this is a title for here

 

 12 асли “адолатхоҳӣ” аз нигоҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ

  Operator 30 November 2018 19 Read

Нерӯҳои мӯъмин ва инқилобӣ барои мутолибаи адолат, чи мавзӯотеро бояд риоят кунанд?

“Адолатхоҳӣ” ҳамвора яке аз тавсияҳои Валии амри мусалмонони ҷаҳон ба ҷавонони мӯъмин ва инқилобӣ ва оҳоди миллат будааст. Аммо адолатхоҳӣ ҳам мисли ҳар амри иҷтимоъии дигаре, мумкин аст дучори офот ва осебҳое шавад. Бинобар ин лозим аст то масири мутолиба ва тариқи талаби он бар мабнои меъёрҳои саҳеҳ, дониста ва сипас паймуда шавад. Бархе аз илзомот ва чорчӯбҳои асосии адолатхоҳиро дар манзумаи фикрии Раҳбари Инқилоб дар зайл мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

1. Ниёзманди “назарияи ҷомеъи адолат” ҳастем

Идораи кишвар ниёз дорад ба ин ки ба як ҷамъбандии қавӣ ва мутқан ва мустадал дар боби адолати иҷтимоъӣ бирасад, ки битавонад бар асоси он ҷамъбандӣ, барномаҳои баландмуддатро тарроҳӣ кунад. Баъд аз он ки мо ба як назарияи мутқан ва ҷамъбандӣ шудае дар боби адолат расидем, тоза барои пайдо кардани шеваҳои иҷро ва таҳаққуқи он дар ҷомеъа, ба баҳсҳои корбурдӣ ниёз дорем; ки ин худаш пажӯҳишҳои фаровонеро дунбол хоҳад кард. Он вақт дар инҷост, ки мо метавонем аз таҷрубиёти башарӣ истифода кунем. (17.05.2011)

2. Шиори адолатро тақвият ва ҳамагонӣ кунед аммо...

Ҳарчи метавонед, шиори аслии адолат ва ончиро марбут ба адолат аст, тақвият ва ҳамагонӣ ва дар зеҳнҳо таъмиқ кунед ва рӯи пуштвона ва фалсафаи фикрии он кор кунед –инҳо лозим аст- аммо коре накунед, ки мухолифони шумо ин тардидро доман бизананд, ки оё низоми исломӣ метавонад? Оё низоми исломӣ тавониста? Албатта ки метавонад; албатта, ки тавониста! Муддаии дастгоҳҳои мухталиф аз лиҳози коромадӣ, худи банда ҳастам. Ман доиман нисбат ба коромадӣ, аз инҳо суол ва мутолиба мекунад; аммо банда эътиқодам ин аст, ки низоми исломӣ аз ҳамаи давлатҳое, ки дар даврони истеъмор ва даврони наздик ба истеъмор дар кишвари мо вуҷуд дошта, қавитар амал кардааст. (31.10.2004)

3. Донишҷӯён дар бораи адолати иҷтимоъӣ биандешанд

Вақте, ки масъалаи адолати иҷтимоъӣ дар кишвар матраҳ мешавад, донишҷӯ бояд аз ин масъала ҳимоят кунад. Адолати иҷтимоъӣ, он чизе аст, ки ҳатто касоне, ки исрор доштанд шиори адолати иҷтимоъиро ба далоили сиёсӣ ва бо ангезаҳои гуногун камранг кунанд, билохира натавонистанд; маҷбур шуданд адолати иҷтимоъиро матраҳ кунанд. Дар дунё, ғайр аз мустакбирон ва зӯргӯён ва чаповулгарони олам, ҳеч инсоне нест, ки ба адолати иҷтимоъӣ ва шиори он пушт кунад. Ин шиор дар кишвар матраҳ мешавад; чи касе бояд аз ин шиор ҳимоят кунад? Чи касе бояд бештар аз ҳама дар бораи он биандешад? Чи касе бояд барои он кор кунад ва дар бораи роҳҳои таъмини он, таҳқиқ ва баҳс кунад ва мизи гирд баргузор кунад, ғайр аз донишҷӯён? (22.11.1999)

