this is a title for here

 

 Суханронии телевизионии Имом Хоманаӣ дар оини таҷлил аз пешкисватони Дифоъи Муқаддас

  Operator 21 September 2020 730 Read

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (душанбе) дар иртиботи тасвирӣ бо маросими такрим ва таҷлил аз пешкисватони дифоъи муқаддас ва муқовимат, бо ишора ба пирӯзии дурахшон ва возеҳи миллати Эрон дар Дифоъи муқаддас гуфтанд: “Ин воқеъият, натиҷаи раҳбарӣ ва фармондеҳии шигифтангезаи Имом Хумайнӣ, ҳузури ҳамаҷонибаи қишрҳои мухталифи мардум ва иқдомот ва ибтикороти уқалоии мудофеъони ислом ва инқилоб дар ин ҳамосаи таърихӣ буд, ки бояд муроқиби талоши душманон дар таҳрифи воқеъиятҳои ин қитъа аз ҳувияти барҷастаи эрониён бошем.”

Имом Хоманаӣ ҳамчунин бо ибрози таъассуфи шадид аз ҷон бохтани рӯзона ҳудуди 150 нафар бар асари короно, мардумро ба риояти комил ва мустамарри дастурул-амалҳои беҳдоштӣ фарохонданд.

Фармондеҳи кулли қуво, такрим ва таҷлил аз пешкисватон ва размандагони Дифоъи Муқаддасро вазифаи ҳатмии миллӣ ва тавсияи муаккади ислом хонданд ва афзуданд: “Барои дарки азамати кори ин азизон ва ҳамразмони шаҳидашон бояд азамати майдони дифоъи муқаддас ва чароӣ ва чигунагии ин қитхаи муҳим аз таърихи Эронро ба хубӣ дарку фаҳм кард.”

Эшон Саддоми ҷоҳталабро танҳо абзоре дар дасти қудратҳои бузург бавижа Амрико баршумурданд ва афзуданд: “Тарафҳои аслии набард бо миллати Эрон яъне Амрикои зарбахӯрда аз Инқилоби Исломӣ, қудратҳои нигарон аз зуҳури як ҳувияти ҷадиди исломӣ-эронӣ дар минтақа, НАТО ва кишварҳои аврупои ғарбӣ ва шарқӣ, Саддомро ба ҳамла таҳрик карданд то низом ва Инқилоби Исломиро дарҳам бикӯбанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба интишори асноди тавофуқҳои Амрико ва Саддом қабл аз оғози ҷанг, афзуданд: “Дар тӯли солҳои ҷанг низ кӯмакҳои низомӣ, иттилоотӣ ва молии Ғарб ва Шарқ ба режими баъсӣ аз тариқи Аморот, Кувайт, Арабистон ва дигар масирҳо идома дошт.”

Раҳбари Инқилоб, илова бар таҳрики душманон, авзоъи дохилии Эронро низ дар ташҷеъи Саддом ба ҳамла, муассир донистанд ва афзуданд: “Вазъи номуносиби артиш аз лиҳози имконот ва фармондеҳӣ дар соли оғози ҷанг, навпадид будани Сипоҳ ва камбуди шадиди имконоти дифоъӣ, воқеъиятҳое буд, ки душман аз онҳо иттилоъ дошт ва ҳамин масоил низ онро ба оғози ҷанг, бештар таҳрик кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз ташреҳи чигунагии оғози ҷанги таҳмилии 8 сола ба баррасии мустанади авомил ва нукоти муҳимии дифоъи ҷонона ва пирӯзмандонаи миллати Эрон дар муқобили душманон пардохтанд.

Эшон дар ин замина, раҳбарӣ ва фармондеҳии Имом Хумайнӣ (р)-ро аз оғоз то поёни Дифоъи Муқаддас бисёр ҳассос ва шигифтангез баршумурданд ва афзуданд: “Имом аз ҳамон оғоз, абъод ва ҳаҷми воқеъии корзорро шинохт ва бо дирояте эъҷобангез эълом кард, ки ин ҷанг, набарди ду кишвари ҳамсоя нест балкӣ душманони Инқилоби Исломӣ ва миллати Эрон дар пушти Саддом дар муқобили низоми исломӣ сафороӣ кардаанд.”

