this is a title for here

 

 Матни комили васиятномаи Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ

  Operator 14 February 2020 126 Read

Матни комили васиятномаи сардори сипаҳбуд Шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар 40-умин рӯзи шаҳодати эшон мунташир шуд.

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Шаҳодат медиҳам ба усули дин

اشهد أن  لا اله الا الله و اشهد أنّ محمداً  رسول الله و اشهد أنّ امیرالمؤمنین علی‌بن ابی‌طالب و اولاده المعصومین اثنی‌عشر ائمّتنا و معصومیننا حجج الله.

Шаҳодат медиҳам, ки Қиёмат ҳақ аст, Қуръон ҳақ аст, Биҳишту Ҷаҳанам ҳақ аст, саволу ҷавоб ҳақ аст, Маод, Адл, Имомат, Набувват ҳақ аст.

Худоё! Туро сипос мегӯям ба хотири неъматҳоят

Худовандо! Туро сипос, ки маро сулб ба сулб, қарн ба қарн, аз сулбе ба сулбе мунтақил кардӣ ва дар замоне иҷозати зуҳур ва вуҷуд додӣ, ки имкони дарки яке аз барҷастатарини авлиёъатро, ки қарин ва қариби маъсумин аст, абди солеҳат Хумайнии Кабирро дарк кунам ва сарбози рикоби ӯ шавам. Агар тавфиқи саҳобаи Расули Аъзамат Муҳаммади Мустафо (с)-ро надоштам ва агар бебаҳра будам аз давраи мазлумияти Алӣ ибни Абитолиб ва фарзандони маъсум ва мазлумаш, маро дар ҳамон роҳе қарор доди, ки онҳо дар ҳамон масир, ҷони худро, ки ҷони ҷаҳон ва хилқат буд, тақдим карданд.

Худовандо! Туро шукргузорам, ки пас аз абди солеҳат Хумайнии азиз, маро дар масири абди солеҳи дигаре, ки мазлумияташ аъзам аст бар солеҳияташ, марде, ки ҳакими имрӯзи Ислом ва Ташайюъ ва Эрон ва ҷаҳони сиёсии ислом аст, Хоманаии азиз –ки ҷонам фидои ҷони ӯ бод- қарор додӣ.

Парвардигоро! Туро сипос, ки маро бо беҳтарин бандагонат дар ҳам омехтӣ ва дарки бӯса бар гунаҳои биҳиштии онон ва истишмоми бӯи атри илоҳии ононро –яъне муҷоҳидин ва шаҳидони ин роҳ- ба ман арзонӣ доштӣ.

Худовандо! Эқ Қодири Азиз ва эй Раҳмони Раззоқ, пешонии шукри шарм бар остонат месоям, ки маро дар масири Фотимаи Атҳар ва фарзандонаш дар мазҳаби ташайюъ, атри ҳақиқии ислом, қарор доди ва маро аз ашки бар фарзандони Алӣ ибни Абитолиб ва Фотимаи Атҳар баҳраманд намудӣ; чӣ неъмати узмое, ки болотарин ва арзишмандтарин неъматҳоят аст; неъмате, ки дар он нур аст, маънавият, беқарорӣ, ки дар даруни худ болотарин қарорҳоро дорад, ғаме, ки оромиш ва маънавият дод.

Худовандо, туро сипос, ки маро аз падару модари фақир, аммо мутадайин ва ошиқи Аҳлибайт ва пайваста дар масири покӣ баҳраманд намудӣ. Аз ту оҷизона мехоҳам онҳоро дар биҳиштат ва бо авлиёъат қарин кунӣ ва маро дар олами охират аз дарки маҳзарашон баҳраманд фармо.

Худоё! Ба афви ту умед дорам

Эй Худои азиз ва эй Холиқи Ҳакими Беҳамто! Дастам холӣ аст ва кулапуштии сафарам холӣ, ман бидуни баргу тӯшае ба умеди зиёфати афву карами Ту меоям. Ман тӯшае барнагирифтаам; чун фақирро дар назди карим чӣ ҳоҷате аст ба тӯша ва барг?!

