this is a title for here

 

 Имом Хоманаӣ: Мусаллаҳ шудани фаластиниён дар сарзаминҳои ишғолӣ Фаластинро ба гомҳои ниҳоӣ наздик хоҳад кард

  Operator 22 May 2020 508 Read

Суханронии телевизионии Валии амри мусалмонони ҷаҳон Имом Хоманаӣ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ба ҳамаи бародарон ва хоҳарони мусалмон дар саросари ҷаҳон дуруд мефиристм ва қабули тоъоти онон дар моҳи мубораки Рамазонро аз Худованд дархост мекунм ва пешопеш фаро расидани иди саиди Фитрро ба онон табрик мегӯям ва Парвардгори Каримро бар неъмати ҳузур дар ин моҳи зиёфати илоҳӣ, сипос мигӯям.

Имрӯз рӯзи Қудс аст; рӯзе, ки бо ибтикори ҳушмандонаи Имом Хумайнӣ (р) ҳамчун ҳалқаи васле барои ҳамсадоии мусулмонон дар бораи Қудси Шариф ва Фаластини мазлум таъйин шуд; ва дар ин чанд даҳсола, дар ин бора нақшофаринӣ кард ва аз ин пас низ хоҳад кард; Иншоаллоҳ. Миллатҳо аз рӯзи Қудс истиқбол карданд ва онро ҳамчун нахустин кори воҷиб, яъне барафрошта нигоҳ доштани парчами озодии Фаластин гироми доштанд. Сиёсати умдаи истикбор ва саҳюнизм, камранг кардани масъалаи Фаластин дар зеҳнияти ҷавомеъи мусалмон ва ба самти фаромӯшӣ рондани он аст. Ва фавритарин вазифа, мубориза бо ин хиёнате аст, ки ба дасти муздурони сиёсӣ ва фарҳангии душман дар худи кишварҳои исломӣ сурат мегирад. Ва ҳақиқат он аст, ки масъалае ба азамати масъалаи Фаластин чизе нест, ки ғайрат ва эътимод ба нафс ва ҳушмандии рӯзафзуни миллатҳои мусалмон, иҷозаи фаромӯш шудани онро бидиҳад; ҳарчанд Амрико ва дигар султагарон ва думравони минтақаии онон ҳамаи пул ва тавони худро барои он ба кор гиранд.

Аввалин сухан, ёдоварии бузургии фоҷеаи ғасби кишвари Фаластин ва ташкили ғуддаи саратонии саҳюнистӣ дар он аст. Дар миёни ҷиноёти башарии давронҳои наздик ба замони ҳозир, ҳеҷ ҷинояте дар ин ҳаҷм ва бо ин шиддат вуҷуд надорад. Ғасби як кишвар ва берун кардани мардум барои ҳамеша аз хона ва кошона ва сарзамини падарони худ, он ҳам бо фаҷеътарин анвоъи қатл ва ҷиноят ва ҳалоки ҳарс ва насл ва даҳҳо сол тадовуми ин ситами таърихӣ, ҳақиқатан як рекорди ҷадид аз шайтонсифатии башар аст.

Омил ва муҷрими аслии ин фоҷеа, давлатҳои ғарбӣ ва сиёсатҳои шайтонии онҳо буд. Он рӯзе, ки давлатҳои фотеҳи ҷанги аввали ҷаҳонӣ, минтақаи Ғарби Осиё, яъне қаламрави осиёии ҳукумати Усмониро ба унвони муҳимтарин ғанимати ҷангӣ, миёни худ дар конфронси Париж тақсим мекарданд, ниёз ба як пойгоҳи амн дар қалби ин минтақаро барои тазмини султаи доимии худ беш аз пеш эҳсос карданд. Англис аз солҳо пеш аз он, бо тарҳи Болфур заминаро омода карда ва бо ҳамфикрии зарсолорони яҳудӣ бидъате ба номи саҳюнизмро муҳайёи нақшофаринӣ карда буд; ва акнун заминаҳои амалии он фароҳам мешуд. Аз ҳамон солҳо муқаддамотро батадриҷ дар канори ҳам чиданд ва саранҷом пас аз дуввумин ҷанги ҷаҳонӣ бо истифода аз ғафлат ва гирифтории давлатҳои минтақа, зарбаи худро ворид оварданд ва режими ҷаълӣ ва давлати бидуни миллати саҳюнистро эълом карданд. Омоҷи ин зарба дар дарҷаи аввал миллати Фаластин ва дар дарҷаи баъд ҳамаи миллатҳои ин минтақа буданд.

