this is a title for here

 

 Имом Хоманаӣ: "Бояд қавӣ шавем"

  Operator 17 January 2020 201 Read

Маросим намози бошукӯҳи ҷумъаи имрӯз бо ҳузури густардаи мардум дар мусаллои бузурги имом Хумайнӣ дар шаҳри Теҳрон ба имомати Оятуллоҳ Хоманаӣ баргузор шуд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо тавсия ба тақвои Илоҳӣ ва аҳамияти он барои бандагон оятҳои панҷум то ҳаштуми сураи Иброҳимро тиловат кард ва онҳоро тавзеҳ дод. Дар ин оятҳо Худованд ба ҳазрати Мусо дастур додааст, ки “рӯзҳои Худо”-ро ёдоварӣ кунад ва мардум ҳам сабр ва шукрро аз он ёд бигиранд ва амал кунанд. Қуръони Карим яке аз ин рӯзҳои Худоро рӯзе баён кардааст, ки Худованд Бани Исроилро аз чанголи золимонаи Фиръавн наҷот дод.

Оятуллоҳ Хоманаӣ фармуд: Мехоҳам дар мавриди “айёми Аллоҳ” сӯҳбат кунам. Барои мардуме, ки сабборанд ва шакуранд. Аҳли истиқомат ва сабранд. Аз майдон ба андак чизе хориҷ намешаванд ва истодагӣ мекунанд, шакуранд яъне аввалан неъматро мешиносанд. Табаоти пинҳон ва ошкори неъматро медонанд. Сониян қадршиноси неъматанд яъне арзиши ин неъмат ва вазни ин неъматро медонанд. Солисан бар асоси он эҳсоси масъулият мекунанд. Бар асоси ин неъмате, ки Худо дода эҳсоси масъулият мекунанд, бинобар ин миллат, ҷамъият ва қавме, ки бесабр нестанд. Ин оёти сураи Иброҳим аст, ки маккӣ аст, яъне вақте мусулмонон дар авҷи муборизот ва истодагӣ ва мақомот дар баробари ҷараёни куфр қарор доштанд ин оёт нозил шуд бидонед Худои Мутаол “айёми илоҳӣ” дорад, ки шумо бояд шукргузор бошед агар шумо аз ончи Худои Мутаол ба шумо дода ба шумо пирӯзӣ хоҳад дод.

Ин ду ҳафтае, ки бар мо гузашт ҳафтаи пурмоҷаро ва истисноӣ аст. Моҷароҳои талху ширин, ҳаводиси дарсомӯз барои миллати Эрон пеш омад дар ин ду ҳафта. Явмуллоҳ яъне рӯзе, ки дасти қудрати Худоро инсон дар ҳаводиси мушоҳида мекунад. Он рӯзе, ки даҳҳо миллион дар Эрон ва садҳо ҳазор нафар дар баъзе кишварҳо ба поси хуни фармондеҳи Сипоҳи Қудс ба хиёбонҳо омаданд ва бузургтарин бадрақа ҷаҳонро шакл доданд ин яке аз айёми Аллоҳ аст

Ончи иттифоқ афтод кори ҳеҷ омиле ба ҷуз дасти Худо наметавонад дошта бошад. Он рӯзе ҳам, ки мушакҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, пойгоҳи амрикоиро дар ҳам кӯбид он рӯз ҳам яке аз айёми Аллоҳ аст.

Мо ин ду рӯзро ҷузъи айёми Аллоҳ дар ин чанд рӯзи гузаштаи ду ҳафтаи гузашта дар муқобили чашми худамон мушоҳида кардем. Инҳо рӯзҳои нуқтаи муҳими таъриханд. Рӯзҳои таърихсозанд. Рӯзҳои оддӣ нестанд. Дидед, ки як неруи як миллате ин қудрат ва тавони рӯҳиро дорад, ки ба як қудрати мутакаббири зӯргӯи олам ин гуна силӣ бизанад ин нишондиҳандаи дасти қудрати илоҳӣ аст ва он рӯз ҷузъи айёми Аллоҳ аст.

Рӯзҳо тамом мешаванд, лекин таъсироти ин рӯзҳо дар зиндагии миллатҳо боқӣ мемонанд ва рӯҳияи миллатҳо дар манишу масири миллатҳо осоре, ки мегузоранд осори мондагор ва баъзан ҷовидона аст.

