this is a title for here

 

 Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо сарвари занони Биҳишт

  Operator 1 March 2018 30 Read

Дар фазилати ҳазрати Сиддиқаи Кубро (Фотимаи) саломуллоҳи алайҳо ҳамаи мусулмонон

як назар доранд, шиъаву суннӣ надорад. Дар китобҳои шиъаву суннӣ ин ҳадис омадааст: Фотима бартарини занони аҳли ҷаннат аст; ин ҳадис болотар аз ҳадиси “бартарини занони оламиён” аст; яъне сарвари занони биҳишт. Дар биҳишт чи касоне ҳастанд? Бартарин занон, барҷастатарин занон, мӯъминтарин занон, муҷоҳидтарин занон, занони шаҳид, онҳое ки Худои мутаъол дар Қуръон аз онҳо бо азамат ёд кардааст, ҳамаи инҳо дар биҳишт ҳастанд; онвақт Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо бартарини занони аҳли биҳишт аст; ин хело мақоми воло ва болое аст. дарси шуҷоъат, дарси фадокорӣ, дарси зуҳд дар дунё, дарси маърифатомӯзӣ ва маърифатро интиқол додан ба дигарон, дар мақоми муаллими донишвари башар қарор гирифтан, дарсҳои Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо аст ба ҳамаи башар. Умедворем ҳамаи мусулмонон аз баракоти бонуи ду олам баҳраманд шаванд.

18.2.2018

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017