this is a title for here

 

 Шарҳи ҳадисе дар бораи вижагии наздиктарин афрод ба Паёмбар (с) дар рӯзи қиёмат

  Operator 28 November 2018 146 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар рӯзи душанбе (19-уми ноябри 2018) дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ, ба баёни ҳадисе аз ҳазрати Расули Акрам (с) дар бораи вижагиҳои “Наздиктарин афрод ба Паёмбар дар рӯзи қиёмат” пардохтанд.

عن جعفر ‌بن ‌محمّد علیهما ‌السّلام عن ابیه عن جدّه علیهم ‌السّلام قال قالَ رَسولُ‌ اللّهِ صَلَّی‌ اللّهُ ‌عَلَیهِ وَ ‌آلِهِ: اَقرَبُکُم غَداً مِنّی فِی المَوقِفِ اَصدَقُکُم‌ لِلحَدِیثِ وَ آداکُم لِلاَمانَةِ وَ اَوفاکُم بِالعَهدِ وَ اَحسَنُکُم خُلُقاً وَ اَقرَبُکُم مِنَ النّاسِ.[1]

 

اَقرَبُکُم غَداً مِنّی فِی المَوقِفِ اَصدَقُکُم‌ لِلحَدِیث

Дар мавқефи қиёмат ҳамаи сахтиҳо ва ваҳшатҳо ва тарсҳо ва аҳволи гуногун барои инсон вуҷуд дорад, ва фарқе ҳам нест байни мӯъмин ва ғайри мӯъмин:

یَومَ یَفِرُّ المَرءُ مِن اَخیـهِ * وَ اُمِّه؛ وَاَبیهِ * وَ صاحِبَتِه؛ وَ بَنیهِ ‌‌* لِکُلِّ امرِئٍ مِنهُم یَومَئِذٍ شَأنٌ یُغنیه

Як чунин рӯзе аст рӯзи қиёмат, ки дар оёти каримаи Қуръон, ба хусус дар сураҳои авохири Қуръон хеле зиёд ба аҳвол ва тарсу изтиробҳо дар қиёмат пардохта шуда. Хуб дар як чунин маъракаи сахте, ки аҳаммият ва сахтии он мавқеф аслан барои мо қобили тасаввур нест, инсон дунболи як марҷаъи амне мегардад; як ҷое, ки ба он паноҳ бибарад, ба он такя ткунад, дар зери сояи он бошад. Он касе ва он ҷойгоҳе, ки аз ҳамаи ашхос ва ҷойгоҳҳо дар қиёмат амнияти бештаре ба инсон медиҳад, ҷойгоҳи Паёмбари Акрам (с) аст. Агар касе битавонад худашро наздики он бузургавор бирасонад, итминони хотир пайдо мекунад, эҳсоси як амнияте мекунад; мисли дунё дигар; вазъи дунёро мулоҳиза кунед: агар чунончи дар ҷое, ки сахтӣ ҳаст, мушкил ҳаст, таҳоҷум ҳаст, дуздӣ ҳаст, разолат ҳаст, як нафар инсоне, ки онҷо дар маърази ҳамаи инҳо қарор гирифта, бихоҳад худашро амният бидиҳад, як касеро пайдо мекунад, як шахсиятеро пайдо мекунад, ки қавӣ бошад, мустаҳкам бошад ва фавран меравад наздики ӯ меистад. Дар қиёмат ҳар касе битавонад наздики Набии Мукаррами Ислом қарор бигирад, дигар онҷо як эҳсоси амнияте дорад. Хуб, чи касе метавонад биравад он наздик? Халоиқ, ҷинну инс аз аввалину охирин, ки дар онҷо (қиёмат) ҷамъанд, ҳама майл доранд, ки худашонро бирасонанд ба ин бузургавор; мебинанд мақом ва мартибаи ӯро, мебинанд мақоме дорад, ки аввалинҳо ва охиринҳо ба вай ғибта мехӯранд, онро мебинанд ва мехоҳанд, (аммо) метавонанд? На, ҳама наметавонанд. Ин ривоят мегӯяд василае, ки шумо битавонед бо он, худатонро наздики Пайғамбар (с) бикунед, чист; онро доранд ба мо ёд медиҳанд.

Инҷо сарои амал аст, онҷо сарои натиҷа аст. Инҷо як корҳоеро ба мо ёд додаанд, гуфтаанд ин корҳоро анҷом бидиҳед, ки агар ин корҳоро инҷо дар ин давраи кӯтоҳ -кӯтоҳ аст дигар, ин дунё як лаҳзаи умри абадӣ аст, як лаҳза аст; навад сол, сад сол агар касе умр кунад як лаҳза аст дар муқобили он умри абадии олами охират- анҷом додем, агар дар ин як лаҳза инсон ин чизҳоро риоят бикунад, дар онҷои душвор даркораш мешавад. Ҳоло инҳо чист? Чанд мавридро зикр кардаанд. Худи Ҳазрат фармуданд: Наздиктарини шумо ба ман, дар қиёмат, аввал ин фард аст: Он касе, ки ростгӯтар аст, дар ҳарф задан ростгӯ аст. Ончи мегӯяд аз рӯи сидқ баён мекунад; дурӯғу тӯҳмат ва шойеъа ва ҳарфи заъиф ва қавли бидуни илм ва монанди инҳо дар он нест. “Сидқ” яъне интибоқи бо воқеъ, ончиро воқеъ аст –ки ӯ медонад воқеъ аст- баён мекунад.

