this is a title for here

Душманшиносӣ
21 July 2018

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри муслимини ҷаҳон, субҳи имрӯз (шанбе, 21/07/2018) дар дидори сафирон, кордорон ва масъулони ВКХ-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъмин ва ҳифзи манофеъи миллӣ ба маънои ҳақиқиро ҳадафи аслии сиёсати хориҷӣ хонданд ва бо баёни боядҳо ва набоядҳои диплумосӣ дар низоми исломӣ, афзуданд: “Метавон бо руҳияи саҳеҳи инқилобӣ ва диплумосии ҳушмандона ва ҳадафманд, равобити хоориҷиро густариш дод ва аносури қудрати низомро ба пуштвонае барои дастовардҳои сиёсӣ табдил кард.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ибтидои сухани худ бо ишора ба шароити кунунӣ ва ҷабҳаи густардае, ки зидди ислом ва Ҷумҳурии Исломии Эрон шакл гирифта, талоши диплумосиро дарбар дорандаи аҷри илоҳӣ ва ифтихоре торихӣ ва миллӣ дар дифоъ аз ҳаққонияти миллати Эрон донистанд ва гуфтанд: “Дар чолишҳо, инсони ғайратманд ва сабур ва хирадманд, бар талошҳо ва ҳаҷму кайфияти кор меафзояд, бинобар ин бояд руҳияи тозасозии фаъолиятҳо дар дастгоҳи диплумосӣ густариш ёбад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Ҳифзи саломати динӣ ва таҳорати руҳӣ ва маънавии худ ва хонавода ва пойбандии рафторӣ ва гуфторӣ ба масоили шаръӣ аз муҳимтарин вазоифи масъулон ва коркунони Вазорати корҳои хориҷа ба вижа сафирон ва аъзои намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аст.”

Эшон бо таъкид бар ин ки дастгоҳи диплумосӣ, бахши аслии сиёсати хориҷии кишвар ва намои берунии низоми Ҷумҳурии Исломӣ аст, хотирнишон карданд: “Вазорати корҳои хориҷа ва ба вижа сафирон бояд амиқан ба арзишҳои ислом ва инқилоб пойбанд бошанд ва рафтору гуфтори онон, мунъакис кунандаи ин арзишҳо бошад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идомаи табйини боядҳо ва набоядҳои диплумосии низоми исломӣ, шарти лозим барои намояндагони диплумосиро бархӯрдорӣ аз руҳияи қавӣ ва мустаҳкам, умед ба оянда ва баҳрамандӣ аз эҳсоси ҳаққоният баршумурданд ва бо ишора ба мавзӯъи муҳимми манофеъи миллӣ, гуфтанд: “Ҳадафи аслӣ ва воқеъии диплумосӣ, ҳифзи манофеъи миллӣ аст ва таомул ё тақобул, танҳо равишҳое барои таъмини манофеъи миллӣ ҳастанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, манофеъи миллиро баргирифта аз сиёсатҳои аслӣ ва арзишҳои низом донистанд ва таъкид карданд: “Дастгоҳи диплумосӣ бояд манофеъи миллиро ҳифзу таъмин кунад.”

