this is a title for here

 

 Дидори Оятуллоҳ Хоманаӣ бо басиҷиён

  Operator 10 December 2019 87 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон, субҳи рӯзи чаҳоршанбе (27.11.2019) дар дидори ҳазорон нафар аз басиҷиён, зимни табйини асоси ташкили басиҷ ба унвони як ниҳоди табдилкунандаи таҳдидҳо ба фурсатҳо ва ташреҳи густардаи фаъолиятҳо ва хадамоти шаҷараи тайибаи басиҷ дар арсаҳои мухталифи ҷанги сахту нарм, ба ҳаракати пуршукӯҳи миллати бузурги Эрон дар як ҳафтаи гузашта ишора карданд ва бо ташаккури амиқ аз ин ҳаракати қудратмандона таъкид карданд: “Миллати Эрон бо ин ҳаракат, тавтеъаи васеъ, бисёр хатарнок ва барномарезишудаи душманро нобуд кард.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, дар ибтидои суханонашон зимни табрики ҳафтаи басиҷ, ба ҳаракати азим ва пуршукӯҳи миллати Эрон дар як ҳафтаи гузашта ишора карданду гуфтанд: “Ман такрим ва таъзими амиқи худро ба миллати бузурги Эрон иброз мекунам. Миллати Эрон бо ин ҳаракат, як бори дигар ҳақиқатан иқтидор ва азамати худро нишон дод.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ иттифоқоти ахирро як тавтеъаи амиқ, васеъ ва бисёр хатарнок хонданду афзуданд: “Душманон барои тарроҳии ин тавтеъа, ҳазинаи бисёре карда буданд ва мутарассиди фурсате буданд то дар як бизангоҳ, онро бо истифода аз иқдомоти тахрибӣ ва одамкушӣ ва шарорат, анҷом диҳанд ва тасаввур карданд қазияи бензин фурсати мавриди назари онҳост ва лашкари худро вориди майдон карданд аммо миллати Эрон бо намоиши пуршукӯҳи худ, ҳаракати душманро нобуд кард.”

Эшон ҳаракати миллати Эрон дар майдонро муҳимтар ва болотар аз иқдомоти Нерӯи интизомӣ, Сипоҳ ва Басиҷ дар мувоҷеҳаи сахт донистанд ва таъкид карданд: “Ҳаракати азими миллати Эрон, ки аз Занҷону Табрез оғоз ва ҳатто ба бархе рӯстоҳо ҳам расид ва Теҳрон нуқтаи поёнии он буд, як зарба ба истикбор ва саҳюнизми ҷаҳонӣ буд ва онҳоро водор ба ақибнишинӣ кард.”

Имом Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки душманони аслии миллати Эрон, маъно ва паёми ин ҳаракати азими мардумиро мутаваҷҷеҳ мешаванд афзуданд: “Ин як ҳафта, ҳақиқатан авҷи шукӯҳ ва азамати миллати Эрон буд ва Худованди Мутаолро шокирем ва аз мардуми азиз ҳам сипосгузорем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идомаи суханонашон ба табйини ҷойгоҳ ва густараи аъзо, фаъолиятҳо ва хадамоти созмони Басиҷ пардохтанд ва гуфтанд: “Ташкили Басиҷи Мустазъафин як ибтикори бебадил аз ҷониби Имоми бузургавор буд, ки мубтанӣ бар андешаи Инқилоб ва ислом шакл гирифт ва акнун басиҷ шояд бузургтарин шабакаи мардумии фарҳангӣ, иҷтимоъӣ ва низомӣ дар дунё бошад.”