Соруқ, чорқум пур аст аз умед ба Ту ва фазлу карами Ту; ҳамроҳи худ ду чашми баста овардаам, ки сарвати он дар канори ҳамаи нопокиҳо, як захираи арзишманд дорад ва он гавҳари ашк бар Ҳусайни Фотима аст; гавҳари ашк бар Аҳлибайт аст; гавҳари ашки дифоъ аз мазлум, ятим, дифоъ аз маҳсури мазлум дар чанги золим.

Худовандо! Дар дастони ман чизе нест; на барои арза чизе доранд ва на қудрати дифоъ доранд, аммо дар дастонам чизеро захира кардаам, ки ба ин захира умед дорам ва он равон будани пайваста ба самти ту аст. Вақте онҳоро ба самтат баланд кардам, вақте онҳоро бароят бар замину зону гузордам, вақте силоҳро барои дифоъ аз динат ба даст гирифтам; инҳо сарвати дасти ман аст, ки умед дорам қабул карда бошӣ. Худовандо! Поҳоям суст аст, рамақ надорад, ҷуръати убур аз пулле, ки аз ҷаҳаннам убур мекунад, надорад. Ман дар пули оддӣ ҳам поҳоям меларзад, вой бар ман ва Сироти Ту, ки аз мӯ нозуктар аст ва аз шамшер буррандатар; аммо як умеде ба ман навид медиҳад, ки мумкин аст наларзам, мумкин аст наҷот пайдо кунам. Ман бо ин поҳо дар ҳарамат по гузордаам даври хонаат чархидаам ва дар ҳарами авлиёъат дар Байнулҳарамани Ҳусайн ва Аббосат онҳоро бириҳна давондам ва ин поҳоро дар сангарҳои тӯлонӣ, хамида ҷамъ кардам ва дар дифоъ аз динат давидам, ҷаҳидам, хазидам, гиристам, хандидам ва хандондам ва гиристам ва гирёндам; афтодам ва баланд шудам. Умед дорам он ҷаҳиданҳо ва хазиданҳо ва ба ҳурмати он ҳаримҳо, онҳоро бибахшӣ.

Худовандо! Сари ман, ақли ман, лаби ман, гӯши ман, қалби ман, ҳамаи аъзо ва ҷавореҳам дар ҳамин умед ба сар мебаранд; Ё Арҳамар-роҳимин! Маро бипазир; покиза бипазир; ончунон бипазир, ки шоистаи дидорат шавам. Ҷуз дидори Туро намехоҳам, биҳишти ман ҷивори Туст, Ё Аллоҳ!

Худоё! Аз корвони дӯстонам ҷомондаам

Худованд, эй Азиз! Ман солҳо аст аз корвоне ба ҷо мондаам ва пайваста касонеро, ба сӯи он равона мекунам, аммо худ ҷо мондаам, аммо Ту худ медонӣ, ҳаргиз натавонистамонҳоро аз ёд бибарам. Пайваста ёди онҳо, номи онҳо, на дар зеҳнам балки дар қалбам ва дар чашмам, бо ашку оҳ ёд шуданд.

Азизи ман! Ҷисми ман дар ҳоли алил шудан аст. Чигуна мумкин аст касе, ки 40 сол бар дарат истодаастро напазирӣ? Холиқи ман, маҳбуби ман, ишқи ман, ки пайваста аз Ту хостам саросари вуҷудамро пур аз ишқи ба худат куниӣ; маро дар фироқи худ бисӯзон ва бимирон.

Азизам! Ман аз беҷоқарорӣ ва расвомоондагӣ, сар ба биёбонҳо гузордаам; ман ба умеде аз ин шаҳр ба он шаҳр ва аз ин саҳро ва он саҳро дар зимистон ва тобистон меравам. Карим, Ҳабиб, ба карамат дил бастаам, Ту худ медони дӯстат дорам. Хуб медонӣ ҷуз туро намехоҳам. Маро ба худат муттасил кун.

