this is a title for here

 

 Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Иншоаллоҳ шумо ҷавонон дар Байтул-муқаддас намоз хоҳед хонд”

  Operator 8 February 2020 5 Read

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Валии амри мусалмонони ҷаҳон субҳи рӯзи чаҳоршанбе (5 феврали 2020) дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардум, роҳпаймоии 22-уми Баҳман ва интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломиро ду озмуни бузурги миллати Эрон хонданд ва бо табйини хусусиёти номзадҳои шоистаи маҷлис, ҳузури пуршӯр ва огоҳонаи ҳамаи мардум дар интихоботи 2-уми исфандро дар ҳалли мушкилоти дохилӣ ва байналмилалии муассир баршумурданд ва таъкид карданд: “Ҳар кас Эрони азиз, амнияти меҳан ва обрӯи ватанро дӯст дорад ва дар пайи ҳалли мушкилот аст, бояд дар пои сандуқи раъй ҳузур ёбд то азм ва иқтидори миллии эрониён бори дигар ба манасаи зуҳур бирасад.”

Эшон ҳамчунин тарҳи Амрико мавсум ба “муомилаи қарн”-ро тарҳе аҳмақона, хабисона ва шикастхӯрда хонданд ва афзуданд: “Роҳи муқобила бо ин тарҳ, истодагӣ ва ҷиҳоди шуҷоъонаи миллат ва гурӯҳҳои фаластинӣ ва ҳимояти ҷаҳони ислом аст ва илоҷи асосии масъалаи Фаластин низ рӯи кор омадани низоми мавриди назар ва мунтахаби ҳамаи мардуми фаластиниюл-асл дар як назархоҳии умумӣ аст.

Раҳбари инқилоби исломӣ айёми даҳаи Фаҷрро барои кишвар айёме бебадил ва мазҳари иқтидор ва азми миллӣ донистанд ва гуфтанд: “Миллати Эрон дар даҳаи Фаҷр тавонист бо азми росихи худ ва бо раҳбарии Имоми бузургавор, ки раҳбаре беназир дар дунё буд, бинои пӯсида ва фосиди чандҳазорсолаи истибдод, зулм, фасод, султаи бегонагон ва лагадмол шудани мардумро вожагун ва бинои мардумсолориро ба ҷои он поярезӣ кунад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ баргузории интихоботи мухталиф аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ токунунро нишондиҳандаи устувории низоми исломӣ бар раъйи мардум донистанд ва афзуданд: “Албатта низоми исломӣ илова бар мардумӣ будан, динӣ низ ҳаст ва бар ҳамин асос мардумсолорӣ дар Эрон «Мардумсолории исломӣ» аст.”

Эшон парвариши афроде ҳамчун Шаҳид Сулаймонӣ, размндагони Дифоъи Муқаддас, Мудофеъони Ҳарам ва руҳияи қавӣ ва истодагии хонаводаҳои шаҳидонро аз осори низоми динӣ баршумурданд ва хотирнишон карданд: “Аз ҷумла вежагиҳои боризи Шаҳид Сулаймонӣ, тааҳҳуд ва имон буд ва усулан ҳангоме, ки имон бо амали солеҳ ва руҳияи ҷиҳодӣ ҳамроҳ мешавад, шахсияте ҳамчун Сардор Сулаймонӣ шакл мигирад, ки ҳатто душманон маҷбур ба таҳсини вежагиҳои шахсиятии ӯ мешванд.”

Раҳбари инқилоб исломӣ дар идома бо ишора ба дар пеш будани роҳпаймоии саросарии 22-уми Баҳман, гуфтанд: “Миллати Эрон дар 40 соли гузашта ва бо вуҷуди сармо ва яхбандон бо ҳузури пуршукӯҳ дар роҳпаймоии 22-уми Баҳман, иҷтимоъи азими худро ба рухи ҷаҳониён кашидааст, ки ман бо ҳамаи вуҷуд аз миллати Эрон ташаккур мекунам.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамзмонии 22-уми Баҳмани имсол бо айёми чиҳилуми Шаҳид Сардор Сулаймониро заминасози ангезаи музоафи мардум донистанд ва таъкид карданд: “Иншоаллоҳ миллати Эрон бо ҳузури азими худ дар роҳпаймоии 22-уми Баҳман, зарбаи кӯбандае бар сиёсатҳои душман ворид хоҳад кард.”