Эшон хотирншион карданд: “Ҳунари Имом ин буд, ки ин падидаи беназирро аз дили кӯчаҳои шаҳрҳо ва аз матни мардум шакл дод.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ташкили басиҷро мисдоқи боризи табдили таҳдид ба фурсат хонданд ва гуфтанд: “Дар 13-уми обони 1358 ва баъд аз моҷарои Лонаи Ҷосусӣ ва таҳқир шудани Амрико, онҳо илова бар таҳдиди забонӣ, иқдом ба таҳдиди амалӣ ва эъзоми новҳои худ ба Халиҷи Форс карданд ва Ҷумҳурии Исломӣ низ дар он замон аз имконоти низомӣ ва дифоъии муносиб бархӯрдор набуд аммо Имом (р) камтар аз як моҳ баъд аз 13-уми обон, дар 5-уми озари соли 1358 фармони ташкили Басиҷро доданд ва амалан он таҳдидро табдили ба фурсат карданд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки иқдоми Имом (р) як қудратнамоии бузург дар муқобили Амрико буд, афзуданд: “Агар он замон дар муқобили таҳдиди Амрико ақибнашинӣ мешуд, маълум набуд сарнавишти кишвар чи мешуд. Бинобар ин, ҳақиқат ва мантиқи аслии Басиҷ, рафъи таҳдидҳо ва табдили таҳдидҳо ба фурсат аст.”

Эшон сипас ба мавзӯи таҳдидҳои фарорӯ ва ин ки чаро низоми исломӣ ҳамвора бо таҳдидҳо мувоҷеҳ аст, пардохтанд ва хотирнишон карданд: “Низоми исломӣ баргирифта аз мабонӣ ва арзишҳои исломӣ аст ва Ислом низ парчамдори сареҳи адолат ва озодӣ аст ва аз тарафи дигар, низоми Султа асосан мухолифи озодӣ ва адолат аст. Бинобар ин, низоми исломӣ ба таври табиӣ дар маърази таҳдидҳои султагарон ва ҷабҳаи истикбор қарор дорад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо баёни намунаҳое аз зиддияти низоми султа бо озодӣ ва адолат дар Амрико ва Аврупо ва дигар кишварҳо, афзуданд: “Низоми султа ҳамвора бо истиқлоли миллатҳо муқобила карда ва онро мавриди тавҳин қарор додааст ва дар ин замина ҳеч ибое аз баёни нияти худ надорад, ҳамонтавр, ки амрикоиҳо сароҳатан мегӯянд барои нафти Сурия вориди шарқи Фурот шудаанд ва ё ин ки бидуни иҷоза вориди пойгоҳи низомии худ дар Ироқ мешаванд ва ҳеч эътиное ба давлат ва пойтахти ин кишвар намекунанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, исломро нуқтаи муқобили ин тафаккури султагарона донистанд ва таъкид карданд: “Ислом сароҳатан ва бидуни ҳеч мулоҳиза аз адолат ва озодӣ дифоъ, ва бо зулму беадолатӣ муқобила мекунад; ҳамонгуна, ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар авоили инқилоб ва дар авҷи даргириҳо бо Амрико, бо иқдоми Шӯравии Собиқ дар таҷовуз ба Афғонистон мухолифат кард.”

Эшон дар ҷамъбандии ин бахш аз суханонашон гуфтанд: “Тафаккури исломӣ дар ҳар қолабе, ки буруз кунад, низоми султа ба сурати қаҳрӣ бо он муқобила хоҳад кард, чи бирасад ба ин ки тафаккури исломӣ дар қолаби як низом ва қудрати сиёсии мустақар, бо миллате бузург ва нерӯҳои мусаллаҳ ва тавоноиҳои илмӣ буруз кунад, ки дар чунин шароите, таҳдидҳо ва душманиҳо бисёр бештар хоҳад буд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон афзуданд: “Низоми султа ва Амрико дар 40 соли гузашта, ҳарончи тавоноии онро доштанд, барои муқобила бо низоми Ҷумҳурии Исломӣ анҷом додаанд аммо ин шаҷараи тайиба, рӯзбарӯз муқтадиртар ва мустаҳкамтар шуда ва онро ба рухи душман кашидааст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Вожаи Муқовимат бо чунин мабно ва мантиқе маъно пайдо мекунад ва ин влжа дар даврони муосир дар Ҷабҳаи Муқовимат буруз пайдо карда ва ин ҳаракати азими исломӣ бо мантиқи муқовимат тавонистааст гиребони низоми султаро маҳкам бигирад.”