Худоё ваҳшат ҳамаи вуҷудамро фаро гирифтааст. Ман қодир ба маҳори нафси худ нестам, расвоям накун. Маро ба ҳурмати касоне, ки ҳурматашонро бар худат воҷиб кардаӣ, қабл аз шикастани ҳариме, ки ҳурми онҳоро хадшадор мекунад, маро ба қофилае, ки ба сӯят омаданд, муттасил кун.

Маъбуди ман, Ишқи ман ва Маъшуқи ман, дӯстат дорам. Борҳо туро дидам ва ҳис кардам, наметавонам аз Ту ҷудо бимонам. Бас аст, бас. Маро бипазир, аммо ончунон, ки шоистаи Ту бошам.

Хитоб ба бародарон ва хоҳарони муҷоҳидам...

Хоҳарон ва бародарони муҷоҳидам дар ин олам, эй касоне, ки сарҳои худро барои Худованд ория додаед ва ҷонҳоро бар кафи даст гирифта ва дар бозори ишқбозӣ ба суқи фурӯш омадаед, иноят кунед: Ҷумҳурии Исломӣ, маркази ислом ва ташайюъ аст.

Имрӯз қароргоҳи Ҳусайн ибни Алӣ, Эрон аст. Бидонед Ҷумҳурии Исломӣ ҳарам аст ва ин ҳарам агар монд, дигар ҳарамҳо мемонанд. Агар душман, ин ҳарамро аз байн бурд, ҳараме боқӣ намемонад, на ҳарами иброҳимӣ ва на ҳарами муҳаммадӣ (с).

Бародарон ва хоҳаронам! Ҷаҳони ислом пайваста ниёзманди раҳбаре аст; раҳбаре муттасил ба ва мансуби шаръӣ ва фиқҳии маъсум. Хуб медонед муназзаҳтарин олими дин, ки ҷаҳонро такон дод исломро эҳё кард, яъне Хумайнии бузург ва поки мо, вилояти фақеҳро танҳо нусхаи наҷотбахши ин уммат қарор дод; лизо чи шумо, ки ба унвони шиъа ба он эътиқоди динӣ доред ва чи шумо ба унвони суннӣ эътиқоди ақлӣ доред, бидонед бояд ба дур аз ҳаргуна ихтилоф, барои наҷоти ислом хаймаи вилоятро раҳо накунед. Хайма, хаймаи Расулуллоҳ аст. Асоси душмании ҷаҳон бо Ҷумҳурии Исломӣ, оташ задан ва вайрон кардани ин хайма аст, даври он бичархед. Валлоҳ валлоҳ валлоҳ ин хайма агар осеб дид, Байтуллоҳил-ҳаром ва Мадина ҳарами Расулуллоҳ ва Наҷаф, Карбало, Козимайн, Сомирро ва Машҳад боқӣ намемонад; Қуръон осеб мебинад.

Хитоб ба бародарон ва хоҳарони эронӣ

Бародарон ва хоҳарони азизи эронии ман, мардуми пур ифтихор ва сарбаланд, ки ҷони ман ва амсоли ман, ҳазорон бор фидои шумо бод, камо ин ки шумо садҳо ҳазор ҷонро фидои ислом ва Эрон кардед; аз усусл муроқибат кунед, усул яъне Валии Фақеҳ, хусусан ин Ҳаким, Мазлум, Вораста дар диин, Фиқҳ, Ирфон, Маърифат; Хоманаии азизро ҷони худ бидонед, ҳурмати ӯро муқаддасот бидонед.

Бародарон ва хоҳарон, падарон ва модарон, азизони ман!

Ҷумҳурии Исломӣ, имрӯз сарбаландтарин давраи худро тай мекунад. Бидонед муҳим нест, ки душман чӣ нигоҳе ба шумо дорад, душман ба Паёмбари шумо чӣ нигоҳе дошт ва душманон чигуна бо Паёмбари Худо ва авлодаш амал карданд, чӣ иттиҳомоти ба ӯ заданд, чигуна бо фарзандони мутаҳҳари ӯ амал карданд? Мазаммати душманон ва шамотати онҳо ва фишори онҳо, шуморо дучори тафриқа накунад.

