this is a title for here

 

 Миллати Эрон 40 солагии Инқилобро бошукӯҳтар баргузор хоҳад кард

  Operator 16 December 2018 133 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори ҷамъе аз хонаводаҳои шаҳидони дифоъи муқаддас ва мудофеъи ҳарам ва дифоъ аз марзҳо ва амнияти кишвар, бозофаринии руҳияи шуҷоат ва шаҳодат дар насли ҷавони мӯъмини инқилобии имрӯзро “мӯъҷизаи инқилобӣ” баршумурданд ва бо даъвати мардум ва ҷавонон ва ҳамчунин масъулон ба бедорӣ ва ҳушёрӣ дар муқобили тавтеъаҳои ҷабҳаи истикбор ва дар раъси он Амрико, гуфтанд: “Ҳама бояд талоши худро барои тақвияти иқтисоди кишвар ва тавлиди миллӣ музоаф кунанд ва масъулон низ бояд муроқиб бошанд то фиреби зоҳирсозӣ ва забонбозии душманро нахӯранд ва душмани хабисе, ки аз дар берун шудааст, аз панҷара ворид нашавад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо ишора ба каломи Имом Хумайнӣ (р) мабнӣ бар ин ки “миллате, ки шаҳодат дорад, асорат надорад”, таъкид карданд: “Миллате, ки ба истиқболи хатар рафтан дар роҳи Худо ва шаҳодат дар роҳи ӯро, саодат ва як муваффақияти бузург медонад, ҳеч нерӯе тавоноии истодагӣ дар муқобили онро надорад ва он миллат ҳамвора барандааст ва пеш хоҳад рафт.”

Ҳазрати Оятуллош Хоманаӣ миллати Эронро намунаи боризи ин тафаккур донистанд ва афзуданд: “Ин ки миллати Эрон дар тӯли 40 соли гузашта дар роҳи бисёр пурхатар ва пурзаҳмати худ дар муқобили ҳамаи қудратмандони золим истод ва онҳо натавонистанд ҳеч ғалате бикунанд, ба далели эътиқод ба шаҳодат ва ин сарнавишти ифтихоромез аст.”

Эшон истимрори ин тафаккур ва руҳия дар ҷавонони инқилобиро нишонаи рӯйишҳои чандбаробарии Инқилоб дар муқобили резишҳо хонданд ва хотирнишон карданд: “Имрӯз ҷавони мӯъмин ва инқилобӣ бо ҳамон руҳияи ҷавонони аввали инқилоб ва руҳияи шаҳидон Ҳиммат ва Харрозӣ ва дигар бузургон ба васати майдон меояд ва бо эҳсоси масъулият ва шуҷоат ҳамчун сутуни Инқилоб, дар муқобили душман меистад ва ба истиқболи шаҳодат меравад, ва ин мӯъҷизаи низоми Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки тавониста ин руҳияи фӯлодинро бозофаринӣ кунад ва истимрор диҳад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар ин ки агар ин шаҳодатҳо ва шуҷоатҳо ва сабри хонаводаҳои шаҳидон набуд, мустакбирони олам ва Амрикои ҷинояткор ҳамчун даврони тоғут бар кишвар мусаллат мешуданд, гуфтанд: “Миллати Эрон қадрдони шаҳидон ва хонаводаҳои онон аст, ки намунаҳои онро дар ҳузури пуршукӯҳи мардум дар ташйеъи шаҳидони мудофеъи ҳарам ва дифоъ аз амният ва марзҳо шоҳид буда ва ҳастем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: “Бар хилофи таҳлилҳои берабти бархе афроди каҷфаҳм ва дилбаста ба Ғарб, Ҷумҳурии Исломӣ нируманд ва тавоно аст ва ин қудрат ба воситаи маънавият ва фикр ва талоши инсонҳои фидокор ва имони ҷавонон ва хонаводаҳои шаҳидон ба даст омадааст.”

Эшон бо таъкид бар ин ки душманони саршиноси Эрони исломӣ, ғарқ дар фасоди ахлоқӣ ва сиёсӣ ҳастанд, афзуданд: “Агар мехоҳед чеҳраи воқеӣ Амрикоро бишносед, ба раисҷмҳур ва давлатмардони кунунии Амрико бингаред; зеро ин афрод, чеҳраи зишт ва нафратангези ҳамешагии давлатмардони Амрикоро акнун ба сурати сареҳ ва ошкор намоён кардаанд.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба истодагии миллати Эрон дар муқобили чунин душманӣ, хотирнишон карданд: “Амрикоиҳо дар тӯли ин солҳо, ҳамвора ба дунболи ин буданд, ки ҳамонанди қабл аз Инқилоб бори дигар бар Эрон мусаллат шаванд ва ҳамон шароитеро, ки барои бархе кишварҳои заифи минтақа ба вуҷуд овардаанд ва онҳоро гови ширдеҳи худ номидаанд, барои Эрони азиз, бузург ва пурифтихор низ ба вуҷуд оваранд аммо ба ин ҳадаф нарасиданд ва аз ин ба баъд ҳам қатъан нахоҳанд расид.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки Имом Хумайнӣ (р), Амрикоро «Шайтони бузург» хонданд, афзуданд: “Имом (р) бо ин номгузорӣ, дар воқеъ ҳамаи муваҳҳидон ва миллатҳои боинсофи ҷаҳонро дар муқобили Амрико басиҷ карданд ва тавфиқоти зиёде ҳам дар ин роҳ ба даст омада ва бештар ҳам хоҳад шуд аммо душман талош дорад то миллати Эронро аз масири пешрафт ва истодагӣ дар муқобили қудратҳо мунсариф кунад.”

