this is a title for here

 

 Калиди пирӯзӣ

  Operator 23 April 2018 67 Read

Мо инро имтиҳон кардаем: дар муқобили душман, «ақибнишинӣ»

ташвиқ кардани душман аст; Дар муқобил душман, «истодагн» мӯҷиби ақибрафт(шикасти) душман аст

وَلَوْ قَاتَلَكُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوَلَّوُا الْأَدْبَارَ ثُمَّ لَا يَجِدُونَ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا سُنَّةَ اللَّـهِ الَّتِي قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلُ ۖ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّـهِ تَبْدِيلًا

“Ва агар кофирон бо шумо ба ҷанг бархезанд, пушт гардонда бигрезанд ва дигар ҳеҷ дӯсту ёригаре намеёбанд. Ин суннати Худост, ки аз пеш чунин будааст ва ту дар суннати Худо дигаргунӣ 'нахоҳӣ ёфт!”

Ин суннат Илоҳӣ аст: агар чунончи дар муқобили зулм ва истибдод ва зӯргӯӣ ва хабосатҳо ва ҷиноятҳои ҷинояткорони олам биистед, қатъан маҷбур ба ақабнишини мешаванд; Ин Қуръони карим аст, ки ба унвони як суннати қатъии таърих ва суннат Илоҳи аз ин ёд мекунад, ва ин суннат иншоаллоҳ амалӣ хоҳад шуд. Ва умедворем миллат Эрон, миллат Сурия, миллат Ироқ, миллати мазлуми Фаластин, миллати Кашмир ва Миёнмор ва ҳамаи минтақаҳое, ки дар дунё мусулмонҳо зери фишор ҳастанд, иншоаллоҳ дар ояндаи наздик ба муваффақият даст пайдо бикунанд ва иншоаллоҳ битавонанд душманонро ақиб бизананд. Парвардгоро! ба Муҳаммад ва оли Муҳаммад арвоҳи тайибаи шуҳадо -шуҳадои роҳи ҳаққ ва ҳақиқат- ва рӯҳи мутаҳҳар имоми бузургаворро аз лутф ва файзи худ сероб бигардон.

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017