Бидонед, ки медонед муҳимтарин ҳунари Хумайнии азиз ин буд, ки аввал исломро ба пуштвонаи Эрон овард ва сипас Эронро дар хидмати ислом қарор дод. Агар ислом набуд ва агар риҳ исломӣ бар ин миллат ҳоким набуд, Саддом чун гурги дарандае ин кишварро медаред; Амрико чун саги ҳоре ҳамин амалро мекард, аммо ҳунари Имом ин буд, ки исломро пуштвона овард; Ошӯро ва муҳаррам, сафр ва фотимияро ба пуштвонаи ин миллат овард, инқилобҳое дар инқилоб эҷод кард, ба ин далел дар ҳар давра ҳазорон фидокор ҷони худро сипари шумо ва миллати Эрон ва хоки Эрон ва ислом намудаанд ва бузургтарин қудратҳои моддиро залили худ намудаанд. Азизонам, дар усул ихтилоф накунед.

Шуҳадо, меҳвари иззат ва каромати ҳамаи мо ҳастанд; на барои имрӯз, балки ҳамеша инҳо ба дарёи васеъи Худованди Субҳон иттисол ёфтаанд. Онҳоро дар чашм, дил ва забони худ бузург бибинед, ҳамонгуна, ки ҳастанд. Фарзандонатонро бо номи онҳо ва тасовири онҳо ошно кунед. Ба фарзандони шуҳадо, ки ятимони ҳамаи шумо ҳастанд, ба чашми адаб ва эҳтиром бингаред. Ба ҳамсарон ва падарон ва модарони онон эҳтиром кунед, ҳамонгуна, ки аз фарзандони худ бо иғмоз мегузаред, онҳоро дар набуди падарон, модарон, ҳамсарон ва фарзандони худ таваҷҷӯҳи хос кунед.

Нерӯҳои мусаллаҳи худро, ки имрӯз Валии Фақеҳ фармондеҳи онон аст, барои дифоъ аз худатон, мазҳабатон, ислом ва кишвар эҳтиром кунед ва нерӯҳои мусаллаҳ мебоист ҳамонанди дифоъ аз хонаи худ, аз миллат ва навомис ва ирзи он ҳифозат ва ҳимоят ва адаб ва эҳтиром кунанд ва нисбат ба миллат ҳамонгуна, ки Амирул-мӯъминин Мавлои муттақиён фармуд, нерӯҳои мусаллаҳ мебоист маншаъи иззати миллат бошад ва қалъа ва паноҳгоҳи мустазъафин ва мардум бошад ва зинати кишвараш бошад.

Хитоб ба мардуми азизи Кирмон...

Нуктае ҳам хитоб ба мардуми азизи Кирмон дорам; мардуме, ки дӯстдоштанианд ва дар тӯли 8 сол дифоъи муқаддас болотарин фидокориҳоро анҷом доданд ва сардорон ва муҷоҳидини бисёр воломақомеро тақдими ислом намуданд. Ман ҳамеша шармандаи онҳо ҳастам. Ҳашт сол ба хотири ислом ба ман эътимод карданд; фарзандони худро дар қатлгоҳҳо ва ҷангҳои шадиде чун Карбалои 5, Валфаҷри 8, Тариқул-Қудс, Фатҳул-мубин, Байтул-муқаддас ва... равона карданд ва лашкари бузург ва арзишмандро ба номи ва ба ишқи Имоми мазлум Ҳусайн ибни Алӣ ба номи Сораллоҳ, бунёнгузорӣ карданд. Ин лашкар ҳамчун шамшери бурранда, борҳо қалби миллатамон ва мусалмонҳоро шод намуд ва ғамро аз чеҳраи онҳо задуд. Азизон! ман бино ба тақдири илоҳӣ имрӯз аз миёни шумо рафтаам. Ман шуморо аз падар ва модарам ва фарзандон ва хоҳарон ва бародарон худ бештар дӯст дорам, чун бо шумо бештар аз онҳо будам; зимни ин ки ман поратани онҳо будам ва онҳо пораи вуҷуд ман, аммо онҳо ҳам қабул карданд ман вуҷудамро назри вуҷуди шумо ва миллати Эрон кунам.

