this is a title for here

 

 Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Бояд қавӣ шавем то ҷанг нашавад”

  Operator 8 February 2020 137 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ фармондеҳи кулли қуво, субҳи имрӯз (шанбе) дар дидори фармондаҳон ва коркунони нерӯи ҳавоӣ ва нерӯи падофанди ҳавоии артиш, воқеаи 19-уми баҳмани соли 1357-ро натиҷаи итминони Имом Хумайнӣ (р) ва муборизон ба ваъдаи илоҳӣ донистанд ва гуфтанд: “Агар тафаккури тахаллуфнопазир будани ваъдаи илоҳӣ дар ҷомеа ҳоким шавад ва масъулон ҳушёрона амал кунанд, таҳдидҳо ба фурсат табдил хоҳад шуд ва таҳрим метавонад омили наҷоти кишвар аз вобастагӣ ба нафт ва ҳалли бисёре аз мушкилот шавад.”

Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин дидор, ки дар чиҳилу якумин солрӯзи байъати таърихии ҳумофрони нерӯи ҳавоӣ бо Имом Хумайнӣ (р) дар 19-уми баҳмани 57 баргузор шуд, ин воқеаро як ҳодисаи фаромӯшнашуданӣ ва эъҷоббарангез ва дорои дарсҳо ва ибратҳое хонданд ва афзуданд: “Дар даврони режими гузашта, нерӯи ҳавоии артиш яке аз наздиктарин нерӯҳо ба маркази қудрат ва Амрико буд аммо режими тоғут, зарбаро аз ҳамин нерӯ хӯрд, ки ҳеҷгоҳ тасаввури онро намекард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: “Бар асоси оёти қуръонӣ, Худованд аз ҷое ба душман зарба мезанад, ки ҳеҷгоҳ интизори онро надорад ва мӯъминин низ аз ноҳияе тақвият ва ҳимоят мешаванд, ки интизори онро надоштаанд, ки дар фарҳанги динӣ, «ризқ ло юҳтасаб» ё ҳамон ризқе, ки дар муҳосиботи моддӣ ҷое надоштааст, номида мешавад.”

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба оёти қуръонӣ, ки сароҳатан ва муаккадан аз нусрати ёрикунандагони дини Худо ёд шудааст, афзуданд: “Бояд ба ин ваъдаҳои илоҳӣ итминон дошт ва бо умед ба оянда ба ҳаракати рӯ ба ҷилав бо қудрат идома дод.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Агар чунин тафаккур ва руҳияе дар ҳар маҷмӯа ва ҷомеаи имонӣ ҳоким шавад, афроди он маҷмӯа бо азми росих, таҳдидҳоро ба фурсат табдил хоҳанд кард; ҳамонгуна, ки нерӯи ҳавоӣ ба рағми таҳримҳои Амрико, акнун илова бар таъмир ва бозсозии ҷангандаҳо ва ҳавопаймоҳо, тарроҳӣ ва сохти ҷангандаро низ анҷом додааст.”

Эшон рамзи муваффақият ва пешрафти нерӯи ҳавоиро табдили таҳдид ба фурсат, қатъи умед аз бегонагон ва такя бар тавоноииҳо ва зарфиятҳои дохилӣ баршумурданд ва афзуданд: “Ин мавзӯъ қобили таъмим ба кулли кишвар аст ва метавон ба рағми таҳримҳо, ки як ҳаракати ҷинояткорона аст, барои кишвар фурсатҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.”

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: “Агар масъулон ҳушёрона амал кунанд метавон бо истифода аз шароити таҳрим, иқтисод кишварро аз вобастаги ба нафт, ки омили муҳими бисёре аз мушкилот аст, наҷот дод.”

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: “Албатта бархе афроди боҳуш дар дохили ҳайъати ҳокимаи Амрико мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ ҳастанд ва гуфтаанд набояд бигузорем Эрон, иқтисоди бидуни нафтро таҷриба кунад ва ба ҳамин далел бояд масиреро боз бигузорем то иқтисоди Эрон бакуллӣ аз пули нафт ҷудо нашавад, ки масъулон бахусус масъулони иқтисодӣ бояд дар ин хусус ҳушёр бошанд.”

Эшон бо ишора ба печидатар шудани абзорҳо ва шеваҳои душманон хотирнишон карданд: “Дар муқобил, шеваҳо ва равишҳои Ҷумҳурии Исломӣ низ печидатар аз гузашта шудааст ба гунае, ки акнун дар бахшҳои гуногуни кишвар, равишҳо ва корҳои комилан мантиқӣ, печида ва пешравандае дар ҷараён аст, ки таъминкунандаи умқи роҳбурдии кишвар аст ва душманро замингир кардааст.”

Эшон бо таъкид бар лузуми қавӣ шудани кишвар дар ҳамаи ҷиҳот бавежа дар заминаи дифоъӣ гуфтанд: “Мо ба дунболи таҳдиди ҳеҷ кишвар ва миллате нестем балки ба дунболи ҳифзи амнияти кишвар ва ҷилавгирӣ аз таҳдид ҳастем.”

Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки заиф будан, душманро ташвиқ ба иқдом хоҳад кард, афзуданд: “Барои он ки ҷанг нашавад ва барои он ки таҳдид тамом шавад, бояд қавӣ шуд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, нерӯҳои мусаллаҳ бавежа нерӯи ҳавоии Артиш, нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ва созмони саноеъи дифоъро ба талош барои тақвияти бунияи дифоъӣ дар абъоди мухталиф, диққат дар пеш бурдани корҳои муҳим ва ҳаддиаксари истифода аз зарфиятҳо ва истеъдодҳо тавсия карданд ва гуфтанд: “Агар руасои қаблии Амрико масири шайтонии ин режимро дар зери пӯшишҳои дунбол мекарданд, имрӯз инҳироф, ҷангафрӯзӣ, фитнасозӣ ва тамаъи амрикоиҳо ба доштаҳои дигарон, аланӣ ва бидуни пӯшиш аст ва ин масири ботили душманони миллати Эрон қатъан маҳкум ба шикаст аст.”

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017