this is a title for here

 

 Дарси биъсати пайғамбар

  Operator 21 April 2018 36 Read

Биъсат ҳодисаи ягона ва беназир аст, ки ҳақиқатан

ҳеҷ ҳодисаи дигаре дар таърихи башар ба аҳаммият ва азамати биъсати пайғамбар вуҷуд надорад. Биъсати пайғамбар, авҷи раҳмати Парвардгор бар башар ва инсоният буд. Фиристодани пайғамбарон, ирсоли пайғамбарон барои ҳидояти инсон, барои расондани инсон ба нуқтаи авҷ(камол), бузургтарин раҳмати Парвардгор дар ҳаққи башар аст ва болотарини ин ҳаракат дар биъсати пайғамбар акрам (с) буд. Роҳе бар рӯйи башар кушода шуд, ки ин роҳ то охири дунё, ин қудратро ва ин тавоноиро дорад, ки башарро пеш барад, ҳамчунонки аз он рӯз то замони ҳозир, инсоният пеш рафтааст; Фикри инсон, зеҳни инсон, бисёре аз ҳақоиқе, ки динҳо вазифа доштанд онро баён кунанд, ҷузъи рафтори ҷомеаи башарӣ шудааст ва биҳмдилиллоҳ дилҳои бештари инсонҳо ба самти маънавият моил ва гироиш пайдо кардааст.

Дар биъсат ончи асли матлаб аст иборат аст аз тавҳид; Тавҳид яъне фақат ва фақа бандагии Худои мутаъол ; Яъне ҳавоҳо, ҳавасҳо, шаҳватҳо, ғазабҳо бар зиндагии инсон ҳоким набошад; Яъне диктаториҳо, истибдодҳо, маниятҳо идоракунандаи зиндагӣ инсон набошанд; Маншаъ ва сарчашмаи мудирияти зиндагии инсон иборат бошад аз илми Илоҳӣ ва қудрати Илоҳӣ ва раҳмати Илоҳӣ ва файзи Илоҳӣ ва ҳидоят Илоҳи; Ин маънои тавҳид аст. Дар дараҷаи аввал ҳамаи он касоне, ки бо манияти худ, бо такаббури худ, бо истибдоди худ, бо зулми худ мехоҳанд бар умури ҷомеъаи башарӣ ва ҷавомеъи башарӣ тасаллут пайдо кунанд, бо шиори тавҳид канор гузошта мешаванд,барои ҳамин душмани мекунанд.

وَ کَذٰلِکَ جَعَلنا لِکُلِّ نَبِیٍّ عَدُوًّا شَیاطینَ الإِنسِ وَالجِنِّ یوحی بَعضُهُم إِلىٰ بَعضٍ زُخرُفَ القَولِ غُرورًا

“Ва ҳамчунин барои ҳар паёмбаре душманоне аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста ваҳй мекунанд. “

Ҳамаи пайғамбарон бо соҳибон зару зӯр, бо мустабидони олам, бо зӯргуёни олам, бо фиръавнҳои олам рӯбарӯ шуданд, мувоҷиҳ шуданд ва бо онҳо мубориза карданд. Бидуни муборизаи ҳаққ, ботил маҷбӯр ба ақибнишини намешавад. Инки башарият рӯз ба рӯз аз аввали таърихи башар то имрӯз ба маорифи Илоҳӣ наздик шуда ва наздиктар шудааст, ба хотири мубориза аст; Чун ҳаққ бояд мубориза кунад.

الَّذینَ آمَنوا یُقاتِلونَ فی سَبیلِ اللَّهِ وَالَّذینَ کَفَروا یُقاتِلونَ فی سَبیلِ الطّاغوتِ

“Онон, ки имон овардаанд, дар роҳи Худо меҷанганд ва онон, ки кофир шудаанд, дар роҳи шайтон.”

Бидуни муборизаи бо золимон ва зӯргуён ва бадхоҳони башар ва ситамгарон намешавад ҳаққро пеш бурд; Мубориза лозим аст ва пайғамбарон ин корро карданд; Ва тавҳид, дарбардорандаи куллиёт ва усул ва хатҳои аслии ин мубориза аст.

 

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017