Имом Хоманаӣ, овардани миллат ба саҳнаи дифоъи муқаддасро ташхиси ҳаётии Имоми Роҳили азимушшаън донистанд ва афзуданд: “Имом бо дарки амиқи худ, монанди асли инқилоб, миллатро ба васати майдони корзори ҳамаҷониба овард, чаро, ки фаҳмид сирфи ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ наметавонад масъаларо ҳал кунад.”

Эшон, шахсияти беназир, нуфузи маънавӣ, садоқат ва маъсумият дар баёни ҳақоиқ ва воқеъиятҳо ва нигоҳи тезбенро аз дигар вижагиҳои фармондеҳии Имом дар 8 сол Дифоъи Муқаддас баршумурданд ва афзуданд: “Имом бо қотеъияте фавқул-ода ва беназир, фармон медод ва корҳоро ба пеш мебурд, ки таъкид бар шикасти ҳасри Ободон ва озодсозии Хуррамшаҳр ва Сусангирд аз намунаҳои ин қотеъияти аҷиб аст.”

Эшон мавзеъгириҳои ҳушмандона ба иқтизои шароити мухталифи ҷангро аз дигар вижагиҳои Имом хонданд ва бо зикри намунаҳое афзуданд: “Додани руҳия ба миллат ва таҳқири душман дар ҳангоми лозим, ҷилавгирӣ аз офати мухарриби ғурур дар пирӯзиҳо ва дилгармӣ додан ва тафаққуди размандагон дар мавоқеъи мавриди ниёз, аз ҷумла равишҳое буд, ки ин падари меҳрубон ва мудири маънавӣ, огоҳ ва мусаллат бар майдон, ба кор мегирифт ва Дифоъи Муқаддасро ҳидоят мекард.”

Раҳбари Инқилоб бо ибрози таъассуф аз ғафлате, ки дар навиштаҳо ва мабоҳиси марбут ба Дифоъи Муқаддас дар бораи нақши Имом Хумайнӣ вуҷуд дорад, афзуданд: “Бояд дар ин замина кори ҷиддӣ ва густарда анҷом шавад.”

Эшон сипас бо таъкид бар муроқибат аз талоши душман барои таҳрифи воқеъиятҳои Дифоъи Муқаддас, ба баёни нукоте дар бораи абъоди шигарф ва азими ин падида пардохтанд.

“Пирӯзии дурахшон ва равшани миллати Эрон дар ҷанги таҳмилӣ” нахустин нуктае буд, ки ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба он ишора карданд ва гуфтанд: “Ҳадафи душман аз ба роҳ андозтани ҷанг, соқит кардани низоми исломӣ, султаи муҷаддад бар Эрон ва таҷзияи кишвар буд аммо як ваҷаб аз хоки Эронро натавонистанд ишғол кунанд ва як қадам ҳам натавонистанд Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати Эронро ба ақиб биронанд.”

Эшон бо ишора ба шикастҳои мудовими Эрон дар ҷангҳои яке ду қарни ахир дар давраи Қоҷор ва дар давраи Паҳлавӣ ва таҳқири сарони Эрон дар он даврон, афзуданд: “Миллати Эрон дар Дифоъи Муқаддас тавонист дар муқобили қудратҳои шарқу ғарб ва кишварҳои вобаста ба онҳо биистад ва бо сарбаландӣ пирӯз шавад ва бар ҳамин асос, ин дифоъи пирӯзмандона, бахше аз ҳувияти миллии Эрон аст.”