Нигоҳ ба ҳаводиси баъдии минтақа нишон медиҳад, ки ҳадафи аслӣ ва наздики ғарбиҳо ва сармоядорони яҳудӣ аз эҷоди давлати саҳюнист, бинои як пойгоҳи ҳузур ва нуфузи доимӣ барои худ дар Ғарби Осиё ва имкони дастрасии наздик барои дахолат ва таҳмил ва тасаллут бар кишварҳо ва давлатҳои ин минтақа буд. Аз ин рӯ режими ҷаълӣ ва ғосибро ба анвоъи имконоти қудратофрин -чӣ низомӣ ва чӣ ғайри низомӣ- ҳатто таслиҳоти атомӣ муҷаҳҳаз карданд ва рушди ин ғуддаи саратониро дар паҳнаи Нил то Фурот дар барномаҳои худ гунҷонданд.

Мутаъассфона ағлаби давлатҳои араб пас аз муқовиматҳои нахустин, ки бархе аз онҳо таҳсинбарангез буд, батадреҷ таслим шуданд ва бахусус пас аз вуруди ИМА ба унвони мутаваллии масъала, ҳам вазифаи инсонӣ ва исломӣ ва сиёсӣ, ва ҳам ғайрат ва нахуввати арабии худро ба фаромӯшӣ сипурда ва бо умедҳои воҳӣ ба ҳадафҳои душман кӯмак карданд. «Камп Девид» мисоли равшане аз ин ҳақиқати талх аст.

Гурӯҳҳои мубориз низ пас аз бархе муҷоҳидатҳои фидокорона дар солҳои нахуст, батадриҷ ба роҳи бефарҷоми музокира бо ишғолгар ва ҳомиёнаш кашонда шуданд ва хатти сайреро, ки метавонист ба таҳаққуқи ормони Фаластин мунтаҳӣ шавад, раҳо карданд. Музокира бо Амрико ва дигар давлатҳои ғарбӣ ва низ бо маҷомеъи бехосияти байналмилалӣ, таҷрибаи талх ва номуваффақи Фаластин аст. Нишон додани шохаи зайтун дар маҷмаъи умумии СММ, натиҷае ҷуз қарордоди хасоратбори «Услу» надошт ва саранҷом ҳам ба сарнавишти ибратангези Ёсир Арафот мунтаҳӣ шуд.

Тулӯъи Инқилоби Исломӣ дар Эрон, фасли ҷадиде дар мубориза барои Фаластин гушуд. Аз аввалин қадамҳо яъне берун рондани аносири саҳюнист, ки эрони даврони тоғутро яке аз пойгоҳҳои амни худ мешумурданд ва сипурдани маҳалли сафорати ғайри расмии режими саҳюнистӣ ба намояндагии Фаластин ва қатъи ҷараёни нафт, то корҳои бузург ва фаъолиятҳои густардаи сиёсӣ, ҳама мӯҷиби падид омадани «Ҷабҳаи Муқовимат» дар кулли минтақа шуд ва умед ба ҳалли масъала дар дилҳо шикуфт. Бо зуҳури Ҷабҳаи Муқовамат, кор бар режими саҳюнистӣ сахт ва сахттар шуд -ва албатта дар оянда басе сахттар ҳам хоҳад шуд иншоаллоҳ- вале талоши ҳомиёни он режим ва дар раъси онон Амрико дар дифоъ аз он ҳам башиддат афзоиш ёфт. Пайдоиши нерӯи мӯъмин ва ҷавон ва фидокори Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва ташкили гурӯҳҳои пурангезаи Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар даруни марзҳои Фаластин натанҳо сардамдорони саҳюнист балки Амрико ва дигар ситезагарони ғарбиро ҳам музтариб ва саросема кард ва ёргирӣ аз даруни минтақа ва аз даруни ҷомеаи арабиро дар садри барномаҳои онон пас аз пуштибониҳои сахтафзорӣ ва нармафзорӣ аз режими ғосиб қарор дод. Натиҷаи кори пурҳаҷми онон, имрӯз дар рафтор ва гуфтори баъзе сардамдорони давлатҳои арабӣ ва бархе фаъолони хоини сиёсӣ ва фарҳангии араб, ошкор ва пеши чашми ҳама аст.

