this is a title for here

 

 Имом Хоманаӣ: “Ҳама бидонанд, илоҷи ҳамаи мушкилот дар дохили кишвар аст”

  Operator 12 October 2020 1154 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ фармондеҳи муаззами кулли қуво субҳи имрӯз (душанбе) дар иртиботи тасвирӣ бо маросими муштараки донишомӯхтагии донишгоҳҳои афсарии нерӯҳои мусаллаҳ дар донишгоҳи афсарии Имом Алӣ (а), лозимаи ҳифзи иқтидор ва ҳувияти миллӣ ва таъмини манофеъи миллиро муҳосибаи саҳеҳ ва ақлонӣ аз таҳдидҳо ва зарфиятҳо дар масоили марбут ба “қудрати дифоъӣ”, “истеҳком ва суботи иқтисодӣ” ва “тавоноӣ ва қивоми фарҳангӣ” донистанд ва таъкид карданд: “Мушкилоти иқтисодӣ ва маъишатии мардум, ба шарти талоши шабонарӯзии масъулон ва мудирияти қавӣ, ҷомеъ ва хастанашудан ва тамаркуз бар тавлиди дохилӣ ва чашми умед надоштан ба хориҷ қобили ҳал ҳастанд ва сарусадоҳои арозили мусаллат бар Амрико ҳам набояд зеҳни касеро машғул кунад.”

Имом Хоманаӣ иҷрои маросими муштараки донишомӯхтагии донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳро фурсате барои истифода аз таҷориби якдигар ва ҳамафзоии бештар хонданд ва афзуданд: “Ҷавононе, ки дар донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳ таҳсил мекунанд дар воқеъ таъминкунандагон ва ҳофизони амният ба унвони як арзиши бисёр воло ва як унсури ҳаётӣ барои кишвар ҳастанд.”

Фармондеҳи кулли қуво бо ишора ба ироаи хадамоти мухталифи нерӯҳои мусаллаҳ ба миллат аз ҷумла имдодрасонӣ ва кӯмак дар ҳаводиси табиӣ ҳамчун сели Гулистон ва зилзилаи Сарпулизаҳоб ва арсаҳои беҳдоштӣ ва дармон ба вижа дар шароити кунунии бемории короно ва ҳамчунин нақшофаринӣ дар размоиши ҳамдилӣ ва кӯмакҳои мӯъминона хотирнишон карданд: “Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақиқатан нерӯҳои обрӯманд ва шарофатманд ҳастанд.”

Имом Хоманаӣ “қудрати дифоъӣ”, “истеҳком ва суботи иқтисодӣ” ва “тавоноӣ ва қивоми фарҳангӣ”-ро аркони иқтидори миллӣ баршумурданд ва гуфтанд: “Мабнои иқтидор дар Ҷумҳурии Исломӣ як мабнои ақлонӣ ва бар асоси муҳосиботи саҳеҳ ва мантиқӣ дар хусуси андозаи қудрати дифоъӣ, чигунагии тақсими кор байни нерӯҳои мусаллаҳ ва таъйини анвоъи абзорҳои дифоъӣ аст.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Барои таъмини манофеъи миллӣ ва ҳифзи мавҷудият ва ҳувияти миллӣ бояд муҳосиботи дақиқу мантиқӣ аз ҳадду андозаи воқеии таҳдидҳо ва ҳамчунин зарфиятҳо ва истеъдодҳои воқеии кишвар вуҷуд дошта бошад.”

Эшон таъкид карданд: “Қудрати дифоии баромада аз чунин муҳосиботи ақлонӣ мӯҷиб мешавад, ки масъулон ва мардум бо тумаънина ва оромиш машғули корҳои асосӣ шаванд.”

Имом Хоманаӣ ақлониятро ба маънои муҳосибае саҳеҳ донистанд ва гуфтанд: “Баъзеҳо исми ақлонияту ақлро меоваранд аммо манзурашон тарс, инфиъол ва фирор аз муқобили душман аст дар ҳоле, ки фирор кардан ва тарсидан, ақлоният нест.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Тарсуҳо ҳақ надоранд исми ақлониятро биоваранд, зеро ақлоният ба маънои муҳосибаи дуруст аст . Албатта душман талош дорад то маънои ғалати ақлониятро талқин кунад ва бархе ҳам нодониста, дар дохил ҳамон ҳарфи душманро такрор мекунанд.”