Эшон, суханони раисиҷумҳурро дар сафари ахир ба Аврупо мабнӣ бар ин ки “агар нафти Эрон содир нашавад, нафти ҳеч кишваре дар минтақа содир нахоҳад шуд” суханоне муҳим ва ҳокӣ аз сиёсат ва рӯйкарди низом баршумурданд ва афзуданд: “Вазифаи Вазорати корҳои хориҷа пайгирии ҷиддии ингуна мавозеъи раисиҷумҳур аст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идома ба мавзӯъи “диплумосии идеоложик” ишора ва хотирнишон карданд: “Бархе ба ғалат, сухан аз лузуми ҷудоии диплумосӣ аз идеоложик ба миён меоварданд, дар ҳоле, ки диплумосии идеоложик ҳеч ишколе надорад ва илқоъи тақбул миёни идеоложик ва манофеъи миллӣ, саҳеҳ ва мантиқӣ нест.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ҳадаф аз ташкили Ҷумҳурии Исломӣ ҳифзи манофеъи миллӣ, истиқлол, озодӣ, адолати иҷтимоъӣ, қудрат ва амнияти миллӣ аст, афзуданд: “Идеология ба дунболи таъмин ва ҳафзи манофеъи миллӣ аст ва ҳувияти як миллат маҳсуб мешавад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба вуҷуди идеология дар рафтор ва сиёсатҳои давлатҳои ғарбӣ, гуфтанд: “Амрикоиҳо дар суханони худ борҳо аз иборати “арзишҳои амрикоӣ” истифода мекунанд, ки ҳамон идеологияи онҳо ва баргирифта аз эъломияи истиқлоли Амрико аст ва дар кишварҳои аврупоӣ низ тафаккуроти идеоложик бар рафтор ва фаъолиятҳои сиёсии онҳо ҳоким аст.”

Эшон иртиботи хирадмандона, ҳушмандона, ҳадафманд ва мантиқӣ бо ҷаҳонро бархоста аз нигоҳи исломии низом ва комилан мунтабиқ бо диплумосии идеоложик хонданд.

Валии амри муслимини ҷаҳон таҳаққуқ ва бурузи руҳияи инқилобиро дар таомулот ва рӯйкарди диплумотик зарурӣ донистанд ва афзуданд: “Диплумоти эронӣ бояд ба инқилоб ифтихор кунад ва дар таомулоти кории ӯ, “иззат, эҳсоси иқтидор ва эътимод ба нафс” ба рӯшанӣ мушоҳида шавад, ки албатта ин рафтору маниши инқилобӣ бо баёни ҳарфҳои номаъқул ва эҷоди ҳаёҳу комилан мутафовит аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини зарурати бархӯрдории сафирон ва диплумотҳои эронӣ аз эҳсоси ҳаққоният, ба мавзӯъи ҷанги равонии бевақфаи душманон ишора карданд ва афзуданд: “Бояд бо эҳсоси ҳаққоният ва бо огоҳӣ ва тасаллут дар мабоҳиси чолишӣ, посухҳои қотеъ ва мантиқӣ ба иттиҳомоти бегонагон дод.”

Эшон, муттаҳам кардани доими Эрон ба як масъалаи манфиро дастури кори аслии ҷанги равонии мустамарри душманон хонданд ва афзуданд: “Барои таҳаққуқи ин ҳадаф, “эронҳаросӣ, эронситезӣ, эронгурезӣ, иттиҳоми нақзи демократия, набуди озодӣ ва нақзи ҳуқуқи башар” ба сурати мудовим дар таблиғоти бегонагон такрор мешавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҷиноятҳои аврупоиҳо ва ғарбиҳо дар мустаъмироти гузашта, маҳдуд будани демукросӣ ддар Ғарб ба муқаррарот ва ё назари марокизи хос, вуҷуди диктотурии ҳизбӣ дар Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва низ ҷиноятҳои феълии ғарбиҳо аз ҷумла ҳамдастӣ бо саудиҳо дар куштори мардуми Яман афзуданд: “Ғарбиҳо мазҳари нақзи ҳуқуқи башар ҳастанд аммо бо вақоҳати тамом, Эронро муттаҳам мекунанд аб гунае, ки гоҳ инсон аз шиддати вақоҳати онҳо ҳайрат мекунад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ тасаввури ҳалли мушкилоти кишвар бо музокира ё робита бо Амрикоро хатое возеҳ хонданд ва афзуданд: “Амрико бо асли низоми исломӣ мушкили асосӣ ва мабноӣ дорад, зимни ин ки кишварҳои фаровоне дар африқо, осиё ва амрикои лотин ҳастанд, ки бо Амрико робита доранд аммо ҳамчунон бо мушкилоти фаровон даст ба гаребонанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини душмании амиқи Амрико бо Ҷумҳурии Исломӣ хотирнишон карданд: “Амрикоиҳо ба дунболи бозгашт ба мавқеъият ва ҷойгоҳи худ дар Эрони қабл аз инқилоб ҳастанд ва ба камтар аз ин ҳам розӣ нахоҳанд шуд.”