Имрӯз аз ҳар ду сӯ, фаъолиятҳои мутанаввеъе дар саҳнаи мубориза зуҳур мекунд, бо ин тафовут, ки Ҷабҳаи Муқовимат рӯ ба иқтидор ва умеди физоянда ва ҷазби рӯзафзуни аносири қудрат пеш меравад ва баръакс, ҷабҳаи зулм ва куфр ва истикбор рӯзбарӯз туҳитар ва маъюстар ва камтавонтар мешавад. Нишонаи равшани ин муддао он аст, ки артиши саҳюнист, ки як рӯз артиши шикастнопазир ва барқосо шумурда мешуд ва артишҳои бузурги ду кишвари муҳоҷимро дар зарфи чанд рӯз мутаваққиф мекард, имрӯз дар баробари нерӯҳои муборизи мардумӣ дар Лубнон ва Ғазза маҷбур ба ақибнишинӣ ва эътироф ба шикаст мешавад. Бо ин ҳол арсаи мубориза башиддат хатир ва тағйирпазир ва ниёзманди муроқибати доимӣ аст ва мавзӯъи ин мубориза, басе муҳим ва сарнавиштсоз ва ҳаётӣ аст. Ҳаргуна ғафлат ва саҳландешӣ ва хато дар муҳосиботи асосӣ, зиёнҳои сангине ворид хоҳад кард.

Бар ин асос ба ҳамаи касоне, ки дил дар гарави масъалаи Фаластин доранд чанд тавсия мекунам:

1) Мубориза барои озодии Фаластин, ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва фариза ва матлуби исломӣ аст. Пирӯзи дар чунин муборизае тазмин шудааст, зеро фарди мубориз ҳатто дар сурати кушта шудан ҳам ба иҳдал-ҳуснаяйн даст ёфтааст. Баҷуз ин, масъалаи Фаластин як масъалаи инсонӣ аст, берун кардани миллионҳо инсон аз хона ва мазраъа ва маҳалли зиндагӣ ва касби худ, он ҳам бо қатл ва ҷиноят, ҳар виҷдони инсониро озурда ва мутаассир мекунад ва дар сурати доштани ҳиммат ва шуҷоат ба муқобила водор месозад. Пас маҳдуд кардани он ба як масъалаи сирфан фаластинӣ ва ҳаддиаксар арабӣ, хатое фоҳиш аст. Онҳо, ки созиши чанд унсури фаластинӣ ё ҳокимони чанд кишвари арабиро муҷаввизи убур аз ин масъалаи исломӣ ва инсонӣ мешуморанд, башиддат дучори хато дар фаҳми масъала ва аҳёнан дучори хиёнат дар таҳрифи онанд.

2) Ҳадафи ин мубориза, озодии ҳамаи сарзамини Фаластин аз баҳр то наҳр ва бозгашти ҳамаи Фаластинён ба кишвари хеш аст. Фурӯ костани он ба ташкили давлате дар гӯшае аз ин сарзамин, он ҳам ба шеваи таҳқиромезе, ки дар адабиёти саҳюнистҳои беадаб аз он ёд мешавад, на нишонаи ҳақҷӯӣ аст ва на нишонаи воқеъбинӣ аст.

