this is a title for here

 

 Дарси тавҳид

  Operator 22 April 2018 95 Read

«ло илоҳа иллаллоҳ » фақат як масъалаи эътиқодӣ

ва зеҳнӣ нест; «ло илоҳа иллаллоҳ» сабаби асар аст, сабаби амал аст. Ҳамин давлати исломие, ки оқои раисҷмҳур ишора карданд, ки дар шаҳри Мадина ба вуҷуд омад, гирифта аз «ло илоҳа иллаллоҳ» аст; Яъне ҳукумат фақат ба дасти Худои мутаол ва фиристодагони Худо, дар динҳои илоҳи маъно дорад; Барои ҳамин ҳам ба муҷарраде, ки пайғамбар фармуд: бигӯед ло илоҳа иллаллоҳ ва растагор шавед, сарватмандон ва золимон дар ҳамон муҳит маҳдуд ва кӯчаки Макка дар муқобил ӯ саф кашиданд; Баъд дар Мадина, ки давлат исломи ташкил шуд, боз ҳукуматҳо ва императориҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар муқобил Ислом саф кашиданд; Ин саф кашидан аз рӯзи аввал то имрӯз вуҷуд доштааст ва аз рӯз аввал то имрӯз, ақибнишини дар ин роҳ, сарнавишти ботил будааст ва пешравӣ, сарнавишти ҳаққ будааст. Ҳамон ҷамъияти маҳдуде, ки дар Макка бо он фишор зиндагӣ мекарданд, имрӯз як ҷомеаи азими башарӣ аст бо ифтихороти фаровон, бо имконоти фаровон ва бо умеди фаровон ва бо ояндаи равшан. Инро бояд фаҳмид: уммати Исломи бояд аз решаи дандон ба тавҳид баргардад.

Мо агар чунончи ба тавҳид эътиқод дорем, наметавонем зерм борм зӯр биравем, наметавонем зери бори зулм биравем, наметавонем дар муқобили золим наистем, ин табиат тавҳид аст. Инки Ҷумҳури Исломи эълон мекунад, ки ҳар ҷо мазлум ҳаст ва кӯмак лозим аст, мо онҷо ҳозирем, ба хотир ин аст; Инки мо рӯйи масъалаи Фаластин интавр исрор дорем, ба хотири ин аст. Чун лозимаи тавҳид ин аст, ки инсон дар муқобили зӯргӯии золим ба мазлум биистад; Ҳақиқати тавҳид ин аст ва биъсат инро ба мо ёдоварӣ мекунад; Ва ин мутмаиннан пешрафт ҳам дорад. Ҳоло албатта фишорҳо бар рӯйи мардуми Фаластин дар ин рӯзҳо ва рӯзҳои гузашта -дар ин ҳафтод сол- фаровон будааст аммо шумо мулоҳиза кунед, ки ҳамон ҷамъияти мазлуми маҳдуде, ки саҳюнистҳо тавонистанд ба осони бар онҳо ғалаба пайдо кунанд ва як миллатро аз кишвар худаш бегона кунанд ва дасташро кӯтоҳ бикунанд ва бар он кишвар мусаллат бишаванд, ҳамон миллати заиф, имрӯз табдил шудааст ба як Фаластини қудратманд, ки ҳукумати саҳюнистиро метарсонад ва ҳукумати саҳюнисти дар рӯбарӯ шудани бо он эҳсос заъф мекунад, эҳсоси аҷз мекунд; Ва бидуни тардид Фаластиниҳо бар саҳюнистҳо ғолиб хоҳанд шуд ва Фаластин ба даст Фаластиниҳо бармегардад.

Истодани мо дар канори гурӯҳҳои муқовимат, дар минтақаи ғарби осиё ба ҳамин далел аст. Ҳузури мо дар Сурия, дар муқобила ва мувоҷиҳаи бо терраристҳое, ки Америка ва авомил Америка дар минтақа ба вуҷуд оварда буданд, ба ин далел аст. Инки гуфта бишавад «Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсеаталаб аст, мехоҳад фалонҷоро тасарруф кунад», инҳо ҳарфҳои муҳмал ва бемаъно ва хилофи воқеъ ва дурӯғ аст; На, мо қасди васеъ кардан ва нигоҳи васеъ шудан ба ҳеҷ нуқтае аз дунё надорем; Эҳтиёҷ ҳам надорем, шукри Аллоҳ кишвари бузург, обод ва бо зарфияти зиёд дар ихтиёр миллат Эрон аст. [ин ҳузур] ба хотири ин аст, ки дар минтақаи Сурия, дар ғарби осиё, муқовимат дар муқобили зулм вуҷуд дошт ва вуҷуд дорад; Ба ин далел мо онҷо ҳузур пайдо кардаем. Лизо мебенед, ки ба тавфиқи Илоҳӣ, [ҷибҳаи] муқовимат ба баракат кумакҳое, ки шуд ва ба баракати шуҷоате, ки неруҳои сурияӣ доштанд, тавонистанд бар террористҳои ҳимоятшуда балки ба вуҷуд омадаи ба василаи Америка ва ғарбиҳо ва муздуронашон дар минтақа -мисл Саудӣ ва монанд инҳо- ғалаба пайдо кунанд, онҳоро шикаст бидиҳанд.

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017