Эшон мухолифати Амрико бо “тавони ҳастаӣ ва қудрати ғанисозии боло ва низ ҳузури Эрон дар минтақа”-ро ношӣ аз душмании амиқи онҳо бо аносури иқтидори низоми исломӣ баршумурланд ва афзуданд: “Ҳузури минтақаӣ ҷузви аносури қудрат ва амнияти Эрон аст ва ақабаи роҳбурдии кишвар маҳсуб мешавад, ба ҳамин иллат душманон бо он мухолифанд.”

Валии амри муслимини ҷаҳон, бо такрори ғайри қобили эътимод будани Амрико аз забони масъулони кишвар афзуданд: “Банда аз қадим ин нуктаро хотирнишон мекардам, ки рӯи ҳарф ва ҳатто имзои амрикоиҳо наметавон ҳисоб кард, бинобар ин музокира бо Амрико ҳеч фоидае надорад.”

Эшон фаъол кардани зарфиятҳои истифоданашуда ё кам истифодашуда дар кишварро муҳим донистанд ва афзуданд: “Музокирот бо аврупоиҳо қатъ нашавад аммо набояд муъаттали бастаи аврупоӣ монд балки бояд корҳои фаровони лозим дар дохили кишврро дунбол кард.”

Валии амри муслимини ҷаҳон, густариши иртибототи чандҷониба ва ба вижа дуҷониба ва таваҷҷӯҳи хос ба ташаккулҳои минтақавиро зарурӣ хонданд ва афзуданд: “Сафирон ва намояндагони Эрон дар хориҷ бояд ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои миллат ва кишвар комилан воқиф бошанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба сухани ахири мақомоти амрикоӣ дарбораи истеъдоди миллати Эрон афзуданд: “Аз чандин сол қабл таъкид мекардам, ки истеъдоди эронӣ аз мутавассити истеъдоди дунё болотар аст. Ин воқеъият як зарфияти муҳимми дохилӣ аст, ҳамчунонки имон, шуҷоъат, исор ва ифтихори миллат ба арзишҳо аз игар аносури тавоноиҳои Эрон аст.”

Эшон иртибот бо донишмандон, риҷоли сиёсии ғайри давлатӣ ва фаъолони иқтисодии дигар кишварҳоро ҷузви равишҳои ройиҷи диплумосӣ дар ҷаҳон баршумурданд ва афзуданд: “Бо ин равишҳо метавон густараи фаъолиятҳои дастгоҳи сиёсати хориҷиро густариш дод.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ ҳамчунин қудрати майдониро пуштвонаи диплумосӣ хонданд ва афзуданд: “Муҳим ин аст, ки ҳаргуна унсури иқтидор ба навъе дастоварди сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил шавад.”

 

