this is a title for here

Гуногун
26 February 2019

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон субҳи рӯзи гузашта (душанбе) дар дидор бо Башшор Асад раисиҷумҳури Сурия, рамзи пирӯзии Сурия ва ба шикаст кашондани Амрико ва муздурони минтақаии онро истиқомати раисиҷумҳур ва мардуми Сурия ва пофишории онон бар муқовимат хонда ва бо таъкид бар лузуми муроқибат дар муқобили тавтеаҳои оянда, хотирнишон карданд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон, кӯмак ба давлат ва миллати Сурияро кӯмак ба ҳаракат ва ҷараёни муқовимат медонад ва аз самими қалб ба он ифтихор мекунад”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба истодагии содиқонаи Ҷ.И Эрон дар канори миллат ва давлати Сурия аз ҳамон ибтидои бӯҳрон, афзуданд: “Сурия бо истиқомат ва ҳамроҳии мардуми он тавонист дар муқобили як эътилофи бузурги ташкил шуда аз Амрико, Аврупо ва муттаҳидони онҳо дар минтақа истодагӣ кунад ва бо пирӯзӣ аз ин ҳодиса хориҷ шавад”.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон, пирӯзии ҷараёни муқовимат дар Сурияро мӯҷиби асабонияти амрикоиҳо ва талоши онон барои тарроҳии тавтеаҳои ҷадид донистанд ва бо ишора ба намунае дар ин замина гуфтанд: “Масъалаи минтақаи ҳоил, ки амрикоиҳо дар Сурия ба дунболи эҷоди он ҳастанд, аз ҷумлаи ин тавтеаҳои хатарнок аст, ки бояд бо қотеъият онро рад кард ва дар муқобили он истод”.

Эшон, барномаи амрикоиҳо барои ҳузури муассир дар марзи Ироқ ва Сурияро намунае дигар аз тарроҳиҳои онҳо шумурданд ва таъкид карданд: “Эрон ва Сурия умқи роҳбурдии якдигар ҳастанд ва ҳувият ва қудрати ҷараёни муқовимат вобаста ба ин иртиботи мустамар ва роҳбурдӣ аст, бар ин асос душманон нахоҳанд тавонист нақшаҳои худро амалиётӣ кунанд”.

Раҳбари Ҷ.И Эрон ба як хатои муҳосиботии душманон дар қазияи Сурия низ ишора ва хотирнишон карданд: “Иштибоҳи душманон ин буд, ки Сурияро бо бархе кишварҳои арабӣ иштибоҳ гирифтанд, дар ҳоле, ки дар он кишварҳо ҳаракати мардум дар ҷиҳати муқовимат ва дар воқеъ, қиёми алайҳи Амрико ва дастнишондагони он буд”.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон ҳамчунин иртибототи мазҳабӣ ва рафту омади уламои мазҳабии Эрон ва Сурияро ниёзманди тақвият ва густариш хонданд ва бо таъкид бар лузуми ҳифзи рӯҳияи истодагӣ ва афзоиши қудрати давлат ва миллати Сурия, хитоб ба раисиҷумҳури ин кишвар гуфтанд: “Ҷаноби олӣ бо истодагие, ки аз худ нишон додед ба қаҳрамони ҷаҳони араб табдил шудед ва муқовимат дар минтақа ба василаи шумо қудрат ва обрӯи бештаре ёфт”.

Эшон хотирнишон карданд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун гузашта дар канори миллати Сурия хоҳад буд, зеро ин корро кӯмак ба ҷараён ва ҳаракати муқовимат медонад ва бо эътиқоде аз самими қалб, ба ҳимоят аз муқовимат ифтихор мекунад”.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин барои тавфиқи миллати Сурия ва саломатии оқои Асад ва хонаводаи эшон дуо карданд.

Дар ин дидор, оқои Башшор Асад раисиҷумҳури Сурия бо таҷлил аз ҳимоятҳои бе дареғи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз кишвараш, гуфт: “Ҷанги Сурия мушобеҳи ҷанги таҳмилии ҳашт солаи алайҳи Эрон буд. Эрон дар ин ҳодиса фидокорона дар канори мо буд ва лозим аст муваффақияти кунуниро ба ҷаноби олӣ ва ҳама эрониҳо табрик бигӯям ва аз онон қадрдонӣ кунам”.