Эшон дар бахши дигаре аз суханонишон бо ишора ба интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар дувуми исфанд, интихоботро барои кишвар ва миллат, фурсате бисёр бузург ва барои душманон таҳдид хонданд ва афзуданд: “Баргузории пуршӯри интихобот ва ҳузури ҳамагонии мардум дар пои сандуқҳои раъй, тазминкунандаи амнияти кишвар хоҳад буд, зеро душманон аз пуштвонаи мардумии низом беш аз имконот таслиҳоти он ҳарос доранд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ интихоботро нишондиҳандаи «азамат, иқтидор ва басирати миллӣ» донистанд ва афзуданд: “Дар кишвар мушкилот ва гирифториҳое вуҷуд дорад, ки бархе ноши аз таҳримҳо, ва иллати бархе ҳам камкориҳо аст аммо бо вуҷуди ин мушкилот, мардум ба далели он ки дар интихобот, мавзӯъи обрӯи низом ва амнияти кишвар дар миён аст, ба майдон хоҳанд омад.”

Эшон интихоботро дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ низ муҳим хонданд ва хотирнишон карданд: “Дар қазовати нозирони байналмилалӣ нисбат ба ҳар кишвар, масоиле назири мизони ҳузури мардум дар интихобот ва чигунагии рӯи кор омадани масъулон ва ниҳодҳое назири Маҷлис, таъсиргузор аст; бинобар ин, ширкати анбӯҳи мардум дар интихоботи Маҷлис аз ин зовия низ комилан зарурӣ аст.”

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин интихоботи риёсатҷумҳурӣ ва Маҷлисро фурсате барои вуруди афкори ҷадид ва роҳҳои нав дар чархаи тасмимсозӣ ва тасмимгирии кишвар баршумурданд ва афзуданд: “Бахусус ҳангоме, ки мардум афроди шоистаро баргузинанд, роҳҳои тоза ва чораандешиҳои ҷадид дар раванди ҳалли мушкилоти кишвар ва мардум падидор мешавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ интихоботро аз буъди куллӣ, асоситарин масъалаи кишвар донистанд ва афзуданд: “Иқтисод, фарҳанг, пешрафти илмӣ ва масоиле аз ин қабил бисёр муҳим аст аммо асоси ҳамаи ин масоил интихобот аст чаро, ки агар интихоби умумӣ, қавӣ ва дуруст анҷом шавад, ҳамаи мушкилот батадриҷ ҳал хоҳад шуд.”

Эшон бо ибрози таассуф ва интиқод аз бархе ҳарфҳои ҳошиясоз дар заминаи интихобот таъкид карданд: “Вақте интихобот аз абъоди мухталиф дорои ин ҳама аҳамият ва таъсиргузорӣ аст, набояд бо ҳошиясозӣ, суханони гуногун ва ҳарафҳои дилсардкунанда онро аз равнақ андохт.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ талоши ҳамешагии душманони Эрон барои хадшадор ҷилва додани интихоботро масъалае табиӣ хонданд ва афзуданд: “Вақте бархе расонаҳои хоини хориҷӣ, ҷамъияти азими миллионии миллатро чандҳазорнафара мехонанд аммо таҳарруки чандсад нафар дар хиёбонҳоро ба исми миллати Эрон ҷо мезананд, табъан мардум ба ин расонаҳо эътимод намекунанд албатта ба шарте, ки аз дохил ба ин расонаҳо мояи таблиғоти суъ дода нашавад.”

Раҳбари инқилоб таъкид карданд: “Гӯяндагоне, ки трибун доранд ё ба воситаи ҷойгоҳи худ метавонанд дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ ҳарф бизананд, набояд тавре изҳори назар кунанд, ки душман бо бузургнамоии ҳарф онҳо, барои дилсард кардани мардум, хӯрок пайдо кунад.

Эшон интихобот дар Эронро ҷузви солимтарин интихобот дар ҷаҳон хонданд ва хитоб ба афроди ҳошиясоз афзуданд: “Вақте шумо бадурӯғ мегӯед ин интихобот муҳандисишуда ва ё ин ки интихобот нест интисобот аст, мардум дилсард мешаванд.”

Раҳбари инқилоб бо ибрози тааҷҷуб аз суханони бархе, ки ба василаи интихобот ба ҷое расидаанд аммо интихоботро зери савол мебаранд, гуфтанд: “Чигуна аст, ки интихобот вақте ба нафъи шумо аст саҳеҳ ва мутқан аст аммо вақте ба нафъи шумо нест интихоботи хароб аст.”