KHAMENEITJ.INFO

10 July 2018

"Имрӯз дар дунё душманоне ба сурати аланӣ бо ислом муқобила мекунанд; муқобилаи онҳо дар дараҷаи авввал бо эҷоди ихтилоф аст. Амиқтарин ихтилофҳо ва хатарноктарин ихтилофҳо, ихтилофҳои ақидатӣ ва имонӣ аст. Имрӯз дар дунё, таҳрикоти имонӣ ва ақидатӣ барои ба ҷони ҳам андохтани мусалмонон, ба василаи дастҳои истикборӣ анҷом мегирад. Як иддае, иддаеро такфир мекунанд; иддае алайҳи иддаи дигаре шамшер мекашанд; бародарон ба ҷои ҳамкорӣ бо якдигар ва гузоштани даст дар дасти якдигар, алайҳи бародарон даст дар дасти душманон мегузоранд! Ҷанги шиъа ва суннӣ ба роҳ меандозанд ва таҳрикоти қавмӣ ва тоифавиро лаҳза ба лаҳза афзоиш медиҳанд; (албатта) дастҳое, ки ин корҳоро мекунанд, дастҳои шинохташудае ҳастанд. Агар нерӯи хирад, чароғи андеша ва огоҳӣ –ки Қуръон моро ба он амр кардааст – ба кор биуфтад, хуб дасти душманро мебинем, ангезаи душманро мефаҳмем.

Имрӯз дар дунёи ислом барои ин ки дастгоҳҳои истикборӣ ба ҳадафҳои истикбории худашон бирасанд, барои ин ки мушкилоти худашонро пӯшида нигоҳ доранд, дар миёни мусалмонон ихтилоф эҷод мекунанд; шиъаҳаросӣ ба вуҷуд меоваранд, эронҳаросӣ ба вуҷуд меоваранд, барои ин ки режими ғосиби саҳюнистиро ҳифз кунанд, барои ин ки тазодҳое, ки сиёсатҳои истикбориро дар ин минтақа ба шикаст кашондааст, ба сурате ҳал кунанд; роҳи онро дар ин мебинанд, ки байни мусалмонон ихтилоф андозанд. Хуб, инро бояд дид, инро бояд фаҳмид; интизор аз нухбагон ин аст."

Баёнот дар дидори масъулони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ (27/05/2014)

9 July 2018

Маросими солонаи донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳи афсарӣ ва тарбияти посдории Имом Ҳусайн (а) субҳи имрӯз (шанбе) бо ҳузури ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво баргузор шуд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ибтидои вуруд ба майдон бо ҳузур бар мазори шаҳидоони гумном ва хондани фотиҳа, ёду хотираи шаҳидони дифоъи муқаддасро гаромӣ доштанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари Инқилоби Исломӣ, дар ин маросим бо ишора ба тавтеъаҳои душман барои эҷоди шикоф миёни низоми исломӣ ва мардум, ҳамагон ба вижа масъулонро ба ҳушёрӣ, истодагӣ, тадбир, инсиҷоми миллӣ ва дурӣ аз ашрофигарӣ фарохонданд ва таъкид карданд: “Агар муаллифаҳои иқтидори миллӣ тақвият шаванд ва дар муқобили душман, сустӣ ва таслим нишон дода нашавад, бадхоҳон бори дигар дар расидан ба аҳдофи худ ноком хоҳанд монд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба оёте аз Қуръон, лозимаи беасар шудани тавтеъаҳои душманонро сабру тақво баршумурданд ва афзуданд: “Инқилоби исломӣ, решадор ва ояндадор аст ва дастёбӣ ба ормонҳои баланди он, ба сабру истиқомат ниёз дорад.”

Эшон ҳамчунин гуфтанд: “Тақво ба маънои муроқибат аз худ дар муқобили душман аст ва лозимаи ин муроқибат, ҳушёрӣ дар баробари ҳелаи душман ва эътимод накардан ба ӯ, тадбиру ақлоният, ва парҳез аз соданигарӣ ва сустӣ аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Агар ҳамаи мардум ва ҷавонон ва ҳамчунин масъулони сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ва низомӣ ин сабру тақворо ба кор бибанданд, ба тавфиқи илоҳӣ, ҳеч зарба ва садамае ворид нахоҳад шуд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ ҳамчунин ба мавзӯъи муаллифаҳои қудрати низоми исломӣ ишора карданд ва бо ёдоварии султаи Ангилис ва Амрико бар Эрон дар тӯли 57 сол ҳукумати Паҳлавӣ, гуфтанд: “Бо пирӯзии Инқилоби исломӣ, ғулу занҷир аз дасту пои мардум боз ва таъми воқеъии истиқлол ва озоди чашида шуд.”

