this is a title for here

 

 Мақоми волои ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)

  Operator 31 March 2018 20 Read

Дар бораи мақоми воло ва ғайри қобили тавсифи духтари Пайғамбари

Аъзам (с.а.в.в), забони ман ва амсоли ман қосир ва кутоҳ аст; башар наметавонад тавсиф кунад мақомоти маънавӣ ва азамати руҳии инсонҳои бузурги илоҳӣ ва осмонӣ аз ҷумла ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-ро, аз худи Худои мутаол ва аз забони худи бандагони бузурги Худо ва авлиёи илоҳӣ бояд шунид ва омухт; то ҳудуде, ки фаҳми мо расо аст ва метавонад, бояд дарк кард ин мақомро. Пайғамбари Акрам (с.а.в.в) дар бораи Фотимаи Заҳро (с) фарумуданд:

سَیِّدَةِ نِساءِ اَهلِ الجَنَّة,                      

Сарвари занони аҳли Биҳишт!

Албатта риаояти дигаре ҳам ҳаст:

سَیِّدَةِ نِساءِ ‌العالَمین, سَیِّدَةُ نِساءِ الدُّنیا,        

Сарвари занони олам!

Инҳо ҳама бо санадҳои комил аз тариқи аҳли Суннат ва аҳли Шиъа нақл шудааст; на инки фақат Шиъа нақл карда бошад; локин ба назари ман аз ҳама муҳимтарин ҳамон:

«سَیِّدَةِ نِساءِ اَهلِ الجَنَّة»      

Сарвари занҳои аҳли Биҳишт мебошад.

Бубинед Худои мутаол дар ояи Қуръон мефармояд:

وَ ضَرَبَ اللهُ مَثَلًا لِلَّذینَ ءامَنُوا امرَاَتَ فِرعَون؛

Ҳамсари Фиръавн улгу барои ҳамаи муъминон, на фақат барои занҳо; барои касоне, ки имон оварданд. Яъне Худои мутаол барои ҳамаи муъминон ду занро улгу қарор додааст. Яке ҳамсари Фиръавн -ҷаноби Осия- ки дар идомаи оят чанд ҷумлае дар бораашон мегуяд, баъд мефармояд:

وَ مَریَمَ ابنَتَ عِمران؛

Дигарӣ низ ҳазрати Марям. Хуб ин ду зан, улгу ҳастанд барои ҳамаи башарият; барои ҳамаи муъминони олам; ин ду нафар ва ҳамаи занҳо барҷаста ва авлиёи илоҳӣ аз ҷинси зан, ҳама дар Биҳиштанд, ҷояшон Биҳишт аст; онвақт Фотимаи Заҳро (с) Сарвари занҳои аҳли Биҳишт аст, сарвари ҳамаи инҳо. Мо наметавонем бештар аз ин, он мақомро дарк кунем. Албатта шоъирони азизи мо, мадҳ кунандагони муҳтарам ва азиз имруз, баёноте карданд ва хело ҳам хуб буд, локин ҳамаи инҳо камтар аз он ҳадди олии Сиддиқаи Тоҳира (саломуллоҳ алайҳо) аст; Пайғамбар ва каломи Пайғамбар ва каломи Худо аз ҳамаи инҳо расотар аст.

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017