this is a title for here

 

 Дидор бо ташкилкунандагони конгресси шаҳиддони коргар
   Operator    26 February 2018 63 Read    Add new comment

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ташкилкунандагони конгресси 14 ҳазор шаҳиди

қишри коргар, бузургдошти шаҳидон дар ҳамаҷои кишварро нишонаи лутфу иродам Илоҳӣ барои давом доштани сояи шаҳидон бар сари Эрон донистанду гуфтанд: бузургдошти шаҳидони бахзе қишрҳо аз ҷумла қишрҳои коргарҳо арзиши дубаробар дорад зеро дар ҳамаи ҳодисаҳои даврони инқилоб, муқобила бо гурӯҳакҳо (зидд), ва дифоъ аз кишвар, коргарон бо ғайрат ва равшанфикрии худ дар саҳна омаданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба шикаст хӯрдани зидди инқилоб, дар даъвати коргарон бар зидди Ҷумҳурии Исломӣ, афзуданд: яке аз корҳои асосии душман, даъват ва маҷбур кардани коргарон барои эҷоди бекории корхонаҳо буд аммо коргарон дар тӯли ин солҳо ҳамвора бо равшанфикрӣ ва ҳиммату диндорӣ истоданд ва ба гапи душман гӯш накарданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ омадани коргарон дар дифоъи муқаддас (ҷанги ҳаштсола)ро бахши дигари ғайратдорӣ ва мардонагии динии онон гуфтанд ва фармуданд: ҳаргоҳ имом Хумайнӣ даъват мекард, бисёре аз ҷавони мӯъмин ки ҳатто нони шаби зиндагишонро аз даромади рӯзонашон меёфтанд, бо ҳамаи тавонашон ба ҷибҳа мерафтанд ва бо мантиқу истидлол мегуфтанд:” бояд рафта аз марзу кишвари Исломӣ дифоъ кунем зеро агар душман пирӯз шавад, на фақат нон балки ҳамаи чизамонро мегирад”.

26.2.2018

KHAMENEITJ.INFO


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017