Эшон афзуданд: “Дар интихоботи Маҷлис борҳо баъзе афрод нома доданд, ки тақаллуб шуда ё ишкол дорад, банда низ ҳайъатҳое таъйин кардам, ки бо диққат расидагӣ карданд ва баъд маълум шуд ин гузоришҳо ва номаҳо дуруст набудааст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: “Аз душман намешавад гилоя кард аммо фалон нависанда, муртабитини бо фазои маҷозӣ, намояндаи маҷлис ва фалон масъули муҳими давлатӣ бояд муроқиб бошанд ва интавр нашавад, ки бигӯем мардум ширкат кунед аммо дар айни ҳол, бағалат, ба гунае ҳарф бизанем, ки мардум аз ҳузур дар интихобот дилсард шаванд.”

Раҳбари инқилоб, ҳамла ба Шӯрои Нигаҳбонро аз ғалаттарин корҳо донистанд ва афзуданд: “Шӯрои Нигаҳбон мураккаб аз 6 фақеҳи одил ва 6 ҳуқуқдони барҷастаи мунтахаби маҷлис, дар қонуни асосӣ шаъне дорад ва маҷмӯае қобили эътимод аст; чигуна инсон метавонад бароҳатӣ ин маҷмӯаро ба ғаразварзӣ дар бораи бархе афрод муттаҳам кунад.”

Раҳбари инқилоб бо ишора ба суханонашон дар намози ҷумъаи ахир дар бораи лузуми қавӣ шудани Эрон дар муқобили душманони қавипанҷа ва бераҳми байналмилалӣ, афзуданд: «Маҷлиси Қавӣ» аз муаллифаҳои қавӣ шудани Эрон аст ва ташкили маҷлиси қавӣ низ ба раъйи болои миллат вобастааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гилаҳои ғолибан ба ҳаққи мардум дар бораи масоили маишатиро марбут ба бархе қавонин ва амалкарди баъзе масъулони иҷроӣ донистанд ва афзуданд: “Гилояҳои мардум ба асли интихобот марбут намешавад, ин гилоя аз касони дигаре аст ва миллат қадри маҷлиси қавиро, ки мутааллиқ ба ҳамаи кишвар ва умуми мардум аст, медонад.”

Раҳбари инқилоб бо даъвати ҳамагонӣ аз мардум барои ширкат дар интихобот афзуданд: “Мумкин аст касе аз банда хушаш наёяд аммо агар Эронро дӯст дорад, бояд ба пои сандуқи раъй биёяд; бинобар ин, ҳар кас ба Эрон алоқаманд аст ва амнияти кишвар, ҳал шудани мушкилот ва гардиши саҳеҳи нухбагониро дӯст дорад, дар интихобот ширкат кунад.”

Эшон дар ҳамин замина афзуданд: “Афроди мӯъмин ва инқилобӣ бо ангезаи қавӣ дар интихобот ширкат хоҳанд кард аммо агар касе ангезаи динӣ ва инқилобӣ надорад аммо меҳани азизро дӯст дорад лозим аст ба пои сандуқҳои раъй биёяд.”

Раҳбари инқилоби исломӣ дар идомаи суханонашон ба мавзӯъи «шохисҳои интихоби дуруст ва хусусиёти фарди мунтахаб» ишора карданд ва гуфтанд: “Бояд фардеро барои маҷлис интихоб кард, ки мӯъмин, инқилобӣ, шуҷоъ, дорои руҳияи ҷиҳодӣ, коромад ва ба маънии воқеии калима тарафдори адолат бошад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Фарде, ки аз сухан гуфтан бар зидди фалон қудрати хориҷӣ ҳарос дорад, лоиқи намояндагии мардуми боиззат, муқтадир ва шуҷоъи Эрон нест.”

Эшон бо тақдир аз мусаввабаи хуб ва шуҷоъонаи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ алайҳи Амрико баъд аз шаҳодати Сардор Сулаймонӣ, хотирнишон карданд: “Бояд афродеро интихоб кард, ки битавонанд парчами адолат аъамми аз адолати иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро дар кишвар барафрошта нигоҳ доранд.”

