард он рӯзеро, ки ҳамин артиш дар зери зарботи кӯбандаи Ҳизбуллоҳ чорае ҷуз ин наёфт, ки бо додани талафоти фаровон ва бо эътироф ба шикаст, аз марзҳои Лубнон ақибнишинӣ кунад ва барои оташбас ба илтимос биафтад; дасти пур ва мавзеъи қудрат яъне ин.

Ҳол бигузор фалон давлати аврупоӣ, ки бояд ба хотири фурӯши маводи химиявӣ ба режим Саддом то абад шармсор бошад, Ҳизбуллоҳи муҷоҳиди сарафрозро ғайриқонунӣ бидонад. Ғайриқонунӣ, режиме мисли Амрико аст, ки ДИИШ-ро тавлид мекунад ва режиме мисли он давлати аврупоӣ аст, ки ҳазорон нафар дар Бона-и Эрон ва Ҳалабча-и Ироқ бар асари маводи химиявиаш ба коми марг мераванд.

7) Сухани охир он аст, ки Фаластин мутааллиқ ба Фаластинён аст ва бояд бо иродаи онон идора шавад. Тарҳи ҳамапурсӣ аз ҳамаи адён ва ақвоми фаластинӣ, ки аз наздик ба ду даҳаи пеш аз ин ироа кардаем танҳо натиҷае аст, ки бояд бар чолишҳои имрӯз ва фардои Фаластин мутараттиб шавад.

Ин тарҳ нишон медиҳад, ки иддаои яҳудиситезие, ки ғарбиён бо буқҳо (карнайҳо)-и худ онро такрор мекунанд, ба куллӣ беасос аст. Дар ин тарҳ, фаластинёни яҳудӣ ва масеҳӣ ва мусулмон, дар канори ҳам дар як ҳамапурсӣ ширкат ва низоми сиёсии кишвари Фаластинро таъйин мекунанд; ончи қатъан бояд биравад низоми саҳюнистӣ аст ва саҳюнизм, худ бидъате дар оини яҳуд ва комилан бегона аз он аст.

Дар поён, ёди шаҳидони Қудс, аз шайх Аҳмад Ёсин ва Фатҳи Шиқоқӣ ва Сайид Аббос Мусавӣ, то сардори бузурги Ислом ва чеҳраи фаромӯшнашудании муқовимат, шаҳид Қосим Сулаймонӣ ва муҷоҳиди бузурги ироқӣ, шаҳид Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис ва дигар шуҳадои Қудсро гиромӣ медорам ва ба рӯҳи имом Хумайнии азимушшаън, ки роҳи иззат ва ҷиҳодро ба рӯи мо кушод, дуруд мефиристам ва низ барои бародари муҷоҳид, марҳум Ҳусайн Шайхулислом, ки солиёне дар ин роҳ талош кард, раҳмати Илоҳиро масъалат мекунам.

Дар поён ба ҳамаи бинандагон ва шунавандагони азиз арз мекунам рӯзи Қудси имсол аввалин рӯзи Қудсе аст, ки дар он Қосим Сулаймонии азиз ҳузур надорад. Барои шодии рӯҳи ӯ ҳама як сураи Ҳамд ва як сураи Қул ҳуваллоҳ бихонед.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

9 April 2020

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, имрӯз ба муносибати нимаи шаъбон ва солрӯзи мелоди бо саъодати Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аз тариқи телевизион ва ба таври зинда бо мардуми Эрони исломӣ суҳбат карданд.

Имом Хоманаӣ бо табрики иди бузурги нимаи шаъбон ба мардуми Эрон ва тамоми мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон, гуфтанд, дар таърихи башарӣ камтар даврае аст, ки оҳоди башарӣ дар ҳамаи ҷойи олам ба қадари имрӯз эҳсоси ниёз ба як мунҷӣ дошта бошанд. Чӣ нухбагон, ки огоҳона ин ниёзро эҳсос мекунанд ва чӣ мардум, ки дар нохудогоҳии худ ба як мунҷӣ ва маҳдӣ эҳсоси ниёз мекунанд.