Дӯст дорам Кирмон ҳамеша ва то охир бо вилоят бимонад. Ин вилоят, вилояти Али ибни Абитолиб аст ва хаймаи ӯ хаймаи Ҳусайни Фотима аст, даври он бигардед. Бо ҳамаи шумо ҳастам. Медонед дар зиндагӣ ба инсоният ва отифаҳо ва фитратҳо бештар аз рангҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳ кардам. Хитоби ман ба ҳамаи шумо аст, ки маро аз худ медонед, бародари худ ва фарзанди худ медонед.

Васият мекунам исломро дар ин бурҳа, ки тадоъиёфта дар Инқилоби Исломӣ ва Ҷумҳурии Исломӣ аст, танҳо нагузоред. Дифоъ аз ислом ниёзманди ҳушмандӣ ва таваҷҷӯҳи хос аст. Дар масоили сиёсӣ онҷо, ки баҳси Ислом, Ҷумҳурии Исломӣ, Муқаддасот ва Вилояти Фақеҳ матраҳ мешавад, инҳо ранги Худо ҳастанд; ранги Худоро бар ҳар ранге тарҷеҳ диҳед.

Хитоб ба хонаводаи шуҳадо...

Фарзандонам, духтарон ва писаронам, фарзандони шуҳадо, падарон ва модарони боқимонда аз шуҳадо, эй чароғҳои фурӯзони кишвари мо, хоҳарон ва бародарон ва ҳамсарони вафодор ва мутадайинаи шуҳадо! Дар ин олам, савте, ки рӯзона ман мешунидам ва маънус бо он будам ва ҳамчун савти Қуръон ба ман оромиш медод ва бузургтарин пуштвонаи маънавии худ медонистам, садои фарзандони шуҳадо буд, ки баъзан рӯзона бо он маънус будам; садои падар ва модари шуҳадо буд, ки вуҷуди модар ва падарамро дар вуҷудшон эҳсос мекардам.

Азизонам! То пешкисватони ин миллатед, қадри худатонро бидонед. Шаҳидатонро дар худтон ҷилвагар кунед, ба тавре, ки ҳар кас шуморо мебинад, падари шаҳид ё фарзанди шаҳидро, биъайна худи шаҳидро эҳсос кунад, бо ҳамон маънавият, салобат ва хусусият.

Хоҳиш мекунам маро ҳалол кунед ва афв намоед. Ман натавонистам ҳаққи лозимро перомуни хеле аз шумоҳо ва ҳатто фарзандони шаҳидатон адо кунам, ҳам истиғфор мекунам ва ҳам талаби афв дорам.

Дӯст дорам ҷанозаамро фарзандони шуҳадо бар дӯш гиранд, шояд ба баракати исобати дастони поки онҳо бар ҷасадам, Худованд маро мавриди иноят қарор диҳад.

Хитоб ба сиёсиюни кишвар...

Нуктае кӯтоҳ хитоб ба сиёсиюни кишвар дорам: чӣ онҳое [,ки] ислоҳталаб худро меноманд ва чӣ онҳое, ки усулгаро. Ончи пайваста дар ранҷ будам ин ки умуман мо дар ду мақтаъ, Худо ва Қуръон ва арзишҳоро фаромӯш мекунем, балки фидо мекунем. Азизон, ҳар рақобате бо ҳам мекунед ва ҳар ҷадале бо ҳам доред, аммо агар амали шумо ва каломи шумо ё мунозираҳоятон ба наҳве тазъифкунандаи дин ва инқилоб буд, бидонед шумо мағзуби Набии Мукаррами Ислом ва шуҳадои ин роҳ ҳастед; марзҳоро тафкик кунед. Агар мехоҳед бо ҳам бошед, шарти бо ҳам будан, тавофуқ ва баёни сареҳ ҳавли усул аст. Усул, мутаввал ва муфассал нест. Усул иборат аз чанд асли муҳим аст:

