this is a title for here

 

 Ба аврупоиҳо, мутлақан намешавад эътимод кард

  Operator 27 September 2019 330 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон, субҳи рӯзи панҷшанбе (26/09/2019) дар дидори мунтахабони миллат дар Маҷлиси Хибрагон, зимни ироаи таҳлили ҷомеъ аз шароити кишвар ва густариши шиорҳо ва иқтидори инқилобӣ ва сиёсии низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва имтидоди он дар минтақа, баҳрагирӣ аз дарсҳои даврони дифоъи муқаддас ва таъмиқи онро дар ҷомеъа бисёр зарурӣ ва муҳим хонданд ва таъкид карданд: “Лозима ва асоси истимрори пешрафти кишвар, “таваккул бар Худо”, “истодагӣ ва муқовимат”, “умед ба оянда”, “эътимод ба ҷавонон ба вижа ҷавонони инқилобӣ,” “ваҳдат ва инсиҷоми оҳоди мардум ба хусус дар миёни нерӯҳои инқилоб”, “ҳимояти воқеъӣ аз тавлиди дохилӣ” ва “қатъи умеди комил аз бегонагон” аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар ибтидои ин дидор бо гаромидошти ҳафтаи дифоъи муқаддас ва бо ишора ба дарсҳои ин даврони дурахшон ва лузуми густариш ва таъмиқи ин дарсҳо дар ҷомеъа афзуданд: “Таваккули Имом (р) ба Худованди Мутаол дар замони оғози ҷанг ва дар тӯли 8 соли дифоъи муқаддас, ба рағми ҳамаи мушкилот ва камбудҳо ва фишорҳо, як мавзӯъи шигифтовар буд, ки бояд ин таваккули имрӯз низ дар ҳамаи арсаҳо вуҷуд дошта бошад.”

Эшон гуфтанд: “Бархе авқот ба далели бархе мушкилот дар ҷомеъа , бархе бузургон ва муҳтарамин дучори дастпочагӣ мешаванд дар ҳоле, ки бояд ба Худо таваккул, ва бо талоши он мушкилро бартараф кард.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо ишора ба алтофи илоҳӣ дар 40 соли гузашта ва убури низоми исломӣ аз гарданаҳои сахт хотирнишон карданд: “Иззату иқтидор ва эътибори моддӣ ва маънавии кишвар дар дунё ва хайли азими ҷавонони инқилобӣ омода ба кор ва пешрафтҳо ва ҷаҳишҳои кишвар ғайри қобили муқоиса бо ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломӣ аст ва ҳамаи ин муваффақиятҳо, марҳуни лутфу инояти илоҳӣ аст, бинобар ин таваккул ба Худо ҳечгоҳ набояд фаромӯш шавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ “умед ба оянда ва эътимод ба ҷавонон”-ро аз дигар дарсҳои даврони дифоъи муқаддас баршумурданд ва гуфтанд: “Бояд ҷавононро вориди майдон кард ва аз нерӯи онон ғафлат накард, албатта ба коргирии ҷавонон ба маънои аз саҳна хориҷ шудани афроди ғайри ҷавон нест зеро ҳар фарде ба таносуби таҷриба ва амалкарди худ ҷойгоҳе дорад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар ин ки ғафлат аз нерӯи ҷавон иштибоҳ аст ва нерӯҳои ҷавон бояд ба кӯмаки нерӯҳои ғайриҷавон биёянд, гуфтанд: “Яке аз шохисҳои муҳимми даврони дифоъи муқаддас, ҳузури ҷавонон дар мансабҳои фармондеҳӣ ва дар баданаи азими Басиҷу Сипоҳ ва Артиш буд ва имрӯз низ бояд ин фурсатро муғтанам шумурд ва аз ҷавонон дар радаҳои мудириятии боло ва ба вижа миёнӣ истифода кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ “азму иродаи миллӣ”-ро дарси дигари дифоъи муқаддас донист ва таъкид карданд: “Душман талоши зиёдеро барои суст кардани азму иродаи мардум ва ноумед кардани онон ба кор бастааст, ки бояд дар муқобил, азму иродаи миллӣ тақвият шавад ва ин муҳим низ, бо дастури имконпазир нест балки бо истидлолҳои саҳеҳ ва бо ҳузури ба мавқеъи соҳибони фикр дар миёни мардум муҳаққақ мешавад.”