Имом Хоманаӣ дар нуқтаи баъдӣ, Дифоъи Муқаддасро аз ибтидо то интиҳо яке аз “ақлонитарин ва мудаббиронатарин ҳаракоти миллати Эрон” баршумурданд ва гуфтанд: “Бархеҳо талош доранд то бо истинод ба хатое, ки дар як ҷамъе сурат гирифта, дифоъи муқаддасро ба бетадбирӣ муттаҳам кунанд, дар ҳоле, ки ин дифоъ аз ҳамон шурӯъи кор яъне ҳамкории артиш ва Сипоҳ ва интихоби токтикҳои мубтакирона ва шуҷоъона ва анҷоми иқдомоти бузург ва шигифтовар дар амалиётҳо то поёни ҷанг ва қабули қатънома, ҳама мубтанӣ бар ақлоният ва тадбир буд.”

“Шакл гирифтани як мудели ҷадид аз ҳузури мардумӣ ва бурузи истеъдодҳо дар дифоъи муқаддас” севвумин нуктае буд, ки ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба он ишора карданд ва афзуданд: “Ин мудели беназир ва бесобиқа дар ҷаҳон ба гунае буд, ки ҳар фарде аъам аз размандаи 14 сола то пирмарди 70 сола ё духтари донишомӯзи дабистонӣ ва бонувони мӯҳтарам дар пушти ҷабҳа ё пизишк ва ҷарроҳ ва кишоварз ва корманд ва донишҷӯ ва шоъир ва анвоъи қишрҳо ва сунуфи мухталиф, ҳаряк ҷойгоҳи худро дар ин шабакаи азими мардумӣ пайдо мекарданд ва машғули дифоъ ва хидмат мешуданд.”

Эшон хотирнишон карданд: “Дар ин мудели густардаи ҳузури мардумӣ, истеъдодҳои муҳимме зуҳур меёфт ва ба унвони мисол як ҷавони рӯстоӣ аз Кирмон табдил ба Ҳоҷ Қосими Сулаймнӣ шуд, ё як афсари ҷавон табдил ба фармондае муҷарраб ва тавоно ҳамчун Шаҳид Сайёди Шерозӣ ва Шаҳид Бобоӣ шуд ва ё аз як рӯзноманигори довталаб дар кӯрони ҳодисаҳои ҷабҳа, нобиғаи иттилоотӣ мисли Шаҳид Боқирӣ сохта шуд.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: “Имрӯз ҳам агар ҳиммат шавад ва нигоҳи саҳеҳ ба масоил ва мардум вуҷуд дошта бошад, метаовн аз ин мудели беназир истифода кард. Албатта баҳси ҷанг бо баҳси иқтисод мутафовт аст вале соҳибони фикр метавонанд дар баррасиҳо ва пажӯҳишҳои худ, ин муделро ба унвони абзори иқтидори миллӣ дар назар бигиранд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ нақшофаринии мардум ва гурӯҳҳои мухталиф дар пушти ҷабҳаро бахши дигаре аз ин мудели азими мардумӣ донистанд ва гуфтанд: “Кӯмакҳои молии мардумӣ, озуқарасонӣ ба ҷабҳаҳо, расидагӣ ба маҷрӯҳон, бадрақа ва ташйеъи бошукӯҳи шаҳидон дар шаҳрҳо, ҳимоятҳои фарҳангӣ таблиғотӣ ва муқобила бо амалиёти равонии душман, пазироӣ ва искони ҷангзадагон дар шаҳрҳо, ва муқовимати мардум дар шаҳрҳое, ки омоҷи ҳамалоти мушакии режими Баъс буданд, намунаҳое аз ин нақшофариниҳо ҳастанд.”

