this is a title for here

 

 Дидор бо мардуми устони Озарбойҷон
   Operator    18 February 2018 55 Read    Add new comment

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари инқилоби Исломӣ субҳи рӯзи якшанбе дар дидони мардуми шаҳри Табрез, хеле хуб фаҳмидани

мардум дар ҷудо кардани “инқилоб ва низом” аз “кори идораҳо” ро иллати аслии  омадани мардум дар раҳпаймоии 22 Баҳманмоҳи (рӯзи пирӯзии инқилоб) имсол гуфтанд ва суханони муҳиммеро дар чаҳор бахш “инқилоб ва коркарди аслии он” , “осебшиносии  инқилоб” , “корҳои дараҷаи аввали хозира”, “ояндаи инқилоб баён карданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ  дар аввали дидор бо мардум ба шахсияти волои ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо ишора карданду фармуданд: дарси он бонуи ду олам ба ҳамаи мусалмонон, дарси шуҷоъат, фадокорӣ ва маърифатомӯзӣ аст.

Ишон сипас ба роҳпаймоии мардум дар 22 Баҳманмоҳ (рӯзи пирӯзии инқилоб) ишора карданду гуфтанд: ин омадани мардум дар ҷашни пирӯзии инқилоби Исломӣ он ҳам дар 40 солагии инқилоб, мисли мӯъҷиза аст.

Ишон бо ишора ба талоши фаровони душманон барои инкори хизматҳои инқилоби Исломӣ, муҳимтарин кори инқилоби Исломиро “табдили низоми тоғут (золимон) ба низоми мардумсолорӣ”  ҳособ карданду гуфтанд: мардумсолорӣ яъне дар ҳама чиз “мардум” асл ҳастанд. Мардумсолорӣ яъне “мардумро дар ҳамаи умури зиндагӣ соҳиби раъю тадбир ва тасмими қарор додан” ва ин бар зидди ҳичкора будани мардум ва фақат раис будани золимон дар қарнҳои зиёд пеш аз инқилоб аст.

Ишон иззат ва азамати миллати Эронро яке дигар аз хизматҳои инқилоби Исломӣ донистанду гуфтанд: имрӯз як кишвар дар ин минтақа бо вуҷуди фурӯши 10 миллион бӯшка нефт ва дар ихтиёр доштани хазинаҳои пул, кишвари ақибмондааст ва ҳеҷ ҳарфу хабаре аз миллати он дар дунё нест аммо бар асари мардумсолории динӣ, дар нигоҳи умумӣ ба кишвар, мардуми Эрон барҷаста ва пешбарандаи инқилобанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дуввуми суханони муҳимми худро ба “осебшиносии инқилоб” ихтисос доданд.

Ишон муҳимтарин офати ҳамаи инқилобҳоро (иртиҷоъ) ба маънои суст шудан,  истодан ва баргаштан ба гузашта хонданду хотирнишон карданд: тақрибан ҳамаи инқилобҳои шинохташудаи ҷаҳон дар ҳамон солҳои аввалаш ба ин балоҳо гирифтор шуданд.

Ишон бахш суханашонро бо ҷумлаҳои муҳимм поён доданд: “ашрофигарӣ ва имтиёзталабии масъулон” , “бе аҳамиятӣ ба байтулмол”,”бетаваҷҷӯҳӣ ба табақаи фақирон”, корҳои зидди инқилобӣ аст ва ҳамаи идораҳо бояд бо ин нигоҳ ба самти ҳадафи инқилоб ҳаракат кунанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини дигар масъалаҳои муҳимтари ҳозира, “интихоби мудирияти ҷиҳодиро бар мудирияти девонсолорӣ”ро мавриди таъкид қарор доданд ва афзуданд: ҳамаи бахшҳои давлат бояд бо мудирияти ҷиҳодӣ яъне зиёд кор кардан ҳамро бо тадбир, корҳоро анҷом диҳанд ва барои пешрафт шабу рӯз нагӯянд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дагари сӯҳбатҳои худ бо интиқоди шадид аз душманоне ки бо силоҳҳои худ башариятро таҳдид мекунанд аммо бо тавони мушакии Эрон мухолифат мекунанд афзуданд: шумоҳо мехоҳед миллати Эрон мушак ва дигар имкониятҳои дифоъ аз худро надошта бошад то шумоҳо зӯргӯӣ кунед. Албатта мо масъалае ҳамчун силоҳи куштори ҷамъиро ҳаром медонем, аммо ҳар чизи дигарро ки лозим дошта бошем дунбол мекунем.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҷавонон ва навҷавонони кишварро ба омодагии имонӣ, илмӣ ва инқилобӣ даъват карданд ва афзуданд: ҷавон матори пешрафти ҳозира ва ояндаи кишвар аст ва насли ҷавони ҳозира ки азму ҳиммат ва басирати бештар аз насли аввали инқилоб дорад, бояд худро омодаи суръат бахшидан ба пешрафти кишвар кунад.

18.2.2018

KHAMENEITJ.INFO


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017