Эшон бо таъкид бар ин ки асоси ҳамаи умури кишвар ва лозимаи муваффақият дар арсаҳои мухталиф “истодагӣ ва муқовимат” аст, афзуданд: “Бархе корҳо ниёзманди истодагии тӯлонимуддат аст, бинобар ин набояд аз густардагии ҷабҳаи душманон ва қулдуриҳо тарсид балки бояд ҳамонанди даврони дифоъи муқаддас, бо муқовимат ва истодагӣ, собит кард, ки мо метавонем.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо ишора ба талоши душман барои таъсиргузорӣ бар фаҳму идроки тасмимсозон, тасмимгирон ва оҳоди мардум ба манзури илқои “наметавонед” ва “намешавад” гуфтанд: “Бар хилофи талоши душман барои мунҳариф кардани фаҳму идроки мардум ва масъулон аз воқеъиятҳои кишвар ва таърифи манофеъ ва масолеҳи миллӣ бар асоси аҳдофи худ, зарфиятҳо ва тавоноиҳои кишвар ба гунае аст, ки ҳамаи гиреҳҳои иқтисодӣ ва мушкилоти маъишатӣ бо тадбиру бо пайгирӣ ва машварати дуруст, қобили ҳал шудан ҳастанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба суханони ахири раисиҷумҳури ИМА мабнӣ бар ин ки агар Эрон хостаҳои Амрикоро анҷом диҳад вазъи мардум беҳтар хоҳад шуд, ишора карданд ва афзуданд: “Мақомот ва расонаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ ба сурати мустамар бо такрори чунин матолибе дар талош барои илқои ин мавзӯъ ҳастанд, ки “шумо наметавонед” аммо мардуми Эрон ба ин таблиғот ва илқоот таваҷҷӯҳе намекунанд.”

Эшон гуфтанд: “Яке аз нукоти дигаре, ки талош мешавад азҳон ва идроки мардум ва масъулонро аз он мунҳариф кунанд, мавзӯъи пойбандӣ ба шиорҳои инқилоб аст ва ахиран низ бархе мақомоти аврупоӣ гуфта буданд, ки Эрон бояд даст аз шиорҳои инқилобӣ бардорад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон иллати баён ва илқои чунин матолиберо тарсу воҳимаи Амрико ва аврупоиҳо аз шиорҳои инқилоб ва роҳи севвуме, ки Инқилоби Исломӣ ба вуҷуд овардааст, донистанд ва таъкид карданд: “Илоҷи масоил ва мушкилоти кишвар пофишорӣ бар шиорҳо ва роҳи инқилобӣ аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҷанги Аҳзоб ва оёти марбут ба ин ҷанг, сафороии душманон ва шайтонҳо аъам аз Амрико ва Аврупои хабисро нишонаи ҳаққоният ва қудрати низоми Ҷумҳурии Исломӣ донистанд ва гуфтанд: “Кишвар илова бар ҳаракати рӯ ба пеш, дар мавориде ҷаҳиш низ доштааст ва душман аз ин мавзӯъ нороҳат ва нигарон аст ва иллати аслии таҳримҳо ҳам ҷилавгирӣ аз ин ҷаҳишҳо аст аммо ба лутфи Худованд дар ояндаи начандон дур, дар заминаҳои мухталиф шоҳиди ҷаҳишҳое хоҳем буд.”

Эшон дар идомаи суханони худ матолиберо дар хусуси Аврупо баён карданд.

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо таъкид бар ин ки роҳи таомул ва музокира бо ҳеч кишваре ба ғайр аз ИМА ва режими саҳюнистӣ баста нест, афзуданд: “Аммо ба ҳеч ваҷҳ набояд ба кишварҳое, ки парчами душманӣ бо низоми исломиро дар даст гирифтаанд ва дар раъси онҳо Амрико ва ин чанд кишвари аврупоӣ, эътимод шавад зеро онҳо сареҳан бо миллати Эрон душманӣ мекунанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ангезаҳои душмании аврупоиҳо бо Ҷумҳурии Исломӣ тафовути усулӣ бо душмании Амрико надорад, гуфтанд: “Аврупоиҳо дар зоҳир ба унвони миёнҷӣ ворид мешаванд ва ҳарфҳои тӯлонӣ ҳам мезананд аммо ҳамаи онҳо пӯч аст.”