Хуб, ҳоло ҷомеаи эронӣ ба назари мо як ҷомеаи саббор ва шакур аст. Дар тӯли ин солҳои мутамодӣ миллати Эрон ҳамвора сипосгузори алтофи илоҳӣ будааст. Мо бояд аз ин оёт дарс бигирем.
Ман арз мекунам пас аз 41 соли пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ин ҷамъияти беназирро кадом дасти қудрате ба майдон овард? Ин ашку ишқ ва шӯрро чӣ касе падид овард? Кадом омиле метавонист як чунин мӯъҷизае нишон диҳад ҷуз дасти қудрати илоҳӣ?

Касоне, ки қудрати дасти Худоро наметавонанд дар ин ҳаводис бубинанд ва таҳлили моддӣ мекунанд ақиб мемонанд. Бӯъди маънавӣ ва бисёр муҳимми ин ҳаводис ҳамин аст, ки Худои Мутаол ин корро мекунад. Вақте Худои Мутаол як чунин ҳаракатеро ба вуҷуд меоварад инсон бояд эҳсос кунад иродаи илоҳӣ дар пирӯзӣ аст. Иродаи илоҳӣ бар ин аст, ки ин миллат дар ин роҳ ва дар ин хатт ҳаракат кунад ва пирӯз шавад.

Ин ишқу вафо ва ин истодагӣ ва ин байъати бузург бо хатти имом Хумайнӣ нишондиҳандаи маънавиёт ва ботини ин миллат ҳам ҳаст. Мардум бо ин ҳузурашон дар майдон бо хати имом Хумайнӣ байъат кардем. Миллате бо ин азамат он ҳам баъд аз гузашти беш аз 30 сол аз реҳлати имом ингуна бо имом байъат мекунанд. Чӣ шуд, ки дар чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса ва баъд аз ин ҳодиса императории хабарии саҳюнизм дар ҳамаи дунё саъй карданд номи сардори бузургвори азизамонро муттаҳам кунанд ба терроризм.

Оё дасти Худоро ба вузӯҳ наметавон дид? Худо дастҳои қудрати моро дар ин кишвар ва дар ин ҷомеа фаъол кардааст.

Худи ин шаҳодати бузург, ки марбут ба ташйиъ буд, яке аз оёти қудрати илоҳӣ аст, расвоии давлати беобрӯи Амрикоро рақам зад. Инҳо касеро, ки саршиностарин ва қавитарин фармондеҳи мубориза бо терроризм буд, шаҳид карданд.

Шаҳид Сулаймонӣ ба маънои воқеии калима қавитарин фармондеҳ буд. Кадом фармондеҳи дигар қудрат дошт ва метавонист корҳое, ки ӯ анҷом дод анҷом диҳад?

Ба як минтақае дар муҳосираи 360 дараҷаӣ, ки душман аст, шаҳид Сулаймонӣ бо болгард вориди ин минтақа мешавад ҷавонони хубе дар он минтақа ҳастанд ва фармондеҳ надоранд ва чашмашон ба ҳоҷ Қосим меафтад ангеза пайдо мекунанд ва душманро мутаворӣ мекунанд. Чӣ касе метавонад ин корро анҷом диҳад?

Қавитарин фармондеҳ дар минтақаро террор карданд. Дар майдони рӯбарӯи ҷанг бо ӯ рӯбарӯ нашуданд. Ӯро дуздона ва буздилона ба сурати террори давлати Амрико ӯро террор кард ва худашон ҳам эътироф карданд, ки мояи рӯсиёҳии Амрико шуд.

Дар ин минтақа қабл аз ин ҳодиса ин кор махсуси режими саҳюнистӣ буд, ки афродро террор кунад ва бигӯяд мо террор кардем. Саҳюнистҳо террор мекарданд ва мегуфтанд, ки мо террор кардем.
Амрикоиҳо одами зиёд куштанд, вале эътироф намекарданд, ки мо террор кардем. Инҷо раисҷумҳури Амрико ба забони худаш эътироф кард ва гуфт, ки мо террорист ҳастем ва мо террор кардем. Расвоии болотар аз ин чӣ мешавад?

Посухи қудратмандонаи Сипоҳ ҳам дархури тадаббур аст. Явмуллоҳи ташйиъи ҷанозаи шаҳиди азиз як тарафи қазия аст. Аксуламал ва вокуниши қудратмандонаи Сипоҳ тарафи дигари Сипоҳ аст. Ин зарба ба Амрико буд албатта зарбаи муассири низомӣ буд, аммо муҳимтар ва болотар аз зарбаи низомӣ зарбаи ҳайсиятӣ буд. Зарба ба ҳайбати абарқудрати Амрико буд.