Воқеъ он аст, ки имрӯз миллионҳо фаластинӣ ба мартабае аз андеша ва таҷриба ва эътимод ба нафс расидаанд, ки битавонанд ин ҷиҳоди бузургро виҷҳаи ҳиммат созанд ва албатта ба нусрати илоҳӣ ва пирӯзии ниҳоӣ мутмаин бошанд, ки фармуд: وَ لَیَنصُرَنَّ‌ اللهُ مَن یَن‍ـصُرُه، اِنَّ اللهَ لَقَوِیٌّ عَزیزٌ; Бешак бисёре аз мусулмонон дар саросари ҷаҳон онҳоро ёрӣ ва бо онон ҳамдардӣ хоҳанд кард. Ин шоа Аллоҳ.


3) Ҳарчанд баҳра гирифтан аз ҳар имкони ҳалол ва машрӯъ дар ин мубориза муҷоз аст ва аз ҷумла ҳимоятҳои ҷаҳонӣ, вале муаккадан бояд аз эътимод ба давлатҳои ғарбӣ ва низ маҷомеъи ҷаҳонии зоҳиран ё ботинан вобаста ба онҳо парҳез кард.

Онҳо бо ҳар мавҷудияти асаргузори исломӣ душмананд; онҳо ба ҳуқуқ инсонҳо ва миллатҳо беэътиноянд; онҳо худ омили бештарин хасоратҳо ва ҷиноятҳо ба уммати исломиянд; ҳамакнун кадом ниҳоди ҷаҳонӣ ё кадом қудрати ҷинояткор посухгӯи террорҳо, қатли омҳо, ҷангафрӯзиҳо, бомбаборонҳо ва қаҳтиҳои маснуии дар чандин кишвари исломӣ ва арабӣ аст?

Имрӯз дунё як ба як теъдоди қурбониёни круноро дар саросари ҷаҳон мешуморад, аммо ҳеҷ кас напурсида ва намепурсад қотил ва масъули садҳо ҳазор шаҳид ва асиру мфқуд дар кишварҳое, ки Амрико ва Аврупо дар он оташи ҷангро равшан кардаанд кист? Масъули ин ҳама хуни ба ноҳақ бар хок рехта дар Афғонистон, Яман, Либия, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо кист? Масъули ин ҳама ҷинояту ғасб ва тахрибу зулм дар Фаластин кист? Чаро ҳеҷ кас ин миллионҳо кӯдак ва зану марди мазлум дар ҷаҳони Исломро шумориш накард? Чаро касе қатли ом шудани мусулмононро тасаллият намегуяд? Чаро миллионҳо фаластинӣ бояд ҳафтод сол аз хона ва кошонҳаи худ дӯр буда ва дар табъид ба сар баранд? Ва чаро Қудси шариф, қиблаи аввали мусулмонон бояд мавриди иҳонат қарор гирад?

Созмони ба истилоҳ Милал ба вазифаи худ амал намекунад ва ниҳодҳои ба истилоҳ ҳуқуқи башарӣ мурдаанд. Шиори «дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак ва зан» шомили кӯдакон ва занони мазлуми Яман ва Фаластин намешавад. Ин чунин аст вазъи қудратҳои золими ғарбӣ ва маҷомеъи вобастаи ҷаҳонӣ; вазъи бархе давлатҳои дунболарави онон дар минтақа ҳам дар беобрӯӣ ва расвоӣ бадтар аз он аст, ки ба баён ояд. Пас ҷомеаи мусулмони ғаюр ва диндор бояд ба худ ва неруи дарунияш такя кунад; даст қудратманди худро аз остин берун оварад ва бо таваккул ва эътимод ба Худованд аз мавонеъ убур ва гузар кунад.

4) Нуктаи муҳимме, ки набояд аз назари нухбагони сиёсӣ ва низомии ҷаҳони Ислом дур бимонад, сиёсати Амрико ва саҳюнистҳо дар интиқоли даргириҳо ба пушти ҷабҳаи муқовимат аст.