Эшон бо ишора ба амалкарди аврупоиҳо баъд аз тавофуқи ҳастаӣ ва амал накардан ба ваъдаҳо ва ҳамчунин наҳваи амалкарди Аврупо баъд аз хуруҷи Амрико ва аъмоли золимонаи таҳримҳои сонавия афзуданд: “Аврупоиҳо ба рағми ваъдаҳои худ, амалан ба таҳримҳои Амрико пойбанд монданд ва ҳеч иқдоме анҷом надоданд ва аз ин пас ҳам баъид аст коре барои Ҷумҳурии Илсомӣ анҷом диҳанд, бинобар ин бояд ба куллӣ аз аврупоиҳо қатъи умед кард.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, хотирнишон карданд: “Рафту омад ва бастани қарордод ишколе надорад аммо мутлақан набояд ба онҳо умед дошт ва эътимод кард.”

Эшон ҷараёни корҳоро ба рағми ҳамаи ин душманиҳо, ба нафъи Ҷумҳурии Исломӣ арзёбӣ карданд ва гуфтанд: “Имрӯз низоми исломӣ на танҳо қавитар аз 40 сол пеш аст балки аз даҳ соли пеш низ қавитар шуда ва иқтидори инқилобӣ ва сиёсии он дар минтақа густариш ёфта ва решаҳои инқилоб амиқтар шудааст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо ишора ба пешрафтҳои низоми исломӣ дар арсаҳои гуногун хотирнишон карданд: “Албатта вазоифи сангине бар ӯҳдаи ҳамааст зеро мушкилоти мухталифе дар арсаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ вуҷуд дорад ва душман низ ба шиддат дар заминаи нуфуз ва иқдомоти фарҳангӣ фаъол аст, аммо агар масъулон милоки кори худро адами эътимод ба душман қарор диҳанд, қатъан метавон дар муқобили тавтеъаҳо истод ва онҳоро хунсо кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома ба арзёбии вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Амрико ва Аврупо пардохтанд ва гуфтанд: “Амрико, ки душмани аслии мост, имрӯз манфуртарин давлат дар дунё аст ва аврупоиҳо низ худашон дар ҳоли эътироф ба заъфҳо ва уфули қудраташон ҳастанд.”

Эшон бо ишора ба суханони яке аз сарони Аврупо дар маҷмаъи умумии СММ афзуданд: “Ин мақоми аврупоӣ сароҳатан ва бо истидлол ба уфули тамаддуни Ғарб изъон кард, албатта дар ҳамин шароити заъф низ хуи истикбории худро фаромӯш намекунанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ба оморҳои марокизи байналмилалӣ дар хусуси қарзҳои кишварҳои маъруфи аврупоӣ ишора карданд ва гуфтанд: “Мушкилоти иқтисодии ин кишварҳо ҷиддӣ аст ва гирифториҳои сиёсии Ангилис ва Фаронса низ дар муқобили чашми ҳамагон аст, бинобар ин бояд аз ин мавқеъият истифода кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҷамъбандии суханони худ, чанд вазифаи муҳимро барои тадовуми роҳи пурифтихори инқилоб ва ғалаба бар душманиҳо мавриди таъкид қарор доданд.

“Эътимод ва итминон ба ваъдаи илоҳӣ” аввалин нуктае буд, ки Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба он ишора карданд ва гуфтанд: “Ҳадафи мо таҳаққуқи дини Худо ва пиёда шудани шариати илоҳӣ дар ҷомеъааст, бинобар ин Худованд тибқи ваъдаи худ моро ёрӣ хоҳад кард, ҳамчунонки то кунун низ ба ин ваъда амал карда ва бо вуҷуди анбӯҳи мушкилот, Ҷумҳурии Исломӣ дар қуллаи иззат қарор дорад ва мояи ифтихор ва мубоҳот барои ислом аст.”

