this is a title for here

 

 Имом Хоманаӣ: “Пизишкон дар ҳоли ҷиҳод дар роҳи Худо ҳастанд”

  Operator 3 March 2020 419 Read

Ба муносибати рӯзи дарахткорӣ ва ҳафтаи манобеи табиӣ, оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (сешанбе) ду ниҳоли мева шинонд ва дар бораи вазъияти Эрон дар даврони коронавирус суханони муҳиме гуфт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ сипас дар суханоне, кошти дарахтро ҳаракати бобаракат хонд ва дар хусуси бемории коронавирус дар Эрон, гуфт: Ҳамчунон ки чанд пеш аз пизишкон, парасторон ва маҷмӯаҳои дармонӣ самимона ташаккур кардам, лозим медонам бори дигар аз ин азизон, ки бо кори бисёр боарзиши худ дар ҳоли ҷиҳод дар роҳи Худо ҳастанд, ташаккур кунам. Ҳамчунин лозим медонам аз хонаводаҳои пизишкон, парасторон ва ҳамаи авомили дармонӣ, ки бо сабру таҳаммули худ дар канори талоши шабонарӯзии азизонашон ҳастанд, сипосгузорӣ кунам.

Эшон бо дуо барои офияти беморон ва ҳамчунин талаби раҳмат ва мағфирати илоҳӣ барои даргузаштагон аз ин беморӣ ва сабру оромиш барои бозмондагони онҳо, чанд тавсия хитоб ба мардум баён кард.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар риояти тавсияҳо ва дастуруламалҳои масъулон дар хусуси пешгирӣ аз олудагӣ, афзуд: Аз ин дастурҳо набояд сарпечӣ шавад, чунки Худованд моро вазифадор кардааст дар масъалаи саломати худ ва дигарон эҳсоси масъулият кунем, бинобарин ҳар чӣ ба саломат ҷомеа ва пешгирӣ аз ривоҷи ин беморӣ кӯмак кунад, писандида ва ҳар чӣ ба паҳн шудани он кӯмак кунад, кори бад ва нописанд аст.

Имом Хоманаӣ дар тавсияе дигар ҳамагонро ба тавассул ва рӯ овардан ба Парвардигор фаро хонду гуфт: Албатта ин бало ончунон бузург нест ва бузургтар аз он низ вуҷуд доштааст, аммо банда ба дуои бархоста аз дили пок ва софи ҷавонон ва афроди парҳезгор барои дафъи балоҳои бузург бисёр умедворам, чунки тавассул ба даргоҳи Худованд ва талаби шафоат аз Набии Мукаррами Ислом ва пешвоёни бузургавор метавонад бисёре аз мушкилотро бартараф кунад.

Эшон афзуданд: Дуои ҳафтуми Саҳифаи Саҷҷодия дуои бисёр хуб ва хушмазмунӣ аст, ки метавон бо ин алфози зебо ва бо таваҷҷӯҳ ба маонии он бо Парвардигор сухан гуфт.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ҳамаи дастгоҳҳои Эронро ба ҳамкорӣ ва дар ихтиёр қарор додани имконоти мавриди ниёзи Вазорати беҳдошт, ки дар саффи муқаддами муқобила бо беморӣ қарор дорад, тавсия карду гуфт: Неруҳои мусаллаҳ ва дастгоҳҳои муртабит бо дафтари раҳбарӣ низ ба анҷоми ин кор муваззаф шудаанд.

Эшон бо ишора ба даргир шудани кишварҳои зиёде дар дунё бо ин беморӣ, афзуданд: Масъулони мо аз рӯзи аввал бо сафо, садоқат ва шаффофият хабаррасонӣ карданд ва мардумро дар ҷараён қарор доданд, аммо бархе кишварҳои дигар, ки ин беморӣ дар онҳо шадидтар ва ҳамагиртар аст, пинҳонкорӣ мекунанд. Албатта мо барои он беморон низ аз Худованд талаб офият мекунем.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ, ҳодисаи падидомадаро масъалаи гузаро ва на фавқулода дониста гуфтанд: Албатта ман намехоҳам масъаларо хеле кӯчак фарз кунам, аммо онро хеле бузург ҳам накунем. Ин масъала муддате на чандон тӯлонӣ барои кишвар вуҷуд хоҳад дошт ва сипас рахт бармебандад, аммо таҷрибиёти ҳосил аз он ва фаъолияти мардум ва дастгоҳҳо, ки монанди як размоиши умумӣ аст, метавонад ба унвони як дастовард боқӣ бимонад.

Имом Хоманаӣ бо ишора ба иқдомоти писандида ва навъдӯстонаи бархе ҳамватанон монанд кӯмакҳои молӣ ва пахши василаҳои беҳдоштӣ афзуд: Ин корҳо бисёр хуб аст ва бо ҳифзи ин дастовардҳо, бало ба неъмат ва таҳдид ба фурсат табдил мешавад ва умедворем рӯзгори офияти комил барои миллати азизи Эрон наздик бошад.

All rights reserved This website is owned 2017