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: “Мардум бояд афроде бо чунин вежагиҳоеро бишносанд ва ба онҳо раъй диҳанд аммо агар худашон наметавонанд ба шинохт бирасанд, аз роҳнамоӣ ва машварати афроди басир ва мавриди эътимод истифода кунанд; бинобар ин, ҳеҷ касе набояд бигӯяд чун афродро намешиносам раъй намедиҳам. Ҳама бояд бо такя ба Худованд вориди майдон шаванд ва раъй диҳанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар бахши дигаре аз суханонашон бо ишора ба рӯнамоии зӯргӯён ва саригарданабигирони (роҳзанон) амрикоӣ аз тарҳи мавсум ба “муомилаи қарн” гуфтанд: “Амрикоиҳо дилшонро хуш кардаанд, ки бо гузоштани исми бузург, тарҳашон алайҳи миллати Фаластин муваффақ шавад дар ҳоле, ки ин кори онҳо аҳмақона ва хабисона аст ва аз ҳамин шурӯъи қазия ба зарарашон тамом шудааст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ин тарҳ қабл аз мурдани Трамп мемирад, афзуданд: “Ин кор қатъан ба натиҷа нахоҳад расид, бинобар ин, рафтуомад ва ҳазина кардан барои он ва ҷанҷол ба роҳ андохтан ва рӯнамоӣ аз он, коре аҳмақона аст.”

Эшон тарҳи мавсум ба “муомилаи қарн”-ро нишонаи ошкоре аз дағалкории амрикоиҳо хонданд ва гуфтанд: “Амрикоиҳо бо саҳюнистҳо дар бораи чизе муомила кардаанд, ки мутааллиқ ба онҳо нест. Фаластин аз они фаластиниҳо ва тасмимгирӣ дар бораи он мухтасси онҳо аст. Шумо чӣ кора ҳастед, ки дар бораи замин ва хонаи дигарон тасмимгирӣ кунед? Ин нишонаи хабосат, дағалкорӣ ва бадниҳодии шумо аст.”

Раҳбари инқилоби исломӣ, тавтеаи ахирро ба зарари амрикоиҳо ва мӯҷиби зинда шудани масъалаи Фаластин донистанд ва афзуданд: “Истиқбол ва каф задани чанд тан аз сарони хоини араб, ки дар миёни миллатҳои худ низ беарзиш ва беобрӯ ҳастанд аҳамияте надорад ва бархилофи сиёсати собити дастгоҳи истикбор яъне ба фаромӯшӣ сипурдани масъалаи Фаластин, ин кори онҳо мӯҷиби зинда шудани масъалаи Фаластин шуд ва дар ҳамаи дунё ном ва мазлумияти Фаластин ва маҷмӯаҳои фаластинӣ бар сари забонҳо афтод.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба талоши мустакбирон барои пешбурди ин тарҳ бо такя бар силоҳ ва пул, роҳи илоҷро «истодагӣ ва муқовамати шуҷоъона» хонданд ва таъкид карданд: “Миллат, аносур ва созмонҳои фаластинӣ бояд бо «ҷиҳоди фидокорона» арсаро бар Амрико ва душмани саҳюнистӣ танг, ва ҳамаи дунёи ислом низ аз ин муқовамати шуҷоъона ҳимоят ва пуштибонӣ кунанд.”

Эшон бо ишора ба густариши рӯзафзуни маҳдудаи муқовамат алайҳи истикбор дар минтақаи Ғарби Осиё, таъкид карданд: “Мӯътақидем созмонҳои мусаллаҳи фаластинӣ хоҳанд истод ва муқоваматро идома хоҳанд дод ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ низ вазифаи худро пуштибонӣ аз гурӯҳҳои фаластинӣ медонад; бинобар ин, ҳаргуна ва ҳар қадр, ки битавонад аз онҳо ҳимоят мекунад ва ин пуштибонӣ, хости низоми исломӣ ва миллати Эрон аст.”

Раҳбари инқилоби исломӣ илоҷи аслии масъалаи Фаластинро роҳиҳалли «усулӣ, эъломшуда ва сабтшуда»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар марокизи ҷаҳони яъне «Назархоҳӣ аз мардуми фаластиниюл-асл» хонданд ва гуфтанд: “Танҳо роҳ барои сулҳ ва ҳалли масъалаи Фаластин, назархоҳӣ аз мардуми фаластиниюл-асл бо ҳар мазҳабе аъмми аз мусулмон, масеҳӣ ва яҳудӣ аст то бо раъйи умумии онҳо низоми мавриди назарашон бар саросари сарзамини Фаластин ҳоким шавад ва дар бораи Фаластин ва амсоли Натонёҳу ва дигарон низ худашон тасмимгирӣ кунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён таъкид карданд: “Иншоаллоҳ ин ҳадаф муҳаққиқ хоҳад шуд ва шумо ҷавонон он рӯзро хоҳед дид ва ба тавфиқи илоҳӣ дар Байтулмуқаддас намоз хоҳед хонд.”

 Related items

All rights reserved This website is owned 2017