Аввали онҳо, эътиқоди амалӣ ба Вилояти Фақеҳ аст; яъне ин ки насиҳати ӯро бишинавед, бо ҷон ва дил ба тавсия ва тазаккуроти ӯ ба унвони табиби ҳақиқии шаръӣ ва илмӣ, амал кунед. Касе, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ мехоҳад масъулиятеро иҳроз кунад, шарти асосии он [ин аст, ки] эътиқоди ҳақиқӣ ва амалӣ ба Вилояти Фақеҳ дошта бошад. Ман на мегӯям вилояти танурӣ ва на мегӯям вилояти қонунӣ; ҳеҷ як аз ин ду, мушкили ваҳдатро ҳал намекунад; вилояти қонунӣ, хосси оммаи мардум аъамми аз мусалмон ва ғайримусалмон аст, аммо вилояти амалӣ махсуси масъулин аст, ки мехоҳанд бори муҳими кишварро бар дӯш бигиранд, он ҳам кишвари исломӣ бо ин ҳама шаҳид!

Эътиқоди ҳақиқӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ ва ончи мабнои он будааст; аз ахлоқ ва арзишҳо то масъулиятҳо; чӣ масъулият дар қиболи миллат ва чӣ дар қиболи ислом.

Ба коргирии афроди покдаст ва мӯътақид ва хидматгузори ба миллат, на афроде, ки ҳатто агар ба мизи як деҳистон ҳам бирасанд хотираи хонҳои собиқро ба ёд меоваранд.

Муқобила бо фасод ва дурӣ аз фасод ва таҷаммулотро шеваи худ қарор диҳанд.

Дар давраи ҳукумат ва ҳокимияти худ дар ҳар масъулияте, эҳтиром ба мардум ва хидмат ба ононро ибодат бидонанд ва худ хидматгузори воқеӣ, тавсеагари арзишҳо бошанд, на бо тавҷеҳоти воҳӣ, арзишҳоро бойкот кунанд.

Масъулин ҳамонанди падарони ҷомеа мебоист ба масъулияти худ перомуни тарбият ва ҳиросат аз ҷомеа таваҷҷӯҳ кунанд, на бо бемуболотӣ ва ба хотири эҳсосот ва ҷалби бархе аз орои эҳсосии зудгузар, аз ахлоқиёте ҳимоят кунанд, ки талоқ ва фасодро дар ҷомеа тавсеа диҳад ва хонаводаҳоро аз ҳам бипошонад. Ҳукуматҳо омили аслӣ дар истеҳкоми хонавода ва аз тарафи дигар омили муҳимми аз ҳам пошидани хонавода ҳастанд. Агар ба усул амал шуд, он вақт ҳама дар масири раҳбар ва инқилоб ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд ва як рақобати саҳеҳ бар пояи ҳамин усул барои интихоби аслаҳ сурат мегирад.

Хитоб ба бародарони сипоҳӣ ва артишӣ...

Каломе кӯтоҳ хитоб ба бародарони сипоҳии азиз ва фидокор ва артишиҳои сипоҳӣ дорам: милоки масъулиятҳоро барои интихоби фармондеҳон, шуҷоат ва қудрати идораи бӯҳрон қарор диҳед. Табиӣ аст ба вилоят ишора намекунам, чун вилоят дар нерӯҳои мусаллаҳ ҷузъ нест, балки асоси бақои нерӯҳои мусаллаҳ аст, ин шарт халалнопазир мебошад.

Нуктаи дигар, шинохти бамавқеъ аз душман ва аҳдоф ва сиёсатҳои ӯ ва ахзи тасмими бамавқеъ ва амали бамавқеъ; ҳар як аз инҳо агар дар ғайри вақти худ сурат гирад, бар пирӯзии шумо асари ҷиддӣ дорад.

