this is a title for here

 

 Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Бо Амрико музокира нахоҳем кард, на музокираи дуҷониба на чандҷониба”

  Operator 19 September 2019 46 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи рӯзи сешанбе (17/09/2019) бо ишора ба ҳушёрии амиқ ва таҳсинбарангези мардум дар муқобили тавтеъаҳои душманон дар чаҳор даҳсолаи гузашта, танҳо роҳи илоҷи мушкилоти кишварро такя ба мардум ва ҷавонон ва ҷиддӣ гирифтани зарфиятҳои дохилӣ донистанд ва бо ишора ба тарҳи муҷаддади мавзӯъи музокира аз ҷониби амрикоиҳо, ҳадафи онҳо аз тарфанди музокираро таҳмили хостаҳои худ ва исботи таъсиргузории фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон хонданд ва таъкид карданд: “Сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ дар муқобили миллати Эрон пашизе арзиш надорад ва ҳамаи масъулони Ҷумҳурии Исломӣ яксадо мӯътақиданд, ки бо Амрико дар ҳеч сатҳе музокира нахоҳад шуд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар ибтидои дарси хориҷи фиқҳ дар оғози соли таҳсилии ҳавзаҳои илмия, маҷолиси азодории Имом Ҳусайн (а) дар муҳаррами имсолро пурравнақтар аз ҳар сол донистанд ва хотирнишон карданд: “Ин ҳақиқати пурмаъно нишон медиҳад, ки пайванди мардум бо Аҳлибайт (а) як пайванди мустаҳкам аст ва ба рағми анбӯҳи таблиғоти душманон алайҳи муқаддасот ва бо вуҷуди анвоъи саргармиҳо ва ҷозибаҳои гуногун барои ҷавонон, бо фарорасидани муҳаррам, амвоҷи азими мардуме, ки ағлаб низ ҷавонон ҳастанд ба самти хаймаи Ҳусайн ибни Алӣ (а) ҳаракат мекунад ва миллати мо дар зери хаймаи ҳазрати Абоабдиллоҳ ба роҳи худ идома медиҳад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома бо ишора ба бархе масоили муҳимми рӯз, гуфтанд: “Миллати Эрон дар мувоҷеҳа бо мавҷи таблиғотии густарда, азим ва амиқи душман алайҳи кишвар ва муқаддасот, дар ҳоли тасмимгирӣ аст; албатта дар муқобили ин амвоҷи ғолибан пинҳон ва зерзаминӣ, ки гоҳе дар гӯшае аз кишвар низ худро нишон медиҳал, дастгоҳҳои мухталиф ҳушёр ҳастанд, аммо муҳим, нақши мардум аст.”

Эшон бо таъкид бар ин ки зимоми беҳбуди корҳои кишвар ба дасти мардум ва ба вижа ҷавонон аст, афзуданд: “Азм, тасмим, басират ва имони мардум метавонад кишварро ба нуқтаи матлуб бирасонад ва бар ҳамин асос аст, ки мукарраран бар ҷиддӣ гирифтани зарфиятҳои дохилӣ дар ҳамаи бахшҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва амниятӣ таъкид ва такя мекунем.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо ишора ба пешрафтҳои кишвар дар илму фанноварӣ ва ҳамчунин хабарҳои хуб аз бахши тавлид, гуфтанд: “Дар бахши тавлид, ғафлатҳо ва кӯтоҳиҳое вуҷуд доштааст аммо ҳаракатҳои хубе ба самти аҳдофи матлуб дар ҷараён аст, ки иншоаллоҳ мардум осори онро хоҳанд дид.”

Эшон бо таъкид бар ин ки илоҷи мушкилоти гуногун дар дасти мардум аст, афзуданд: “Ба бегона набояд нигоҳ кард, ба фалон давлат ва фалон давлат набояд умед баст, ба нишаст ва бархост бо дигарон набояд такя кард.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон афзуданд: “Албатта ин ҳарф ба маънои бастани боби муровида бо давлатҳои олам нест, мо аҳли муровида ва гуфтугӯ ва нишасту бархост ҳастем аммо набояд корҳои кишварро ба нишасту бархост бо дигарон мавкул кард. Ҳарчи митавонед аз имконоти дунё истифода кунед аммо илоҷ дар дохили кишвар, ва ҳалли мушкилот ба дасти мардум аст.”

Эшон бо ишора ба ҳарфи нав ва роҳи ҷадиде, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дунё пеш гирифтааст, истиқболи бегонагон ва дастнишондаҳои низоми пӯсидаи сармоядории ғарбӣ аз ин роҳи пурифтихорро номумкин донистанд ва афзуданд: “Онҳо ҳарчи битавонанд душманӣ карда ва мекунанд аммо ба ҳавлу қувваи илоҳӣ ин корҳо ба ҷое нарасида ва нахоҳад расид ва миллат бар душманони худ бавижа Амрико пирӯз хоҳад шуд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусуси ҳадафи амрикоиҳо аз матраҳ кардани муҷаддади мавзӯъи музокира бо Эрон, гуфтанд: “Ҳама бояд бидонанд ва таваҷҷӯҳ кунанд, ки ин як тарфанд аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо ишора ба мавозеъи мутафовити мақомҳои амрикоӣ дар хусуси музокира афзуданд: “Гоҳе мегӯянд музокира бидуни шарти пешакӣ, гоҳе низ мегӯянд музокира бо 12 шарт. Ингуна суханон ё аз сиёсати ошуфтаи онҳо аст ва ё тарфанде барои сардаргум кардани тарафи муқобил. Албатта Ҷумҳурии Исломӣ сардаргум намешавад, чароки роҳи мо рӯшан аст ва медонем чӣ мекунем.”