Амрико солҳост дар Сурия, Ироқ ва Лубнон дар Афғонистон зарба мехӯрад аз дасти қудратманди муқовимат ва ин зарба аз ҳама болотар буд ин зарбаи ҳайсиятӣ буд ва зарба ба ҳайбати Амрико буд.
Ҳоло эълом мекунанд, ки мо таҳрим кардем ва таҳримҳоро боло мебаранд. Ин посухи қудратмандона чунин хусусияте буд.

Ихлос баракат дорад. Ҳар ҷо ихлос буд Худои Мутаол ба ихлоси бандагони мухлисаш баракат медиҳад, рушду нумув пайдо мекунад. Кор ба наҳве мешавад, ки асари он ба ҳама мерасад. Баракоти он дар миёни мардум боқӣ мемонад ин ношӣ аз ихлос аст. Натиҷаи он ихлос ҳамин ашку оҳи мардум ва ҳамин ҳузури мардум аст. Ин як масъала аст.

Аммо инки мо ин ҳаводисро қиматгузорӣ кунем. Қадри онро бидонем ва бидонем андозаи ин чиқадр аст. Ин дар сурате таҳаққуқ пайдо мекунад, ки мо ба ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ шаҳиди азиз ба чашми як фард нигоҳ накунем ва ба чашми мактаб нигоҳ кунем. Як мактаб, як роҳ ва як мадрасаи дарсомӯз бо ин чашм нигоҳ кунем он вақт аҳамияти ин қазия равшан хоҳад шуд. Қадр ва қимати он мушаххас хоҳад шуд.

Сипоҳи Қудсро ба унвони як маҷмӯа ва созмони идорӣ набинем, балки ба унвони як ниҳоди инсонӣ ва дорои ангезаҳои бузург ва равшани инсонӣ мулоҳиза кунем. Агар ин тавр шуд ин иҷтимоъ ва ин таҷлили ин мард маънои дигаре пайдо мекунад. Ҳамаи неруҳои мусаллаҳи мо Басиҷ, Сипоҳ ва .. зербинои фикрияшон ҳама ин аҳдофи илоҳӣ ва баланд аст. Сипоҳи Қудс неруе аст, ки бо сиъаи садр ба ҳама ҷо ва ҳама кас нигоҳ мекунад. Размандагони бидуни марз размандагоне, ки ҳар ҷо ниёз бошад онҳо дар онҷо ҳузур пайдо мекунанд. Каромати мустазъафонро ҳифз мекунанд. Неруи Қудсро балогардони муқаддасот ва ҳаримҳои муқаддас мекунанд.

Неруи Қудсро ба ин чашм нигоҳ кунем ҳамин касоне, ки бо ҷони худашон бо ҳамаи тавони худашон ба кӯмаки миллатҳои дигар ва заифони атрофи минтақа, ки дар дастраси онҳо мераванд. Инҳо сояи ҷанг ва террорро аз кишварамон дӯр мекунанд.

Амрико он аз тариқи эҷоди ДИИШ мехост марзҳо, шаҳрҳо ва хонаводаҳои моро дучор ноамнӣ ва ташвиш кунад. Онҳо мутаваққиф шуданд ва ба кӯмаки ҳамин ҷавонони азиз, ки рафтанд ва ин талоши бузургро анҷом доданд.

Он фиребхӯрдагоне, ки як рӯзе фарёд заданд «На Ғазза, на Лубнон» ҳаргиз на фақат ҷонашонро, балки манофеъшонро ҳозир нашуданд фидои меҳан кунанд.

Инҳо буданд, ки дар замоне ки ниёз ба дифоъ аз кишвар буд ҷонашонро кафи даст гузоштанд ва ба майдон рафтанд ва аз Эрон дифоъ карданд. Инҳо ҳастанд, ки метавонад иддао кунанд, ки метавонанд аз амнияти кишвар ва миллати дифоъ кунанд. Бо ин нигоҳ мо метавонем миллати Эронро ва маънавиёт миллатро кашф кунем.

Ин касоне, ки дар хиёбон омаданд миллионҳо одам, ки дар Кирмон ва Хузистон ва … зери ҷанозаи ин азизон рафтанд ва диданд ва ашк рехтанд ва касоне, ки дар шаҳрҳои мухталиф тавонистанд барои инҳо аз дӯр азодори кунанд. Воқеан даҳҳо миллион ҷамъияти мо вориди ин озмун шуданд ва тавонистанд ҳақиқати ин миллатро ташкил диҳанд.