Эшон бо ишора ба таҳаррукот ва иқдомоти ду соли ахир амрикоиҳо ба вижа вазъи таҳримҳои ҳамаҷониба ва кӯмак ба душманони гуногуни Эрон, нақшаҳои онҳоро бенатиҷа хонданд ва таъкид карданд: “Ҳадафи онҳо ин буд, ки ба василаи таҳрим ва иқдомоти зидди амниятӣ, дар кишвар, дудстагӣ, ихтилоф ва ҷанги гурӯҳҳо ба вуҷуд оваранд ва иддаеро ба хиёбонҳо бикашонанд ва номи онро ҳам «тобистони доғ» гузошта буданд аммо ба кӯрии чашми душманон, тобистони имсол яке аз беҳтарин тобистонҳо буд.”

Раҳбари инқилоб исломӣ ҳамчунин бо ишора ба изҳороти мақомоти амрикоӣ мабнӣ бар ин ки ҷумҳурии исломӣ «чиҳил солаги»-и худро нахоҳад дид, гуфтанд: “Миллати Эрон бо истеҳкоми тамом истодааст ва ба тавфиқи илоҳӣ дар 22-уми баҳман, 40-умин солгарди Инқилоби Исломиро бошукӯҳ бисёр бештар аз солҳои қабл баргузор хоҳад кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба бедории миллати Эрон, масъулонро ба талоши бештар тавсия карданд ва афзуданд: “Агарчи нақшаи душман ошкор шудааст аммо ҳама бояд ҳушёрии худро ҳифз кунанд зеро Амрико, душмани хабис ва ҳилагар аст ва мумкин аст қасди фиреб дошта бошад то барои соли 97, ҷанҷол кунад аммо масалан барои соли 98 нақшае бикашад.”

Эшон, саҳюнистҳо ва муртаҷеъини минтақаро шарики Амрико дар тавтеа ва душманӣ бо миллати Эрон донистанд ва таъкид карданд: “Албатта мо қавитар аз онҳо ҳастем зеро то кунун натавонистаанд дар муқобили Ҷумҳурии Исломӣ ҳеҷ ғалате бикунанд ва аз ин пас ҳам нахоҳанд тавонист.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар айни ҳол таъкид карданд: “Набояд лаҳзае ғофил шуд ва ҳама бояд бедор ва ҳушёр бошанд. Тавсияи ман ба миллати Эрон ба вижа ҷавонон ва маҷмӯаҳои гуногуни кишвар аъами аз ҳамаи қишрҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ ин аст, ки муроқиб бошанд майдонро барои душман омода накунанд зеро агар ғофил шавем, ҳамон душмани заиф, заҳри худро хоҳад рехт.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Имрӯз, муҳимтарин вазифаи мардум ва масъулон, дар канори ҳушёрӣ, талош барои тақвияти иқтисоди кишвар ва тавлиди дохилӣ аст.”

Эшон, масъулонро ба афзоиши талошҳо ва фиреби зоҳирсозӣ ва забонбозии душманро нахӯрдан, тавсияи муаккад карданд: “Душман анвоъи тарфандҳоро ба кор мебарад ва масъулон бояд муроқиб бошанд, душмани хабисе, ки аз дар берун шудааст, аз панҷара дохил нашавад.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба таъкидоте, ки ба масъулон дар хусуси масоили иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти мардум кардаанд, афзуданд: “Агар масъулон ба мавзӯъи тақвияти тавлиди дохилӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд, мушкилоти иқтисодии мардум кам хоҳад шуд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба дасти дӯстии Оли Сауд бо душманони ислом ва ҷинояти онҳо дар Яман, Амрикоро шарики ин ҷиноятҳо хонданд ва хотирнишон карданд: “Саудиҳо тасаввур мекарданд метавонанд зарфи чанд рӯз ё чанд ҳафта, бар Яман мусаллат шаванд аммо акнун ҳудуди чаҳор сол аст, ки натавонистанд коре аз пеш бибаранд ва ҳарчи замон бигузарад, зарбае, ки ба онҳо ворид хоҳад шуд, сахттар хоҳад буд.”

Эшон сиёсати Оли Сауд дар Яман ва Баҳрайнро, сиёсати аблаҳона донистанд ва таъкид карданд: “Ходими Ҳарамайни Шарифайн бояд «ашиддоъу алал-куффор» бошад, на ашиддоъ дар муқобили мӯъминон ва дар муқобили мардум Яман ва мардуми Баҳрайн.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар ин ки миллати Эрон бояд бо басирати комил, авзоъро зери назар дошта бошад ва мавзеъи худро мустаҳкам нигоҳ дорад, афзуданд: “Имрӯз дар ин дунёи тӯфонӣ, ки тӯфони он ба Аврупо ва Фаронса низ расидааст, миллати Эрон ба баракати ислом дар каштии амни муҳаббати Аҳлибайт (а) қарор гирифта ва пирӯзӣ мутааллиқ ба ин миллат аст.”

 

Дидори ҷамъе аз хонаводаҳои шаҳидон бо Раҳбари Инқилоб (12.12.2018)

 

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017