Раисиҷумҳури Сурия бо ишора ба бархе таҳлилҳо, ки кори Сурияро тамомшуда медонистанд, афзуд: “Эрон ва Сурия миллатҳои дорои ҳувият ва ақида ҳастанд ва дастовардҳои имрӯз агарчӣ бо заҳмат ва зиён ба даст омада, аммо яқинан натиҷаи истодагӣ дар канори ҷараёни муқовимат аст”.

Оқои Асад бо ёдоварии хисоратҳои сангине, ки бархе кишварҳо ба дунболи таслим шудан дар муқобили Амрико дидаанд, гуфт: “Бисёре аз кишварҳо мақҳури Амрико буданд ва тасаввур мекарданд ин Амрико аст, ки сарнавишт ва ояндаи ҷаҳонро таъйин мекунад аммо дар асари истодагии миллатҳои муқовим, ин тасаввури ғалат дар ҳоли фурӯпошӣ аст”.

Раисиҷумҳури Сурия бо ишора ба намунаҳое аз талошҳои тафриқаафканонаи Амрико ва муттаҳидони минтақаии он дар миёни ақвом ва мазоҳиби Сурия, афзуд: “Ин талошҳо натиҷаи акс додааст ва имрӯз дар Сурия, курдҳо ва ашоир равобити хубе бо давлат доранд ва ҳатто бархе гурӯҳҳо, ки собиқаи даргирӣ ва ихтилоф бо давлат доштанд, имрӯз бар хилофи назари Амрико ва Арабистони Саудӣ бо давлат ҳамроҳ шудаанд”.

Башшор Асад, тақвияти иртибототи мазҳабӣ ҳамчун иртибототи уламои Сурия бо уламои Эронро фурсате муҳимм барои муқобилаи ҷараёнҳои такфирӣ шумурд ва гуфт: “Эрон ва Сурия бояд равобити иқтисодии худро доиман густариш диҳанд чаро, ки афзоиши иртиботот, омили муҳимме дар хунсо кардани тавтеаҳои душманони ду миллат хоҳад буд”.

16 December 2018

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, устони Хуросони Ҷанубиро устоне мӯъминхез ва олимпарвар хонданд ва бо таҷлил аз собиқаи ҳузури пуршӯр ва муассири мардуми ин устон дар наҳзати “Инқилоби исломӣ” ва “Дифоъи муқаддас”, гуфтанд: “Имрӯз бузургдошти шаҳидон аз беҳтарин ва шарифтарин корҳо аст ва кишвар ба он эҳтиёҷ дорад.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба таҳоҷуми хатири душманон дар масоили маънавӣ, афзуданд: “Албатта рӯйишҳои инқилоб дар саросари кишвар маҳсус аст ва бо талош ва густариши ин рӯйишҳо, душман дар таҳоҷум ба маънавиёт низ ҳамчун ҷанги сахт, шикаст хоҳад хӯрд.”

Эшон бо таъкид бар лузуми баргузории бокайфияти бузургдошти шаҳидон ва сабту забти хотирот ва шарҳи аҳволи онон, гуфтанд: “Шаҳидони азиз дар замони ҳаёташон бо ҷони худ вориди майдони дифоъ шуданд, ва имрӯз бо ҳувият ва маънавияти худ аз кишвар ва ислом дифоъ мекунанд, бинобар ин, дифоъи муқаддас тамомшуданӣ нест ва як ҳақиқати дар ҳоли пешрафт аст.”