Роҳандозии ҷангҳои дохилӣ дар Сурия ва муҳосираи низомӣ ва куштори шабонарӯзӣ дар Яман, ва террору тахриб ва тавлиди ДИИШ дар Ироқ ва қазоёи мушобеҳ дар бархе дигар аз кишварҳои минтақа, ҳамагӣ тарфандҳое барои саргарм кардани ҷабҳаи муқовимат ва фурсат додан ба режими саҳюнист аст.

Бархе сиёсатмадорони кишварҳои мусулмон надониста ва бархе дониста дар хидмати ин тарфандҳои душман қарор гирифтаанд. Роҳи ҷилавгирӣ аз иҷрои ин сиёсати хабосатомез, умдатан хост ва мутолибаи ҷиддии ҷавонони ғайратманд дар саросари ҷаҳони Ислом аст.

Ҷавонон дар ҳамаи кишварҳои исломӣ ба вижа кишварҳои арабӣ, набояд тавсияи имом Хумайнии азимро аз назар дур бидоранд, ки фармуд: Ҳар чӣ фарёд доред бар сари Амрико ва низ албатта душмани саҳюнист бикашед.

5) Сиёсати оддисозии ҳузури режими саҳюнистӣ дар минтақа яке аз умдатарин сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Бархе давлатҳои арабии минтақа, ки нақши подуи Амрикоро ифо мекунанд, дар ин бора ба таҳияи муқаддамоти лозими он, аз қабили иртибототи иқтисодӣ ва амсоли он пардохтаанд; ин талошҳо яксара ақим ва бенатиҷа аст.

Режими саҳюнистӣ зоидаи мӯҳлик ва зиёнбахш барои ин минтақа аст ва ба яқин решакан ва изола хоҳад шуд ва беобрӯӣ ва сияҳрӯӣ барои касоне хоҳад монд, ки имконоти худро дар хидмати ин сиёсати истикборӣ ниҳодаанд.

Бархе барои тавҷеҳи ин рафтори зишт, истидлол мекунанд, ки режими саҳюнистӣ воқеияте дар минтақа аст, бе онки ба ёд оваранд, ки бо воқеиятҳои мӯҳлик ва зиёнбахш бояд мубориза кард ва онро изола кард.

Имрӯз круно як воқеият аст ва ҳамаи инсонҳои бошуур, мубориза бо онро воҷиб медонанд. Вируси дерпои саҳюнизм бегумон аз ин пас дере намепояд ва ба ҳиммату имон ва ғайрати ҷавонон аз ин минтақа решакан хоҳад шуд.

6) Аслитарин тавсияи инҷониб тавсия ба тадовуми мубориза ва сомон бахшидан ба созмонҳои ҷиҳодӣ ва ҳамкории онон бо якдигар ва густариши арсаи ҷиҳод дар ҳамаи сарзаминҳои фаластинӣ аст.

Ҳама бояд миллати Фаластинро дар ин ҷиҳоди муқаддас ёрӣ кунанд. Ҳама бояд дасти муборизи фаластиниро пур ва пушти ӯро маҳкам кунанд.

Мо бо ифтихор, ҳар чӣ дар тавон дошта бошем дар ин роҳ анҷом хоҳем дод. Як рӯз ташхиси мо ин шуд, ки муборизи фаластинӣ, дину ғайрат ва шуҷоат дорад ва танҳо мушкили ӯ дасти туҳӣ аз силоҳи ӯ аст.

Ба ҳидоят ва мадади Илоҳӣ барномарезӣ кардем ва натиҷа ин аст, ки мувозинаи қудрат дар Фаластин дигаргун шуд ва имрӯз Ғазза метавонад дар баробари таҳоҷуми низомии душмани саҳюнист биистад ва бар он пирӯз шавад.

Ин тағйири муодила дар бахши мавсум ба сарзаминҳои ишғолӣ хоҳад тавонист қазияи Фаластинро ба гомҳои ниҳоӣ наздик кунад. Ташкилоти худгардон дар ин амр таклифи бузург бар ӯҳда дорад.

