this is a title for here

 

 Агар мусалмонҳо биистанд бар қудратҳои тоғутӣ пирӯз мешаванд

  Operator 3 December 2018 145 Read

Ба вузӯҳ имрӯз Амрико, дар ин минтақа заъифтар аз даҳ соли пеш ва бист соли пеш аст; ба вузӯҳ режими саҳюнистии хабис, имрӯз заъифтар аз гузаштааст. Чанд соли қабл аз ин, режими саҳюнистӣ дар муқобили Ҳизбуллоҳи Лубнон шикаст хӯрд; 33 рӯз тавонист муқовимат бикунад ва баъд шикаст хӯрд; ду сол баъд аз он дар муқобили фаластиниҳо 22 рӯз тавнист муқовимат бикунаду шикаст хӯрд; чанд сол баъд дар муқобили мардуми мазлуми Ғазза 8 рӯз тавонист муқовимат бикунад ва шикаст хӯрд; дар ҳамин ҳафтаи ахир 2 рӯз тавонист муқовимат бикунад ва шикаст хӯрд; ин заъфи режими саҳюнистӣ аст, заъфи рӯзафзуни режими саҳюнистӣ аст.

Миллатҳое, ки фикре доранд, ҳуввияте доранд, ангезае доранд, муттакӣ ба Худо ҳастанд, ва ба Худо таваккул кардаанд, меистанд ва Худои Мутаол ба онҳо кӯмак хоҳад кард.

وَلَو قاتَلَکُمُ الَّذینَ کَفَروا لَوَلَّوُا الاَدبارَ ثُمَّ لایَجِدونَ وَلِیًّا وَلا نَصیرًا * سُنَّةَ اللهِ الَّتی قَدخَلَت مِن قَبلُ وَلَن تَجِـدَ لِسُنَّةِ اللهِ تَبدیلا[1]

Ин суннати илоҳӣ аст; агар мусалмонҳо биистанд, бар ҳамаи созу барги қудратҳои тоғутӣ ва мустакбир пирӯз хоҳанд шуд. Имрӯз мардуми Яман сахттарин шиканҷаҳоро доранд аз ноҳияи давлати Саудӣ ва ҳамроҳонаш ва Амрико –пуштибонаш- таҳаммул мекунанд локин бидонед қатъан миллати Яман ва Ансоруллоҳ пирӯз хоҳанд шуд; онҳо шикаст намехуранд; миллати Фаластин шикаст намехуранд; танҳо роҳ, муқовимат аст ва он чизе, ки имрӯз Амрикоро ва муттаҳидонашро дастпоча карда, ки ба ҳарфҳои ёва мутавассил мешаванд, ба корҳои ғалат мутавассил мешаванд, истодагии миллатҳои мусалмон аст ва ин истодагӣ натиҷа хоҳад дод.

Баёнот дар дидори масъулони низом ва меҳмонони конфронси Ваҳдати Исломӣ (25.11.2017)

Муқовимат Истиқомати миллатҳо, масъалаи муқовимат, суннатҳои илоҳӣ, масъалаи Яман, нобудии режими саҳюнистӣ

 


[1] Сураи Фатҳ, ояти 22; Тарҷума: “Ва агар кофирон (дар сарзамини Ҳудайбия) бо шумо пайкор мекарданд базудӣ фирор мекарданд, сипас валӣ ва ёваре намеёфтанд!”

All rights reserved This website is owned 2017