Эшон иллати ҳаёҳӯи арозили ёвагӯ дар Амрико дар бораи ии тавоноиҳои дифоӣ ва мушакӣ ва минтақавии Эронро муҳосиботи дақиқ ва ақлонии Ҷумҳурии Исломӣ барои расидан ба ин тавоноиҳо донистанд ва гуфтанд: “Ин ёвагӯиҳо ношӣ аз тарси онҳо ва ҳамчунин ақибмондагии онҳо дар ин арса аст аммо бояд бидуни тавваҷӯҳ ба ин фазосозиҳо, дастгоҳи муҳосиботии ақлониро ҳифз кард ва ба лутфи Худованд, Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳамаи ин арсаҳо боз ҳам пеш хоҳад рафт.”

Имом Хоманаӣ ақлониятро лозимаи ҳамаи умур донистанд ва хотирнишон карданд: “Бояд зулмситезӣ, адолатхоҳӣ ва муборизоти иҷтимоӣ низ бар асоси ақлоният бошад ва гирифтори ҳошия нашавем ва аслу фаръро иштибоҳ нагирем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусуси масоили фарҳангӣ ба унвони яке дигар аз аркони иқтидори миллӣ афзуданд: “Замоне, ки мавзӯи мубориза бо таҳоҷуми фарҳангӣ матраҳ шуд, душман саросема таблиғоти худро ба самти муқобила бо ин мавзӯъ равона дод зеро аз бедории мардум ва муқобила бо таҳоҷуми фарҳангӣ ҳарос дорад.”

Эшон бо ишора ба “истеҳком ва саботи иқтисодӣ” ба унвони сеюмин рукни иқтидори миллӣ гуфтанд: “Иқтисоди кишвар зери фишор аст ва мардум аз назари маишатӣ дучори мушкилот ҳастанд аммо ҳамаи ин мушкилот қобили ҳал аст.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Ман ақида надорам, ки масъулон дар заминаи масоили иқтисодӣ талоше намекунанд. Талошҳои зиёд ва хубе дар бархе бахшҳо анҷом шуда; агарчи дар баъзе бахшҳои иқтисодӣ тавони мудириятӣ заъиф аст. Зимни ин ки мусавваботи хубе ҳам вуҷӯд дорад, ки бояд пайгирӣ шаванд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ лозимаи ҳифзи иқтидори миллиро нигоҳи ҷомеъ ва саҳеҳ ба масоили дифоъӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ва ҳузури мудирони қавӣ, фаъол ва хастанашав донистанд ва таъкид карданд: “Дар ҳар арсае, ки мудириятҳои хастаги‌нопазир, фаъол ва пурнишотро доштем, корҳо пешрафт карда аст.”

Имом Хоманаӣ гуфтанд: “Чандбораҳо гуфта шуда, ки илоҷи мушкилоти иқтисодӣ дар гарави тамаркуз бар масъалаи тавлид, ҷилавгирӣ аз суқути пай дар пайи арзиши пули миллӣ ва бастани рихнаҳое ҳамчун қочоқ , воридоти беравия ва фасодҳои молӣ аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳузури мудирони хуб ва лузуми талоши шабонарӯзӣ ва хастагинопазир афзуданд: “Албатта дар мушкилоти иқтисодӣ, мо нақши хабосатомези амрикоиҳо ва таҳримҳои онҳоро, ки ҳақиқатан ҷиноят аст, нодида намегирем ва ба истодагӣ ва муқовимат идома хоҳем дод то ба лутфи Худованд фишори ҳаддиаксарии Амрикоро ба рӯсиёҳии ҳаддиаксарӣ ва мояи пушаймонии онҳо табдил кунем.”