Эшон бурузи олитарин фазоили ахлоқӣ ва маънавӣ ва таолии руҳӣ дар миёни размандагонро яке аз фаслҳои дурахшони китоби қатури дифоъи муқаддас баршумурданд ва афзуданд: “Шарҳи ҳолҳое, ки аз бархе размандагон навишта шуда, васиятномаи шаҳидон, фазоили ахлоқӣ ҳамчун сидқу вафо, ихлос, тавозӯъ, хидмат ба дигарон, исор, фидокорӣ, саҳархезиҳо ва ибодатҳои орифона, беэътиноӣ ба зеварҳои дунявӣ ва рафторҳо ва ҳолоти модарон дар эъзоми ҷавонони худ ба ҷабҳа ва истиқбол аз фарзандони шаҳидашон, ҳама ба баракати ислом ва имони амиқи динӣ буд, ки дар даврони Дифоъи Муқаддас таҷаллӣ ва буруз ёфт.”

“Сармоясозии дифоъи муқаддас барои кишвар” нуктаи баъдӣ буд, ки Имом Хоманаӣ ба он ишора карданд ва угфтанд: “Яке аз ин сармоясозиҳои арзишманди амният аст, ки ба баракати Дифоъи Муқаддас ба даст омада зеро дифоъи миллати Эрон нишон дод, ки ҳазинаи таъарруз ва таҷовуз ба кишвар бисёр боло аст ва ҳар мутаҷовизе бо посухи кӯбанда мувоҷеҳ мешавад, бинобар ин мутаҷовиз қабл аз ҳар иқдоме таъаммул хоҳад кард ва онро юа сарфа нахоҳад донист.”

Эшон “руҳияи худбоварӣ” ва “ҳаракат ба самти навовариҳои фаннӣ ва илмӣ”-ро яке дигар аз сармояҳои даврони дифоъи муқаддас донистанд ва афзуданд: “Дар ҳамон даврон ва ҳангоме, ки шаҳрҳои Эрон ҳадафи мушакҳои душман буд ва ҳеч кишваре ба мо мушак ва таҷҳизот намедод, шаҳид Теҳронимуқаддам ва дӯстони вай, санойеъи мушакиро поягузорӣ карданд ва тавоноии кунунии мушакӣ, натиҷаи ҳамон руҳияи худбоварӣ ва ҳаракати илмии он замон аст.”

Имом Хоманаӣ, ҷуръати анҷоми корҳои ба зоҳир нашуданӣ ва иртиқои сармояи инсонии кишварро аз ҷумла сармояҳои даврони дифоъи муқаддас баршумурданд ва гуфтанд: “Як намуна аз сармояҳои инсонии даврони Дифоъи Муқаддас, Шаҳид Сулаймонӣ буд, ки дар арсаи минтақа ва диплумосӣ, иқдомоти шигифтоваре анҷом медод ва ҳанӯз миллати Эрон аз густараи фаъолиятҳои ин шаҳиди азиз иттилоъи кофӣ надорад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ “ошноии бештари миллати Эрон бо зоту воқеъияти тамаддуни Ғарб”-ро аз дигар нукоти 8 сол дифоъи муқаддас донистанд ва афзуданд: “Дар таърихи муосири Эрон, инод ва хибосатҳои давлатҳои ғарбӣ дар ҳаққи миллати Эрон чандбор ошкор шуда аммо ин давлатҳо бо ҳимояти комил аз ҳукумати фосид, зидди башарӣ ва диктотурии Саддом, иддаоҳои ҳуқуқи башарӣ ва инсонии худро амалан лагадмол карданд ва моҳияти худро буруз доданд, ки ин шинохти амиқ хеле муҳим аст ва бояд дар ҳамаи тасмимоти мо нақш дошта бошад.”

Эшон “бурузи тавоноиҳо ва зарфиятҳои миллати Эрон барои ҷаҳониён”-ро аз дигар нукоти таъаммулбарангези Дифоъи Муқаддас баршумурданд ва афзуданд: “Дифоъи Муқаддас дар авҷи ҳамалоти расонаии душманони Эрон, худ ба як “расонаи расо ва садои баланд” табдил шуд ва бо нишон додани шуҷоъат, ваҳдат, ҳиммат ва муқовимати миллии эрониён, барои ин миллат дар ҷаҳон арзиш ва виҷҳа дуруст кард.”