4. Инсоне, ки ботақво нест наметавонад маншаъи адолати иҷтимоъӣ бошад

Дар ҳар инсоне, адолати шахсӣ ва нафсонии ӯ, пуштвонаи адолати ҷамъӣ ва минтақаи таъсири адолат дар зиндагии иҷтимоъӣ аст... ҳар кас, ки бихоҳад дар муҳити зиндагии мардум маншаъи адолат шавад, аввал бояд дар даруни худ тақвои илоҳиро риоят кунад. Инсоне, ки муроқиби худ нест ва дар амал ва калом ва зиндагии шахсии худ дучори беадолатӣ ва бетақвоӣ аст, наметавонад дар муҳити ҷомеъа маншаъи адолати иҷтимоъӣ бошад. (16.03.2001)

5. Шохиси адолат, қонун аст

Меъёр ва шохиси адл ҳам амал ба қонун аст. Агар амали фард, ҷамъ, мунтабиқ ба қонун шуд, ин адолат аст; агар аз қонун инҳироф пайдо кард, ин беадолатӣ аст. Ва қонун ҳам дар низоми исломӣ, қонуни исломӣ аст. Албатта дар маҷмӯъаи қавонини мо мумкин аст қавонине бошанд, ки сад дар сад бо аҳкоми исломӣ мунтабиқ набошанд, ё қавонине, ки аз қабл мондаанд ё бархе қавонини дигар, ки инҳо боист ислоҳ бишавад. Меъёр, ин аст, ки бар тибқи қонун амал бишавад. Адл, инҷо таҳаққуқ пайдо мекунад. (28.06.2009)

6. адолат бидуни маънавият, як “шиори пӯч” аст

Агар маънавият бо адолат ҳамроҳ набошад, адолат мешавад як шиори пӯч. Хелеҳо ҳарфи адолатро мезананд, аммо чун маънавият ва он нигоҳи маънавӣ нест, бештар ҷанбаи сиёсӣ ва шаклӣ пайдо мекунад. (07.09.2009)

Агар маънавият нашуд, адолат табдил мешавад ба зоҳирсозӣ ва риёкорӣ; агар ақлоният нашуд, адолат аслан таҳаққуқ пайдо намекунад ва он чизе, ки инсон тасаввур мекунад адолат аст, меояд ва ҷои адолати воқеъиро мегирад. Бинобар ин, маънавият ва ақлоният дар таҳаққуқи адолат шарт аст. (23.08.2008)

7. Агар ақлоният набошад; адолат, “зидди адолат” мешавад

Агар ақлоният дар адолат набошад, гоҳе авқот адолат ба зидди худаш табдил мешавад; агар дуруст дар боби адолат муҳосиба набошад. Хеле аз корҳоро гоҳе баъзе аз ин гурӯҳҳои тунду ифротӣ даруни ин кишвар ба унвони адолат кардаанд, ки зидди адолат шуда. Иттифоқан ҳоло ҳамон тундиҳои он ҳазарот мӯҷиб шуда, ки худи онҳо саду ҳаштод дараҷа гароишҳояшон иваз бишавад! Таври дигаре ҳарф бизананд, таври дигаре фикр кунанд, таври дигаре амал бикунанд. (07.09.2009)

Агар ақлу хирад дар ташхиси масодиқи адолат ба кор гирифта нашавад, инсон ба гумроҳӣ ва иштибоҳ дучор мешавад; хаёл мекунад чизҳое адолат аст, дар ҳоле, ки нест; ва чизҳоеро ҳам, ки адолат аст, гоҳе намебинад. (30.08.2005)

8. Манзур аз ақлоният, муҳофизакорӣ нест

Ақлоният ва муҳосиба, ки мегӯем, фавран ба зеҳн наёяд, ки ақлоният ва муҳосиба ба маънои муҳофизакорӣ, ақлгароӣ ва тобеъи ақл будан аст. Оқил будан ва хирадро ба кор гирифтан бо муҳофизакорӣ фарқ дорад. Муҳофизакор, тарафдори вазъи мавҷуд аст; аз ҳар таҳаввуле бимнок аст; ҳаргуна тағйиру таҳаввулеро барнаметобад ва аз таҳаввулу дигаргунӣ метарсад; аммо ақлоният ин тавр нест; муҳосибаи ақлонӣ гоҳе худаш маншаъи таҳаввулоти азиме мешавад. Инқилоби азими исломии мо ношӣ аз як ақлоният буд. Бинобар ин, ақлоният бо муҳофизакорӣ фарқ дорад. Муҳосибаи ақлониро бо муҳосибаи муҳофизакорона ба ҳеч ваҷҳ махлут накунед; инҳо ду чиз аст. (30.08.2005)