Эшон ҳадафи амрикоиҳо аз музокираро на ёфтани роҳиҳалли одилона, балки таҳмили хостаҳои густохона донистанд ва гуфтанд: “Ин ҳарфро, ки ҳадафи Амрико аз музокира, таҳмил аст қаблан банда мегуфтам аммо онҳо инқадр густох шудаанд, ки имрӯз ин воқеиятро худашон ҳам ба забон меоваранд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо ишора ба суханони ахири як мақоми амрикоӣ, ки гуфта буд бояд бо Эрон сари мизи музокира шинем ва мо фалон чизҳоро бигӯем ва Эрон қабул кунад, хотирнишон карданд: “Барои ин навъ музокира бояд ба сӯроғи ҳамон касоне бираванд, ки ба унвони гови ширдеҳи онҳо амал мекунанд. Ҷумҳурии Исломӣ, ҷумҳурии мӯъминин, ҷумҳурии муслимин лиллоҳ ва ҷумҳурии иззат аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома ба табйини аҳдофи Амрико аз сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ва дар айни ҳол, талош барои кашондани Эрон пои мизи музокира пардохтанд ва гуфтанд: “Сиёсати давлати Амрико, фишори ҳаддиаксарӣ ба Эрон дар қолаби таҳримҳои гуногун, таҳдид ва ёвагӯиҳои мухталиф аст, чароки давлати кунунии Амрико мӯътақид аст бо рӯдарбойстӣ ва таоруф наметавон Ҷумҳурии Исломиро ба зону даровард ва водор ба тавозӯъ ва қабул кард.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ афзуданд: “Режими Иёлоти Муттаҳида ба дунболи он аст, ки ҳам барои рақибони дохилии худ ва ҳам барои аврупоиҳо инро ба унвони як сиёсати қатъӣ ҷо андозад, ки танҳо роҳи мувоҷеҳа бо Эрон, фишори ҳаддиаксарӣ аст.”

Эшон бо ишора ба изъони амрикоиҳо ва муттаҳидони онҳо ба ноком мондани сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ дар ба зону даровардани Эрон, гуфтанд: “Ҳадафи онҳо аз музокира ин аст, ки ба ҳама собит кунанд фишори ҳаддиаксари ҷавоб дод ва масъулони Ҷумҳурии Исломӣ бар хилофи онки мигуфтанд музокира намекунем маҷбур шуданд пои мизи музокира биёянд, бинобар ин танҳо роҳи мувоҷеҳа бо Эрон, фишори ҳаддиаксарӣ аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Агар душман тавонист исбот кунад, ки фишори ҳаддиаксарӣ илоҷи кори Эрон ва муассир бар рӯи Эрон аст, Эрон ва миллати азизи мо дигар рӯи осоишро нахоҳанд дид, чун пушти сари ҳамаи сиёсатҳои мустакбиронаи Амрико ин сиёсат қарор хоҳад гирифт ва аз ин ба баъд, ҳар чизеро, ки қулдрона аз Ҷумҳурии Исломӣ мутолиба кунанд, агар ба онҳо “чашм” гуфтем, масъала тамом аст аммо агар “на” гуфтем дубора фишори ҳаддиаксарӣ оғоз хоҳад шуд.

Эшон, иллати исрори амрикоиҳо ва восита кардани бархе аврупоиҳо барои музокира ва дидорро дар ҳамин чорчӯб донистанд ва афзуданд: “Албатта ман роҷеъ ба аврупоиҳо дар як вақти дигар сӯҳбат хоҳам кард аммо иллати исрори онҳо ба ин ки агар бо раисиҷумҳури Амрико як ҷаласа бигузоред ҳамаи мушкилоти шумо ҳал хоҳад шуд, ин аст, ки исбот кунанд фишори ҳаддиаксарӣ дар муқобили Эрон як сиёсати муваффақ аст ва бояд ҳамин сиёсатро ба кор баст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, таъкид карданд: “Мо дар муқобил бояд собит кунем, ки сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ дар муқобили миллати Эрон пашизе арзиш надорад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ суханон худ дар хусуси музокира бо Амрикоро дар ду нукта ҷамъбандӣ карданд: “1) Музокира бо Амрико яъне таҳмили хостаҳои онон бар Ҷумҳурии Исломӣ, 2) Музокира яъне намоиши муваффақияти сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико.

Эшон афзуданд: “Барои ҳамин аст, ки масъулони кишвар аз раисиҷмҳур ва вазири корҳои хориҷа ва дигарон, яксадо эълом карданд, ки бо Амрико музокира нахоҳем кард, на музокираи дуҷониба на чандҷониба.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: “Чунончӣ Амрико ҳарфи худро пас гирифт ва тавба кард ва ба муоҳидаи ҳастаӣ, ки онро нақз кардааст, бозгашт, онвақт дар ҷамъи кишварҳои узви муоҳида, ки ширкат ва бо Эрон сӯҳбат микунанд, Амрико ҳам метавонад ширкат кунад, аммо дар ғайри ин сурат ҳеч музокирае дар ҳеч сатҳе байн масъулони Ҷумҳурии Исломӣ ва амрикоиҳо иттифоқ нахоҳад афтод, на дар Нию-йорк ва на ғайри он.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо баён ин ки дар тӯли 40 соли гузашта, Ҷумҳурии Исломӣ дар мувоҷеҳа бо анвоъи тарфандҳо қарор доштааст ва душманон натавонистаанд Эрони азизро мағлуб кунанд, хотирнишон карданд: “Сиёсатҳои онон яке пас аз дигаре мағлуби сиёсатҳои Ҷумҳурии Исломӣ шудааст ва баъд аз ин низ Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳавлу қувваи илоҳӣ онҳоро мағлуб хоҳад кард ва пирӯз ва сарбаланд аз майдон хориҷ хоҳад шуд.

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017