Эшон яке дигар аз аносури қудрати низоми Ҷумҳурии Исломиро “эътимоди ба нафси миллӣ” ва “таъсиргузории марудм дар ҳамаи корҳои кишвар” донистанд ва афзуданд: “Ин эътимоди ба нафси миллӣ ҳамроҳи бо имон буд, имоне, ки ҳамчун руҳе дар колбуди ҳаракати умумии кишвар заминасози зинда шудан, умеду исору фидокорӣ дар ҷомеъа шуд, ки намунаҳои фаровоне аз онро дар даврони Дифоъи муқаддас шоҳид будем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҷуръати иқдомро аз дигар меваҳои имон ва эътимоди ба нафси миллӣ баршумурданд ва хотирнишон карданд: “Бо ин руҳия ва ҷуръат, Сипоҳ, Ҷиҳоди созандагӣ, Басиҷ ва ҳаракатҳои умумӣ дар кишвар шакл гирифт ва нерӯҳои мусаллаҳ ҷони тозае гирифтанд ва маҷмӯъаҳои хадамотӣ ва созандагӣ ва ҳаракатҳои пурифтихори илмӣ эҷод шуд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ, иқтидори воқеъиро ҷӯшанда аз даруни миллат ва бар пояи истиқлол ва озодӣ донистанд ва афзуданд: “Ин иқтидор нест, ки бархе ба бегонагон пул бидиҳанд ва аз онҳо силоҳ бихаранд ва анбор кунанд аммо ҳатто натавонанд аз он силоҳҳо истифода кунанд, ва ё он тарафи дунё биёянд дар кишваре пойгоҳ бизананд ва хуни миллати онро бимаканд то иқтидори як хонадонро ҳифз кунанд; инҳо намунаҳои ҳамоқат ва зиллат аст на иқтидор.”

Эшон бо таъкид бар ин ки миллати Эрон бояд зимни ҳифзу тақвияти аносури қудрати худ, аз онҳо истифодаи баҳангом кунад, хотирнишон карданд: “Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ яке аз муаллифаҳои қудрат аст, ки бояд аз назари кайфӣ, рӯзбарӯз эътило ёбад ва аз зарфиятҳои фаровони он истифода шавад.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ гуфтанд: “Бархе мегӯянд чаро дар тавсифи қудрати миллати Эрон муболиға мекунед, дар посух бояд гуфт: Ин, муболиға нест балки айни воқеъият аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Бузургтарин далел барои иқтидори миллати Эрон, ин аст, ки яке аз саффоктарин ва бераҳмтарин қудратҳои дунё яъне Амрико, дар 40 соли гузашта аз ҳеч талош ва шарорате барои муқобила бо миллати Эрон фурӯгузорӣ накарда аммо натавониста ғалате бикунад ва дар муқобил, миллати Эрон пешрафтатар шудааст.”

Эшон бо таъкид бар ин ки илова бар душмани хориҷӣ, душманони дохилӣ ҳам дар тӯли ин солҳо машғули таҳаррук ва тавтеъа буданд, гуфтанд: “Аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломӣ, се ҷараёни муориз дар дохили кишвар вуҷуд доштанд; “ҷараёни ба истилоҳ либерал, ки дилбастаи Амрико ва Ғарб буд”, “камунистҳои силоҳ ба даасте, ки аз ҳеч иқдоме ибо надоштанд” ва “мунофиқин, бо зоҳири исломӣ ва бо ботине хабис ва куфромез ва беҳувият”, ки ҳатто ҳозир ба ҳамроҳӣ бо Саддоми бадном низ шуданд ва акнун ҳам машғули ироаи хадамоти ҷосусӣ ба хабарчинӣ барои давлатҳое мисли Фаронса ва Ангилис ва Амрико ҳастанд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар ин ки ҳар се ҷараён, мағлуб ва манкуби инқилоби исломӣ шуданд, афзуданд: “Албатта як ҷараёни таҳаҷҷур ва иртиҷоъи дохилӣ ҳам буд, ки онҳо қобили зикр нестанд ва миллат ах онҳо убур кард.”