Эшон бо баёни ин ки имрӯз баъд аз оне, ки башарият макотиб ва маслакҳои гӯногӯнро таҷруба карда аз коммунизм то либерол-демократи ғарбӣ, аммо башар эҳсоси оромиш намекунад, афзуданд, башар бо пешрафтҳои ҳайратовар, эҳсос оромиш намекунад. Башарият дучори фаҳшо ва гуноҳу бе адолатӣ ва шикофи табақотии бисёр васеъ аст. Башар дучори сӯи истифодаи қудратҳо аз илм аст ва башар дучори сӯиистифода аз кашфиёти табиат аст. Хиради инсонӣ неъмати бузурге аст ва метавонад бисёре аз мушкилоти дунёро ҳал кунад, лекин бархе гиреҳҳоро наметавон бо он ҳал кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, имрӯз бе адолатӣ дар дунё аз илм тағзия мекунад, яъне илми пешрафта дар хидмат бе адолатӣ ва султа бар миллатҳо аст. Ҳалли инҳо ба як қудрати илоҳӣ ниёз дорад ва он ба дасти пурқудрати имоми Маъсӯм(ъ) хоҳад буд. Лизо маъмурияти бузурги ҳазрати Маҳдӣ қист ва адл аст.

Эшон таъкид карданд, ваъдаи фараҷ ва ҳаракати азими илоҳӣ дар интиҳои таърих барои барқарории адолат, эҷод хоҳад шуд ва албатта зиндагии воқеии башар дар он замон шурӯ хоҳад шуд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо изъон ба вуҷӯди мушкилоти зиёд дар зиндагии инсонҳо тавсия карданд, ки набояд маъюс шуда ва ҳамвора умедвор бошанд, чаро ки интизори фараҷ ва гушоиш, гушоише барои инсон буда ва уро аз яъсу дармондагӣ наҷот медиҳад.

Эшон уммати Муҳаммадиро уммате донистанд, ки дар ҳеч ҳодисае дар зиндагӣ эҳсоси яъсу ноумедӣ надоранд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ интизорро ба маънои даст рӯи даст гузоштан надониста ва онро иқдом кардан таъриф карданд, ки бояд инсон эҳсос кунад, ки оқибате вуҷӯд дорад, ки бояд барои он талош кард.

Раҳбари ҶИЭ фармуданд, ҷомеъаи Маҳдавӣ, ҷомеъаи қист, бародарӣ ва илму иззат аст. Интизори фараҷ ғайр аз бе сабрӣ ва муддат муайян кардан аст. Инсон набояд аҷала кунад, балкӣ бояд бар асоси ҳикмат амал кард. Мурод аз интизори фараҷ, фараҷи ниҳоӣ аст ва фараҷ баъд аз ҳушдор ва ҳаводиси ҳамагире монанди ҳаводиси имрӯзаи дунё, ки бархеро нороҳат карда ва ҳатто бархеҳо худкушӣ кардаанд.

Имом Хоманаӣ дар бахше диргар аз суханони зиндаи телевизионии худашон бо миллати Эрон, дастовардҳои пизишкон ва мутахассисони эрони исломиро дар баробари короновирус дурахшон тавсиф карданд.

Эшон фармуданд, короновирус, як ибтилои умумӣ ва як озмӯн барои дунёст. Ҳам барои давлатҳо ва ҳам миллатҳо. Миллати Эрон дар ин озмӯни корона хуш дурахшид. Авҷи ин ифтихори миллӣ мутаъаллиқ ба маҷмӯаи дармонии Эрони исломӣ аст. Инҳо ҷону саломати худро дар хидмати мардум қарор доданд. Ин хотироти ҷомаи пизишкӣ дар ҳофизаи миллат ба хубӣ ба ёдгор хоҳад монад.

12 March 2020

Оятуллоҳ Хоманаӣ, валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо судури фармоне, ба сарлашкар Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дастур доданд, барои пешгирӣ аз шуюъи бештари ин беморӣ “қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонӣ” созмондиҳӣ шавад. Имом Хоманаӣ дар ин фармон хотирнишон карданд: “Ин иқдом бо таваҷҷӯҳ ба қароине, ки эҳтимоли ҳамлаи биулужикӣ будани ин рӯйдодро матраҳ карда, метавонад ҷанбаи размоиши дифоъи биулужик низ дошта ва бар иқтидор ва тавони миллӣ биафзояд.”

