this is a title for here

 

 Зан сабаби оромиш аст

  Operator 2 April 2018 27 Read

Он касоне, ки конуни хонаводаро таҳқир мекунанд,

хиёнат мекунагд; ҳам ба миллат, ҳам ба зан яъне ба ҷомеаи занон. Он касоне, ки вонамуд мекунанд адолати ҷинсӣ ба ин аст, ки дар ҳамаи майдонҳое, ки мардҳо ворид мешаванд, занҳо ҳам бояд ворид шаванд, инҳо хиёнат мекунанд ба эътимоди зан ва ба шахсият ва ҳувияти зан. Зан муҳтарам аст, ҳеҷ кас ҳам нагуфтааст, ки зан дар майдонҳои иҷтимоӣ ворид нашавад ё масъулият нагирад ё илм пайдо накунад; на, имруз ҷузви беҳтарин донишмандони мо, ҷузви беҳтарин нависандагони мо, ҷузви беҳтарин шахсиятҳои фарҳангии мо, занони бешуморе ҳастанд, ки имруз дар ҷомеаи мо ҳузур доранд; ин ҳам ҳунари инқилоб аст; инро бидонед, қабл аз инқилоб чунин чизе вуҷуд надошт! Бисёр бисёр маъдуд ва андак буданд касоне аз занон, ки тавониста бошанд ба рутбаҳои олии илмӣ, фарҳагӣ, адабӣ ва монанди инҳо бирасанд; имруз бисёр зиёданд; ин ҳунари инқилоб буд, ин корро кард; ин ба хотири ҳамин аст, ки улгуи зани мусалмон аслан ин аст; аммо дар айни ҳол мудири хонавода зан аст, меҳвари конуни хонавода зан аст, муҳимтар аз ҳамаи машоғили зан, модарӣ, ҳамсарӣ ва эҷоди оромиш ва сакина аст. Зан мояи оромиш ва сукунат аст; ин хусусияти зан дар Ислом аст ва дар рузи зан ин чизҳоро бояд инсон таваҷҷуҳ кунад. Албатта ба бонувони муҳтарами Эронӣ ва мусалмон ва муъмин ба ин мафоҳими исломӣ ва қуръонӣ, тавсия мекунам, ки инҳоро ҳифз кунанд, руз ба руз афзоиш бидиҳанд; аз офатҳое мисли исроф, мисли чаму ҳамчашмӣҳо манфи -мисли рақобатҳои манфӣ, мисли улгу гирифтан аз зани мунҳарифи ғарбӣ- парҳез кунанд; муроқиби худашон бошанд. 

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017