Эшон бо ишора ба ибрози хушҳолии раисиҷумҳури Амрико аз ихтилол дар иқтисоди кишвар ва ҷиноят алайҳи миллати Эрон гуфтанд: “Ифтихор ба чунин ҷинояте фақат аз одамҳои разле мисли шумо барме‌ояд.”

Имом Хоманаӣ афзуданд: “Албатта вазъи имрӯзи Амрико бо ҳазорон миллиард доллар касрии будҷет ва даҳҳо миллион гурусна ва инсони зери хатти фақри бисёр бад аст ва миллати Эрон ба тавфиқи илоҳӣ бо қудрати имон ва азми миллӣ ва ба кӯрии чашми масъулини разл, хоин ва ҷинояткори Амрико бар мушкилот фоиқ хоҳад омад ва аз таҳрим низ ба унвони василае барои муқовимсозии воқеии иқтисоди кишвар истифода хоҳад кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкиди муҷаддад бар ин мавзӯъ, ки илоҷи мушкилоти кишвар дар дохил аст гуфтанд: “Агарчи бисёре аз мушкилоти мо марбӯт ба хориҷ аз кишвар аст аммо илоҷи онҳо дар дохил ва бо такя бар муҳосибаи дуруст ва нигоҳи саҳеҳ ба масоили кишвар ва минтақа ва бо бакоргирии тадбир, талош, хирад ва азми росих аст; бинобар ин набояд илоҷро дар хориҷ аз кишвар ҷустуҷӯ кард, чироки мо ҳеч хайр ва баҳрае аз хориҷ намебенем ва сарусадои арозили мусаллат бар миллати Амрико низ набояд зеҳни касеро машғул кунад.”

Бахши дигаре аз суханони Фармондеҳи кулли қуво дар маросими муштараки донишомӯхтагии нерӯҳои мусаллаҳ ба баёни чанд тавсия ба донишҷӯён ва масъӯлони ин донишгоҳҳо ихтисос дошт.

Имом Хоманаӣ бо ишора ба таҳаввул дар таҳдидҳо, муқобила бо онҳоро низ ниёзманди барномаҳои ҷадид донистанд ва таъкид карданд: “Дар пажӯҳишҳои донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳ бояд пешбении таҳдидҳои ҷадид ва шинохти роҳҳои муқобила бо онҳо мавриди тавваҷӯҳи ҷаддӣ қарор бигирад.”

Эшон таҷрибиёти нерӯҳои мусаллаҳ дар даврони Дифоъи Муқаддасро сармояи арзишманде хонданд ва бо таъкид бар лузуми табдили он таҷрибиёти барҷаста ба назариёти дифоъӣ ва баст ва такмили онҳо, бар тавваҷӯҳи вижа ба тарбияти ахлоқӣ дар донишгоҳҳои низомӣ тавсия карданд ва гуфтанд : “Албатта ин тавсия барои ҳамаи ии ҷавонони кишвар бавижа нерӯҳои инқилобӣ аст, ки бояд ихлосу муҷоҳидатро сарлавҳаи амали худ қарор диҳанд ва дар масъулиятҳо чашм ба мақоми болотар ё моли дунё надошта бошанд.”

Имом Хоманаӣ дар бахши поёнии суханонашон бори дигар бо ташаккур аз масъулони бахши беҳдошт ва дармон ва пизишкон ва парасторони фидокор, ибтилоот ва талафоти мавҷи сеюми короноро бисёр дардовар хонданд ва афзуданд: “Ҳамчунон, ки аз муддатҳо қабл ба раисиҷумҳур ва масъулони мӯҳтарам гуфтаам, зобитагузориҳо барои муқобила бо беморӣ бояд аз ҷойгоҳи ҳокимиятӣ ва илзомовар бошад.”

Эшон гуфтанд: “Ҳамчунон ки дар мавзӯи сафари Арбаъин, мардуми диндор ба марзҳо нарафтанд ва дар азодориҳои муҳаррам низ завобити ситоди миллиро дақиқан риоят карданд, умуми мардум бояд дар масоиле ҳамчун нарафтан ба сафарҳо ва риояти шеваномаҳо муроқибати ҷаддӣ кунанд то аз ин беморӣ халос шавем.”

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017