матни фармони раҳбари Эрон ба шарҳи зерин аст:

“Бисмиҳи Таъоло

Сардори сарлашкар Боқирӣ

Бо тақдир аз хадамоте, ки нерӯҳои мусаллаҳ то кунун дар заминаи куруно ба мардуми азиз тақдим кардаанд ва бо таъкид бар идома ва густариши ҳар чи бештари он, лозим аст созмондиҳии ин хадамот ба шакли як қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонӣ буда ва илова бар дармон ва эҷоди марокизи дармонӣ монанди бемористони саҳроӣ ва нақоҳатгоҳ ва ғайра, ба пешгирӣ аз шуюъи бештари беморӣ бо шеваҳои лозим низ бипардозад. Тақсими вазоиф ва маъмуриятҳои созмонҳо ва бахшҳои нерӯҳои мусаллаҳ, аз вазоифи ин қароргоҳ аст. Ин қароргоҳ бояд дар ҳамоҳангии комил бо давлат ва вазорати беҳдошту дармон амал кунад.

Ин иқдом бо таваҷҷӯҳ ба қароине, ки эҳтимоли “ҳамлаи биулужикӣ” будани ин рӯйдодро матраҳ карда, метавонад ҷанбаи размоиши дифоъи биулужик низ дошта ва бар иқтидор ва тавони миллӣ биафзояд.”

22 March 2020

Суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ ба муносибати фарорсидани соли нав ва иди Мабъаси Паёмбари Аъзам (с) ба шакли мустақим аз телевизони Эрон ва шабакаҳои интернетӣ ва маҷозӣ пахш шуд.

Лозим ба зикр аст, ки маросими суханронии наврӯзии Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки ҳар сол дар рӯзи аввали соли нави шамсӣ ва дар ҳарами Имом Ризо (а) баргузор мешуд, ба сабаби тавсияҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона имсол дар Машҳад баргузор нашуд ва тариқи мустақим ва интернетӣ пахш шуд.

Меҳварҳои суханони раҳбари инқилоби ислмӣ ба шарҳи зер аст:

* Иди мубораи Мабъасро табрик арз мекунам ва имрӯз ҷузви бузургтарин идҳои исломии мо аст, зимни инки боз иди Наврӯзро ба ҳамаи миллати азиз табрик мегӯям. Мабъас рӯзи боаҳамияте аст, ки бояд аҳамияти онро бидонем. Ин воқеа ва ҳодисае, ки Худованд аз дигар паёмбарон тааҳҳуд гирифтааст.

* Худованд аз паёмбарони бузург дар тӯли таърих тааҳҳуд гирифтааст, ки ба паёмбари бузурги ислом мисли чунин рӯзе имон оварда ва ӯро ёрӣ кунанд. Ному нишон ва хусусиятҳои паёмбари мо дар Таврот ва Инҷил таҳриф нашуда вуҷуд доштааст ва ҳатто исми Аҳмад (Паёмбар Ислом)-ро ҳазрати Исо (с) дар Таврот ишора кардаанд.

* Баъс мӯҳтавои азиме дорад, ки барои мо дар шароити имрӯзӣ корбурд дорад. Баъс ва ваҳйи илоҳӣ ҳақиқатҳоеро барои башарият равшан кардааст ва агар инсон ба ин ҳақиқатҳо имон биоварад ва бо онҳо ошно шавад, ҳаёти пок хоҳад дошт.

* Манзумаи арзиши Ислом яке аз ҳақиқатҳои биъсат аст. Мардум вазифа доранд худро ба ин арзишҳо наздик кунанд. Ин арзишҳо шомили рафторҳои фардӣ то мафоҳими умумӣ ва зиндагисоз мисли озодӣ, каромат ва адолат мешавад.

* Бархе ба ғалат тасаввур мекунанд адолат ва озодӣ аз ғарб омадааст. Ғарб бо мафоҳиме мисли озодӣ ва адолати иҷтимоӣ, 3-4 қарн аст, ки ошно шудааст, дар ҳоле ки 1400 соли қабл, Ислом ин мафоҳимро ба таври равшан дар Қуръон баён кардааст. Бо ин тафовут, ки ғарбиҳо ҳеҷгоҳ ба ин мафоҳим содиқона амал накарданд.

* Барои таҳаққуқи маорифи биъсат дар фазои ҷомеа ва буруз ва зуҳури он дар рафтори мардум ва табдили он ба василаи пешрафт, ниёз ба қудрати сиёсӣ дорад. Чун агар қудрати сиёсӣ набошад, зургӯён ва танбалҳо зери бор намераванд ва сиёҳии лашкарашон ҳам ба думболи онҳо ҳаракат мекунанд. Паёмбар(с) ҳам дар Мадина аввалин коре, ки кард, ташкили қудрати сиёсӣ ва ҳукумат буд.

