this is a title for here

 

 Оятуллоҳ Хоманаӣ: "Арбаъин ҷаҳонӣ шуд ва ҷаҳонитар ҳам хоҳад шуд"

  Operator 20 September 2019 21 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон, субҳи рӯзи чаҳоршанбе (18/09/2019) дар маросими такрим ва тақдир аз меҳмоннавозии мавкибдорони ироқӣ ва ходимони роҳпаймоии Арбаъин, зимни ташаккури самимона аз рафтори каримонаи миллати бузурги Ироқ, роҳпаймоии Арбаъинро мавзӯе беназир ва ҷаҳонӣ, ва заминасози густариши маърифати ҳусайнӣ ва ташкили тамаддуни навини исломӣ хонданд ва гуфтанд: “Роҳпаймоии бузурги Арбаъин, ояти узмои илоҳӣ ва нишонаи иродаи Парвардигор бар нусрати уммати исломӣ аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, рафтор ва каромати исломӣ ва арабии мардуми Ироқ дар меҳмоннавозӣ аз зоирони Арбаъинро беназир ва бар мабнои ишқи ҳусайнӣ донистанд ва афзуданд: “Аз самими қалб ва аз тарафи миллати Эрон аз ҳамаи шумо мавкибдорон, ки дар айёми Арбаъин, каромат ва маваддатро дар болотарин ҳадди буруз медиҳед ва аз ҳамаи миллати бузурги Ироқ ва аз масъулони давлат он, ки бо таъмини амният, заминаҳои ин ҳаракати азимро фароҳам мекунанд, ва аз уламо ва мароҷеъи изоми Ироқ, ташаккур мекунам.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки тавфиқи меҳмоннавозӣ аз зоирони ҳусайнӣ як неъмат ва раҳмати илоҳӣ аст, ки бояд қадри он дониста шавад, хотирнишон карданд: “Ишқ ба Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) мавзӯе истисноӣ аст, ки дар тӯли таърих назир надошта ва нахоҳад дошт ва ҳаракат ва иҷтимоъи азиме, ки ҳар сол ба муносибати Арбаъин дар Ироқ бахусус дар масири Наҷаф ба Карбало шакл мигирад, акнун абъоди байналмилалӣ пайдо карда ва Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ва маърифати ҳусайнӣ ҷаҳонӣ шудааст.

Эшон афзуданд: “Дунёи имрӯз, ки гирифтори зулм ва фасод ва пастӣ шудааст, башиддат ниёзманди маърифати озодагии ҳусайнӣ аст ва агар Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ба дурустӣ муаррифӣ шавад, дар воқеъ Ислом ва Қуръон муаррифӣ шудааст.”

Валии амри муслимини ҷаҳон, бо таъкид бар ин ки мантиқ ва паёми Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) наҷотбахши дунё аз ҳокимияти ҷабҳаи куфр ва истикбор хоҳад буд, гуфтанд: “Мантиқи Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) мантиқи дифоъ аз ҳақ ва истодагӣ дар муқобили зулм ва туғён ва гумроҳӣ ва истикбор аст ва ҷавонони дунё ва миллатҳои беғараз, имрӯз ташна ва ниёзманди ин мантиқ ҳастанд ва ҳаракати азим роҳпаймоии Арбаъин метавонад маърифат ва мантиқи ҳусайниро ба дунё муаррифӣ кунад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки роҳпаймоии Арбаъин рӯзбарӯз ҷаҳонитар хоҳад шуд, ин роҳпаймоии бузургро таҷаллии ҷӯшиши хуни Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ва таҷаллии паёми Ошӯро баъд аз 1400 сол донистанд ва хотирнишон карданд: “Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) фақат махсуси шиъаён нест балки мутааллиқ ба ҳамаи мазоҳиби исломӣ аъамми аз шиъа ва суннӣ ва мутааллиқ ба инсоният аст ва ба ҳамин иллат мо шоҳиди ҳузури ғайримусалмонон низ дар роҳпаймоии Арбаъин ҳастем.

Эшон афзуданд: “Дар шароите, ки душманони ислом аз ҳамаи абзорҳо ва васоил ва аз тамоми имконоти молӣ ва моддии худ барои муқобила бо уммати исломӣ истифода мекунанд, Худованди Мутаол роҳпаймоии Арбаъинро ногаҳон ингуна азамат ва ҷилва медиҳад ва дар воқеъ онро ба унвони як ояти узмо ва нишонае бузург аз пирӯзии ниҳоии ҷабҳаи ҳаракати ҳусайнӣ бар ҷабҳаи куфр ва истикбор ба намоиш мегузорад.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, бо таъкид бар лузуми ғинои рӯзафзуни маънавӣ ва фарҳангии роҳпаймоии Арбаъин, аҳли фикр ва фарҳангро ба барномарезӣ барои ин ҳаракати азим даъват карданд ва гуфтанд: “Роҳпаймоии Арбаъин метавонад заминасози таҳаққуқи ҳадафи ниҳоии уммати исломӣ яъне “Ташкили тамаддуни азим ва навини исломӣ» бошад ва бар ҳамин асос бояд пайвандҳои мустаҳкам миёни мусулмонон аъамми аз шиа ва суннӣ ва миллитҳо ва ақвоми мухталиф, дар ин роҳпаймоӣ бештар шавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: “Агар зарфиятҳои бешумори миллатҳои исломӣ дар Ғарби Осиё ва Шимоли Африқо, ба якдигар пайванд бихӯранд ва дар амал худро нишон диҳанд, он ҳангом маънии воқеии иззати илоҳӣ ва тамаддуни азими исломӣ барои ҷаҳониён ошкор хоҳад шуд.”

Эшон бо ишора ба бедории миллатҳои исломӣ, миллати бузурги Ироқро бархӯрдор аз иззат, фарҳанг ва азму иродаи воло хонданд ва афзуданд: “Ҷавонони ироқӣ дар қазияҳои солҳои ахир, қудрати худро нишон доданд ва бо фатвои марҷаъияти муаззами Ироқ тавонистанд тавтеаи бузурги ДОЪИШ ва такфириҳоро хунсо ва аз миллат ва кишварашон дар муқобили тавтеаи ҷаҳонии эҷоди ҷанги дохилӣ, муҳофизат кунанд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, ду миллати Эрон ва Ироқро, ду миллате тавсиф карданд, ки ҷону дили онҳо ба якдигар муттасил аст ва гуфтанд: “Душманон талоши зиёде барои эҷоди тафриқа миёни ду миллат анҷом доданд аммо ба лутфи илоҳӣ натавонистанд ва аз ин пас ҳам нахоҳанд тавонист, зеро омили аслии пайванддиҳандаи ду миллати Эрон ва Ироқ, имон ба Худованди Мутаол ва муҳаббати Аҳлибайт (а) ва ишқ ба Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба чиҳил сол тавтеа ва таҳдиду таҳрими Амрико ва дунболаҳо ва муздуронаш бар зидди миллати Эрон, хотирнишон карданд: “Ба рағми ҳамаи ин тавтеаҳо ва ба кӯрии чашми онҳо, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз як ниҳоли наҳиф, акнун ба як дарахти тановаре табдил шуда, ки самарот ва меваҳои он рӯзбарӯз дар ҳоли густариш аст.

Эшон дар поён бо ишора ба шиорҳои ҳозирон барои нобудии Амрико ва режими саҳюнистӣ, таъкид карданд: “Бо лутфу фазли илоҳӣ, ин шиорҳо дар ояндае начандон дур муҳаққақ, ва уммати исломӣ бар душманони худ пирӯз хоҳад шуд.”

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017