Эшон вожаи “Муқовимат” дар ибораи “Нерӯи муқовимати басиҷи мустазъафин”-ро баргирифта аз чунин тафаккуре донистанду гуфтанд: “Мустазъафон бархилофи ончи, ки имрӯз ба иштибоҳ, ба афроди осебпазир ва фурӯдаст мегӯянд, ба маънои инсонҳое аст, ки пешвоёни билқувваи олами башарият ва халифатуллоҳ дар замин ҳастанд; бинобар ин, муқовимат ниёзманди решаи маънавӣ аст ва ин решаи маънавӣ дар моҳияти ҳаракат ба вижа ҳаракати рӯ ба пеши ҷавонон таъсиргузор хоҳад буд.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар баёни вижагиҳои ҷавоне, ки метавонад пешрони ҳаракати кишвар ба сӯи тамаддуни навини исломӣ бошад, афзуданд: “Чунин ҷавоне, бо ангеза, бо имон, бо хирад, аҳли кору ибтикор, мутаваккил ба Худо, дорои эътимоди ба нафс ва қадрдони тавони хеш аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки Басиҷ дар воқеъ, маҷмӯъае бо чунин вижагиҳое аст, хотирнишон карданд: “Маҷмӯъае густарда ва бо азамат ҳамчун Басиҷ дар Эрон ва ё намунаҳои дигари он дар бархе кишварҳо, беш аз маҷмӯъаҳои дигар дар маърази душмании низоми султа аст, ҳамонгуна, ки бо Ҳашдуш-шаъбӣ дар Ироқ ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон мухолифат ва муқобила мешавад.”

Эшон низоми султаро душмани ҳамаи миллати Эрон донистанд ва дар айни ҳол гуфтанд: “Аммо ин душманӣ таъсир надорад ва пирӯзии миллати Эрон ва Басиҷ ва ҷараёни инқилобӣ тазмин шудааст зеро Худованди Мутаол мефармояд агар миллате дар масири ҷиҳатгириҳо ва аҳдофи илоҳӣ ҳаракат ва бо ин ҳаракат Худовандро ёрӣ кунад, Худованд ҳам онҳоро нусрат хоҳад кард ва бо ёрии Худованд ҳеч ҷараёни муоризе тавоноии ғалаба нахоҳад дошт.”

Валии амри мусалмонон ҷаҳон, Басиҷро бархӯрдор аз ду ҷилваи “муҷоҳидат дар арсаи дифоъи сахт” ва “дифоъ дар ҷанги нарм” донистанд ва афзуданд: “Дар арсаи дифоъи сахт, мӯъҷизаи Басиҷ дар даврони дифоъи муқаддас худро нишон дод ва пас аз он низ дар ҳар ҳодисае, Басиҷ дар майдон ҳузур дошт.”