* Паёмбарон душманони зиёде доранд ва вақте ҳукумат ташкил медиҳанд, душмани хориҷӣ ҳам изофа мешавад, мухолифони адолат ва озодӣ душмани паёмбар мешаванд.

* Ин ҳамон нусхае аст, ки имом Хумайнӣ(рҳ) ба он амал кард. Маориф, арзишҳо ва аҳкоми ҳамон маориф, арзишҳо ва аҳкоми Паёмбар(с) аст. Имом(рҳ) медонист имон иисломӣ дар ҷони миллати Эрон русух дорад. Қудрати имонии мардум хеле зиёд аст ва Имом(рҳ) инро медонист ва масъалаи ҳукумати исломиро матраҳ кард. Заминаи эҷоди ҳукумати исломӣ ҳам фароҳам буд; яъне ҳукумати фосид ва золиме вуҷуд дошт.

* Ҷомеаи нахустини исломӣ дар Мадина шомили ҳафт ҳашт ҳазор нафар мешуд. Ба баракати иршод, аҳком ва маорифе, ки Паёмбар(с) эҷод кард, ки рӯз ба рӯз ба теъдоди мусулмонон афзуда шуд. Дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, ҷомеаи исломӣ аз ҷиҳати сиёсӣ васеътарин ҷомеа дар дунё буд. Аз ҷиҳати дониш пешрафтатарин сатҳи илмӣ ва ба ҷиҳати низомӣ, қудратманд буд.

* Агар имрӯз содиқона амал карда, кӯтаҳбинӣ ва содданигарӣ надошта бошем ва танбалӣ накунӣм, метавонем Эронро ба қуллаи сиёсӣ, низомӣ, фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ бирасонем, албатта ҳадафи дури мо эҷоди тамаддуни исломӣ аст.

* Аз душманӣ бо инқилоби исломӣ набояд тааҷҷуб кард. Душманон бо ҳам алайҳи инқилоби исломӣ ҳамкорӣ мекунанд. Имрӯз душман кам надорем, аммо хабистарин душмани миллати Эрон Амрико аст. Масъулони амрикоӣ ҳам дурӯғгӯ ва паст ҳастаанд, ҳам тамаъ, золим, сангдил, бераҳм ва террорист ҳастанд. Интавр душмане дар муқобили мо аст.

* Худованд барои муқобила бо душман, дастурамал дода ва ба Паёмбар(с) тавсия ба сабр ва истиқомат кард. Сабр ба маънои нишастан ва интизори ҳаводис кашидан нест; сабр яъне муқовимат кардан ва ҳисоби худро бо найранги душман тағйир надодан ва бо рӯҳия идома додан ва собитқадам будан, ки агар бо ҳаракат бо андеша ва машварат ҳамроҳ шавад, муваффақият ҳосил мешавад.

* Ман бо қотеъият мегӯям, ки миллати Эрон миллати сабуре аст. Мо масъулин албатта гоҳе бесабрӣ кардем, вале миллати Эрон 40 сол аст сабр карданд. Бархе равшанфикрони мо ҳам бесабрӣ нишон доданд ва бархе бесабриро ба самти ҳамкорӣ бо душман ҳам бурданд. Нуқтаи муқобили он, ҷавонони мӯъмини зиёде аст, ки дар арсаи фарҳанг ва илм ва фановарӣ ва сиёсат ва байналмилал дарки дурусте доранд.

* Сабр кардан яъне таслим нашудан ва бо шуҷоат ва ақл ҷилави душманро гирифтан.

* Чанд бор гуфтам, ки кишвар бояд қавӣ шавад. Қавӣ шудан ҳам аз биъсат ва Қуръон гирифта шудааст. Қувват шомили арсаҳои илмӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, низомӣ, таблиғӣ аст.

* Имрӯз ҳифзи ҷамъияти ҷавони кишвар яке аз абзорҳои қудрат аст. Кишвари мо кишвари ҷавоне аст ва агар ин раванд идома надошта бошад чанд вақти дигар бо камбуди ҷавон мувоҷеҳ мешавем.

