this is a title for here

 

 Пирузии қатъии ҷибҳаи ҳақ бар ботил

  Operator 7 April 2018 15 Read

Дар ин муборизаи ҳақ бар ботил, пирузии қатъӣ ва ҳатмӣ бо ҷибҳаи ҳақ аст. На имруз, балки дируз, имруз ва фардо, ҳарҷо чунин муборизае бавуҷуд биёяд, пирузӣ бо ҷибҳаи ҳақ аст, машрут ба чанд шарт, агар аҳли ҳақ ва касоне, ки тарафдори ҳаққанд, ният кунанд, ҳиммат кунанд, сабр кунанд, истодагӣ кунанд, мубориза кунанд, бетардид пируз хоҳанд шуд; ҳарҷое, ки ин иттифоқ афтодааст -аз даврони пеши таърих- ин тавр аст. Дар мавриди Анбиё ҳам ҳаминтавр аст; бале мо дар мавриди Анбиё ҳам дорем мавориде, ки онҳоро ба қатл расонидаанд, нобуд карданд, масхара карданд ва корҳои монанди инҳо карданд, аммо дар худи Қуръон ва дар ривоятҳо, маворидеро дорад, ки Анбиё муваффақ шуданд, мусаллат шуданд; ин ба хотири ҳамин аст, ки шароит фарқ мекардааст. Онҷое, ки тарафдорони ҳақ сустӣ кардаанд, беаҳамиятӣ кардаанд, онтавр шудааст; онҷое, ки субот, истиқомат, мубориза, басират ва монанди инҳоро доштаанд, пируз шудаанд; яъне дар тули таърих ҳаминтавр аст. Имруз ҳам ҳаминтавр аст; имруз ҳам вақте, ки ин ҳаракат, ин наҳзат ба василаи Имоми бузургавор шуруъ шуд, мардум ҳам пайравӣ карданд, омаданд дохили майдон; пир, ҷавон, мард, зан, қишрҳои мухталиф, ҷойҳои мухталиф вориди майдон шуданд; аз кушта шудан натарсиданд, истодагӣ карданд, пируз шуданд. Дар ҷанг ҳам ҳаминтавр, дар ҳар ҷойи дигар ҳам, ки ба истилоҳ ин ҳимматро карданд, мусалламан пирузӣ ба даст омадааст имруз ҳам ҳаминтавр аст; имруз ҳам агар мо ба шароити дуруст амал бикунем, пирузӣ ҳатмӣ аст. Дар Қуръони Карим оёте, ки ин нуктаи қатияти пирузиро ба мо ёдоварӣ мекунад ва таълим медиҳад ва хабар медиҳад зиёданд; аз ҷумла ояҳои:
اِن تَنصُرُوا اللهَ یَنصُرکُم (1)
لینصرنّ اللَّه من ینصره (2)
والعاقبة للمتّقین (3)
Ин ояҳо дар чанд ҷой такрор шудааст, инҳо ҳама нишондиҳандаи ҳамин масъалаанд.

1) Сураи муборакаи Муҳаммад (с.а.в.в) ояи 7
يا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنوا إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُركُم وَيُثَبِّت أَقدامَكُم
Тарҷума:
Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид.
2) Сураи муборакаи Ал-ҳаҷ ояи 40
الَّذينَ أُخرِجوا مِن دِيارِهِم بِغَيرِ حَقٍّ إِلّا أَن يَقولوا رَبُّنَا اللَّهُ ۗ وَلَولا دَفعُ اللَّهِ النّاسَ بَعضَهُم بِبَعضٍ لَهُدِّمَت صَوامِعُ وَبِيَعٌ وَصَلَواتٌ وَمَساجِدُ يُذكَرُ فيهَا اسمُ اللَّهِ كَثيرًا ۗ وَلَيَنصُرَنَّ اللَّهُ مَن يَنصُرُهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزيزٌ
Тарҷума:
Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, фақат ин буд, ки мегуфтанд; «Парвардигори мо Худои яктост?» Ва агар Худо баъзеро ба василаи баъзе дигар дафъ накарда буд, дайрҳову калисоҳо ва куништҳову масҷидҳое, ки номи Худо ба фаровонӣ дар он бурда мешавад, вайрон мегардид. Ва Худо ҳар касро, ки ёриаш кунад, ёрӣ мекунад ва Худо тавонову пирӯзманд аст!
3) Сураи муборакаи Ал-аъроф ояи 128
قالَ موسىٰ لِقَومِهِ استَعينوا بِاللَّهِ وَاصبِروا ۖ إِنَّ الأَرضَ لِلَّهِ يورِثُها مَن يَشاءُ مِن عِبادِهِ ۖ وَالعاقِبَةُ لِلمُتَّقينَ
Тарҷума:
Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Худо мадад ҷӯед ва сабр пеша созед, ки ин замин аз они Худост ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!»

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017