this is a title for here

 

 Савдои сердаромад

  Operator 4 March 2018 79 Read

Дар амри шаҳодат ончи муҳим аст ин аст касе омода шавад ҷони худашро

кафи дасташ гирад барои додан дар роҳи Худо; исоргарони мо, фидокорони мо ки ҷонашонро кафи дасташон гирифтанду рафтанд, ҳамаи инҳо ин арзшро доранд, аммо гоҳе Худованди мутаъол нисбат ба касоне хубии вижа мекунад ва подоши онҳоро ки шаҳодат аст ба таври нақд медиҳад, бинобар ин арзишашон чанд баробар мешавад; барои инки аз Худои мутаъол подоши муҷоҳидатро ба таври нақд гирифтанд. Худованд мефармояд:

اِنَّ اللهَ اش‌ـتَریّْ  مِنَ المُ‌ـؤمِنینَ اَنفُسَهُم وَ اَموالَهُم بِاَنَّ لَهُمُ الجَنَّ‌ـةَ یُقاتِلونَ فی سَبیلِ اللهِ فَیَقتُلونَ وَ یُقتَلونَ وَعـدًا  عَلَیهِ حَقًّا فِی التَّوریّْةِ وَ الاِنجیـلِ وَ القُرءان،

“Дар ҳақиқат, Худо аз мӯъминон, ҷону молашонро ба (нархи) инки Баҳишт барои онҳо бошад, харида аст; ҳамон касоне ки дар роҳи Худо меҷанганд ва мекушанд ва кушта мешаванд; (ин) ба унвони ваъдаи ҳаққе дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон бар ӯҳдаи ӯст.”

Яъне Худованди мутаъол ҷонашонро, ин сарваташонро аз инҳо қабул кард ва дар муқобил, Биҳиштро ба онҳо дод; болотарин савдо ин аст, болотарин фоида ин аст. Ҷони мо ҳамон молу матои ва сармояе аст ки хоҳи нахоҳи меравад; яъне ҳеҷ касе нест ки ин ҷону умрро ки қимматтарин сарвати инсонии ӯст, битавонад нигаҳ дорад; ин (умр) як вақт ҳаст; баъд, аз мо гирифта мешавад. Ин ҷон ҳархел гифта мешавад; як нафар бо задани мошин мемурад; як нафар бо касалӣ мемурад; аммо каси дигар ин ҷонашро бо Худо муъомила мекунад; ин ҷони гирифта мешудагиро савдо мекунад, мефурӯшад. Банда баъди инқилоб дар суханрониҳоям чандин бор гуфтам ки шаҳодат марги тоҷирона аст, марги ҳисобшудааст; касе ки дар роҳи Худо шаҳид мешавад, дар ҳақиқат беҳтарин ҳисобу китобро дорад мекунад, ин ҷон намемонад; инро одам дар роҳи Худо диҳад, ки барои ин корро кардан одам бояд зирак бошад. Ин зиракиро шаҳидон доштанд ки тавонистанд ин ҷони гирифта мешудагиро ба Худо фурӯхтанд ва Худованд ҳам инхел бо инҳо гап занад:

“Дар ҳақиқат, Худо аз мӯъминон, ҷону молашонро ба (нархи) инки Баҳишт барои онҳо бошад, харида аст;”

Худоё мо ки ҳастим ки ту ҷони моро бихарӣ? Ин ҷон азони туст, мутааллиқ ба туст, мо ки ихтиёр надорим дар мавриди ҷонамон. Бо инки ҷонамон азони Худост аммо Худованд барои муҷоҳиди роҳаш хеле баҳо медиҳад. Инро мо бояд гиромӣ дорем.

1.3.2018

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017