this is a title for here

 

 Масъалаи ҳиҷоби Исломӣ

  Operator 3 April 2018 42 Read

 Ман мехоҳам масъалаи ҳиҷобро зикр кунам ва ишора кунам: пулҳои зиёде харҷ

мекунанд, фаъолияти зиёде мекунанд, садҳо расонаро -аз анвоъ ва ақсоми расона- ба кор мегиранд барои инки битавонанд руӣ  ин нуқтаи ҳассос, яъне нуқтаи ҳувияти мустақилли фарҳангии зани мусалмон, асаргузорӣ кунанд; душманони мо воқиан худашонро дар хориҷ аз кишвар барои ин кор мекушанд ва ба ҳар даре мезанвнд; аз тариқҳои мухталиф; ҳоло чӣ андоза пул харҷ мешавад барои инки битавонан ин телевизёнҳо ва ин радиоҳо ва ин фазои маҷозӣ ва ин сиёсати интернетиро ба кор биандозанд - ҳамеша таблиғ бикунанд, бигу, бигу? сад бор- чӣ бишавад? Ки натиҷааш билохира ин бишавад, ки масалан фарз кунем чаҳор духтар фиреб бихуранд ва дар кӯча ҳиҷобашонро бардоранд. Ин ҳама харҷ, ин ҳама заҳмат, ин ҳама фикр, пушти сари ин кор аст, доранд талош мекунанд, аммо талошашон ақим ва бесамар аст, натиҷааш ин аст, ки чаҳор нафар -ҳоло чаҳор духтар дар гуша ва канор- фиреб бихуранд ё ангезаҳои гуногуне пайдо кунанд; баъзеашон ҳам шояд пул бигиранд -ҳоло ман намедонам, наметавонам қатъан бигӯям- ва ин русариро аз сарашон бардоранд яъне масалан мо чӣ шудем! Натиҷаи ҳамаи он талошҳо, хулоса мешавад дар ин натиҷаи кучак ва ҳақир.

Хуб то инҷо масъалае нест; аммо ончӣ бандаро ҳассос мекунад ин аст, ки ногаҳон шумо мебинед аз даҳони як гуруҳе аз афрод, ки аз худиҳо маҳсуб мешаванд, масъалаи ҳиҷоби зӯракӣ матраҳ мешавад; маънояш ин аст, ки як идда нодониста -ҳоло ман мегуям надониста; Худо хоҳад нодонистааст- ҳамон хаттеро мераванд, ки душман натавонистааст бо он ҳама харҷ он хатро дар кишвар ба натиҷа бирасонад; ҳамон хатро мераванд; дар байни ин ҳама рузноманигор ҳаст, дар байн инҳама равшанфикр намо ҳаст, дар байн инҳама мулло ва салладор ҳаст. Мегуянд: имом Хумайнӣ , ки фармуданл бояд занҳо бо ҳиҷоб бошанд, ҳамаи занҳоро нагуфтанд! ҳарфи бе маъно! Мо будем дар он вақт, мо хабар дорем; читавр ингуна аст? Имом Хумайнӣ дар муқобили як мункири равшвне, ки ба василаи Паҳлавӣ ва дунболаҳои Паҳлавӣ дар кишвар ба вуҷуд омада буд, мисли куҳ истод, гуфт бояд ҳиҷоб вуҷуд дотша бошад. Дар муқобили ҳамаи мункирот, имом Хумайнӣ ҳаминтавр муҳкам ва устувор истод. Ҳамон вақт баҳси тиҷорати шароб буд; мо дар шурои инқилоб будем, ҷаласоти муштараке бо давлат доштем, ҳамон вақт касоне буданд, ки тиҷорати шароб барои кишвар фоида дорад, мо аз фоида читавр чишмпӯшӣ; мехостанд ин тиҷорат идома пайдо бикунад, аз берун шароб биёваранд. Имом Хумайнӣ мӯҳкам ва устувор истод дар муқобили ҳароми илоҳӣ, имоми бузургавор меистод ва истод; ин ҳароми илоҳӣ буд. Ҳоло фалонӣ аз он тараф баромада ва мегуяд, оқо! Ин гуноҳ, ки масалан аз ғайбат бузургтар нест; чаро шумо дар муқобили ғайбат касеро таъқиб намекунед, дар муқобили ин кор, ки масалан руймолро бардорад ё беҳиҷоб бошад, таъқиб мекунед. Бубинед чӣ хатое? Адами ташхис; ончӣ инсон аз он ранҷ мебарад ин аст, ки ташхис нест. Мо ки нагуфтем агар касе дар хонаи худаш дар муқобили номаҳрам руймолашро бардорад , мо уро таъқиб кунем; албатте не, мо уро таъқиб намекунем, дар хонаи худаш аст, кори шахсӣ мекунад. Он коре, ки дар байни одамҳо анҷом мегард, дар кӯчаҳо андом мегирад, як кори умумӣ аст, як кори иҷтимоӣ аст, як таълими умумӣ аст, ин хато барои ҳукумате, ки ба номи Ислом бар сари кор омадааст таклиф эҷод мекунад. Кори ҳаром майда ва калон надорад; ончӣ ҳароми шаръӣ аст набояд ба сурати ошкор дар кишвар анҷом бигирад. Ҳоло як нафар як хатое кард, ин ба канор, он байни худаш ва Худо аст; аммо ончӣ дар муқобили чашми мардум аст, дар муҳити ҷомеа аст, ҳукумати исломӣ -мисли ҳукумати Амирал муъминин, мисли ҳукумати Пайгамбар (с.а.в.в)- вазифа дорад дар муқобили он биистад. Ин мантиқе, ки мегуяд: шумо иҷозат бидиҳед мардум худашон интихоб кунанд хуб дар мавриди шароб фурушӣ ҳам ҳаст; шаробро ҳам озод кунем дар кишвар, ҳар касе худаш дилаш мехоҳад бихурад, ҳар кас намехоҳад нахурад! Ин ҳам ҳарф шуд? Дар мавриди ҳамаи гуноҳони бузурги иҷтимоӣ, ин ҳарф вуҷуд дорад; ин ҳам ҳарф шуд? Шореъи муқаддас бар ҳукумати исломӣ таклиф кардааст, ки монеъ аз ривоҷи ҳароми илоҳӣ дар ҷомеа бишавад; ҳукумати исломӣ вазива дорад дар муқобили ҳаром биистад, дар муқобили гуноҳ биистад.имруз мо дар дохили кишвар, ифтихор мекунем ба ҳиҷоби занонамон; занони мо чодар -ки як ҳиҷоби Эронӣ аст, чодар, ҳиҷоби Эронӣ аст- ва бо ҳиҷоби исломӣ, ба болотарин рутбаҳои илмӣ расидаанд, ба болотарин рутбаҳои ҳунарӣ ва фарҳангӣ расидаанд, ҷузви бартаринҳо шуданд, дар масоили иҷтимоӣ асаргузорӣ карданд; дар айни ҳол хонадориашонро ҳам кардаанд, фарзандашонро ҳам тарбият карданд, шавҳардорӣ ҳам карданд. Инки мо биёем қонунҳоро ҳаминтавр канор гузорем барои инки як тавре майли ғалати инҳирофии ғарбиро дар кишварамон эҷод кунем, хатои бузурге аст; як иддаи ин хаторо мекунанд.

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017