this is a title for here

 

 Нигоҳ кардан ба худ

  Operator 25 April 2018 14 Read

Яке аз балоҳои мо тадриҷ аст, яъне бо

кам кам (оҳиста оҳиста) гирифтори як ҳолате мешавем [аммо] намефаҳмем, пирии худмонро намефҳмем; Оҳиста оҳиста аст. Касеро, ки шумо бист сол аст, бисту панҷ сол аст надидаед, ҳоло мебинед, пирии ӯро мефҳмед, аммо пирии худатонро, ки тадриҷӣ (оҳиста оҳиста) аст ва пирии он дӯсти ҳамроҳатонро, ки доим бо ҳам ҳастед, намефаҳмед, ҳис намекунед, чун тадриҷӣ (ором ором) аст. Мо суқути (афтодан аз хубии) худамон, ақибгардии худмонро, ки тадриҷӣ (оҳиста оҳиста )аст, дуруст намефҳмем, хеле бояд диққат кунем.

Ин хело муҳимм аст. Албатта як роҳе ҳам дорад, яъне бо вуҷуди инки тадриҷ (ором ором) бар аъмол мо ва ҳолатҳои (қалбии) мо ҳоким аст ва ин монеъ мешавад (мепӯшонад) ки мартаба ва мавқеият худмонро дуруст бифаҳмем, локин роҳ дорад, меъёр дорад; Роҳаш ин аст, ки ба амалҳои худмон нигоҳ кунем. Масалан фарз кунед шумо нигоҳ кунед бубинед, ки қаблҳо -масалан бист сол пеш, понздаҳ сол пеш- ду ракъат намози суннатро ҳеҷвақт тарк намекардед; (аммо) Ҳозир ҳамон ду ракъатро намехонед, ҳамаи намозҳои суннатро намегӯям, [балки] ҳамин ду ракъат кам ва кӯтоҳро мегӯям, (агар ҳаминро ҳозир намехонед) бифаҳмед, ки ақиб рафтаед (дар ибодат ором ором суст шудаед).

Агар дидед, ки як амали хайреро дар чанд сол пеш анҷом медодед, ҳоло, ки солҳо гузаштааст, онро анҷом намедиҳед ё дилатон намехоҳад ё аслан фаромӯш кардаед, (мисол) як дуои буд, ки он вақт мехондед, ҳоло аслан ёдатон нест, ё як амал хилофи буд, як ҳароми буд, ки он вақт анҷом намедодед, ҳоло анҷом медиҳед роҳат ва бе хавотирӣ, бифҳмед, ки ақиб рафтаед (пешрафт накардед); Аломаташ ин аст. Амалҳои худамонро метавонем бифаҳмем, метавонем мушоҳида кунем; Ҳолатҳо ва вазъияти дили худамонро осон нест, ки бифаҳмем, одат кардаем ба он аммо амалро роҳат метавонед (бифаҳмед); (роҳи фаҳмидан инки) Нигоҳ кунед бубинед. Инки устодони ахлоқ ҳамеша моҳоро тавсия мекунанд ба инки муроқибат (мушоҳида кардани рафтору кирдори худ) дошта бошед – яке аз корҳои асоси муроқиба (ҳамеша дидани рафтору кирдори худ) аст - муроқиба барои ҳамин аст; Муроқиб худмон бошем (худро зери назар дошта бошем).

KHAMENEITJ.INFO

All rights reserved This website is owned 2017