* фазои маҷозӣ имрӯз бар зиндагии ҳамаи мардуми дунё ҳоким аст ва қувват дар он ҳаётӣ аст. Ва ё дар беҳдошт ва дармон, ки Худоро шукр, муҳаққиқон ва пизишкон ва хубрагони мо кори зиёде дар ин замина карданд.

* Ҷаҳиши тавлид, ки матраҳ кардем низ аз абзорҳои қудрат аст. Ҷаҳиши тавлид ба абзорҳое ниёз дорад, аз қочоқ ва воридоти беравия ҷилавгирӣ шавад. Ба тавлидкунанда кумак шавад. Имсол ин корҳо бояд анҷом шавад.

* Мо имрӯз бо аворизи як бемории васеъ ва ҳамагири байналмилаӣ, ки тақрибан дар ҳамаи кишварҳои дунё машғули гирифтани талафот аст рӯбарӯ ҳастем. Ҳоло бархе ҳақиқатҳоро мегӯянд ва бархе ҳам пинҳон мекунанд. Бояд ба дастуроте, ки барои ҳифзи ҷон афрод ва кишвар ва контроли ин бемории хатарнок дода мешавад, амал кунанд.

* Ин беморӣ мушкилоти иқтисодӣ эҷод мекунад, ки Худованд мефармояд инҷо ҳам сабр лозим аст. Масъулони мӯҳтарам дар ин кор дастуроте додаанд, ки ҳама бояд ба он амал кунанд то ин бемории хатарнок дар кишвар контрол шавад.

* Амрикоиҳо чанд бор токунун гуфтанд, ки мо ҳозирем аз ҷиҳати дармону дору кумак кунем. Фақат шумо аз мо бихоҳед то мо кумак кунем. Ин ҷузви он ҳарфҳои бисёр аҷиб аст, ки ба мо мегӯянд аз мо бихоҳед. Аввал инки шумо худатон дучори камбуд ҳастед ва инро худи масъулони амрикоӣ мегӯянд. Дуввум инки шумо муттаҳамед, ки ин вирусро шумо тавлид кардаед. Ман намедонам чиқадар ин иттиҳом ҳақиқӣ аст, вале вақте чунин иттиҳоме вуҷуд дорад, кадом одами оқиле барои кумак аз шумо дархост мекунад? Ба шумо эътимоде нест.

* Таҷрибаи 40 сола нишон медиҳад, ки кишвар зарфияти муқобила бо масоил ва чолишҳоро дар ҳар сатҳе дорад.

* Дастуроти ситоди миллии муқобила бо коронаро иншоаллоҳ ҳама амал кунанд. Ҳатто иҷтимооти динӣ дар кишвар таътил шуд, ки дар таърихи мо ба ин шакл бесобиқа аст, ки ҳатто ҳарамҳо ва намозҳои ҷумъа таътил шавад, вале чорае набуда ва маслиҳат ингуна будааст.

– Худованди Мутаол бо хосту иродаи илоҳӣ ин балоро аз сари миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳои мусулмон ва ҳамаи мардуми ҷаҳон кам кунад.

3 March 2020

Ба муносибати рӯзи дарахткорӣ ва ҳафтаи манобеи табиӣ, оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (сешанбе) ду ниҳоли мева шинонд ва дар бораи вазъияти Эрон дар даврони коронавирус суханони муҳиме гуфт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ сипас дар суханоне, кошти дарахтро ҳаракати бобаракат хонд ва дар хусуси бемории коронавирус дар Эрон, гуфт: Ҳамчунон ки чанд пеш аз пизишкон, парасторон ва маҷмӯаҳои дармонӣ самимона ташаккур кардам, лозим медонам бори дигар аз ин азизон, ки бо кори бисёр боарзиши худ дар ҳоли ҷиҳод дар роҳи Худо ҳастанд, ташаккур кунам. Ҳамчунин лозим медонам аз хонаводаҳои пизишкон, парасторон ва ҳамаи авомили дармонӣ, ки бо сабру таҳаммули худ дар канори талоши шабонарӯзии азизонашон ҳастанд, сипосгузорӣ кунам.

