this is a title for here

 

 Бедору ҳушёр бошем

  Operator 24 April 2018 70 Read

Дар муқобил ин ҳодисаҳо, мо бояд бедор бишавем, мо бояд

ҳушёр бошем; Миллатҳои Исломӣ, кишварҳои Исломӣ, давлатҳои мусулмон бояд таҷриба касб кунанд, бояд бифаҳманд чӣ доранд мекунанд. Инҳо мехоҳанд ба уммати Исломи зарба бизананд; Ҳадаф фақат кишвари Сурия ё кишвари Ироқ ё кишвари Афғонистон нест; Ҳадаф, (нобуд кардани) Ислом дар ин минтақа аст; Ба ин (Ислом) мехоҳанд садама бизананд. Кишварҳои Исломи бифаҳманд ин маъноро; Давлатҳои Исломи худашонро дар хидмати ҳадафҳои Америка ва баъзе кишварҳои ғарбии мутаҷовиз қарор надиҳанд. Ин ифтихор нест барои як кишвари мусулмон, ки раиси ҷумҳури Америка ошкоро бигӯяд «мо нигоҳ микунем ба гови ширдеҳ» ! Ба инҳо бо чашми гови ширдеҳ нигоҳ мекунанд; Ин ифтихор аст? Дар ҳамин таблиғоти интихоботии ахир дар соли гузашта, ҳамин раиси ҷумҳури ҳозираи Америка ин ҳарфро гуфт; Гуфт мо ба саудиҳо бо чашми гови ширдеҳ нигоҳ мекунем! Пастӣ аз ин бештар? Барои як давлат, барои як миллат, пастӣ аз ин болотар? Пулашро бигиранд, баъд ба унвони гови ширдеҳ ӯро хитоб бикунанд, ба ӯ тавҳин бикунанд; Пастии як кишвар ва як давлат беш аз ин намишавад; Ислом бо ин зиллатҳо (пастиҳо) мухолиф аст.

وَلِلَّهِ العِزَّةُ وَلِرَسولِهِ وَلِلمُؤمِنینَ

“Иззат азони Худо азони расули Худо ва азони муъминон аст.”

Агар муъмин бошанд, бояд азиз бошанд; Ин залил будан нишонаи ин аст, ки инҳо имон надоранд, муъмин нестанд, дурӯғ мигӯянд, ҳамчунонка арбобашон дурӯғ мегӯянд. Раиси ҷумҳури Америка мегӯяд :«мо ба Сурия ҳамла кардаем барои муборизаи бо ба кор бурдани силоҳи химиёвӣ» ! Ин ҳарф дурӯғ аст; Онҳо [ҳастанд,ки] бо ба кор бурдан силоҳи химиёвӣ -на силоҳ химиёвӣ ва на ҳар ҷинояти дигаре бар зидди башарият- мухолифате надоранд; Ҳозир рӯзона Яман дорад бомбаборон мешавад, инҳо доранд ҳимоят мекунанд; Дар минтақаҳои мухталифи олам, мусулмонҳо зери фишор қарор мегиранд, инҳо аз он золим ҳимоят мекунанд ва ба ӯ кумак мекунанд; Инҳо аз инки мардум ранҷ бибаранд, дард бикашанд, нороҳат намешаванд. Ҳаминҳо аз Саддоми ҷинояткор пуштибонӣ карданд, ҳимоят карданд; Ҳазорон нафар аз мардум Эрон ва Ироқ ба василаи силоҳи химиёие, ки Саддом ба кор бурд нобуд шуданд ё осеб диданд; Ҳанӯз дар байни мардум мо ҷавонҳое, ки он рӯз осеб диданд вуҷуд доранд, ҳузур доранд ва ранҷ мебаранд. Инҳо мухолифи [силоҳи химиёвӣ] нестанд; Инҳо ба хотири аҳдофи истеъморӣ ва диктатории ҷаҳонии худашон вориди иқдом мешаванд ва муттаҳам мекунанд ин ва онро ба диктаторӣ, [дар ҳоле ки] худашон диктатори ҷаҳонианд. Албатта диктаторҳо ва мустабидин дар ҳеҷ ҷойи дунё комёб нахоҳанд шуд, инҳо ҳам комёб нахоҳанд шуд ва мусалламан Америка дар аҳдофи худ дар ин минтақа ва дар ҳар минтақае, ки зулм бикунанд, шикаст хоҳад хӯрд ва қатъан миллатҳо пирӯз хоҳанд шуд ва иншоаллоҳ дар ин минтақа ҳам ҳаминтавр хоҳад буд.

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017