Бо душмани ваҳшӣ ҷуз бо иқтидор ва аз мавзеъи қудрат наметавон сухан гуфт ва заминаи ин иқтидор биҳамдиллоҳ дар миллати шуҷоъ ва муқовими Фаластин омода аст. Ҷавонони фаластинӣ имрӯз ташнаи дифоъ аз каромати хешанд.

Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, ҳуҷҷатро бар ҳама тамом кардаанд. Дунё фаромӯш накарда ва нахоҳад кард он рӯзеро, ки артиши саҳюнист марзҳои Лубнонро шикаст ва то Бейрут пеш омад ва он рӯзеро, ки қотили ҷинояткоре ба номи Ариел Шарон дар Сабро ва Шатило ҳаммоми хун ба роҳ андохт ва низ фаромӯш накарда ва нахоҳад кард он рӯзеро, ки ҳамин артиш дар зери зарботи кӯбандаи Ҳизбуллоҳ чорае ҷуз ин наёфт, ки бо додани талафоти фаровон ва бо эътироф ба шикаст, аз марзҳои Лубнон ақибнишинӣ кунад ва барои оташбас ба илтимос биафтад; дасти пур ва мавзеъи қудрат яъне ин.

Ҳол бигузор фалон давлати аврупоӣ, ки бояд ба хотири фурӯши маводи химиявӣ ба режим Саддом то абад шармсор бошад, Ҳизбуллоҳи муҷоҳиди сарафрозро ғайриқонунӣ бидонад. Ғайриқонунӣ, режиме мисли Амрико аст, ки ДИИШ-ро тавлид мекунад ва режиме мисли он давлати аврупоӣ аст, ки ҳазорон нафар дар Бона-и Эрон ва Ҳалабча-и Ироқ бар асари маводи химиявиаш ба коми марг мераванд.

7) Сухани охир он аст, ки Фаластин мутааллиқ ба Фаластинён аст ва бояд бо иродаи онон идора шавад. Тарҳи ҳамапурсӣ аз ҳамаи адён ва ақвоми фаластинӣ, ки аз наздик ба ду даҳаи пеш аз ин ироа кардаем танҳо натиҷае аст, ки бояд бар чолишҳои имрӯз ва фардои Фаластин мутараттиб шавад.

Ин тарҳ нишон медиҳад, ки иддаои яҳудиситезие, ки ғарбиён бо буқҳо (карнайҳо)-и худ онро такрор мекунанд, ба куллӣ беасос аст. Дар ин тарҳ, фаластинёни яҳудӣ ва масеҳӣ ва мусулмон, дар канори ҳам дар як ҳамапурсӣ ширкат ва низоми сиёсии кишвари Фаластинро таъйин мекунанд; ончи қатъан бояд биравад низоми саҳюнистӣ аст ва саҳюнизм, худ бидъате дар оини яҳуд ва комилан бегона аз он аст.

Дар поён, ёди шаҳидони Қудс, аз шайх Аҳмад Ёсин ва Фатҳи Шиқоқӣ ва Сайид Аббос Мусавӣ, то сардори бузурги Ислом ва чеҳраи фаромӯшнашудании муқовимат, шаҳид Қосим Сулаймонӣ ва муҷоҳиди бузурги ироқӣ, шаҳид Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис ва дигар шуҳадои Қудсро гиромӣ медорам ва ба рӯҳи имом Хумайнии азимушшаън, ки роҳи иззат ва ҷиҳодро ба рӯи мо кушод, дуруд мефиристам ва низ барои бародари муҷоҳид, марҳум Ҳусайн Шайхулислом, ки солиёне дар ин роҳ талош кард, раҳмати Илоҳиро масъалат мекунам.

Дар поён ба ҳамаи бинандагон ва шунавандагони азиз арз мекунам рӯзи Қудси имсол аввалин рӯзи Қудсе аст, ки дар он Қосим Сулаймонии азиз ҳузур надорад. Барои шодии рӯҳи ӯ ҳама як сураи Ҳамд ва як сураи Қул ҳуваллоҳ бихонед.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017