9. Набояд ба исми адолатхоҳӣ, ахлоқро зери по гузошт

Агар ба номи адолатхоҳӣ ва ба номи инқилобигарӣ, ахлоқро зери по бигузорем, зарар кардаем; аз хатти Имом мунҳариф шудаем. Агар ба номи инқилобигарӣ, ба номи адолатхоҳӣ, ба бародарони худамон, ба мардуми мӯъмин, ба касоне, ки аз лиҳози фикрӣ бо мо мухолифанд, аммо медонем, ки ба асли низом эътиқод доранд, ба ислом эътиқод доранд, иҳонат кардем, онҳоро мавриди азият ва озор қарор додем, аз хатти Имом мунҳариф шудаем. (04.06.2011)

10. Корро бе ҷанҷол пеш бибаред

Ман дар ҳамон номаи ҳашт моддаӣ ҳам ҳамин сифоришро карда будам; гуфтам корро беҷанҷол пеш бибаред. Мо мехоҳем ҳақиқатан бо фасод мубориза шавад; ҷанҷол лозим нест. Бале, хабаррасонӣ ба мардум хуб аст. Вақте кор тамом шуда бошад, он миқдоре, ки лозим бошад, хабаррасонӣ шавад. Кор ҳам сурат мегирад. (12.05.2003)

11. Интиқоди шахсӣ ва мисдоқсозӣ накунед

Гуфтумони адолатхоҳиро фарёд кунед; аммо интиқоди шахсӣ ва мисдоқсозӣ накунед. Вақте шумо рӯи як мисдоқ такя мекунед, аввалан эҳтимол дорад иштибоҳ карда бошед; ман мебинам дигар. Ман маворидеро мушоҳида мекунам –на дар донишгоҳ, дар гурӯҳҳои иҷтимоъии гуногун- ки рӯи як мисдоқи хоссе такя мекунанд; ё ба унвони фасод, ё ба унвони каҷравии сиёсӣ, ё ба унвони хатту хутути ғалат. Банда масалан иттифоқан аз ҷараён иттилоъ дорам ва мебинам интавр нест ва он касе, ки ин ҳарфро зада, аз қазия иттилоъ надоштааст. Бинобар ин, вақте шумо рӯи шахсу мисдоқ такя мекунем, ҳам эҳтимоли иштибоҳ ҳаст, ҳам василае ба даст медиҳед барои ин ки он заранги қонундони қонуншикан –ки ман гуфтаам қонундонҳои қонуншикан хатарноканд- битавонад алайҳи шумо истифода кунад. Шумо зарангӣ кунед, шумо исм наоваред, шумо рӯи мисдоқ такя накунед; шумо парчамро баланд кунед. (03.05.2008)

12. Хонагӣ бархӯрд кунед; на бегонавору мӯътариз

Ин гуфтумонро бояд ҳамагир кунед; ба гунае, ки ҳар ҷараёне, ҳар шахсе, ҳар ҳизбе ва ҳар ҷиноҳе сари кор биёяд, худашро ногузер бибинад, ки таслими ин гуфтумон шавад; яъне барои адолат талош кунад ва маҷбур шавад парчами адолатро бар даст бигирад. Аммо дар бархӯрд бо ончи шуда, бояд хонагӣ бархӯрд кунед; на бегонавор ва мӯътариз. Билохира корҳои зиёде анҷом гирифта, аҳёнан кӯтоҳиҳое ҳам шуда; аммо бояд мушкилро ҳал кард. Набояд натиҷаи қаҳрӣ наҳваи баёни ин бошад, ки баъд аз чанде инсон эҳсос кунад, ки ба кулли маҷмӯъа ба шиддат мӯътариз аст; на, шумо барои муваффақияти кулли маҷмӯъа доред талош мекунед; аслан ҳамаи талошатон ин аст, ки низомро пеш бибаред. (31.10.2004)  

 

KHAMENEITJ.INFO

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017