Эшон, далели дигар бар қудрат ва иқтидори миллати Эронро ташкили эътилофҳои минтақавӣ аз ҷониби Амрико барои муқобила бо низоми Ҷумҳурии Исломӣ донистанд ва афзуданд: “Агар Амрико метавонист ба танҳоӣ ба аҳдофи худ бирасад, ниёзе ба ташкили эътилоф бо кишварҳои рӯсиёҳ ва ақибмондаи минтақа надошт.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: “Ба далели қудрат ва пешрафти низоми Ҷумҳурии Исломӣ, душмании Амрико бештар шудааст ва албатта нафрати миллати Эрон ҳам аз Амрико, рӯзбарӯз бештар шудааст.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ сипас ба тарроҳии душман дар шароити кунунӣ ишора карданд ва афзуданд: “Барномаи душман, эҷоди шикоф ва ҷудои миёни масъулони низом ва марудм аст ва ин тарроҳӣ нишон диҳандаи ҳамоқати онҳо аст зеро намедонанд низоми Ҷумҳурии Исломӣ, чизе ҷуз миллати Эрон нест ва ин ду ҷудоӣ шуданӣ нестанд.”

Эшон бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон як низоми муттакӣ бар оҳоди марудм ва имон ва муҳаббат ва авотифи онон аст, ба шикасти тплошҳои раисони ҷумҳури қаблии Амрико барои муқобила бо Ҷумҳурии Исломӣ ишора карданд ва афзуданд: “Ҳадаф аз фишорҳои иқтисодии кунунӣ, ба сутуҳ овардани мардум аст аммо ба ҳавлу қувваи илоҳбб, мо пайвандамонро рӯзбарӯз бо мардум бештар хоҳем кард ва бо ҳифзи инсиҷоми душманшикани худ, ҷавонони мӯъмин ва пурангеза ва аҳли иқдомро тақвият хоҳем кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба насли ҷавон гуфтанд: “Душман бо истиқлол ва иззат ва пешрафт ва ҳузури шумо дар майдони илму сиёсат ва эътилои кишвар мухолиф аст.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар ин ки душман то онҷое, ки битавонад ба музигариҳои худ идома хоҳад дод, хотирнишон карданд: “Агар дар масири сабру тақвои ҳамроҳ бо ҳушёрӣ ва тадбиру инсиҷоми миллӣ бо қудрат идома пайдо кунад, яқин дошта бошед музигариҳо ба натиҷа нахоҳад расид.”

Эшон бо ишора ба таҷвизи бархеҳо барои таслим шудан муқобили душман, афзуданд: “Ҳазинаи таслим шудан хеле бештар аз ҳазинаи муқовимат ва истодагӣ аст ва фоида ва дастовардҳои истодагӣ садҳо баробар бештар аз ҳазинаҳои таслим шудан аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Таслим шудан дар баробари душмани ануд ва лаҷуҷ натиҷае ҷуз лагадмол ва беҳувият шудан нахоҳад дошт.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ ба як қонуни тахаллуфнопазири илоҳӣ ишора карданд ва гуфтанд: “Аар суст нашавед ва бо душман созиш накунед, Худованди Мтаол дар муқобили ин сабру муҷоҳидат, кам нахоҳад гузошт ва подоши оонро ба таври комил хоҳад дод.”