Эшон бо дуо барои офияти беморон ва ҳамчунин талаби раҳмат ва мағфирати илоҳӣ барои даргузаштагон аз ин беморӣ ва сабру оромиш барои бозмондагони онҳо, чанд тавсия хитоб ба мардум баён кард.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар риояти тавсияҳо ва дастуруламалҳои масъулон дар хусуси пешгирӣ аз олудагӣ, афзуд: Аз ин дастурҳо набояд сарпечӣ шавад, чунки Худованд моро вазифадор кардааст дар масъалаи саломати худ ва дигарон эҳсоси масъулият кунем, бинобарин ҳар чӣ ба саломат ҷомеа ва пешгирӣ аз ривоҷи ин беморӣ кӯмак кунад, писандида ва ҳар чӣ ба паҳн шудани он кӯмак кунад, кори бад ва нописанд аст.

Имом Хоманаӣ дар тавсияе дигар ҳамагонро ба тавассул ва рӯ овардан ба Парвардигор фаро хонду гуфт: Албатта ин бало ончунон бузург нест ва бузургтар аз он низ вуҷуд доштааст, аммо банда ба дуои бархоста аз дили пок ва софи ҷавонон ва афроди парҳезгор барои дафъи балоҳои бузург бисёр умедворам, чунки тавассул ба даргоҳи Худованд ва талаби шафоат аз Набии Мукаррами Ислом ва пешвоёни бузургавор метавонад бисёре аз мушкилотро бартараф кунад.

Эшон афзуданд: Дуои ҳафтуми Саҳифаи Саҷҷодия дуои бисёр хуб ва хушмазмунӣ аст, ки метавон бо ин алфози зебо ва бо таваҷҷӯҳ ба маонии он бо Парвардигор сухан гуфт.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ҳамаи дастгоҳҳои Эронро ба ҳамкорӣ ва дар ихтиёр қарор додани имконоти мавриди ниёзи Вазорати беҳдошт, ки дар саффи муқаддами муқобила бо беморӣ қарор дорад, тавсия карду гуфт: Неруҳои мусаллаҳ ва дастгоҳҳои муртабит бо дафтари раҳбарӣ низ ба анҷоми ин кор муваззаф шудаанд.

Эшон бо ишора ба даргир шудани кишварҳои зиёде дар дунё бо ин беморӣ, афзуданд: Масъулони мо аз рӯзи аввал бо сафо, садоқат ва шаффофият хабаррасонӣ карданд ва мардумро дар ҷараён қарор доданд, аммо бархе кишварҳои дигар, ки ин беморӣ дар онҳо шадидтар ва ҳамагиртар аст, пинҳонкорӣ мекунанд. Албатта мо барои он беморон низ аз Худованд талаб офият мекунем.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ, ҳодисаи падидомадаро масъалаи гузаро ва на фавқулода дониста гуфтанд: Албатта ман намехоҳам масъаларо хеле кӯчак фарз кунам, аммо онро хеле бузург ҳам накунем. Ин масъала муддате на чандон тӯлонӣ барои кишвар вуҷуд хоҳад дошт ва сипас рахт бармебандад, аммо таҷрибиёти ҳосил аз он ва фаъолияти мардум ва дастгоҳҳо, ки монанди як размоиши умумӣ аст, метавонад ба унвони як дастовард боқӣ бимонад.

Имом Хоманаӣ бо ишора ба иқдомоти писандида ва навъдӯстонаи бархе ҳамватанон монанд кӯмакҳои молӣ ва пахши василаҳои беҳдоштӣ афзуд: Ин корҳо бисёр хуб аст ва бо ҳифзи ин дастовардҳо, бало ба неъмат ва таҳдид ба фурсат табдил мешавад ва умедворем рӯзгори офияти комил барои миллати азизи Эрон наздик бошад.

5 March 2020

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, валии амри мусалмонони ҷаҳон куштори мусалмонони мазлуми Ҳиндро маҳкум карданд. Раҳбари Инқилоби Исломӣ зимни эъломи ин ки қалби мусалмонони ҷаҳон аз куштори ахир ҷариҳадор аст, хостори таваққуфи ин фаҷойеъ шуданд ва давлати Ҳиндро муваззаф донистанд то дар муқобили ҳиндуҳои ифротӣ ва аҳзоби тарафдори онҳо биистад.

Дар ин паёми твиттерӣ омадааст: “Қалби мусалмонони ҷаҳон аз куштори мусалмонон дар Ҳинд ҷариҳадор аст. Давлати Ҳинд бояд дар муқобили ҳиндуҳои ифротӣ ва аҳзоби тарафдори онҳо биистад ва бо таваққуфи куштори мусалмонон, аз инзивои худ дар ҷаҳони Ислом ҷилавгирӣ кунад”.

All rights reserved This website is owned 2017