 

وَ آداکُم لِلاَمانَة

Он касе, ки бештар аз ҳама адоъи амонат мекунад; ки мукаррар арз кардаем, ки амонат фақат ин нест, ки ҳоло як пуле шумо дасти банда биспуред, банда онро ба шумо баргардонам; ин яке аз анвоъи амонат аст. Ҳамаи он чизҳое, ки мардум ба мо месупуранд, амонатҳои марудм аст; мақомро ба мо месупуранд, амниятро ба мо месупуранд, динашонро ба мо месупуранд, ҳифзи номусҳояшонро ба мо месупуранд; ҳамаи ин чизҳо амонатҳои мардум дасти мо аст. Мо ҳукуматем дигар; ҳар касе ҳарҷо ҳаст; яке мисли банда дар як ҷойгоҳе қарор дорад, яке дар ҷойгоҳи дигаре қарор дорад, яке қозӣ аст, яке масъули таълиму тарбият аст, яке имоми ҷамоат аст; ҳамаи инҳо амонатҳое аст, ки дасти мо супурдааст; адои амонат. Ҳар кадом беҳтар адои амонат кардед, онҷо ҷоятон ба ҳазрат наздиктар аст ва амниятатон бештар аст.

 

وَ اَوفَاکُم بِالعَهد

(Дар мавриди) паймонҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ, вафои ба ин аҳдҳо бикунед; ки албатта муҳимтаринаш паймонҳои иҷтимоъӣ аст; ин қарордодҳои иҷтимоъӣ, ин ҳуқуқи шаҳрвандӣ (аст). Хуб ин чизҳое, ки ҳоло имрӯз хориҷиҳо ёд гирифтаанд мегӯянд “ҳуқуқи шаҳрвандӣ”, моҳо ҳам аз инҳо мехоҳем ёд бигирем! Ҳарфҳое, ки дар ривоёти мо ва дар Қуръони мо ҳаст, ҳоло мо дорем аз ғарбиҳо инҳоро (ёд мегирем)! Хуб инҷо дорад мегӯяд “ба паймонҳо ва аҳдҳояш пойбандтар бошад”; “аҳд” яъне қарордод, он чизе, ки байни шумо ва байни дигарон қарордод баста (шуда). Шумо вақте дар як муҳит бо ҳам зиндагӣ мекунед, як қарордоде бо ҳам бастаед дигар; мисли ин аст, ки дар як опортумоне даҳ хонавода зиндагӣ мекунанд; инҳо ва лав ҳеч коғазе имзо накардаанд, (аммо) як муоҳидоте дар муқобили ҳам доранд; ин чиз қаҳрӣ аст дигар; масалан ту сару садо накун, ки дар хонаи ӯ баччааш аз хоб бедор нашавад, ӯ ҳам сару садо накунад, ки баччаи ту аз хоб бедор нашавад; ин қарордоди рӯшане аст дигар; ҳуқуқи шаҳрвандӣ яъне инҳо.

 

وَ اَحسَنُکُم خُلُقاً

Яке аз чизҳо ҳам ин аст, ки хушахлоқ бошед; бадахлоқ ва абус будан ва ин ки дар хона якхел, дар маҳалли кор якхел, бо мардум якхел, бо такаббур, бо каҷрафторӣ, хеле бад аст. Он касоне, ки “хушахлоқтар” ҳастанд, онҷо (қиёмат) наздиктаранд.

 

وَ اَقرَبُکُم مِنَ النّاس

Мардумӣ будан. Бибинед, сабки зиндагии исломӣ инҳо аст. Боз ҳамин “мардумӣ будан” ҳам аз ҳарфзое аст, ки ҳоло мутаҷаддидин ва монанди инҳо фикр мекунанд, ки дигарон ёд гирифтаанд; на, инҳо дар ривоёти мо аст. Марудмӣ бошед, бо мардум бошед. Маънои бо мардум будан ин нест, ки фарз кунед инсон ба чаҳор нафар аз табақаи мумтоза (афроди сарватманд ва...) бигӯяд инҳо мардуманд; на, яъне тӯдаи мардум, табақоти поини мардум, оммаи мардум; бо инҳо бошед, мисли онҳо зиндагӣ кунед, дар ҳадди онҳо зиндагӣ кунед, пеши онҳо тавозӯъ кунед; инҳо маънои мардумӣ будан аст.

 

KHAMENEITJ.INFO

 


[1] Амолии Тӯсӣ, маҷлиси ҳаштум, с 229. Тарҷума: “Имом Содиқ (а) аз падараш аз Паёмбари Акрам (с) нақл мекунад, ки Паёмбар фармуд: Наздиктарини шумо ба ман дар қиёмат, он касе аст, ки ростгӯтар бошад, он касе, ки бештар аз ҳама адои амонат мекунад, ба паймонҳо ва аҳдҳояш пойбандтар бошад, ва хушахлоқтар бошад ва мардумитар бошад.”

All rights reserved This website is owned 2017