Эшон дар поён, ҳамаи миллати Эрон ва масъулонро ба ҳушёррӣ ва муроқибат аз кори худ даъват ва хотирнишон карданд: “Масъулон муроқиб бошанд аз содагирифтани корҳо, танбалӣ, ашрофигарӣ, такаббур нисбат ба мардум, ва такя ба ҷойгоҳи чандрӯзаи риёсатӣ иҷтиноб кунанд.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: “Он рӯзе, ки миллати Эрон дар ҷойгоҳе қарор гирад, ки душманон ҷуръати таҳоҷуми низомӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ва сиёсиро надошта боҳанд, дер нахоҳад буд ва ҷавонон он рӯзро хоҳанд дид.”

KHAMENEITJ.INFO

3 April 2018

 Ман мехоҳам масъалаи ҳиҷобро зикр кунам ва ишора кунам: пулҳои зиёде харҷ

1 April 2018

Дар муқобили он (зани Исломӣ), як улгуи инҳирофӣ вуҷуд дорад, ки дар давраҳои мухталифи замон мутафовит будааст: имруз он улгуи иноҳирофӣ, улгуи зани ғарбӣ аст. Дар ин даврае, ки мо зиндаги мекунем, баҷоӣ ҳамаи хусусиёти барҷаста ва мумтозе, ки дар зани Исломӣ мушоҳтда кардем, хусусият ва имтиёзи умдаи зани ғарбӣ имруз ин аст, ки битавонад назари мардонро ҷалб кунад ва дар маърази лаззатҳои мардон қарор бигирад. Лизо шумо мебинед шохисаи зани ғарбӣ, имруз иборат аст аз бараҳнагӣ. Дар маҷлиси расмӣ, ки мард ва зан ширкат мекунанд, мард бояд комилан пушида бошад, зан бояд то ҷое, ки мумкин аст ба самти бараҳнагӣ пеш рафта бошад; онҳам лар маҷлиси расмӣ! Ҳоло дар муҳити иҷтимоъ, ки равшан аст. Ин вазъият марбут ба ин давраҳои охири ғарб-Аврупо-Амрико- аст; дар гузашта интавр набуд. То он ҷое, ки мо хабар дорем ва иттилоъ дорем, то 150 соли пеш ё 120 соли пеш, албатта ҳиҷоб ба маънои исломӣ дар онҷо набуд, аммо бетафовутӣ, бараҳнагӣ ва бебанду борӣ мисли имруз дар зани ғарб вуҷуд надошт. Инки ин чӣ сиёсате аст, ки ҷомеаи ғарбиро ба ин самт кашидааст ва ҳадафаш чист, ҷоӣи баҳсҳои тулонӣ дорад; аммо ҳоло ҳақиқат ин аст: зани ғарбӣ мазҳари масраф, ороиш, ҷилвагарӣ дар муқобили мардон ва василаи ҳаяҷони ҷинсии навъи мард ва ҷинси мард аст. Бақияи ҳарфҳо, ки мезананд, мисли масъалаи адолати ҷинсӣ ва ин ҳарфҳо, ҳама ҳарф аст ва зоҳири масъала аст, ботини масъала он аст. Шунидед, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз бонувони соҳиб мақоми ғарбӣ, дар ҳамин чанд моҳи қабл аз ин, яке пас аз дигарӣ эълон карданд, ки дар даврони ҷавонӣ, дар ҷараёни масоили идорие, ки дар онҷоҳо узв будаанд, бо зӯр ва бо хушунат мавриди суӣ истифода қарор гирифтаанд; инро ба забон оварданд, гуфтанд. Инҳо занҳои маъмулӣ ва оддӣ нестанд; занҳои барҷастаи ғарбианд. Ислом ба василаи ҳиҷоб дарро бар руӣ он масире, ки ҷинси занро ба ин туқтаи инҳироф бирасонад бастааст; иҷозат надодааст. Ҳиҷоби исломӣ василаи ҳифзи зан аст; ҳиҷоб василаи маҳдуд шадани зан нест.

KHAMENEITJ.INFO

 

All rights reserved This website is owned 2017