Эшон ҳамагон ба вижа масъулон ва мудиронро ба “тақво, садоқат ва кори ҷиҳодӣ” тавсия карданд ва бо ишора ба вазифаи муҳимми дигар яъне “муборизаи ҷиддӣ бо фасод” афзуданд: “Албатта дар мубориза бо фасод, пешгирӣ муқаддам бар дармон аст, яъне бояд заминаҳои фасодро аз байн бурд, зимни он ки мубориза бо фасод махсуси қувваи қазоия нест ва ҳамаи қувои кишвар бояд дар ин хусус эҳсоси масъулият кунанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бархе аз вогузориҳоро намунаҳое аз корҳои насанҷида ё фасодолӯд донистанд ва гуфтанд: “Дар ҳоле, ки аз як тараф иддае аз ҷавонон дар талоши пурангеза барои равнақи тавлид дар кишваранд, дар тарафи дигар бархе харобкориҳои ношӣ аз фасод тавлидро нобуд мекунад, ки набояд иҷоза дод ин маворид ва мушкилоте ҳамчун қазоёи корхоонаҳо дар Арок ва Хузистон шакл бигирад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, “кӯмак ба тавлид”-ро вазифаи масъулон ва калиди ҳалли масоили кишвар донистанд ва афзуданд: “Агар тавлид равнақ бигирад, бисёре аз мушкилоти кишвар аз ҷумла суқути арзиши пули миллӣ, таваррум ва қудрати хариди мардум ҳал хоҳад шуд, албатта бояд пеши роҳи воридоти беравия низ гирифта шавад.”

“Тақвияти нерӯҳои вафодор ба Инқилоб” тавсияи дигари Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ буд.

Эшон нигоҳи низоми исломӣ ба ҳуқуқи умумии оҳоди мардум фориғ аз мазҳаб ва тоифаи ононро яксон хонданд ва гуфтанд: “Фориғ аз ин ки як фарди мусалмон аст ё ғайримусалмон, ва ё ба низоми исломӣ вафодор аст ё нест, ҳуқуқи умумии он бояд маҳфуз бошад, масалан набояд адр кишвар ноамнӣ вуҷуд дошта бошад, ва бояд озодӣ ва нигоҳи одилона барои ҳамаи мардум яксон бошад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо таъкид бар ин ки дар канори ин мавзӯъ, “ҳимоят аз нерӯҳои вафодор ба инқилоб ва мӯътақид ба истиқлоли кишвар” зарурӣ аст ва набояд бо барчаспҳое ҳамчун тунду ифротии ин нерӯҳои пурангезаро аз майдон хориҷ кард, афзуданд: “Нерӯҳои мӯъмин ва инқилобӣ, ки маҷмӯъаи азиме аз мардумро дарбармегиранд, бояд дар ҳамаҷо ва дар муқобили таъаррузҳо ҳимоят шаванд ва имкони ҳузури онҳо дар марокизи ҳассос фароҳам шавад, чароки онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки дар қазияи 9 деймоҳи 1388 ва ё дар қазияҳои соли 1396 бо он ҳаракати азим вориди майдон шуданд ва душманонро ноком гузоштанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ тавсияи мукаррари худ ба масъулон дар хусуси истифода аз нерӯҳои инқилобиро ёдовар шуданд ва гуфтанд: “Банда ба раисони ҷумҳур дар чанд давра гуфтаам, ки барои пешрафти коратон аз нерӯҳои вафодор ба инқилоб истифода кунед, зеро онҳо ҳастанд, ки дар ҳангоми хатар барои кӯмак ба низом, ба саҳна меоянд.”

Эшон иттиҳоди мардум бо якдигарро мавриди таъкид қарор доданд ва афзуданд: “Иттиҳоди нерӯҳои инқилоб низ бисёр муҳим аст ва ихтилофи салиқаҳои афрод бо якдигар набояд ба мухолифат ва муориза мунҷар шавад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар поён бо интиқод аз бархе афрод, ки дар суханони худ ва ё дар фазои маҷозӣ мардумро маъюс мекунанд, гуфтанд: “Парҳез аз ноумед кардани мардум аз муҳимтарини корҳо аст, чун агар умед набошад ҳеч кори бузурге анҷом намешавад, албатта умед ба оянда як умеди козиб нест, балки ояндаи кишвар воқеъан рӯшан ва умедвор кунанда аст.”

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017