Эшон бо ишора ба ҳузури муассири Басиҷ дар арсаи дифоъ ва ҷанги нарм аз ҷумла арсаҳои «илм», «фарҳанг ва таблиғоти динӣ» ва «созандагӣ ва хидматрсонӣ» афзуданд: “Дар арсаи паҳновари Басиҷ, номоварон ва улгӯҳои дурахшоне аз ҷумла Ҳусайни Фаҳмида, Беҳноми Муҳаммадӣ, Мӯҳсини Ҳуҷаҷӣ ва Иброҳими Ҳодӣ то Ҳиммат, Бокирӣ, Харрозӣ, Козимӣ, Зайнуддин, Сайёд ва Бобоӣ ва ҳамчунин шуҳадои ҳастаӣ ва шаҳидоне монанди Чамрон, Овинӣ ва шахсияте ҳамчун Козимии Оштиёнӣ ҳузур доранд, ки бояд бо зинда кардан ва бозофаринии ин улгӯҳо, ононро ба ҷавонон муаррифӣ кард.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар идома бо ишора ба гузашти 40 сол аз ташкили Басиҷ ва эҷоди фурсате муносиб барои истифода аз таҷрибаҳои андӯхта шуда, чанд тавсия хитоб ба басиҷён баён карданд: “1- Басиҷ дар ҳамаи майдонҳои дифоъи сахт, нимасахт ва нарм, омодабакор бошад ва дар ҳамаи маҳаллаҳои кишвар дар муқобили ҳодисаҳои гуногун, роҳбурд ва токтики омода дошта бошад. 2- Дар ҳеҷ заминае ғофилгир нашавед ва саъй кунед дар ҳамаи маҳаллаҳо ҳузур дошта бошед. 3- Дар ҷанги нарм, вокунишӣ рафтор накунед албатта бояд посухи душманро дод аммо ҳамеша монанди шатранҷбозе моҳир як қадам аз душман ҷилав бошед ва кунишӣ амал кунед. 4- Иртибототи худро бо масоҷид тақвият кунед чаро, ки Басиҷ мутаваллиди масоҷид аст. 5- Бо маҷмӯаҳои ҳамсӯ бо аҳдофи Басиҷ дар донишгоҳҳо ва хориҷ аз он, ҳамафзоӣ ва ҳамкорӣ кунед. 6- Басиҷ дар айни густурдагӣ чобук бошад ва асири побандҳои роиҷи идорӣ нашавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳафтумин тавсияи худ яъне «иттилоъ додани хадамоти басиҷ ба мардум» ба баёни чанд омори ифтихоромез аз хадамоти ин ниҳоди мардумӣ пардохтанд ва гуфтанд: “11 ҳазор ҳастаи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар саросари кишвар ӯҳдадори 40 ҳазор проекти хидмат ҳастанд, ки ними аз онҳоро низ таҳвил додаанд; Басиҷи донишҷӯӣ, наҳзати масъаламеҳварӣ ва нақшофаринии тахассусиро, ки борҳо бар он таъкид карда будем бо 4500 донишҷу оғоз кардааст; 12 ҳазор сандуқи қарзулҳасана дар маҳаллот ба ҳиммати Басиҷ ташкил шудааст; Басиҷи ашоир ва басиҷи занон дар ҷашнвораи Молики Аштар ҳоизи мақоми бартар шудаанд; Басиҷи устодон дар 40 солагии Инқилоб ва дар иқдоме баҳангом бо интишори номае мустадалл ва муфассал ба имзои 900 устоди басиҷӣ ба навиштаи иддае аз афроди ноумед ва фурӯпошида посух дод; Басиҷи вазоратхонаҳо бо ташкили мизҳои хидмат дар намозҳои ҷумъа ба мардум наздик шудаанд; ва Басиҷи кишоварзӣ бо 30 ҳазор муҳандис, тавлиди панҷ маҳсул аз ақломи асосӣ аз ҷумла гандум, ҷав ва зурратро ӯҳдадор шудаанд.

Эшон бо таъкид бар зарурати иттилоърсонии ҳунармандона аз хадамоти Басиҷ афзуданд: “Бо баёни ин воқеиятҳо, маълум хоҳад шуд, ки Басиҷ ҳамчунон, ки дар дифоъ аз амнияти мардум ва муқобила бо ашрор ва тахрибгарон ва оташзанандагони амволи умумӣ ва хусусӣ ва хонаҳои мардум дар майдон ҳузур дорад, дар майдони хидмат низ ифтихорофрин аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён таъкид карданд: “Басиҷ ба ҳамон далел, ки барои мардум ва кишвар бисёр муҳимм аст, башиддат дар маърази тавтеа ва нуфузи душман қарор дорад то ин ҳаракати азимро аз дарун дучори мушкил кунанд, албатта бешак Басиҷ дар ин мубориза ва муқобила ба ҳавлу қуваи илоҳӣ пирӯз хоҳад шуд.”

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017