this is a title for here

 

 Ҷанги ҳақ бо ботил

  Operator 8 April 2018 63 Read

Ҷумҳурии Исломӣ ҷангеро бо дунё оғоз накардааст, балки худи будани Ҷумҳурии Исломӣ яъне ормонҳо ва аҳдоф ва шиорҳое, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ матраҳ аст -ки хулоса мешавад дар ҳукумати дин, хулоса мешавад дар ҷомеаи динӣ- душман дурусткун аст, душмантарош аст, ҷанг ба роҳандоз аст. Ин ҳамон ҷанги маъруфи ҳақ бо ботил аст, ки дар тули таърих будааст; ин чизи ҷадиде ҳам нест; ҳарҷое, ки нағма ва замзамаи тавҳид баланд шуд ва адолат матарҳ шуд, душманоне дар онҷо бавуҷуд омадаанд; ин махсус ин рузҳо ва ин даврон нест.
Абъоди ҷабҳаи ботил бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд, яъне ҳам ҳамкорӣ мекунанд ва ҳам тарафдор пайдо мекунанд; касоне имзо мекунанд ҳарфҳои инҳоро ва гуш мекунанд ва ба дунболи инҳо ҳаракат мекунанд; ин тавр ҳаст. Мо дар Ҷумҳурии Исломӣ шиорамон иборат аст аз тавҳид, аз вилоятуллоҳ ва авлиёуллоҳ, адолати иҷтимоӣ, такрими инсон; ин шиорҳое, ки мо дорем ва дунболашон ҳастем, инҳо аст ва инҳо душман дорад. Мо бо зулм мухолифем.

وَکَذٰلِکَ جَعَلنا لِکُلِّ نَبِیٍّ عَدُوًّا شَیاطینَ الإِنسِ وَالجِنِّ یوحی بَعضُهُم إِلىٰ بَعضٍ زُخرُفَ القَولِ غُرورًا ۚ وَلَو شاءَ رَبُّکَ ما فَعَلوهُ ۖ فَذَرهُم وَما یَفتَرونَ * وَلِتَصغىٰ إِلَیهِ أَفئِدَةُ الَّذینَ لا یُؤمِنونَ بِالآخِرَةِ وَلِیَرضَوهُ وَلِیَقتَرِفوا ما هُم مُقتَرِفونَ (1)

"Ва ҳамчунин барои ҳар паёмбаре душманоне аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста ваҳй мекунанд. Агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Пас бо тӯҳмате, ки мезананд, раҳояшон соз."
کونا لِلظّالِمِ خَصماً وَ لِلمَظلومِ‌ عَونا (2)

"Душмани золим ва кумаккунандаи мазлум бошед!"

Мо ин мактабро дорем; хасми золимем, авни мазлумем. Ин мавзеъ, табъан душман ба вуҷуд меоварад, душмани ба вуҷуд иеоварад, ҷанг ва даъво ба роҳ меандозад; ин ҳаст.

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017