KHAMENEITJ.INFO

2 December 2018

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Қазияи марҳум Мирзокӯчаки Ҷангалӣ як қазияи вижа аст; агарчи, ки дар он давраи хос –яъне дар давраи фосилаи байни машрутият ва сари кор омадани Ризохон- ҳаводиси гуногуне дар кишвар ба вуҷуд омада ва ҳамзамон бо наҳзати Ҷангал, чанд кори бузурги дигар ҳам дар гӯша ва канори кишвар –мисли марҳум Шайх Муҳаммади Хиёбонӣ дар Табрез, ё колонел Муҳаммадтақихони Писён дар Машҳад- иттифоқ афтода, ки инҳо ҳама тақрибан ҳамзамон аст. Локин қазияи ҷангал як қазияи вижааст. Хуб мо қазоёи Табрезро ва ҳузури марҳум Шайх Муҳаммади Хиёбонӣ ва инҳоро хуб медонем дигар, ҳам дар торих навишта шуда ва ҳам қазоёи хусусӣ ва иттилоотии зиёде дорем, аммо он ранги мардумӣ ва наҷобате, ки дар кори марҳум Мирзо Кӯчакхони Ҷангалӣ ҳаст, дар ҳеч кадом аз ин ду се кори дигаре, ки ҳамзамон дар он давра иттифоқ уфтод дар сартосари Эрон, назир надорад. Мирзо Кӯчак –ҳаминтавр, ки ишора кардед- як рӯҳонӣ аст, як талаба аст. Албатта ман шунида будам, нақл шуд барои мо аз солҳо пеш, ки эшон марҳуми Мирзои Шерозиро дарк карда, локин хеле боваркарданӣ нест. Инро марҳуми падарам нақл мекард аз марҳум Оқо Сайидалиакбари Маръашӣ –ки шавҳари хоҳари падари мо буд, яъне боҷаи марҳум Шайх Муҳаммади Хиёбонӣ буд- ки ӯ аз бузургони уламое буд, ки мунзавӣ буд дар Теҳрон; ӯ гуфта буд, ки Мирзо Кӯчакхон дарси Мирзои Шерозиро дарк карда. Ба назарам намеояд ин хеле қобили таъйид бошад, зеро, ки синни Мирзо Кӯчак дар вақте, ки Мирзои Шерозӣ аз дунё рафта, 14-15 сол бештар набуда, баъид ба назар мерасад, ки эшон тавониста бошад дарк кунад марҳуми Мирзои Шерозиро; локин дар ин ки талаба буда, дар ин ки рӯҳонӣ буда, ҳеч шакке нест; дар ҳавзаи худи Рашт, бузургоне ҳам дар он вақт будаанд, ки метавониста аз онҳо истифода кунад, дар ин ҳеч тардиде нест. Бинобар ин маншаъи ҳаракати Мирзо Кӯчакхон саддарсад динӣ ва эътиқодӣ аст.

Рафтори ӯ ҳам як рафтори динӣ ва эътиқодӣ аст, яъне инсон мушоҳида мекунад бо ин ки дар даруни ташкилоти худашон мухолифине дошт, баъзе аз ақшори гуногуни мумтоз ҳам бо ӯ мухолифат мекарданд, аммо марҳум Мирзо Кӯчак дар бархӯрд бо инҳо комилан ҳудуди шаръиро риоят мекарда ва аҳли даргирӣ бо дохил набуда. Масалан касоне буданд, ки мухолифатҳои эътиқодӣ бо эшон доштанд; ҳамроҳони эшон –он ифротиҳо- мегуфтанд инҳоро бизанем саркӯб кунем! Мирзо Кӯчак намегузошта, ҷилави инҳоро мегирифта ва монеъ мешуда аз ин ки ин корро бикунанд; яъне рафтор ҳам як рафтори динӣ аст.

Ва ҳаракат, як ҳаракати саддарсад исломӣ ва эронӣ аст. Хуб он замон –медонед дигар- он ғавғои наҳзати морксистӣ ва ташкили СССР ва ҳаёҳӯе, ки дар дунё ва дар байни миллатҳо роҳ афтода буд ва ҷозибае, ки барои баъзе аз миллатҳо ба вуҷуд оварда буд, табъан як иддаеро маҷзуби худаш карда буд ва гирдупеши эшон ҳам аз ин тариқ ба эшон хиёнат карданд; локин ин мард, ҳам ба хотири пойбандиаш ба ислом, ҷазби тафаккури морксистӣ нашуд ва рад кард ба таври сареҳ ва қотеъ он назарияро –бо ин ки ҷузви наздиктаринҳое, ки бо ӯ аз аввал ҳамроҳ буданд, гароиш пайдо карданд; албатта онҳо ҳам ноком аз дунё рафтанд, ҳечкадоми онҳо ҳам хайре аз ин зиндагӣ надиданд ва аз он ҷараёни болшевик ҳеч хайр ва таҷовуби ҷавонмардонае мушоҳида накарданд- ва мухолифат кард, ҳам бо аҷнабӣ мухолиф буд; яъне чун сиёсате буд, ки аз тарафи аҷнабиҳо буд, бо ин ки инҳо муқобилаашон бо дастгоҳҳои ҳоким мисли Ангилис ва русҳои қазоқ ва монанди инҳо буд, аммо дар айни ҳол ба он тараф ҳам ҷазб нашуд; истиқлолро ҳифз кард. Як намунаи хеле барҷастае аст Мирзо Кӯчакхон; Худованд иншоаллоҳ дараҷоташро олӣ кунад.

