this is a title for here

 

 Дидори коркунони ВКХ-и Эрон бо Имом Хоманаӣ

  Operator 21 July 2018 26 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри муслимини ҷаҳон, субҳи имрӯз (шанбе, 21/07/2018) дар дидори сафирон, кордорон ва масъулони ВКХ-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъмин ва ҳифзи манофеъи миллӣ ба маънои ҳақиқиро ҳадафи аслии сиёсати хориҷӣ хонданд ва бо баёни боядҳо ва набоядҳои диплумосӣ дар низоми исломӣ, афзуданд: “Метавон бо руҳияи саҳеҳи инқилобӣ ва диплумосии ҳушмандона ва ҳадафманд, равобити хоориҷиро густариш дод ва аносури қудрати низомро ба пуштвонае барои дастовардҳои сиёсӣ табдил кард.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ибтидои сухани худ бо ишора ба шароити кунунӣ ва ҷабҳаи густардае, ки зидди ислом ва Ҷумҳурии Исломии Эрон шакл гирифта, талоши диплумосиро дарбар дорандаи аҷри илоҳӣ ва ифтихоре торихӣ ва миллӣ дар дифоъ аз ҳаққонияти миллати Эрон донистанд ва гуфтанд: “Дар чолишҳо, инсони ғайратманд ва сабур ва хирадманд, бар талошҳо ва ҳаҷму кайфияти кор меафзояд, бинобар ин бояд руҳияи тозасозии фаъолиятҳо дар дастгоҳи диплумосӣ густариш ёбад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Ҳифзи саломати динӣ ва таҳорати руҳӣ ва маънавии худ ва хонавода ва пойбандии рафторӣ ва гуфторӣ ба масоили шаръӣ аз муҳимтарин вазоифи масъулон ва коркунони Вазорати корҳои хориҷа ба вижа сафирон ва аъзои намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аст.”

Эшон бо таъкид бар ин ки дастгоҳи диплумосӣ, бахши аслии сиёсати хориҷии кишвар ва намои берунии низоми Ҷумҳурии Исломӣ аст, хотирнишон карданд: “Вазорати корҳои хориҷа ва ба вижа сафирон бояд амиқан ба арзишҳои ислом ва инқилоб пойбанд бошанд ва рафтору гуфтори онон, мунъакис кунандаи ин арзишҳо бошад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идомаи табйини боядҳо ва набоядҳои диплумосии низоми исломӣ, шарти лозим барои намояндагони диплумосиро бархӯрдорӣ аз руҳияи қавӣ ва мустаҳкам, умед ба оянда ва баҳрамандӣ аз эҳсоси ҳаққоният баршумурданд ва бо ишора ба мавзӯъи муҳимми манофеъи миллӣ, гуфтанд: “Ҳадафи аслӣ ва воқеъии диплумосӣ, ҳифзи манофеъи миллӣ аст ва таомул ё тақобул, танҳо равишҳое барои таъмини манофеъи миллӣ ҳастанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, манофеъи миллиро баргирифта аз сиёсатҳои аслӣ ва арзишҳои низом донистанд ва таъкид карданд: “Дастгоҳи диплумосӣ бояд манофеъи миллиро ҳифзу таъмин кунад.”

Эшон, суханони раисиҷумҳурро дар сафари ахир ба Аврупо мабнӣ бар ин ки “агар нафти Эрон содир нашавад, нафти ҳеч кишваре дар минтақа содир нахоҳад шуд” суханоне муҳим ва ҳокӣ аз сиёсат ва рӯйкарди низом баршумурданд ва афзуданд: “Вазифаи Вазорати корҳои хориҷа пайгирии ҷиддии ингуна мавозеъи раисиҷумҳур аст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идома ба мавзӯъи “диплумосии идеоложик” ишора ва хотирнишон карданд: “Бархе ба ғалат, сухан аз лузуми ҷудоии диплумосӣ аз идеоложик ба миён меоварданд, дар ҳоле, ки диплумосии идеоложик ҳеч ишколе надорад ва илқоъи тақбул миёни идеоложик ва манофеъи миллӣ, саҳеҳ ва мантиқӣ нест.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ҳадаф аз ташкили Ҷумҳурии Исломӣ ҳифзи манофеъи миллӣ, истиқлол, озодӣ, адолати иҷтимоъӣ, қудрат ва амнияти миллӣ аст, афзуданд: “Идеология ба дунболи таъмин ва ҳафзи манофеъи миллӣ аст ва ҳувияти як миллат маҳсуб мешавад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба вуҷуди идеология дар рафтор ва сиёсатҳои давлатҳои ғарбӣ, гуфтанд: “Амрикоиҳо дар суханони худ борҳо аз иборати “арзишҳои амрикоӣ” истифода мекунанд, ки ҳамон идеологияи онҳо ва баргирифта аз эъломияи истиқлоли Амрико аст ва дар кишварҳои аврупоӣ низ тафаккуроти идеоложик бар рафтор ва фаъолиятҳои сиёсии онҳо ҳоким аст.”

Эшон иртиботи хирадмандона, ҳушмандона, ҳадафманд ва мантиқӣ бо ҷаҳонро бархоста аз нигоҳи исломии низом ва комилан мунтабиқ бо диплумосии идеоложик хонданд.