Имом Хоманаӣ, Дифоъи Муқаддасро тоблуе азим ва дурахшон дар пеши рӯи миллати Эрон хонданд ва афзуданд: “Ҷанг падидае саҳмгин ва хашин аст аммо бо вуҷуди ҳамаи мушкилот ва зойеъоти он, Дифоъи муқаддас барои миллати Эрон баракот, башоратҳо, пешрафтҳо ва тароватҳое ба армуғон овард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ адабиёти ҷиҳод дар Қуръонро башоратомез ва дар нафйи тарс ва андӯҳ донистанд ва гуфтанд: “Назири ҳамин адабиёт дар бораи муқовимат вуҷуд дорад ва Қуръон таъкид мекунад агар истиқомат кунед, тарсу андӯҳ, ки ду офати бузург барои як миллат аст, аз шумо бардошта хоҳад шуд.”

Эшон корҳои анҷомшуда дар хусуси дифоъи муқаддасро боарзиш аммо кам донистанд ва хотирнишон карданд: “Ҳарчи аз замони Дифоъи Муқаддас дуртар мешавем бояд ба маърифати он наздиктар шавем, чароки дастҳои таҳрифгар дар камин ҳастанд.”

Имом Хоманаӣ, адабиёти дифоъи муқаддасро ба сарчашмае ҷӯшон ташбеҳ карданд ва бо таъкид бар тавлиди матнҳои фохири адабӣ ба унвони манобеъи ғанӣ барои халқи осори ҳунарӣ ва ҳамчунин лузуми шахсиятпардозӣ аз шаҳидон ва размандагони ҷанг, гуфтанд: “Мавзӯъи ёдвораҳои дифоъи муқаддас низ масъалаи муҳимми дигаре аст, ки аз эҷоди фосилаи насле дар мақулаи ҷиҳод ва муқовимат ҷилавгирӣ мекунад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, мудофеъони ҳарамро намунае дурахшон аз тадовуми баракоти дифоъи муқаддас ва истимрори руҳияи ҷиҳод дар насли ҷадид баршумурданд ва афзуданд: “Ҳузури ҳамзамони размандагоне аз миллиятҳои мухталифи эронӣ, сурӣ, ироқӣ, лубнонӣ ва афғонистонӣ дар сафри воҳид аз ҳақиқатҳо ва падидаҳои ҳайратангези замони мо аст.”

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар бахши поёнии суханонашон бо тақдир аз талошҳои фидокорона ва доимии кодри дармон ва масъулон дар муқобила бо короно аз фавти рӯзона 150 то 170 нафар аз ҳамватанон дар асари короно ибрози таъассуф карданд ва афзуданд: “Илоҷи ин воқеъаи таъассуфбор ба дасти худи мардум ва дар гарави риояти усули беҳдоштӣ мисли фосилагузорӣ, истифода аз моск ва шустани дастҳо аст.”

Имом Хоманаӣ дар хусуси масъалаи Арбаъин низ гуфтанд: “Миллати Эрон ошиқи Имом Ҳусайн ва зиёрати Арбаъин ҳастанд аммо қазияи роҳпаймоии Арбаъин сирфан мутаваққиф бар салоҳдиди ситоди миллии муқобила бо короно аст, ки то кунун бо анҷоми он мухолифат кардаанд, бинобар ин ҳама бояд тебеъ ва таслим бошанд.”

Эшон бо интиқод аз ҳузури бархе афрод дар марзҳо барои изҳори иродат ба Имом Ҳусайн (а), гуфтанд: “Изҳори иродат бояд аз манозил анҷом шавад ҳамчунон, ки дар рӯзи Арбаъин чанд зиёрат ворид аст ва мардум метавонанд бо хондани онҳо, ба пешгоҳи ҳазрати Сайидуш-шуҳадо (а) шиква кунанд, ки мо орзӯи ҳузур доштем аммо бо ин вазъ мақдур нашуд; то иншоаллоҳ он ҳазрат иноят ва кӯмаке бифармоянд.”

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017