Кори шумо ҳам бо ин аҳдофе, ки зикр кардед ва бо тартибе, ки гуфтед бисёр кори хубе аст. Албатта китоб дар бораи Мирзо Кӯчак зиёд навишта шуда. Хушбахтона ин мард мӯҷиб шуда, ки бар хилофи дигар касоне, ки дар ин сиротҳои муборизот ва монанди инҳо ворид шуданд, исмаш сари забонҳо бошад ва ҳама бишносанд ӯро, дар ҳоле, ки хеле аз ин касонеро, ки ман ишора кардам мардум намешиносанд аслан ва исмашонро ҳам -баъзеҳоро- нашунидаанд, локин эшон дар байни мардум шинохта шудааст, китоб дар борааш навишта шуда. Саъй бишавад як кори ҷомеъ ва дорои нукта –нуктаҳои асосии зиндагии ӯ- ба вуҷуд биёяд, то иншоаллоҳ чеҳраи ӯ бештар дар байни мардуми мо, ҷавонҳои мо шинохта бишавад.

Бале як воҳиди миниотуриро эшон аз низоми исломӣ ва Ҷумҳурии Исломиро дар Рашт ва дар ҳамон маҳдудаи хосси худаш -Гелон- ба вуҷуд оварда. Аз шумо дӯстоне, ки дар ин замина кор мекунед муташаккирем, ва мехоҳем ҳам, ки ҳамкорони давлатӣ ва масъулини таблиғотӣ ва монанди инҳо бо шумо ҳамкорӣ кунанд, ва кӯмак кунанд иншоаллоҳ ин кор ба беҳтарин ваҷҳе тамом бишавад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

1 December 2018

Дар ҳамин Теҳрон, раиси яке аз кишварҳои маъруфи минтақа –ки дигар намехоҳам исм биёварам; яке аз кишварҳои тақрибан пешрафтаи Осиё, ки воқеъан пешрафтҳои иқтисодии хеле хубе дошт ва рушди болои иқтисодӣ дошт- ҳудуди 12 сол, 13 сол қабл аз ин, инҷо омад ва бо банда мулоқот кард; он вақте буд, ки он зилзилаи иқтисодии бузург дар кишварҳои Шарқи Осиё ба вуҷуд омада буд; ин (фард) раиси яке аз ҳамон кишварҳо буд. Омад паҳлӯи ман; вориди утоқ, ки шуд, ҷузви аввалин калимоташ ин буд, ки гуфт “мо дар як шаб гадо шудем”. Иқтисод вақте вобастаи ба сармоя ва иродаи як сармоядори яҳудӣ ва ғарбӣ ва амрикоӣ аст, интавр мешавад. Як кишвари сарипои бонашоти иқтисодӣ ва дорои рушди иқтисодии боло, раисаш ба ман мегӯяд, ки мо дар як шаб гадо шудем! Такя ба хориҷ ин аст.

Баёноти Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар дидор бо мардуми Озарбойҷони Шарқӣ (1396.11.29)

KHAMENEITJ.INFO

30 July 2018

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи якшанбе (22/07/2018) тайи дидоре, ба нақшаи шуми Амрико ва “режими саҳюнистӣ” таҳти унвони “муомилаи аср” барои Фаластин ва Қудси Шариф ишора кардандва фармуданд: “Яҳудисозии Фаластин хоби ошуфтае аст, ки дидаанд; на он иттифоқ меуфтад на муомилаи қарн.”

Порлумони “режими саҳюнистӣ” чанд рӯз пеш, қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он, ҳаққи таъйини сарнавишт аз мусалмонон ва масеҳиёни фаластинии сокини сарзаминҳои ишғолӣ салб ва ин ҳақро танҳо дар ихтиёри яҳудиён қарор хоҳад дод. Ин қонун дар ҳоле тасвиб шуд, ки алорағми маҳкумиятҳои байналмилалӣ, режими мутаҷовизи “Исроил” барои тавсеъаи шаҳраксозиҳои худ, рӯзона манотиқе аз хоки Фаластинро ба манзури яҳудисозии Фаластин ва Қудси Шариф мусодира мекунад.

Ҳамзамон бо ин тарҳ, Амрико тарҳи ғайрирасмии худро барои оғози фароянди “оддисозии равобити ишғолгарон ва фаластиниён” таҳти унвони “муомилаи қарн” пеш мебарад, ки ҳадаф аз он таҳкими тарҳи яҳудисозии сарзаминҳои Фаластин аст.

 

KHAMENEITJ.INFO

All rights reserved This website is owned 2017