Миллати Эрон нишон дод, ки ба намодҳои муқовимат ишқ меварзад. Миллати Эрон нишон дод тарафдори муқовимат аст, тарафдори таслим нест. Касоне ҳам саъй мекунанд чизи дигареро ба афкори умумӣ нишон диҳанд ва бо сидқу сафо бо мардум рафтор намекунанд. Миллат ин аст. Миллат тарафдори истодагӣ ва муқовимат аст. Миллат тарафдори истодагӣ муқобили ин далғак (масхарабоз) аст.
Бубинанд мардуми Эрон кӣ ҳастанд? Чанд нафаре, ки ба акси сардори пурифтихори мо беэҳтиромӣ мекунанд ё ин ҷамъияти азим, ки дар хиёбон худро нишон медиҳанд?

Сухангӯёни давлати шарири Амрико мураттаб такрор мекунанд, ки мо канори мардуми Эронем. Дурӯғ мегӯед! Албатта то ҳоло натавониста ва баъд аз ин ҳам нахоҳед тавонист ғалате кунед.
Миллати Эрон ботини худро нишон дод зербинои фикрии худро нишон дод эҳсосоти содиқонаи худро нишон дод.

Як нуктаи дигар бояд таваҷҷӯҳ шавад ин аст, ки Худои Мутаол мефармояд айёми Аллоҳ бояд дар ёди мардум боқӣ бимонад. Як идда саъй мекунанд ин явмуллоҳи ин рӯзҳоро ба дасти фаромӯшӣ бисупоранд. Масоили дигареро матраҳ кунанд шояд битавонанд ёди ин явмуллоҳи бузургро таҳти шуъоъ қарор диҳанд.

Яке ҳамин қазияи таассуфангези ҳодисаи суқути ҳавопаймо буд. Ҳодисаи талхе буд. Дили моро ба маънои ҳақиқӣ сӯзонд. Аз даст додани ҷавонони азиз, мардуми хубамон ва касоне, ки аз кишварҳои дигар инҷо буданд ҳодисаи талхе буд ва шакке нест.

Як иддае ба ҳидоят аз телевизионҳо ва радиоҳои англисӣ саъй карданд қазияро ба наҳве ороиш кунанд, ки ин ду шаҳиди бузургворро ба дасти фаромӯши бисупоранд. Саъй карданд коре кунанд, ки ба хаёли худашон онро фаромӯш кунанд.

Инсон тааҷҷуб мекунад. Як идда ҷавон ҳастанд ва фиреб мехӯрданд, вале иддае ҷавон нестанд ва ҳозир нестанд манофеи миллиро дарк кунанд. Ончи душман моил аст аз забони инҳо сар мезанад.
Ман мехоҳам арз кунам ҳамон андоза, ки мо аз ин ҳодисаи суқути ҳавопаймо ғусса хӯрдем душмани мо ба ҳамон андоза хушҳол шуд. Ба хаёли инки як мустамсак (баҳона)-е ба даст оварда, ки метавонад Сипоҳ ва низоми Ҷумҳурии Исломиро зери савол бибаранд иштибоҳ карданд. Онҳо макр карданд, аммо надонистанд, ки макрашон муқобили дасти қудрати Парвардигор таъсире надорад.
Ҳодисаи явмуллоҳи ташйиъи ҷанозаи шаҳид ва явмуллоҳ дар ҳам кӯбидани пойгоҳи амриклӣ аз байн намеравад ва рӯз ба рӯз зиндатар хоҳад шуд.

Ман ҳамин ҷо лозим аст самимона бори дигар бо асҳоби ин мусибат ҳамдардӣ кунам ва дар ғами онҳо шарик ҳастем ва ташаккур кунам аз падару модарҳо ва соҳибони азоҳо, ки бо вуҷуди инки дилҳояшон пур аз ғам буд дар баробари тавтеаи душман истоданд ва бархилофи майли душман ҳарф заданд.

Инҳо шуҷоат ва фаҳму басират мехоҳад. Дар муқобили ин шахсиятҳо эҳсоси такрим мекунад.
Яке аз корҳои дигар, ки барои таҳти шуъоъ қарор додани ин ҳаводис анҷом доданд, ки ин се давлати Англис Фаронса ва Олмон карданд., ки мо масъалаи ҳастаиро бори дигар ба Шӯрои амният мебарем, ки албатта масъулини кишвар хушбахтона посухи онҳоро доданд.

Ин се кишвар ҳамон се кишваре ҳастанд, ки дар даврони ҷанги таҳмилӣ то тавонистанд ба Саддом Ҳусейн кӯмак карданд. Давлати Олмон васоили химиявиро дар ихтиёри Саддом Ҳусейн қарор дод.

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017