Валии амри муслимини ҷаҳон таҳаққуқ ва бурузи руҳияи инқилобиро дар таомулот ва рӯйкарди диплумотик зарурӣ донистанд ва афзуданд: “Диплумоти эронӣ бояд ба инқилоб ифтихор кунад ва дар таомулоти кории ӯ, “иззат, эҳсоси иқтидор ва эътимод ба нафс” ба рӯшанӣ мушоҳида шавад, ки албатта ин рафтору маниши инқилобӣ бо баёни ҳарфҳои номаъқул ва эҷоди ҳаёҳу комилан мутафовит аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини зарурати бархӯрдории сафирон ва диплумотҳои эронӣ аз эҳсоси ҳаққоният, ба мавзӯъи ҷанги равонии бевақфаи душманон ишора карданд ва афзуданд: “Бояд бо эҳсоси ҳаққоният ва бо огоҳӣ ва тасаллут дар мабоҳиси чолишӣ, посухҳои қотеъ ва мантиқӣ ба иттиҳомоти бегонагон дод.”

Эшон, муттаҳам кардани доими Эрон ба як масъалаи манфиро дастури кори аслии ҷанги равонии мустамарри душманон хонданд ва афзуданд: “Барои таҳаққуқи ин ҳадаф, “эронҳаросӣ, эронситезӣ, эронгурезӣ, иттиҳоми нақзи демократия, набуди озодӣ ва нақзи ҳуқуқи башар” ба сурати мудовим дар таблиғоти бегонагон такрор мешавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҷиноятҳои аврупоиҳо ва ғарбиҳо дар мустаъмироти гузашта, маҳдуд будани демукросӣ ддар Ғарб ба муқаррарот ва ё назари марокизи хос, вуҷуди диктотурии ҳизбӣ дар Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва низ ҷиноятҳои феълии ғарбиҳо аз ҷумла ҳамдастӣ бо саудиҳо дар куштори мардуми Яман афзуданд: “Ғарбиҳо мазҳари нақзи ҳуқуқи башар ҳастанд аммо бо вақоҳати тамом, Эронро муттаҳам мекунанд аб гунае, ки гоҳ инсон аз шиддати вақоҳати онҳо ҳайрат мекунад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ тасаввури ҳалли мушкилоти кишвар бо музокира ё робита бо Амрикоро хатое возеҳ хонданд ва афзуданд: “Амрико бо асли низоми исломӣ мушкили асосӣ ва мабноӣ дорад, зимни ин ки кишварҳои фаровоне дар африқо, осиё ва амрикои лотин ҳастанд, ки бо Амрико робита доранд аммо ҳамчунон бо мушкилоти фаровон даст ба гаребонанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини душмании амиқи Амрико бо Ҷумҳурии Исломӣ хотирнишон карданд: “Амрикоиҳо ба дунболи бозгашт ба мавқеъият ва ҷойгоҳи худ дар Эрони қабл аз инқилоб ҳастанд ва ба камтар аз ин ҳам розӣ нахоҳанд шуд.”

Эшон мухолифати Амрико бо “тавони ҳастаӣ ва қудрати ғанисозии боло ва низ ҳузури Эрон дар минтақа”-ро ношӣ аз душмании амиқи онҳо бо аносури иқтидори низоми исломӣ баршумурланд ва афзуданд: “Ҳузури минтақаӣ ҷузви аносури қудрат ва амнияти Эрон аст ва ақабаи роҳбурдии кишвар маҳсуб мешавад, ба ҳамин иллат душманон бо он мухолифанд.”

Валии амри муслимини ҷаҳон, бо такрори ғайри қобили эътимод будани Амрико аз забони масъулони кишвар афзуданд: “Банда аз қадим ин нуктаро хотирнишон мекардам, ки рӯи ҳарф ва ҳатто имзои амрикоиҳо наметавон ҳисоб кард, бинобар ин музокира бо Амрико ҳеч фоидае надорад.”

Эшон фаъол кардани зарфиятҳои истифоданашуда ё кам истифодашуда дар кишварро муҳим донистанд ва афзуданд: “Музокирот бо аврупоиҳо қатъ нашавад аммо набояд муъаттали бастаи аврупоӣ монд балки бояд корҳои фаровони лозим дар дохили кишврро дунбол кард.”

Валии амри муслимини ҷаҳон, густариши иртибототи чандҷониба ва ба вижа дуҷониба ва таваҷҷӯҳи хос ба ташаккулҳои минтақавиро зарурӣ хонданд ва афзуданд: “Сафирон ва намояндагони Эрон дар хориҷ бояд ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои миллат ва кишвар комилан воқиф бошанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба сухани ахири мақомоти амрикоӣ дарбораи истеъдоди миллати Эрон афзуданд: “Аз чандин сол қабл таъкид мекардам, ки истеъдоди эронӣ аз мутавассити истеъдоди дунё болотар аст. Ин воқеъият як зарфияти муҳимми дохилӣ аст, ҳамчунонки имон, шуҷоъат, исор ва ифтихори миллат ба арзишҳо аз игар аносури тавоноиҳои Эрон аст.”

Эшон иртибот бо донишмандон, риҷоли сиёсии ғайри давлатӣ ва фаъолони иқтисодии дигар кишварҳоро ҷузви равишҳои ройиҷи диплумосӣ дар ҷаҳон баршумурданд ва афзуданд: “Бо ин равишҳо метавон густараи фаъолиятҳои дастгоҳи сиёсати хориҷиро густариш дод.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ ҳамчунин қудрати майдониро пуштвонаи диплумосӣ хонданд ва афзуданд: “Муҳим ин аст, ки ҳаргуна унсури иқтидор ба навъе дастоварди сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил шавад.”

 

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017