Хитоб ба уламо ва мароҷеъи муаззам...

Сухане кӯтоҳ аз як сарбози 40-сола дар майдон, ба уламои азимуш-шаън ва мароҷеъи гаронқадр, ки мӯҷиби рӯшноии ҷомеа ва сабаби задудани торикиҳо ҳастанд, хусусан мароҷеъи изоми тақлид; сарбозтон аз як бурҷи дидабонӣ, дид, ки агар ин низом осеб бибинад, дин ва ончи аз арзишҳои он шумо дар ҳавзаҳо устахон хурд кардаед ва заҳмат кашидаед, аз байн меравад.

Ин давраҳо бо ҳама давраҳо мутафовит аст, ин бор агар мусаллат шуданд, аз ислом чизе боқӣ намемонад. Роҳи саҳеҳ, ҳимояти бидуни ҳаргуна мулоҳиза аз инқилоб, Ҷумҳурии Исломӣ ва Валии Фақеҳ аст.

Набояд дар ҳаводис, дигарон шуморо, ки умеди ислом ҳастед ба мулоҳиза биандозанд. Ҳамаи шумо Имомро дӯст доштед ва мӯътақид ба роҳи ӯ будед. Роҳи Имом мубориза бо Амрико ва ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломӣ ва мусалмонони таҳти ситами истикбор, таҳти парчами Валии Фақеҳ аст.

Ман бо ақли ноқиси худ медидам бархе ханносон саъй доштанд ва доранд, ки мароҷеъ ва уламои муассир дар ҷомеаро бо суханони худ ва ҳолати ҳаққбаҷонибӣ ба сукут ва мулоҳиза бикашонанд. Ҳақ возеҳ аст; Ҷумҳурии Исломӣ ва арзишҳо ва Вилояти Фақеҳ мероси Имом Хумайнӣ (р) ҳастанд ва мебоист мавриди ҳимояти ҷиддӣ қарор гиранд. Ман ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаиро хеле мазлум ва танҳо мебинам. Ӯ ниёзманди ҳамроҳӣ ва кӯмаки шумост ва шумо ҳазарот бо баёнатон ва дидорҳоятон ва ҳимоятҳоятон бо эшон мебоист ҷомеаро ҷиҳат диҳед. Агар ин инқилоб осеб дид, ҳатто замони Шоҳи Малъун ҳам нахоҳад буд, балки саъйи истикбор бар илҳодгарии маҳз ва инҳирофи амиқи ғайри қобили баргашт хоҳад буд.

Дасти муборакатонро мебӯсам ва узрхоҳӣ мекунам аз ин баён, аммо дӯст доштам дар шарафёбиҳои ҳузурӣ ба маҳзаратон арз кунам, ки тавфиқ ҳосил нашуд.

Сарбозтон ва дастбӯстон

Аз ҳама талаби афв дорам

Аз ҳамсоягонам ва дӯстонм ва ҳамкоронпм талабт бахшиш ва афв дорам. Аз размпндагонт лашкарт Сораллоҳ ва Нерӯи боазамати Қудс, ки хори чашми душман ва садди роҳи ӯ аст, талаби бахшиш ва афв дорам; Хусусан аз касоне, ки бародарона ба ман кӯмак карданд.

Наметавонам аз Ҳусайни Пурҷаъфарӣ ном набарам, ки хайрхоҳона ва бародарона маро мисли фарзанде кӯмак мекард ва мисли бародаронам дӯсташ доштам. Аз хонаводаи эшон ва ҳамаи бародарони размнда ва муҷоҳидам, ки ба заҳмат андохтамашон узрхоҳӣ мекунам. Албатта ҳамаи бародарони Нерӯи Қудс ба ман муҳаббати бародарона дошта ва кӯмак карданд ва дӯсти азизам Сардор Қоонӣ, ки бо сабр ва митонат маро таҳаммул карданд.

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017