this is a title for here

 

 Таслими зулм шудан ва зулм кардан ҳарду қабеҳ аст

  Operator 6 December 2018 13 Read

Медонанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ бо пойбандӣ ба Ислом, ҳаргиз зери бори ин ҳарфҳо (ақибнашинии Ҷумҳурии Исломӣ аз мавозеъи хул нисбат ба масъалаи Фаластин) нахоҳад рафт. Маънӣ надорад ва мумкин нест, ки касе мӯътақид ба ислом бошад, заррае пойбанд ба ислом бошад, вале зери бори зӯр биравад ва зулмро қабул кунад. Дар ислом, ҳамонқадр, ки зулм кардан бад аст, таслими зулм шудан ҳам ҳамонқадар бад аст. Шумо дар дуои Макоримул-ахлоқ мебинед, ки Имом Саҷҷод мегӯяд:

ولا اظلمن و انت مطیق للدفع عنی و لا اظلمن و انت قادر علی‌القبض منی[1]

Дар Қуръон мефармояд:

لاتَظلمون و لاتُظلمون[2]

На зулм кунед, ва на қабули зулм кунед ва зери бори зумл биравед. Магар мумкин аст касе мусалмон бошад, эътиқоди ба ислом дошта бошад, дар айни ҳол зулму зӯрро аз ҳар касе қабул кунад; чи бирасад ба душмани деринаи миллати Эрон –яъне Амрико- ки ин ҳама ба миллати Эрон зарба задааст. Ин ки дуруст нест, инро медонанд. Аз инҷост, ки аз низоми Ҷумҳурии Исломӣ бо ҳамаи вуҷуд безоранд ва бо душмананд ва дар садади муориза ва мубориза бо он ҳастанд; чун медонанд, ки миллати Эрон ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ ҳозир нест зери бори таҳмили онон биравад.

Баёнот дар дидори ҷамъе аз донишомӯзон ва донишҷӯён (14.08.1376)

KHAMENEITJ.INFO

 


[1] Саҳифаи Саҷҷодия, дуои 20;

Тарҷума:

... Борхудоё бар Муҳаммад ва хондони ӯ дуруд фирист, ва магузор, ки ситамдида шавам дар ҳоле, ки ту бар ҷилавгирӣ аз ситам ба ман тавоноӣ, ва на ман ба дигарӣ ситам намоям, ки ту метавонӣ маро манъ кунӣ, ва гумроҳ нашавам дар ҳоле, ки бар ҳидояти ман тавоноӣ, ва бечизу ниёзманд нагардам, ки гушоиши рӯзии ман аз ту аст, ва (дар байни мардум) саркашӣ нанамоям, ки тавонгарии ман аз туст...

[2] Бақара, ояти 279

Тарҷума:

Агар (чунин) намекунед, бидонед Худо ва расулаш, бо шумо пайкор хоҳанд кард! Ва агар тавба кунед, сармояҳои шумо, аз они шумост (= асли сармоя, бидуни суд); на ситам мекунед, ва на бар шумо ситам ворид мешавад.

All rights reserved This website is owned 2017